Хукумати Точикистон маро мусалмон кард

quranМардум дар Точикистон имруз ташнаи чизест, ки битавонад, онро ба мурод бирасонад. Адлу доду инсофу иффати инсониро эхё бикунад. Ва мардуми Точикистон имруз ба кадом тарафе менигарад, ба гайр аз дини мубини Ислом чизеро дар симои начотдиханда намебинад. Мардум имруз мисли ман дубора Исломи хешро кашф ва дарк мекунад. Беинсофихо ишки онро ба Исломи азиз ангезиш медихад.

Аз паскучахои гилолуд ва масири мумрези мошинхои киматбахои хоричии Душанбе хазрати паёмбар Мухаммад саллалоху алайхи вассалам бо сари хам ва симои андешаманд гузар мекунад. Ин кадар орому собит ва хоксору мехурбон. Дар даст тасбехе аз зумуррадхои арзони плостикй дорад, дар бар яктахи поки сафед ва дар сар аракчини сафеди охорй. Вай ба пизишке монанд аст, ки хар бемор ба умуди шифо даст ба суяш дароз мекунад. Ва бадбахтй ин аст, ки хамаи саканаи ин кишвар шадидан бемор аст.

Рахбароне, ки имруз дар мошинхои бадвохимаи шишасиёх аз пахлуи у бо суръати баланд ва гохе садои раъдгунаи буку сигнолхо рад мешаванд ва онхое, ки бо парчамхои сурх бар зидди у бархоставу ин гуруснагони нону кудратро ба курсй нишондаанд, хидматеро карданд, ки на Хизби нахзат кардааст ва на хамаи уламову хаводорони Ислом дар Точикистон. Сарсупурдагони Фронти халкй, ки зери байракхои сурх хуни мардумро рехтанд, мехостанд, кишвари бузурги СССР-ро хифз ё эхё ва Ислому Миллатро саркуб кунанд, аммо дар натича баракс на ба ин муваффак шуданду на ба он. Шахси банда на бо инхо буду на бо онхо ва на бо инхосту на бо онхост. Аммо инхо бо шеваи давлатдории худ дар 17 соли охир Исломро ба ягона нируи начотбахши мардум табдил доданд. Албатта, харчанд бояд икрор шуд, миллатро ба порчахои ин махаллу он махал табдил доданд. Акидаи миллй нобуд гашт, аммо Ислом ба пой бархост.

Ман, шахсан, харгиз мусулмони комил набудам ва атеист низ, аммо чизе будам дар байни ин ду. Ба гуфтаи Умари Хайём «на кофири мутлак ва на мусулмони тамом». Аммо ин хукумат маро мусулмони ашаддй кард, зеро танхо Ислом метавонад моро муттахид кунад ва адлу инсофи инсониро хоким гардонад. Холо панч вакт намозам казо нест ва харсола руза мегираму орзу дорам ба сафари хач равам. Имсол 25 хазор нафар афроди мисли ман ба Вазорати фарханг ариза доданд, ки аз Хонаи Худо тавоф кунанд. Чаро? 24 хазору 999 нафарро намедонам, аммо  ман дар пойгохи Каъба факату факат мегиристаму як орзу мекардам, ки ин рахбарони кишвари маро аз беху бун, бо хафт пушти гузашта ва бо фарзанду наберу аберашон ба чаханнам фиристад ва миллати маро аз ин бадбахтие, ки ба сараш омадааст, начот бидихад. Мегуянд, ки дар Каъба бояд факат дуои нек кард ва ба рухи паёмбару гузаштахо салавот фиристод. Худоё, ман дигар нектар аз ин чй дуое бояд дошта бошам, ки хеч бандае натавонист, маро аз ин бадбахтихо начот бидихад?

Имсол сафари Маккаи Муукаррама насиби ман нашуд, ишоаллох, соли дигар ман он чо хохам буд. Аммо чй хукумате бояд дошта бошед, ки Шуморо аз як каси дунявй ба шахси мазхабии то андозае тундрав табдил бидихад? Шояд ба хамин сабаб хам Хизби нахзати исломии Точикистон ва хам Муфтиёту Донишгохи исломй ва куллан мухлисони Ислом часпу талоше барои ин кор надоранд? Онхо медонанд, ки дар 2-3 соли дигар ин хукумати кучабозории Точикистон тамоми мардумро ба тундравони исломй табдил хохад дод. Он гох дуохо мустачоб хохад шуд. Худоё!

 Натичахои назарсанчй:

  • 40% (60 раъй) – Ислом ягона рохи начот аст.
  • 26% (40 раъй) – Хукумат зиддиислом аст.
  • 14% (21 раъй) – Ислом рохе ба бунбаст аст.
  • 11% (16 раъй) – Хукумат дуруст рафтор мекунад.
  • 9% (14 раъй) – Амалкарди хукумат ноогохона аст.

5 Responses

  1. Бародари азиз, гуё ин мактубро аз фикру хаёли ман
    навишта бошед, ва дар гумонам ки хазорон нафари мисли ману Шумо ин андешаро ва ин дуъоро мекунанд.Аллох ба Шумо ва ба ман насиби Хач рафтанро
    соли оянда насиб ва раво гардонад.Омин.
    ман гохгох хамин сайтро ва сайти
    http://guraba.net/rus/ -ро мотолеа менамоям.
    агар касе дараки сайти исломии (точикиро) дошта бошад сурогаашро бинависад, дар панохи Аллох бошетон.

  2. Ман хам тарафдори дуои ин бародари азизу фарзона хастам ва иншоалох ба максад мерасем. гуфти бародар Точвари азиз сарбаланд бошем…

  3. Навмедй ва бесаводй мардумро ба суи хурофот ва чахолат рохнамои мекунад

  4. Хайдар рост мегуяд!!!!

  5. Агар хукумати Точикистон шуморо мусалмон карда бошад, пас метавон гуфт, акаллан ин хукумат як кори неке дар хаёташ кардааст.

    Имон чизи баде нест, агар ростин аст ва агар ростин нест, пас хурофот ва гуморохист.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: