Зодрӯзи ашколуд ва айнакии Фаррухи Қосим

Фаррухи Қосим

Фаррухи Қосим

Дар Тоҷикистон 60-солагии коргардон ва ҳунарпешаи нобиға Фаррухи Қосим орому хомӯш таҷлил шуд. Баландтарин мансабдори давлат, ки ин зодрӯз ширкат кард, муъовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашн ширкат накард, дар ҳоле ки шоҳзодаи Ҳолланд гуфта буд, орзу дорад, дар зодрӯзи Фаррухи Қосими тоҷикон нӯшбод бигӯяд. Вай дар ҳеҷ яке аз зодрӯзҳо набуд, аммо чанд сол пеш, дар сахттарин давраҳои зиндагии оилаи қосимовҳо беҳтарин ҳадияи худро ба онҳо расонд — ҷоизае баробар ба 25 ҳазор юро, ки номи Фаррухро дар паҳлуи номи яке аз бузургтарин шоъирони замони мо — чакомагӯйи фаластинӣ — Маҳмуди Дарвеш қарор дод. Бо ин вай Фаррухро шоъири тиётури ҷаҳонӣ номид. Имсол Маҳмуди Дарвеш фавтид. Аммо Фаррухи Қосим зинда аст, вале подшоҳи «зиндабагӯрон».

Муъовини вазир бо кӯрак заданҳои зиёд илоҷе кардаву матни хушку холӣ ва самимияти коғазиро аз саҳна хонд, бо виқори тамом ба суханони дарунхолии худ қарсак зад, ба толор фуромад ва баъд аз 10-15 дақиқаи дигар, оҳиста толорро тарк кард. Шояд ин нишаст барояш ҷолиб набуд ва ё кори аз муҳимтаре дошт. Хушбахтона, касе ба ӯ эътибор надод, зеро вақте Фаррух Қосими нимаҷон ва маълулро дар курсии чархдор ба саҳна оварданд, беихтиёр аз чашми ҳамагон ашк ҷорӣ шуд ва мардум ба сарнавишти яке аз бузургтарин актёрону коргардонҳои тиётури тоҷик меандешиду чашми касе диагаронро намедид.

Ҳунарманди тоҷикро, ки русҳо ба Чехову Мейерхолд ва эрониҳо ба Мавлонои тиётур ташбеҳ додаанд, мардум бо акши чашм, аммо эҳтироми беинтиҳо пешвоз гирифт. Дар толор аммо инсонҳои нек ва наҷиб ҷамъ омада буданд ва ин як маҷлиси унс буд, то ҷамъомади давлатӣ. Шубҳаовар буд, ки барои чунин ҷашни наҷиб на тиётури ба номи Лоҳутӣ вақту фурсат дошт ва на толори тиётури ба номи Айнӣ имконият фароҳам овард, балки тиётури ба номи Владимир Маяковский.

Локин муҳимтарин меҳмон дар ин маҳфил ҳамоно ҳаводори сарсахти дастаи миллии «Помир» буд, ки ягон бозии он дар варзишгоҳи Душанбе бе нахустин гулдаста ва аввалин ҳуштаки доварии ӯ оғоз намеёфт. Вай ноаён омад ва дар қатори охир нишаст ва ҳамонгуна ноаён рафт. Зоҳиран чи пайванде миёни тиётури то ҳанӯз саргардони «Аҳорун» ва дастаи таърихии «Помир»-и Душанбе? Шояд ин ки ҳарду барои миллат ба саҳна мебаромаданд, на барои худнамоӣ?

Чашмҳои мухлиси қадимӣ хираву обравон шудаанд ва аз паси айнакҳои пурбиншиша ҳам вай шояд на саҳнаро медид ва на Фаррухро ва шояд чашмони Фаррух ҳам на толорро медиданд ва на ин ҳаводорро. Вале ба назари ман ин ду шахс бо меҳри бузург маҳз ба ҳамдигар менигаристанд ва дар паси шишаҳои ғафси айнак ашки чашмони онҳо медурахшид.

Оё ба ғайр аз чашмони ман чашмоне ҳам буданд, ки ин ҳамаро бубинанд?

Advertisements

5 Responses

  1. Инсони комил, хунарманди нобига, фарзанд ва падари пурмехр, дусти асил – Фаррухи Косим… Кам андар кам инсонхое мисли у хастанд, ки Точикистони аз хар чихат харобазорро ба механи поку пурнур табдил медиханд. Илохо шод ва саломат бошанд чунин инсонхои асил ва ононе ки барояшон хамаруза чароги рузу шаб рушан мекунанд!

  2. Вакте ки Осими ва Исхоки барин одамонро мекушанд, Фаррухи Косим барояшон хеч чиз аст. Ин режими инсонкуш боз зиёд одамонро мекушад.

  3. Устод Фаррухи Косимро чувн бут парастиш мекардам. Шояд ханух хам…. Вале хеч аз ёдам намеравад, ки чи тавр он кас дар рузхои аввали вуруди куввахои «фронти халки» ба Душанбе аз тарики телевизиони Душанбе суханрони карданд. Он кас бо табассуми малех бо хамон садои зебои маргуладорашон гуфта буданд (иктибос такрибан айнан): – Он чизе ки буду гузашт (чанги Точикистонро дар назар доштанд) дигар гузашт. Ба гузашта танхо бо ханда хайру хуш бояд кард!» Ва боз чизхое дигаре моананди ин. Ва ин дар шабу рузе буд, ки ярокбадастони фронти халки ба тозаги аз хун маст шуда ва чапу рост дар кучахои Душанбе точиккууши мекарданд. Ман то хол хайронам, ки он вакт устод Фаррухи Косимр чи зарурат пеш омада буд, ин гуна суханонро аз телевизион бигуянд. Шояд касе он касро мачбур карда буд? Шубхаовар аст. Ба фикрам он вакт акидаи он кас чунон буд ва самимона мегуфтанд…. Афсус…. Хеле афсус… Бо вучуди ин иллохо садсола шаванд. Ва корхои зиёде барои санъати театрии точик ба руйи сахна биёранд.

  4. Мо аксар вакт аз он сухбат мекунем, ки чаро хукумат ба кадри симохои номбардори миллат намерасад. Ин шикоят дуруст аст, чунки хукумат аз андози супурдаи мо амал мекунад ва бояд ба акидаву андешаи мо гуш дихад.

    Валекин дар мо даххо созмонхои гайридавлатй хаст ва хизбхои сиесй ва иттиходияхои эчодй ва гайра. О агар хукумат мурда бошад: инхо хам мурдаанд? Чаро ин созмону ташкилоти бешумору пургавго ягон хел чоиза надоранд барои онхое ки якумр гами ин халкро хурдаанд? Чаро онхо ягон чамъомаде ба ин муносибат барпо намекунанд?

    Хизбхои сиесии мо факат ба шикоят устоянд. Созмонхои гайридавлатй танхо ба канда гирифтани гранту кумакхо. иттиходияхои эчодй хам хамин хел.

    Пас осуда бошед: ки мо хукумат хам надорему чамъият хам.

  5. Мухлис дуруст мегуяд: бисёре аз бузургони миллат дар он рузхо ба мардуми худ хиёнат карда буданд. Мутаасссифона!
    Имруз хам, ки театри Ахоруни Фаррух Косим макон надорад, подоши хамон «ватандустй» аст. Аз одамкушон боз чиро умедвор шудан мумкин аст?
    Акнун Фаррух Косим фахмидагист?!
    Дигарон хам.
    Агар нафахмида бошанд, дигар хеч чиз фоидаашон надорад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: