Шоъире бе зодруз, бе хона, бе кишвар ва бе маргруз

bozor.jpg

Худоё, магзор ки ягонагон аз пой биуфтанд. Таън бар бузургон издихомро чи гуворост! Издихом факат зурдмадоронро дуст дорад. Ва интикоми заъфи хешро аз фарзонагоне бигирад дар лахазоти иштибохи онон.

Ягонагон ба рушанй ва саъодат рахнамун мекунанд, ки ба дарки саъодатнадидагони абад харгиз намерасад. Аксарият бар инанд, ки бехтар аст, дар миёни тудахо ва якчо бо тудахо рахгум бизананд, то дар танхой рохи хакикат ва начотро бичуянд.

Яктоёнро худои якто дуст дорад, на галахову тудахову авом.

Онон, ки медонанд, медонанд, ман чи мегуям ва чаро. Ман ба ёди у бодаи талх менўшам ва ашки шур мерезам. Ба ёди оне, ки хамаи иштибоххояш бахшиданиянд ва хамаи талххояш ширин. Ба ёди оне ки хазорон фарсах дур аз ин диёри касофатзада хамсадо бо дили ман менолад, нолаи дили маро месарояд:

Сар то ба кадам чу аргувон дар хунам,
Аз зиндашахидони кафангулгунам,
Рагхои маро чу хамрагам кас набурид,
Кас хуни маро нарехт чун хамхунам

Гулгункафани зиндашахиди мо. Озодсухан ва озодасухан. Сухани озоди уро дар Амрико наёристанд, тахрир бикунанд, вакте гуфт, ба мучассамаи Озодй (мукаддастарин рамзи амрикоихо) туф мекунад ва ба сурати Клинтон (президенти вакти Амрико) дар оинаи телевизион низ. Аммо сухани хакки уро дар Точикистон тахрир карданд ва аз навиштахояш хама чизеро, ки нукси хукумату чамъияти имрузи точиконро падид меовард, берун партофтанду аз номаш китобе нашр карданд, ки хондани он баробари марги миллионхо тори аъсоби харобаш шуд.

Дар он маколахо туффи уро ба Амрико бокй гузоштанд, буи ношуштахо дар хонахои беоби Душанберо хазф карданд. Туффи у ба Клинтону Бушро монданд, танкиди Эмомалй Рахмонро махв карданд. Натича — Бозор Собир аз Буш наметарсад, аммо аз Э.Р. мехаросад. Бо вучуди танаффур аз Бушу Клинтон розист, дар Амрико ба сар барад, аммо на дар Точикистон. Ва бузургтарин бадбахтии як бузургвор — ин корро на хасану хусейн, балки шогирди нозпарвардаш кард. На душманаш ашки уро резонд, дусташ. На хамсояаш, фарзандаш…

Вале оё касеро часорате хаст, ки харфи шеъри уро бечо кунад? Ба чумлаи он шогирдакони камзарф, ки устоди хешро ба мансаби бардавору пуче бифурухтанд?

Хар шеър, ки пора-пора месозам ман,
Пайдост, ки чорпора месозам ман.
Хар пораи чорпораам пораи дил,
Дилро духазорпора месозам ман.

Бозор дигар аз гами хамдиёрони лода ва бардаи худ гузаштааст. Мегуяд, Точикистон кишвари «боякхо ва муллохост» ва пайванде ба ман надорад. Оё барои як кишвар фочиаи аз ин бузургтаре хаст, ки шоири бузургаш аз он ру тобад? Як бор хост, ба он тасвир хат бикашад ва онро бусид. Як бор рафт, то барнагрдад, баргашт. Ин бори вопасин нест? Иштибох накунед! Вай на аз ватан ру тофтааст, балки аз мардумони ин ватан, ки на ба кадри худи у расидаанду на ба кадри сухани покаш ва на ба кади хештани хеш.

Устоди танхои шеър акнун дар гами парандахои мусофир аст. Мургакони белона, ки бехтар аз инсонхои касрнишину рамаи гусфандонанд. Ва худи у низ парандаест, ки сайёди замона нимбисмилаш кардааст.

Дар боги парандахо хазон омада буд,
Бо тиру камони чонситон омада буд,
Дар боги парандахо хазонрезии пар
Аз бориши тири парфишон омада буд.

Дар хавлии ман на чормагз аст, на бед,
Не арари кадбаланд, не дори  сафед,
Маъзур парандагон, хазор маъзур,
Дар шохаи панчахои ман биншинед.

Пархои пароканда ба хар бому даре,
Бишкаста ба зери пойи хар рахгузаре,
Бингар чикадар харобкорй кардаст
Сайёд ба як парандаи мушти паре.

Ба дафтари тозаи шеъри у биравед ва аз ин оби зулоли чонбахш нуш бикунед, агар ба шарте барда нестед ва рахгумзадагии миёни галаро аз рахгумзадагии рахнаварди танхо бартар намедонед.

Торнамои Бозор Собир
Ашъори Бозор Собир

Ва охирин изофа: Хукумати Точикистон пешниходи тачлил аз 70-солагии Шоъири Халкии Точикистон, барандаи Чоизаи давлатии ба номи Рудакй — Бозор Собирро дар Точикистон катъиян рад кард. Аммо садсолахо баъд рузгоре мешавад, ки Эмомалй ё фаромуш мешавад ё монанди Махмуди Газнавй танхо бо зулму ситамаш дар ёдхо мемонад, вале зодрузи Бозори Собир ба иди миллии точикон табдил мегардад.

23 Responses

  1. Бародарони азиз,

    номахои шуморо нашр намекунам, зеро харчанд маро «хайфи ту!» мегуед, дашномхои кабехи шумо сатхи худи шуморо нишон медиханд.

    Агар дар номахои шумо як зарра дурахши акли инсонй мебуд, кабохатхоро рехта, он нукотро дарч мекардам, хайфи шумо, ки он чо заррае хам наёфтам.

    Дашноматонро ба худатон бармегардонам, илохо насибатон кунад. Аммо Бозор бузург аст ва пас аз хафт пушти шумо уро ёд хоханд кард.

    Хамандешони арчманд. Хамлае аз 6 номаи кабех пеш омад, ки сабаби ин хуруфи ман шуд. Узр.

  2. Умедворам, ин номахои «ташкилй»-и дустдорони хукумат баёнгари афкори мардуми точик нестанд.

  3. Номаамро шумо албатта метавонед низ пок кунед, аммо нагуфта монам вичдонам ичозат намедихад.
    Бигзор он одам ки дар васфаш он кадар хушбошу офаринхо гуфтед як алома хам мебуд ва хунари волоиашро хатто бо хуруфи заррин дар хар як сангу хораи Точикистон сабт мекарданд, дар он хол хам назари манфии шахсии худи ман (ки баъд аз мурданам хатто як руз ёдам накунанд хам рози) нисбати у гум намешуд.
    Хар як шахс агар худро мард хисобат бояд дустонашро нафурушад, ба мавкеаш вафо кунад, халке ки аз пушташ рафтанд дар ними рох напартояд, ба нагзи хамеша бо нагзи чавоб дихад.
    Мутаассифона он наафр ягонтаи ин хислатхоро сохиб нест.
    Умуман аз шумо хохиш мекунам дар бораи хислатхои инсони як бахсеро доир кунед. Чавонон бояд хуб дарк кунанд ки хуб чиву шар чист.
    Хизматхои он шоир дар арсаи фарханги шояд беназиранд аммо бо як ду амалаш у тамоми обруи доштагиашро резондааст ва илова бар ин як махалгарои тангфикр будааст.
    Дар омади гап савол дорам ки оё агар Заххок як заргари мохир мебуд ва шухраташ то хол садо медод, наход шумо уро инсони хуб меномидед? Шояд хислатхои бади одамон бо мурури вакт фаромуш мегарданд ва эхтимол дорад ки Рудакии бузургвор ва бехамто низ комил набуд, аммо дар айни хол хотирахои ман тару тозаанд ва гар чанде ки дар дил ягон зарра эхтиром нисбати Собир Бозор чустам, наёфтам.

  4. Дустони арчманд,

    биёед, мо сари хую хислатхои ин ё он точики баруманд бахс накунем. Бехтар аст, мо бигуем, ин ё он точик барои ватанаш чи корхоеро ба сомон расонида. Хамаи мо медонем, ки Бозор Собир иштибох кард. Вай рахгум зад миёни демукроси ва коммунизм. Вай пасомадонашро дилшикаста кард. Аммо Бозори ормонии мо дигар аст. Вай хануз хам дарди дили моро руи когаз меорад. Бозори човидонии мо дигар аст. Вай хануз хам хакикатро чустучу мекунад. Холо мо аз руи эхсос дар нисбати Бозор бахогузори мекунем. Аммо баъд аз 10-20 соли дигар мефахмем, ки мисли у дар адабиёти муосири точик хич кудом тасвири зебое надоштааст. Баъд, мо номзадиямонро аз пушти шеъри Бозор дифоъ мекунем. Аз пушти шеъри Бозор нон мехурем. Аммо холо у дар гариби пир шудааст ва мо уро чашми дидан надорем. Вай холо ба мехрубонии мо эхтиёч дорад (харчанд зохиран вонамуд намекунад) ва мо баъдтар ба мехрубонии у эхтиёч пайдо хохем кард, ки дигар пайдо нахохад буд…

  5. Бебоки азиз,

    На. Паёми туро пок намекунам. Номахоеро аз нашр боздоштам, ки аз дигар кабил буданд. Худат мефахмй.

    Факат як нуктаро ёдрас мекунам, ки хеч инсоне бе нуксу иштибох набуд ва нест ва худ низ инро хеле зебо зикр кардй. Аммо онхое, ки Бозор Собирро ингуна мешиносанд, чанд нафар, шояд сад нафар беш нестанд. Дар холе ки шеъри устод имруз низ даххо хазор нафарро дарси ватанхохй медихад.

    Бозор дар сиёсат иштибох кард, аммо на дар шеър ва ишки ватану миллати худ ва арчи фархангу таърихи он.

    Имруз хам у хамоно дар хидмат аст.

  6. Бозор Собир аз он кабил афродест, ки ба густохии бебоконаи афрод махал намегузорад ва гапи дилашро руи каф мегузорад. Ба маротиб бехтар аз бадсиголии пушида. Бозор Собир барои ман пеш аз ин ки шоъир бошад, ойинаи тамомнамои миллат дар садаи 20 аст, бо тамоми хусну кубхаш. Сиришти у шеъри ноби инсонияти мост. Бозор Собир аз шермардонест, ки дар дахаи 1970 барои нахустин бор ба дахо ва пешвойии Ленин шак кард ва «Пас аз мо»-ро навишт. Бозор Собир замонасоз набуд, аммо замонаро сохт. Дар беш аз 70 сол умри устод беш аз сад сол умри мардуми Точикистонро метавон дид, исрору тардидхо ва калавишу таъкидхоро. Номи у ба дифоъи мо хам ниёз надорад ва човидона хохад монд.

  7. Агар у дар сиёсат галат мекард инро мешавад бахшид, аммо сиёсат ва рохи интихобкардааш дуруст буд ва мардум ба даъвохои у бовар карданд ва аз пушташ рафтанд. Мардум рафту вай аз рохаш гашт. Вай дар зиндон албатта азоб кашид, аммо азоби онхое ки дар ду суи санграхо бо хам мечангиданд, онхое ки дар Точикистону хорич аз он аз гуруснагиву нодори ранч мекашиданд камтар набуд. Танхо у набуд дар он зиндонхо, дар дами марг часурон коматро хам накарда буданд, на хама албатта, ва аммо у дар хеч маврид хак надошт ло акал ба хотири хуни рехташуда ва чонбозихои мардум барои озоди онхоро беумед кунад.
    Дар коми чанги мудхиш мо садхо хазор навчавононро талаф додаем, ки шояд аз онхо садхо «бозорхову», «нурихову», «энштейнхо» бузург мешудаанд.
    Аз бузургон пурсиш бузург аст.

  8. Бозор бузург аст. Биёед, бузургонро арч дорем. Хамаи он нукси Бозор (агар он хам бошад?) дар пеши бузургиаш хеч аст.

  9. Бародарон,
    Ягон кас адреси Бозор Собирро дорад
    Ман дар Ню ёрк зиндаги дорам ва мехоҳам ин шоирро зиёрат кунам ва бо у суҳбат кунам.
    Аз тамоми бародарон хоҳиш мекунам ки агар мумкин бошад тавассути Тоҷвари азиз адресашро ба ман расонад.
    Ташаккур

  10. Махалгарост. Худо медонад агар хокимият ба дасташ меафтод сад дар сад бадтар аз Эмомали мекард… Эмомалиро шояд бахшид, ки колхозчист, вале уро чун мебахши, ки зиеиест…

  11. Магасчахо ва гуломчахои режими рахмони!

    Хомуш шавед, шумоён хакки дар бораи Бозор гап заданро надоред!

    Шумоён бо режими шармандаатон беному нишон мурда меравед, лекин Бозор АБАДИСТ! Номи Бозор кайхост сабти таърих шудааст!

    Шумоён дер кардед ва режими пусидаатон хам!

  12. Ачаб дунёе! Замоне Бозор Собир «аз тамоми шоирон як шоири зиндони буду дигарон зиндонбон»*. Имруз аксари рузномахои Точикистон «Бозорнома» шудаанд. Акнун телевизион бе монеа шеърашро пахш мекунаду Саидкул Билол пайваста аз ашъори у мехонад.
    «Хукумати Точикистон пешниходи тачлил аз 70-солагии Шоъири Халкии Точикистон, барандаи Чоизаи давлатии ба номи Рудакй — Бозор Собирро дар Точикистон катъиян рад кард.»???
    Бешубха. Зеро, бесохибчашн чи гуна?…
    Бозор рохгумзада? Рохгумзада онхоеянд, ки бо идроки каму тангназари махалгарояш мехонданду мехонанд. Магар Бозор Собир раиси Иттифоки нависандагон буд? Кадом бехунараки хаммахалашро «ба арши боло» бурд?
    Вокеан, Бозорро тавасути шеъраш бояд шинохт. Дар боби «бахо додан» чизе намегуям. Зеро, ба кавли як дуст: «Барои он ки ба Бозору ашъораш бахо дихи, бояд дар пояи устод боши».
    Ман аз ашъору амалу рафтори Бозор Собир як чиро дарёфтааму густохи хам шавад, иброз медорам. У хамеша мукобили чараёни дарё шино мекунад, ки на хар кас чунин хунар дорад…

  13. bozor sobir ro dust medoram xele ziyod . ittilooti zioadi az vai nadoram vale hamin andoza ittilooti ki az eshon doram , ishghi eshon ro dar man bar angekht. eshon nazdik ba bist sol pish ba iron safare kardandu safarnomai navishtand ki man tanho chand satr az on safarnoma ro khondam , val e harchi dunboli baghiai on gashtam , sude nadosht.
    dar internet niz chizi farovoni az eshon yoft nameshavad.
    sad sipos

  14. Дустони гиромй!

    Пешниходи ман ин аст, ки ба рагми ин карори маньи чашни зодрузи шоьири миллат хар касе ки вокеан ба у эътикод дорад ва бо шеърхои миллии у ба камол расидааст, дар рузи таваллудаш

    20 ноябр

    дар пояи хайкали устод Рудакй чамъ шавем ва бонавбат шеърхои уро кироат кунем.

    Марде хаст дар ин кишвар, ки бо ман пайвандад?

  15. Салом ба хама!
    Ман хам як вактхо мухлиси шеърхои Бозор Собир будам, лекин баъ дилам аз ин одаму шеърхои вай монд.
    Дар шумораи охирини «Нигох» дар маколае махсус ба ин нашрия (сах.8) у аз чумла менависад:
    «Забони русй низ боист коимулмаком забони миллии мо бошад. Ин забон аз хар гуна забони дигаре бартару бузургтару мухимтару коргартар аст».
    Ва ин одамро боз бузурги миллат меноманд!
    Шояд у ва мухлисони асили вай тайёр бошанд модарашонро «мама» э «мамочка» гуянд, вале ман не. Ман «модар» мегуям ва иншоаллох фарзандони ман ва фарзандону наберагони онхо.
    Ба Самандар: Ба назди хайкали Рудакй наоед, чунки арвохи уро меранчонед, агар шумо хам мисли БС-тон тарафдори забони миллии Точикистон кардани забони русй хастед. (агар нестед, ба кумиратон акидаи ба у мухолифро расонед)
    Саломат бошед.

  16. Bosor as shoiri ba hasyengui gusashtaast. Har goh, ki as u sadoe meshunavam sarte ba saram meoyad; khirad gum kardai shoyad, namedoni.

  17. Ба назари банда бояд Бозор Собири замони шуравиро аз Бозор Собири баъдй чудо кард.

    Аввалй касест, ки рисолати як шоъири миллиро ба таври комил ичро кардааст ва дуввумй касест, ки аз нокомихои миллат ба хашм омадаву ба киноягуй табдил шудааст.

    Ачиб ин аст, ки Бозор Собир дар киёс ба Додочони Атовулло суханхои сахттаре мегуяд, аммо уро дар матбуоти кишвар ба осмонхо мебароранд ва Атовуллоро ба хоки сиёх мезананд. Фикр кунед, чи чаро?

  18. Оставьте в покое великого поэта. Он принадлежит не вашему поколению, вот поэтому и вы не понимаете его. Он принадлежит завтрашнему гордому таджикскому поколению, которое будет жить с гордо поднятой головой. Если у Бозора Собира есть хоть какая-то вина, так это то, что он родился немного раньше, чем нужно было.

    Бозор для меня – символ возрождения национального самосознания и я всегда буду с уважением относиться к нему.

    С уважением, читатель

  19. Ба Читатель, ки навиштааст: «Оставьте в покое великого поэта. Он принадлежит не вашему поколению, вот поэтому и вы не понимаете его. Он принадлежит завтрашнему гордому таджикскому поколению, которое будет жить с гордо поднятой головой…»
    Посух-дополнение: … и с Ленином в башке!

    Разве можно с Ленином в пустой голове и СССРом в душе идти – шагать с криком «Уррра!!!!» – в будущее? Вам не стыдно? Бозору точно не стыдно. Ему проще пить пепси закусивая гамбургером и нечленораздельно бормоча о том, что нынешнее поколение его Великого не понял.

  20. Феълан мо, точикон, мардуми мазохист хастем. Мо ба касоне, ки зулму ситаму тахкиру маломатро ба мо раво мебинанд, эхтироми самимии худро коил хастем ва ба касоне, ки моро хурмат мекунанд, мо бо дидаи нафрат назар мекунем. Ба унвони мисол, мо русхоро чунон ба болои сар мебардорем, ки тайёр хастем хоки пояшон шавем, хангоме ки онхо моро инсон хисоб намекунанд, ба мо чун ба як хайвон назар мекунанд. Дар ин маврид, як зарбулмасали руси ба ёдам меояд: «Ей плюнь в глаза, а она божья роса». Бале, мо хамин тур хастем, чунин падида айнан ба мо рост меояд. Мисоли дигареро меорам аз таассуроти хеш аз сафархоям ба Афгонистон. Дар Кобул, Пули Хумри, Кундуз ва дигар шахру дехахо вакте ки сокинони махалли мешуниданд, ки мо аз Точикистон хастем, моро чунон гарму самимона истикбол мекарданд, ки сарамон ба фалак мерасид. Вакте ки муносибати хамватанони моро нисбати афгонхо дар дохили Точикистон мушохида мекунам, дилам реш-реш мешавад. Мо он гумони бадеро, ки нисбати афгонхо дорем, русхо низ нисбати мо гумонхои мушобех доранд. Ба гумони русхо, хамаи точикхо бо хару гов каробати чинси мекунанд, вале мо хуб медонем, ки ин бухтони палидона аст. Мо низ гумон дорем, ки хамаи афгонхо хамчинсбозанд, дузду фиребгаранд. Чунин гумонхои аблахонаву беасос дар замони муосир хеле хатарнок аст. Фикр мекунам, бояд теъдоди бештари мардуми мо ба дигар кишвархо сафар кунанд, то ки бо халкиятхои гуногун ошно шаванд. Мо ки дар як кишвари кучак зиндаги мекунему оламу одамро надидаем, тафаккури мо низ тангу кучак аст.

  21. Мухтарам Валера, ман бошам ягон точики бесаводро аз марзи Точикистон баромадан намемондам. Шармандагии мо аз хамон шахсони гариби бесавод сар мезанад. Хонанд хонанд ва боз хам хонанд ва баъд рафтан гиранд ба кучое, ки мехоханд…

    Аз навиштахо дар бораи Бозор Собир ман ба хулоса омадам, ки мо точикон хафт бор менависем ва баъд фикр мекунем, ки чи навиштем. Бояд баракс бошад ва бузургро бояд бузург номид!!! Точикон бе Бозору Лоик точик нестанд!
    Хардуро дуст медорам чун БУЗУРГОНИ МИЛЛАТ!!!

  22. Лоик бузург буд лекин Бозор не! Лоик хар ончи ки мекард барои миллат мекард вале ягон чи тамаъ накард ин Бозори бадбахт бошад як ду шеърчае нависту хост дигаро пеши у сари таъзим оранд! Хести ки хобад!

  23. Бозор бо ин хама тавсифу интикоде, ки шумо мекунед, шоири МИЛЛАТ аст. Бозорро бояд чун Бозор шинохт. Ман танхо бо шеъри худи У ба у мурочиат мекунам:

    Дубора мох бадар шуд, чаро намеои?
    Дубора мохи дигар шуд, чаро намеои?
    Парандахои мухочир ба лона баргаштанд,
    Дубора чах-чаха сар шуд чаро намеои?
    Бародарони мухочир ба хона баргаштанд,
    Дубора ках-каха сар шуд, чаро намеои?
    Гули пиёда ба манзил пиёда боз омад,
    Зи рафтанат чи кадар шуд, чаро намеои?…

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: