Мо мардуми дарунпусида, зиштху ва пастсириштем?

untitledАз байни номахои тавхиномез ин якеро дар зери матлабе бахшида ба ЭШР мунташир кардам. Аз он ки маро «номард» гуфтааст, озурда шудам ва катъиян мегуям, ки номардие накардаам. Шояд ин бародар «номардй»-ро ба таври худ мефахмад. Танкиди ЭШР ба фикри у номардй аст. Аммо ман ки хеч, ин кас ба хотири химоят аз ЭШР тамоми халкро зери таъну маломат гузоштааст. Номаи вайро ин чо хам нашр мекунам, бигзор барои таърих ин чо бимонад ва хам агар касони дигаре фикри дигар доранд, ин чо бинависанд.

Ба сардабири Андеша!

Э, ту хам як номарди дигар. Агар рафта ба руи президент хамин масхараю маломатхота мекарди, мегуфтам марди. Дар як чо бофарогат нишаста, каси дигарро танкид кардан осон аст. Ку худат президент мебуди, чи кор мекарди? Чигуна ин кишвари факрзадаро аз бенавоию тихидасти мебароварди? Ягон пешниходот ё барномаи бехбудии ватан дори? Дар бадбахтии кишвар танхо президент гунахгор нест, тамоми чомеъаи Точикистон гунахкор аст. Чигуна инсон будани Эмомали Рахмона наслхои оянда казоват хохад кард, на ману ту. Аз суханони охирини Бозор Собир казоват кун. Хак бар чониби уст, ки мегуяд аз тамоми мардуми Точикистон безораст, чунки мо аз дарун пусидаем, зиштху ва пастсиришт гаштаем. Дар кучахои Душанбе мегардаму касе бо лахни хуб гап намезанад, суханони мардум бо дашному хакорати бадтарин омехтааст. Хама фиребгар, хама дуруя, хама паст, хама зишт. Э, вой бар мо. Садкаи фарханг шавем, садкаи номусу шараф шавем. Иззату эхтиром ба якдигар надорем.

Ин аст, номаи хамватани азиз, ки хак дорад, бо ман хамандеш набошад. Ва хатман мардум хам гунахкор аст, ки чунин рахбаронро тахаммул мекунад. Агар ЭШР-ро ба Гурчистон ё хатто Нигерия президент монед, як руз дошт намедихад. Лингаш аз осмон меояд. Ба мо — мешавад. Локин намешавад хамаи халкро паст зад. Хамон Бозор Собир, ки мегуяд, «инхо хама аз эзори Адолат баромадаанд,» низ фарде аз ин халк аст. Додочони Атовулло, Рахматилло Зоиров хам аз хамин халканд. Ман навишта будам, ки халки мо кавиирода, окил ва сабур аст. Чанд нафар хама чоро расво карда кишварро ба чанг намекашиданд, на ЭШР дар дунё маълум мешуду на ин хама бадбахтй пеш меомад. Мардумро дар чунон кафаси танг андохтаанд, ки шур хурда наметавонад. Магар онхое, ки дар Бадахшон садои эътироз баланд карданд, пасту зиштху ва беномус буданд? Занони точик, ки аз ноилочй ба Путин шикоят навиштанд, беномусанд? Хатлонихое, ки намехоханд, акди никохи духтарони точик ва хитоихоро ба кайд гиранд ва аз боло танбех мешунаванд, беномусанд?  Хучандихое, ки аз сардихои зимистони гузашта эътироз мекунанд ва ё онхое, ки дар ину он гушаи Точикистон «дод аз дасти фалак» мегуянду худро ба дор мекашанд, беномусанд? Раштихо, ки ба хамлаи тахкиромез бо истифода аз неруи ОМОН сар нафуроварданд, беномусанд? Агар онхо беномус бошанд, чаро ЭШР давон-давон ба Бадахшону Рашт рафт ва он «беномусон»-ро афв кард? Чаро хар мох ба Сугд меравад? Кист беномус? Халк магар он гурухи хурди шикамсеронанд, ки аз ЭШР худову пайгамбару шоханшох месозанд ё ба хар хол милёнхо нафаре, ки аз камтарин харакати онхо хамаи шумо ба изтироб меоед?

Аммо бародари хокимпарасту халкбадбин пурсиши хуберо матрах кардааст. Ку худат президент мебудй, чй кор мекардй? Вокеан худи ман хам дар ин андеша будам ва бовар кун медонам, ки чй кор мекардам. Фикру пешниходхоямро хеле ба зудй ин чо менависам, ки агар бо хамин камзарфию нодониям президенти Точикистон мебудам, аввал чй кор мекардам ва баъд чй кор. Аввал хамаи вазирону мансабдорони ришвахорро ба чои афви моликият ба зиндон мешинондам ва аз чавонони точик дар тамоми дунё бехтарин кадрхоро чамъ карда, хукумати пургайрат, аммо камшумор ташкил мекардам. Барои камтарин камбудй ба хеч мансабдор рахм намекардам ва чояшро ба касони сазовор медодам, катъи назар ки аз кадом махалли Точикистонанд. Барои 5 сол хама гуна форуму чамъомадхои байнулмиллалиро дар Точикистон ва хама гуна сафархои серодами хоричии худаму дигар мансадорон ба хоричаро манъ мекардам. Аз даромади заводи алюмин ба хар шахрванди Точикистон, ки накшаи муайяни аз кашшокй берун овардани худ ва ахли оилаашро дорад, то 100 хазор доллар карзи бедарсад медодам ва тамоми сохибкорони якка ё хусусиро аз хама гуна андоз озод мекардам. Фуруши пахта ва хама гуна махсулоти кишоварзиро ба дасти худи корандаву парварандаи ин махсулот медодам. Инхо чорахои фавкулодда. Боз андешахои дигар хам дорам. Дар баробари ин аз хамандешон хам ин пурсишро мекунам:

Агар Шумо президенти Точикистон мебудед, нахуст чй кор мекардед ва барои ислохи вазъият дар кишвар чй барномае месохтед?

Савол ба хама ва хамаи чавобхо ба истичнои оне ки дашному хакорат доранд, бетагйир нашр карда мешаванд. Бинависед, шояд ЭШР хам бихонаду ба инсофе биёяд ва номусе бикунад.

15 Responses

  1. «В стране, где есть порядок, будь смел и в действиях, и в речах. В стране, где нет порядка, будь смел в действиях, но осмотрителен в речах».
    Конфуций

  2. агар хамаи Точикистона сарвари Кишвар монед хеч ободие ва хеч дигаргуние намешавад.Хамаи Мусулмонон хешу табор доранд то хешу табори онхо бой мегарданд ними мардуми точикистон мурда меравад дар кишвархои хорич аз чумхури.
    вай марак чанг карда гирифтаст мехурад бо хамрохии хешонаш вале аз Худо фаромуш кардаанд,ки Худо дергиру сахтгир аст

  3. Ин акидахо асос надоранд. Дар Точикистон хастанд одамоне ки на дар гами хешу табор, балки дар гами миллат мебошанд. Одамоне хастанд, ки чашмашон дидаасту сер аст.

    Бадбахтй дар он аст, ки нодидахо ба сари хоикимят омаданд ва 17 сол шуд, ки чашмашон серй надорад.

    Андешаи Рустамро тарафдорй мекунам, ки холо бисере аз точикони зуртарину арзандатарин дар дигар мамлакатхо кору зиндагй мекунанд.

    Ба умеди худо шав, аммо буттаро сар надех!

  4. Дар Точикистони азизи мо имруз бештар ришва ва хичоббадбини ривоч ёфтан дорад. Боки хама ба суи асрхои миёна равонанд.
    Хизмати ЭШР-ро метавон то соли 1999 кадр кард, илло пас аз он, аз ЭШР чохилтарашро таърих дар ёд надорад.
    Агар аклеву фаросате дар сар бошад, дар ин Ватан зиндаги кардан душвор мегардад. Хама савдогар аст. Аз вузаро то чупон хама савдогаранд. Вузаро вазифа мефурушанду чупон моли халкро мефурушанд. Халк худаш савдогар аст. Дар хама чо, сари кадам аз дехот то шахрхо хамачо магоза хама савдогару хама харидор. Ин аст, кишваре, ки сарвариашро ЭШР ба ухда дорад…

  5. Пеш аз ҳама интихоботи ҳалол мегузаронидам дар ин кишвар. Баъд оҳиста-оҳиста дигар корҳоро ҳам дуруст мекунам.

  6. Рашоди азиз!

    Пас ба гуфтахои он дуст хамфикр астй, ки хеч кас кишварро ба рохи дуруст бурда наметавонад? Ва хеч пешниходе барои ин надорй?

  7. Ба акидаи ман мухим он аст, ки мо мардуми такдирсоз бошем.
    Яъне, хар киро ки дар мансаб аст зери назорат дошта бошем ва чун суиистифода аз мансаб кард барканор ва ба чазо гирифтораш кунем.
    Барои ин бояд аз «Рузи нав» ва «Неруи Сухан»-хо дифоъ мекардем, ки фошофош мегуфтанд.
    Аслан кам ахамият дар он аст ки Эмомали дар садр аст е Сангали е …алии дигар.
    … вале афсус… барои мо мухим он аст ки садр аз кавми мо, аз дехаи мо, аз авлоди мо, аз оилаи мо бошад…

  8. Ба Рашод. Шумо навиштед: «Хизмати ЭШР-ро метавон то соли 1999 кадр кард».
    Бародар, ЭШР-и Шумо ва ёронаш то соли 1999 фақат тоҷиккушӣ кард ва инро чи гуна мешавад қадр кард?!! Ё шумо фақат ҳамон «сулҳ»-ро дар назар доред ва ҳамон суханҳои авомфиребонаи ӯро?
    Воқеан, он оташбас (на сулҳ) хизмати ЭШР набуд. Вай маҷбур шуда буд, ки роҳи сулҳро пеш гирад. Россия ҳам ба ин кор маҷбур шуд ва ӯро маҷбур намуд. Елсин ба вай гуфта буд, ки ман ба ту дигар ёрӣ намедиҳам, ақаллан сулҳ куну ҷони худатро халос кун. Худатон медонед, ки дар он сулҳи соли 1997 опозитяро фиреб дода, ба ҷои 30 фоизи ваъдагӣ ҳамагӣ 3-4 фоиз дар ҳукумат ҷой дод ин ЭШР. Шумо лутфан бигӯед, ки кадом кори хайри вайро қадр кунем.
    Сиёҳро сиёҳу сафедро сафед гуфтан даркор, бародари азиз. Ин корро ёд нагирем, Тоҷикистонро обод карда наметавонем.

  9. салом ба хама!
    ба фикри ман хама фикрхои хуб пешниход намудаанд. ба назарам дар аввал фикрронии мардумро дигар намудан лозим то бидонанд ки гайр аз точикистон дар чахон дигар кишвархое хам хастанд. гайр аз эшр дигар президенхое хам хастанд. эшр махсули дасти худи халк хаст. лутфан халки мухтарам ачри захмататонро кашед. акида бар ин аст ки то ин мардуми начасро ки хукуматро гасб намудаву халкро торумор карда истодаанд бо калтаки бобои аз ватан наронед коре ба даст намеояд. ба гумонам дигар хеч нафаре наметавонад точикистонро аз вартаи халокат берун барорад. ба ин хотир пешниход менамоям зудтар аз ин кишвари касофатзада куч бандед. як по хам доред гурезеду ду по хам. бубинед инхо чи кор мекунанд: гуе точикистон хама мушкилиро хал намудааст ки кор танхо ба руймоли сари хохарони баномуси мо монд. э муреде касофатхои худозадаи аз харромшуда…..

  10. Barodar Rustami aziz!

    Kori shumo khele mardonavor va durust ast. Johilonu nodonu badsirishton, afsus, hamesha yoft meshavand, vale shumo ghami onhoro nakhured. Zinda boshed, ki mardumi rushanfikri Tojik in khizmati shumoro misli digarone, ki maydoni ozodandeshivu Vatandustiro himoyat kardaand, qard menamoyand. Nomardi on ast, ki didavu donista durughu nayrang va firebu duzdiro tarafdori namoi.

    Tanqidi asosnok va sozandai har shakhs in ba foidai pesh az hama khudi ust. Shakhsi oqil solim inro mefahmad. Agar oqil va solim naboshad, pas shaskh ba tanqidi beasos va vayronkunanda dast mezanad va hatto millati khud va khudro niz ta’navu malomati kholi mezanad. In ast nomardi, «Az namakdon non khurdan va bad-on tuf kardan», meguyand. Rudakii buzurg ba mo guftaast, «Gar bar sari nafsi khud amiri, mardi». Har mard ba kase, ki sari nafsi khudro idora karda nametavonad va dasti millati fitodaashro namegirad, imkoni didanash boshad ba ruyi u haqiqatro meguyad. Hatto har rubohe agar zarur aftad, sher meshavad.

    Duston, mo millati buzurg budem, hastem va memonem. Ba zabon ovardani tanho chand nafar buzurgoni olamshumuli mo kofi ast, ki inro tasdiq kunad. Ammo, bidoned, ki dar har davru zamon har yak millatro tanho chand nafar peshvoi va rohbari mekunand, ki ba rushdu shukufovu merasonand (balandi), yo ba’zan vaqt bar’aks kishvarro ba vayronivu talavu toroj mebarand (pasti). Binobarin, az rohbari kishvar imruzu oyandai on khele vobastagii zich dorad va chun taqdiri mardum hal meshavad, har kas haq dorad, ki az rohbar talab namoyad to manfiati hamagonro (aksariyat) doimo dar nazar doshta boshad. Mardumi oddi injo gunahkor nest, balki «elita», ya’ne guruhe az bonufuzon, ki rohbariro ba uhda dorand. Holo mo dar «pasti» hastem, millat ranju azob mekashad, vale hamesha shakhsoni bedordilu rushanfikr dar har millati buzurg paydo meshavand, ki onro najot medihand, rohgumzadagonro ba roh medarorand, millatro boz ba «balandi» mebarand va mo ham ba chunin ruzi nek umedvor boshem. Inshoolloh, on ruz ham faro merasad!

    Nihoyat, man bovarii komil doram va chand marotiba takror kardaam dar hamajo, ki idora namudani chunin yak kishvare kuchak misli Tojikiston hej kori mushkile nest. Onro HAR KAS, har kase, ki kame donishu insof dorad va dilash ba Vatanashu millatash mesuzad, metavonad ba taraqqiyotu peshravi rasonad. Bisyor kasone hastand bo naqshavu barnomahoi mushakhasi rushdi kishvar, hatto movu shumo niz dar sar fikri andeshahoi ziyodero harruz dorem, ki ba’zeashonro dar tornomai khud nashr kardaem, http://www.bkosimi.wordpress.com. Sipos ba Ozodandeshi giromi baroi ravona kardan ba in payvand. Ammo agar hatto mo peshnihodhoi aniqu amalishavanda namedoshtem ham, har yak rohbari donovu dilsuz va haqiqatjuy boyad, ki kam-kam az aqlhoi behtarini dunyo, na balki kheshu tabor va dustoni mahalli khudro, dar atrofash jam’ karda chand barnomai mushakhas sokhta amali mekard, ki islohoti zaruri to hol anjom doda meshud. Dar Dushanbe sadho nafar korshinosoni barjasta makhsusan dar tashkilothoi baynalmillalii iqtisodivu siyosi fa’oliyat mekunand, dahho tadqiqotu peshinihodoti aniq menavisad, kase hatto az onho istifoda ham namekunad.

    Khulosa, kalidi muvaffaqiyathoi mo dar khondan va az hamdigar omukhtan ast, duston. Hama kushish bikunem, ki az mo nomi neke bimonad, ki on ast jovidon. Muhim mardumu millat ast, na molu mulki kishvar, ey har yak rohbar!

    Bo umedi obodii Vatan va har yaki shumo,

    Khudo nagahdor,

    — Botur Kosimi (Istaravshan)
    holo az Vermont, IMA

  11. «»Аввал хамаи вазирону мансабдорони ришвахорро ба чои афви моликият ба зиндон мешинондам ва аз чавонони точик дар тамоми дунё бехтарин кадрхоро чамъ карда, хукумати пургайрат, аммо камшумор ташкил мекардам. Барои камтарин камбудй ба хеч мансабдор рахм намекардам ва чояшро ба касони сазовор медодам, катъи назар ки аз кадом махалли Точикистонанд. Барои 5 сол хама гуна форуму чамъомадхои байнулмиллалиро дар Точикистон ва хама гуна сафархои серодами хоричии худаму дигар мансадорон ба хоричаро манъ мекардам. Аз даромади заводи алюмин ба хар шахрванди Точикистон, ки накшаи муайяни аз кашшокй берун овардани худ ва ахли оилаашро дорад, то 100 хазор доллар карзи бедарсад медодам ва тамоми сохибкорони якка ё хусусиро аз хама гуна андоз озод мекардам. Фуруши пахта ва хама гуна махсулоти кишоварзиро ба дасти худи корандаву парварандаи ин махсулот медодам».

    //////////////////////////

    Я думаю, что этот план самый идеальный для современного Таджикистана. Обеими руками поддерживаю эту идею.

    Читатель

  12. Рустами азиз,

    Я как украинец живущий в Тачикистане хочу сказать, что мне кажутся крайне нежелательными резкие измненения у нас. конечно это мнение может шокировать поскольку провал экономики и общество совсем наяву и президент никак не управляет страной к лучшему. НО и на Украине была подобная ситуация и оранжевая революция никак не улучшила жизнь граждан. беспредел до сих пор есть у нас. я может быть песимист но мне кажется что между неосовесткими динозаврами и великими переломами мы в тупике.
    однако как всегда мне очень нравится ваш блог

    с уважением

  13. Хорошо сказал Сережа. В данный момент для Таджикистана любые резкие изменения пойдут во вред. Особенно опасны для нас оранжевые революции. Дело в том, что в результате революций могут прийти к власти только авантюристы, которые просто заменят нынешний диктатураобразный режим.

    У Таджикистана были шансы возрождения после народного недовольства и митингов в начале 90-х. Тогда для эффективного правления государством была основа – довольно мощная и объединенная интеллигенция, состоящая из различных специалистов и регионов страны. Но эту интеллигенцию разбила и загубила тогдашняя прокоммунистическая правящая элита руками боевиков Народного фронта.

    А теперь у нас нет той прослойки, способной взять в руки власть и эффективно управлять государством. Взамен нынешней власти придет другая, но мало чем будет отличаться от нее.

    Единственный путь спасения – это изменение каждого представителья народа, точнее нового поколения. Если каждый таджик приложит максимум усилия для того, чтобы растить своих детей хорошо образованными и сам тоже изменится, то мы постепенно выйдем из кризиса. Т.е. каждый должен улучшить свою жизнь сам, а не надеяться на дяди из хукумата. А жизнь можно сделать лучше только с помощью знания и хорошего образования.

  14. Читателю. Единственный путь спасения – это нормальные, демократические выборы, а не демагогия (изменение каждого представителя народа, арийская культура – в массы, год чистой воды…).
    Кстати, новое поколение – давно забытое плохое старое. От нового поколения ничего хорошего, тем более изменения безобразного строя, ждать не стоит: им бы каждому по мобильке дать, да и отпустить тусоваться, ломая рэп! Они и так говорят, зачем им политика, когда можно бессовесно доить родителей.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: