Аз як Хона-интернати Душанбе садои “Сатана наш бог!” ба гуш мерасад?

Харамгули КОДИР (бознашри мухтасар аз «Нигох») 

Дар кучаи Ломоносови пойтахт

Дар тан либоси обшустаи камбагалона дар собик, кучаи Ломоносов чуёи як хонаинтер­нат барои кудакон хастам. Аз чанд кас макони чойгиршавии онро мепурсам. Ду нафар аз хамсухбатхоям, ки назди хавлихои худ карор доранд, ба ман бо шубха нигох, мекунанд. Чавони сеюм аз ман мепурсад, ки барои чй ончо меравам ва оё аз рафтан харос надорам. –Не, наметарсам. Як кор дорам, –гуфтам дар чавоб. Нобоварй дар чавобам хис мешудчй, ки Асламбек маро то саргашти куча рохбаладй карду гуфт:

Панох,ат ба Худо, лек хохарчон аз онхо эхтиёт бош!

            Ба дарвозаи бино наздик шудам. Хавлии замонавй, аз се кабат (ошёна) иборат аст. Аз берун мисли дигар хавлихои замонавии катории Душанбе.

            Дастам итоат намекунад, то ангушт ба дар занам. Тугмаи занг хам нест, ки зер кунам.

            Садо рушан карда даромадам. Марде, ки дар хоначаи даромадгох, истирохат дошт, аз садои ман осемасар бархост. Зуд пойи луч омада рохи маро баст. Салом дода аз чй бошад, ки руи «харак»и даромадгох, нишастам. Барои чй омаданамро пурсон шуд. Гуфтам, ки зани камбизоатам ва мехохам фарзандамро инчо кабул кунанд. У оромтар шуд.

            Аз сухбат бо у, ки посбони бино будааст, маълум шуд, ки чун соати аз дарс баргаштани наврасон будааст, у дарро махсус кушода мондааст, вагарна «дарвоза доимо махкам аст ва хеч, кас ба гайр аз падару модарони бачахо хукуки ба хавлй дохил шуданро надорад».

            Баъди чанд дакика сухбати мо ба кавле чакчаки шиносхои деринаро мемонд. Чун у дар cap тупии яхудй дошт, мулоим мавзуи сухбатро дигар карда, пайрави кадом дин буданашро пурсон шудам. У гуфт, ки чанд сол аст, ки аз дини ислом баргаштааст ва чанд гила хам кард. Хис кардам, ки у вакти дар ин мавзуъ сухбат кардан эхсоси хичолат мекунад, аз ин ру ди­гар чизе напурсидам. Марди 50-52 солаи бадахшй шиква кард, ки «бо инхо ки кор карди динашонро кабул нокарда намешавад». У маслихат дод, ки рузи дигар биёям ва бо сарвари хонаинтернат, ки марди кореяги будааст, хамсухбат шавам. Аз посбон аз фаъолияти ташкилот пурсон мешавам. У аз дилсофии бегонагон ва кумакхои хайриявй барои кудакону ин чо ва махалла харф мезанад. Бо у ба хавлй дохил мешавем. Ман аз хавлй дохили бино ва харакатхои наврасонро назорат мекунам. Аз тирезахои кушодаи бино ба наврасони машгули компютер нигох, мекунам. Аммо посбон ба­рои даромадан ва наздик шудан ба дохили бино ба ман ичозат намедихад. Аз масофа чашмам ба як хайкалчае афтид. Болои он бо матои сафеде пушонида шудааст.

            Зани чавоне аз наздамон гузашт. Посбон уро муаррифй кард: «повур» аст. Зан баргашту ман бо у хамсухбат шудам. Сухбатамон занона шуд. Маъ­лум гардид, ки яке аз талаботхои ин ташкилот хангоми ба кор кабул кардан хатман дини онхоро пайрави намудан будааст. У низ шиква кард: –Хохарчон, худат зиндагиро медонй-ку. Дуруг нагуй, пора натй корат буд намешавад. Ин хоричихо талаботашон хамин аст. Динашона пайрави мекунед, баъд дар кор кабулат мекунанд. Ва ё мухлат мегузоранд, агар кабул кардй кор мекунй, нонатро меёбй, агар не пешат мекунанд. Хайр дини кореягихоро медонед, охир онхо бутпарастанд». Сухбати моро садои мошини назди дарвоза истода бурид.

 

Вохури бо хонуми чонишин

            Мошин назди дарвоза исто­ду хонуме аз он фуромада до­хили бино шуд. Ба истикболи хонум наврасон баромаданд. Шофери хонум, ки марди хузарби тахминан 40-45 сола буд аз кафои мошин бор баровада ва бо забони кореяги ба наврас фармон дод, то бори овардашударо ба бино кашонад. Ба шуниди ман наврас хам бо ин забон чавобе гардонид, аз забондонии навраси точик шод шу­дам. Аммо.. Вакте посбон ба хо­нум омадани маро расонид, у рост назди ман омад ва бо оханги расмй ба забони кандакандаи русй максади омаданамро пурсон шуд. Гуфтам, ки мехохам дар бораи ин ташкилот зиёдтар фахмам. Чй гуна мешавад кудаконамро дар ин чо чой кунам? Шароиташон чи хел аст? Оё мумкин аст, ки ман бо чашми худ бинам?

            Ба гуфти худаш, у чонишини директори ташкилот будааст. Муаррифй кардани худашро зарур надонист.

            Сухбати мо дар назди хона­чаи посбон сурат мегирад. Зеро ичозаи ба дохил даромадан нест. Ба хонум суолхои пай дар пай медихам. Мефахмам, ки у аз чизе ташвиш аст. Аммо илоч, на­дорад. Ба гуфти у дафтари асосии ташкилоташон«Междуна­родное Добрососедтсва» дар Кореяи Чанубй буда, он гайридавлатй аст. Яъне аз хукумати ин кишвар маблаггузорй намешавад. Муддати 10 сол аст, ки дар Точикистон фаъолият мекунанд. Дар накша доранд, ки оянда фаъолияти хешро дар кишвари мо васеъ намоянд. Рисолати асосии ташкилоташонро у хамчун дастгирй ба оилахои камбизоат муаррифй кард. Ба гуфтаи у онхо дар 21 кишвари факрзадаи чахон, асосан дар Африко ва Осиё фаъолият доштаанд. Пурсидам, ки оё дар Русия ва ИМА фаъолият доред. Гуфт, ки «на, надорем». Аз хо­нум пурсидам, ки оё наврасони  точик забони миллати уро медонанд. У инкор мекунад.

            Каме дертар боз савол медихам: –Дар парваришгох таълими динй хам дода мешавад? У чавоби рад медихад.

            Аз масофа ба ман утокхои кори ва истирохатии бачагон ва ходимонро нишон медиханд. Кушиш мекунанд, ки маро аз ин чо зудтар гусел намоянд. Ба ман мефахмонанд, ки бо наврасон ичозаи сухбат кардан мест. Вокеан хама чо тозаву озода аст. Моро боз чанд нафари дигар хамрохй мекунанд. Онхо хам ягонягон гап мезананд, вале онхоро ба ман муаррифй накарданд. Ба гуфти рохбарияти ин ташкилот феълан дар ин чо беш аз 30 нафар наврасони сину соли гуногун аз оилахои камбизоати точикистонй ба парваришу тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар миёни кудакон асосан намояндагони акдалиятхои миллии Точикистон ба назар мерасанд, аммо хонуми хамсухбати ман мегуяд, ки аксариятро точикон ташкил медиханд. Падару  модарони онхо дар вактхои муайян фарзандонашонро хабаргири меомадаанд.

Утокхои компютерй, ошхона, хонаи фарогатй ва чойи хобашон хеле хуб мучаххаз аст,-мегуяд ба ман хонум. Ман вонамуд мекунам, ки ин хама хуб аст барои кишвари камбизоатй мо

            Ин замон аз дахлез навраси 10-11 солае руи хавлй мефурояд. Дар даст «сковородка» аз наздамон мегузарад. Фурсатро муносиб дониста мехрубонона аз у мепурсам:

Дар ин чо дарси динй мегиред?

Не, намегирем. «Сатана наш бог» мехонем.

            Набзи дилам меафзояд, худро ба зур нигох, медорам. Наход гуфтахои Марям рост бошанд.

 

Аз накли Марям:

            «Вактхои аввал дар куча бо мо тух,фа медоданд. Халтача пур аз каламу дафтар ва ширинихо буд. Пеш аз идхо хар чиз медоданд. Бо маслихати очаам ман он но компютер ва забони англисй меомухтам. Баъдтар дар дарсхо дар бораи Исои Масех ва МодарМарям накл мекарданд. Баъдан дар бораи Сатана ва парастидани он наклхо мекарданд. Бачахоро «сатана наш бог!» меомухтанд. Ман ба падару модрам гуфтам. Онхо он чо рафтани маро манъ карданд.

            Аз ин амали ман хамрохонам изхори нигаронй карда чанд нафар хаммиллатонашонро ба наздашон хонданд. Онхо бо забони хеш бо оханги шадид харф мезананд, Ман намефахмам, ки чй мегуянд, аммо аз парешонии чехраашон маълум аст, ки аз кору рафтори ман шубха мекунанд. Харчанд хохиш кардам имкони бо наврасон сухбат карданро ба ман дигар надоданд. Хайрухуш карда назди дари баромад равон мешавем. Дар баста аст. Хиссиёти тарс маро фаро мегирад. Ба хамрохонам табассуми кашидае мекунам. Дар хамин холат дарвоза кушода шуда, маршруткае вориди бино шуд. Мефахмам, ки 8 нафар наврасро аз мактаб оварданд. Раками давлатии бакайдгирии он далели он аст, ки мошин моликияти ташкилоти хоричй аст.

            Аз хавлй берун шуда ба куча мебароям.

            Харчанд низоми амниятии Ташкилоти чамъиятии «..Добрососедства» ба ман имкон надод, ки маълумоти кофй ба даст орам, вале баъзе нишонахо аз он шаходат медоданд, ки ин таш­килот ба фаъолияти берун аз оинномавй ва гайриконунй машгул аст. Шохидони дигарро зиёд чустан зарур нашуд.

 

Афсонахои иблиси?

            Аз накли собик, корманди ташкилот Мария ИВАНОВ­НА:

Ман пайрави дини масеки мебошам. Чун талаботи ин таш­килот хатман гаравидан ба динашон аст, мо низ талаботро ичро кардем. Хангоми дар ин чо кор кардан, шабе Исои Масех, дар хобам даромад. Гуё насихатам мекард, ки чаро насли навро дар рохи шайтонпарастй рохбалад мекунем. Имруз пайравони ман дини маро хароб кардаанд. Хатто акси марди рухониеро ба чехраи исломй дидам. Аз хамон вакт корро дар он чо бас кардам. Аслан ин таш­килоти бутпарастон аст ва инро ошкор намекунанд. Дуруст аст, ки наврасонро дар рухияи дин тарбия мекунанд. Китобхои афсонавй дар бораи Исои Масех, ва Иблис доранд. Ба онхо афсонахои бештар масехй накл мекунанд. Ба кор онхо асосан намояндагони миллати ува п… –ро кабул мекунанд.

            Теъдоди тарбиятгирандагон он чо аз 34 нафар зиёд аст.

 

Орзуи «камикадзе» шудани шогирд ва тарси устод

            Аз накли Асолат РАБИЕВА, муаллимаи мактаби миёнаи №ХХи пойтахт:

Як руз хангоми танаффус, хонандагон байни хам чанг кар­данд. Яке аз онхоА.Ф, ки тарбиятгирандаи хамин ташкилот аст, аз сумкааш корд бароварда, ба тарафи хонандаи дигар дод мезад: «я вас убю, ви не люди» ва f.x,. Як рузи дигар такрибан хамин гунна ходиса бо тарбиятгирандаи дигари хамин ташки­лот О.М, рух дод. У дод мезад, ки «я вас убю, я камикадзе». Мо уро ором кардани шудем. У харфхое зад, ки мо устодонро тарс фаро гирифт. У низ дар сумкааш корд баровард. …Хуллас рохбарият мачбур шуд, ки яке аз тарбиятгирандаи ин ташкилотро аз мактаб хорич, кунад. Дигари холо зери назорат аст.

 

Ибодатгохи насронй, шайтонпарастй ва ё сагирахона?

            Аз накли сокини махалла Мунаввара САНГИНОВА, модари 4 нафар фарзанд.

Як руз духтарчаамро гум кардем. Акахояш кофтанд, ёфт нашуд. Дилам гувохй дод, ки дохили хамин бино назди хамсолонаш даромадаст. Бо кахо дохили бино шуда, рост толор рафтам. Наврасони бисер дар тан либоси сиёх. «сатана наш бог» талаффуз мекарданд. Ман шах шудам. Рохибашон маро дида посбонро чег зад. Марди посбон маро хакорат карда ба­ровард. Духтарчаамро гирифта аз хавлй баромадам. Маълум шуд, ки посбон ба хочатхона рафта фаромуш кардааст, ки дарро пушад. То ба хамин карибихо духтарчаам «сатана наш бог, сатана наш бог» худ ба худ гуфта мегашт. Баъди ин ходиса корро партофта, чиддй ба тарбияи кудакон машгул шудам. Инхо кариб дар тамоми идхо ба кудакони махал тухфахо такдим мекунанд. Аксари сокинони махал аз фаъолияти инхо хамчун «серкови» насронихо иттилоъ доранд. Иддаи дигар «хона сагepaxo». Зеро рузхои якшанбе пиронсолон рус ва иддае чавонони точикхам ба ин чо меоянд, намедонем барои чй. Кудаконро парвариш карда ба мактаб мебаранду меоранд, мардум фикр мекунанд, ки сагерахона аст. Ман намедонам хукумат ва амният кучо нигох, мекунанд».

 

Кори 40 доллара

            Холаи АСАЛМОХ, ки аз ин куча, аниктараш аз хамсоягии ин ташкилот кучидааст, аммо хануз хам аз таъсири фаъолияти ин ташкилоти «кумакрасон» ва форигболии хукумат афсус мехурад.

Панч, сол пеш дар хамин куча зиндагй мекардам, –мегуяд уХамин ташкилот кушода шуд. Гуфтанд, ки ба оилахои камбизоат кумак мерасонад. Бо максади корошпаз шудан он чо рафтам. Гуфтанд, ки бо шарте кабул мекунем, ки пайравй дини мо шавед. Он вакт маошаш 40-доллар буд, холо намедонам чанд аст. Дар назидикии хамин бино, боз як хавлиии дигар аст, ки хоричихо кудакон аз 6 моха болоро ба тарбия мегиранд. Боре тасодуфан дохили хамон бино шудам. Тифлони точикро оварда калон мекунанд. Муррабиёнашон, тафибан зодагони як минтакаи кишвар мебошанд».

 

Ба чойи хулоса

            Бино ба иттилои Вазорати адлия ин ташкилот дар вазорат тахти 1698 ба кайд гирифта шудааст. Ташкилот  «Международное Добрососедство» ном дорад. Онро шахрванди Корея Ли БЮНЧЕНГ рохбарй мекунад.

            Тибки оинномаи ин ташкилот онхо дар Точикистон ба:

асонидани ёрии тиббии таъчилй (?);

Тараккй додани маориф ва иттиходхо;

Гамхорй дар бораи оила ва маслих,ату машварат;

Расонидани ёрй ба сохаи нигохдории тандурустии чумхурй;

дар асоси хайрияхо (ташкил кардани) мактабхои мухталифи таълимй, аз он чумла мактабинтернатхо, ки кудакон дар онхо якчанд руз зиндагй мекунанд ва барои кудакони бесарпараст мактабу хонахои кудакон кушодан машгул аст. Яъне ин ташки­лот барои ба таълимоти динй фаро гирифтани кудакони точикистонй хеч, хукук, надорад. Вале тадкикоти мо нишон дод, ки ин ташкилот на танхо ба фаъолия­ти гайриконунии таргибгарии динй машгул аст….

            Мо журналистем ва хукм кардан барои мо норавост, вале он чи мо шунидем ба акл рост намеояд. Мо на ба хама суолхои худ навоб ёфта натавонистем. Шояд маком от и марбутаи кишвар ёбанд?

3 Responses

  1. in ast ahvoli aholii davlate, ki yak ideologiyai milli nadorad va sharvandonashro dar havolai takdir gusoshtaast. Javovoni as 15 to 40 sola dar Rossiya hulom, sanho dar Arabistoni Saudi va Turkiya fohisha, kudakon dar seri nuri dini Satana. Marg bar chinin davlatu davlatdori.

  2. Ин бисёр масъалаи нигаронкунанда аст ва ҳукумат бояд бозрасии шадид болои чунин ташкилотҳо дошта бошад.

    Вале ба ҳар ҳол, бароям як чизи дигар ҳам нигаронкунанда аст. Ин ки аз ин матлаб, мисли бисёре аз матолиби нашрияҳои Тоҷикистон, бӯйи маҳалгаройӣ меояд. Бубинед, ки инҳо ду бор бевосита маҳалро таъкид мекунанд. Чӣ гуна ин ҳафтанома даъвои онро мекунад, ки ғами миллатро мехӯрад?

  3. Ромиз, ин масъала кайхо кори кишварро хал кардаги. Алакай зиёда аз 100 хазор точик ба дигар динхо гузаштанду ин хохари журналист нав аз хоб хестааст. Дар зарфи чандин соли хукмронии ин сулолаи мангитии Рахмон, точик аз хитои 150 хитойча таваллуд карду дар кишвархои араб бо чихо машгул аст, вай ахволи занаки точикро дар Покистон бин.
    Хамааш натичаи мехнати “халоли” Рахмон, чаноби олиатон.
    Ин рахбари беномус агар баномус мебуд худашро ба дор мекашид. Маънои точик пасттарин одам ва муздур дар чахон намешуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: