Оштии «миллй» дар хархашаи «додхохй»

Чанд нафар бо хам хархаша карданд, яке аз онхо бозёфтро гирифту гурехт, кор ба додгохи Ландан кашид. Даъвои содаи «ту — дузд!» ва «на, худат дузд» хукукдонони шабех ба юрмонхои айнакдори Ланданро кайф дод. Талко (ширкати арзизи Точикистон) Ансол (ширкати сохибкор Аваз Назаров)-ро ба дуздидани 500 миллион доллари миллати точик аз фуруши алюмин айбдор кард, дар посух Ансол ширкати Талкоро дар напардохтани 150 миллион доллар. «Ту — дузд!» ва «на, худат хам дузд, хам карздор!»

Кашокаш ин кадар давом кард, ки Талко аз хукукдонхои Ландан 140 миллион доллар карздор шуд. Харчи Ансол маълум нест, вале он хам набояд андак бошад, харчанд Аваз Назаров бехтарин рохи химоятро дар хамла дид ва галат хам накард. Медонист, бачамард, ки об аз кучо меояд ва гусола аз кучояш рих мезанад. Шояд хамин донистани вай буд, ки дар компютерхоио Талко ногахон хамаи файлхои соли 1996 то 2004 махв шуданд. Неруи барк нарасид, ки онхо хифз шаванд. Ё шояд талаби муфаттишон буд, ки бояд схемаи кабули гилхок, фуруши арзиз ва интиколи маблагхо ба додгох нишон дода шавад. Ровиёни ахбор чун кисса ба ин чо мерасад, лаб фуру мебанданд.

Дар поёни кор харду тараф аз даъвои худ гузаштанд: Талко, Ансол — Бхай, бхай! Ду тараф хамдигарро дар шаби тор хам мешиносанд. Бародарй бояд кард! Вахдати миллй! Созиш ба чй шакл хосил шуд, маълум нест: «Оре, ман дузд, ту хам дузд, чаро зог бояд чашми зогро кобад.»? Ва ё — «На ту дузд, на ман дузд, Дерипаска дузд!»

Намояндагони Талко медонистанд, ки Аваз Назаров ракиби Олег Дерипаска ва ширкати Русали уст. Шояд акнун ду бародар муттахид шаванд ва ба Дерипаска хамла кунанд. «Бзанен бкшенша-е, якбора касди Рогунам бгрен, фулони оча, сахт моро кидат кард. Нето кайхо светкушй бас мешуд.» Вале мешавад гуфт, ки «вива Авазхон, пахлавони Чамбули мастон, як мамлакати чинумочина лой молидй. Бурдию хурдй, бас набуд? Киданут кардй, бас набуд, ки боз кисахоро хам холй кардй.» Ё шояд 140 миллион доллари адвокатхои Талко ва 22 миллион доллар харчи додгохро ду бародар таксим мекунанд? Бародарй — баробарй! Пополам! 81-миллионй мерасад. Локин Авазхонаш бисер хасис будааст, гумон аст, акаллан барои хурмати номи Точикистон як кисми харчро ба гардан бигирад.

Пас кй медихад, ин миллионхоро вакте точик имруз ба пул, об, хезум, кумур, барк, нон, канд… зор аст. Точик медихад, зеро пули Талко ва барки Талко дахлнопазир аст. Шодй Шабдолов гуфт, пули Талко ба чое меравад, ки вакилони халк намедонанд. Аз Тахмина пурсед, хамаша гав мезана. Вале ровиёни ахборро дарди дигаре аз сина гирифтааст, ки харчи нав — чанги додгохии бехунарони Талко бо Дерипаскаро кй медода бошад? Наход, фикр мекунед, ин ноухдабароён, ки ба Аваз галаба карда натавонистанд, ба Дерипаска пируз мешаванд? Ва аслан оё хархашаи чанд нафар бар сари пули худашон буд ё пули миллати точик?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: