Пирузии у бо мо — пирузии мо хохад шуд!

obama-wi

Аслан фикр намекунам, ки пирузии Борак Убомо ба гуши Эмомалй Рахмон форам расида бошад. Барои вай хам чун Усома Бин Лодан шикасти дугоники Буш — Маккейн аламовар аст, зеро агар фарки онхоро тамоман дарк накунад хам, вожаи «демократ» барояш нохушоянд аст ва дафъатан Мухаммадрузй Искандаров ба ёдаш мерасад ва ё бадтар аз ин Шодмон Юсуф ба хобаш медарояд.

Аммо чун гунахкор хамеша аввал садо медихад, вай нахустин шуда ин пирузиро ба Убомо табрик мегуяд. Илоч надорад. «Мефора, намефора, Убомо президенти Амрико шуд. Ман демократияро аз бало бад бинам хам, пули демократияи Амрико ба ман зарур!» Вале ба эхтимоли зиёд галабаи Убомо шикасти Рахмон аст. Ибтидои шикасти Рахмон. Бояд як занге хам ба ситоди демократхои точик бизанад.

Инкилоби бечорагонро ба хамаи орзумандони адлу инсоф табрик мегуем. У бо мост, пас мо хам пируз хохем шуд! Як сирри пинхон — дар ситоди интхоботии Убомо 3 точик низ захмат кашидаанд ва Убомо вазъи Точикистонро аз онхо ба хубй донистааст.

Гӯиши русизадаи расонахои мо Борак Убоморо ба Барак Обама табдил кардаанд. Вижагии бардагон ин аст, ки пас аз солиёни зиёд низ таклид аз хокимони худро пояи суботи хештан мешуморанд. Онхо хатто задаро дар хичои дувум мениханд. Хол он ки хамаи форсизабони чахон «Обама» на, балки «Убомо» мегуянд, яьне задаи вожа дар хичои охир ва талаффуз — «у бо мо!»

Натичахои назарсанчй:

  • 42% (20 нафар) – Пирузии Убомо барои Точикистон ахамияте надорад.
  • 31% (15 нафар) – Таъсири нисбй ва эхтимолй дорад.
  • 27% (13 нафар) – Таъсири бузург ва халкунанда
Advertisements

3 Responses

  1. fonustj.blogspot.com

    Adabiyoti asri XX-i tojik.

  2. Бадтарин вижагии сиёсатмадорон дуруг гуфтан аст. Бубинед, ки ЭШР хар руз садхо дуруг мегуяд ва барои хамин худованд дар ягон кораш ба у тафвик намедихад.

    Буш хам чунин буд ва холо бубинем, ки Убомо бо чи рохе пеш меравад. Агар у хам бо рохи дуруг рафт, харгиз комеб нахохад шуд. Худо кунад, у шахсе шавад, ки ахлок ва сиёсатро оштй бидихад.

  3. Обама бо миллати худ яъне бо амрикоиён мебошад. Вале ЭШР бо кист?
    Бо шайтони нафсу беномусӣ.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: