Давлат Усмон гами моро мехурад ё гами худро?

Мухочир Камбагалзода (аз вилояти Маскав)

Чанд руз пеш бархе аз телевизионхо ва дар пай якчанд нашрияи Русия хабар доданд, ки Давлат Усмон дар Маскав барои журналистон нишасти матбуъотй доир кардааст. Агар ин шахсро намешиносед, пас бояд бигуям, ки вай ноиби сарвазири Точикистон, вазири иктисодиёт ва равобити иктисодии хоричии Точикистон, узви Шурои Олии Хизби Нахзати Исломии Точикистон, аммо бояд пеш аз хар яки ин вазифахо калимаи «собик»-ро гузошт. Солхои охир дар Академияи Улуми Точикистон кор мекунад ва бо тадкикоти илмй машгул мебошад.

Самимона ташаккур ба Давлат Усмон, ки ба ахли Русия нишон дод, гами мухочирони точик, гами муносибатхои норавшани Русия ва Точикистон ва гами ояндаи кишварро мехурад ва дар ин бора бо факту далоил сухбат кард ва дигарон хам дар ин нишаст аз суханони вай пуштибонй карданд.

Пресс-конференцияи чолиби диккат дар Маскав аз тарафи Давлат Усмон, ки он чо аз вазъи Точикистон гап зад ва гуфт, бо таъсири бухрони иктисодии сартосарии олам ин вазъ боз хам бадтар мешавад, ба чй маънй буда метавонад? Мумкин ба маънии бозгашт ба сиёсати калон? Точикистон кишвари демократист ва хар кас метавонад ба сиёсат машгул шавад, махсусан ки хукумати хозираи Точикистон ин кадар ноухдабароии худро нишон дод, ки то бас гуфтана. Шояд Усмон бархест, ки «Бас!» гуяд? Агар ин тавр аст, бояд кафкубй кард, ки боз як оппозитсия пайдо мешавад. Албатта, на оппозитсияи нав, зеро Давлат Усмонро хама мешиносанд. Дар замони мо номи ба хама шинос худ як капитали калони сиёсй мебошад. Масалан, агар холо Сайфиддин Тураев дубора ба майдон барояд, хамагон факат хурсанд хоханд шуд, ки наконетс виждони сиёсияш ба чуш омадааст ва акнун мехохад, кувваи сарфнакардаашро ба кор андозад. Уро Кувват Султон интизор хохад буд, ки чанд бор даъваташ кард, Тураев хомуш монд.

Ё хамин хамноми Усмону бо фамилияи Худоназаров холо кучо бошад? Одамон ба думболи у рафтанд, баъдаш чй шуду чихо шуд, нагз медонад, аммо холо дар кучост ба касе маълум нест. Магар сустии лидерони хозираи сиёсй ба худии худ даъвате нест, ки навбат ба собикадорон расидааст, як бори дигар даст ба кор зананд ва гунохи худро дар пеши миллат бишуянд.

Дубора ба сиёсат пайвастани Давлат Усмонро, агар хамин гуна бошад, як аломати дигар хам хаст. Нишасти матбуъотии у якчоя бо раиси Кумитаи Исломии Русия Гейдар Чамол баргузор шуд, ки дар даврахои чанги Точикистон хам аз мушовирони исломистхои Точикистон буд.

Инро хам фаромуш накунем, ки Давлат Усмон дар соли 1999 номзад ба макоми президенти Точикистон буд. Бо вучуди он ки нахост, дар ин маърака бо тамоми кувват иштирок кунад, ба хар хол аз чор номзади ахир, ки холо ягон кас номашонро намедонад ва аз минбархои таблиготй мегуфтанд, мо номзади хубем, аммо Эмомалй Шарипович арзандатаранд, ба хамон кас овоз дихед, Давлат Усмон садхо бор бехтар буд. Аммо номзадии у ба як бозии нахзатиён бо Рахмонов монанд буд ва ба иззати нафси у расид, ки ба он майдони номардй набаромад.

Шояд акнун ба майдони мардй барояд. Барояш метавон факат муваффакият орзу кард. Такрор мекунам, ном хеле мухим аст, ними давлат ва хамаи сармояи сиёсист. Масалан, агар холо Шодмон Юсуф хам дубора ба майдон бармегашт, мардуми чашминтизор уро ашк дар чашм гирён-гирён пешвоз мегирифт. Ва шояд гуноххои гузаштаи ин ва дигар лидеронро мебахшид.

 

2 Responses

  1. Хеле ва хеле суханхои обнорасидае гуфти. Вале бехар мебуд, ки ин абармардони сиёсат ба насли нав кумак мекарданд, то дар сиёсат макоми худро ёбанд. Ман гуфтаниам, ки ягонтаи инхо, собик сиёсатмадорони точик мактаб ва пайравони худро надоранд. Имруз хар каллае, ки ман сиёсатмадор гуфта пайдо мешавад, дунбола аз корхои Рахмон дорад, ки окибаташро Худо ба хайр гардонад…

  2. Ачоиб он аст,ки нуфузи назхатиён (ХНИТ) рафторафт паст мешаванд, харчанде ки ислом дар чумхури руз то руз байни мардум пахн шуда истодааст. Шояд ки дар ХНИТ нишонае аз мубориза барои Ислом ва шариат намондааст, факат фикри мондан дар арсаи сиёси ва розигй бо хар кадом шарту шароити Хукумат ЧТ. Медонам ,ки холо чавоби «мо танхо вахдатро мехохем » мешунавем. Аммо хукуматдорон
    вахдатро бо гунгу шал эътироф намекунад ва сустиро ба ракибони (собик ва ниммурда) намебахшад. Аммо Аллоh донотар аст .

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: