Каромат Шарипов — ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Каромат Шарипов

Каромат Шарипов

Ҳодисаи ҳайратовар! Аввалин бор тоҷикон дар Русия аз сари минбар ва бо овози баланд миллати аврпуоинажод, сафедпӯст ва баробар бо русҳо номида шуданд. Дар додгоҳи ноҳияи Ховани вилояти Владимир адвокате гуфт, ки тоҷикон ҳам монанди мо славян мебошанд ва сафедпӯстанд, яъне ба тамоми маънӣ бо мо баробаранд ва дар давраи шӯравӣ бародарони мо ба шумор мерафтанд, бинобар ин куштани тоҷикон ё задани онҳо маънои нажодпарастӣ ё миллатчигиро надорад.

Вакили дифоъ ин нуктаҳоро барои он гуфт, ки ду сартарошидаи одамхор — Зуев ва Мартсинкевичро аз ҷазо озод кунад. Вай кӯшид, ки ин «буққаҳо» на ба ангехтани нафрати миллӣ, балки ба авбошӣ айбдор шаванд ва ҷазои хурдтар бигиранд. Лекин фаромӯш кард, ки сартарошидаҳо бачаҳои тоҷикро бо нидоҳои «чурка», «хачики», «черние», «нечистъ» то куштан латукӯб кардаанд.

Дар шаҳраки Покрови вилояти Владимир чандин нафар аз чунин хоназӯрони майдонғариб ду навраси тоҷикро, ки ба қаҳвахона даромадаанд, то ноне бихӯранд, аз сари хӯрокашон бардошта, берун баровардаанд ва миёна гирифта, латукӯб кардаанд. Яке аз онҳо худро раҳо карда, то милисахона давидааст, то «муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ»-ро ба кӯмак хонад. Милиса чӣ кардааст? Ин наврасро ба ҳабс гирифта, аз ҳама гуна имкони кӯмаки тиббӣ маҳрум кардааст. Субҳи он рӯз аз назди қаҳвахонаи «Табор» ҷасади навраси дуюм дарёфт шудааст. Ҳол он ки агар милисаҳо инсон мебуданд, метавонистанд, ҷони ин наврасро наҷот диҳанд. Идомаи ҳодиса — навраси захмин, аммо зиндамондаи тоҷикро боз милисаҳо латукӯб карда, аз болои вай парвандаи «авбошӣ» боз намуданд ва ду дафъа ба додгоҳ бурданд, бе он ки барояш адвокат диҳанд ё ин ки ёрии тиббӣ расонанд. Барои ӯ тарҷумон ҳам дода нашуд ва вай намедонад, чаро 6 шабонарӯзро дар маҳбас ба сар бурд.

Торнамои Муҳоҷирони тоҷик дар Русия достонҳои талхи зиёдеро намуна овардааст, ки вазъи ваҳшатбори тоҷиконро дар ин кишвар нишон медиҳанд. Ин наврасро бунёдгузори Тоҷикдиаспора — Каромат Шарипов наҷот надодааст. Созмони ӯ то ба кор сар кардани Абдулмаҷид Достиев ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия ва таъсиси созмони алтернативии Иттиҳоди тоҷикистониҳо низ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекард, аммо дар назди ҳукуматдорони Русия мақоми баландтаре дошт. Созмони наве, ки бо кӯшишҳои Достиев таъсис ёфт, дар ивази кӯмак Шариповро дар назди мақомоти Русия беэътибор кардааст ва дар айни замон худ ҳам барои ҳимояи тоҷикон дар Русия коре намекунад. Ҳар сафири дигаре аз чунин ёвароне монанди Шарипов ва сомзони ӯ мебоист тоқияшро ба осмон мепартофт.

Дар торнамои Каромат бахшҳои наве боз шудаанд. Аз ҷумла вай ба воситаи интернет ба муҳоҷирон ҷойҳои кори қонунӣ ва пуштибонии ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад, гумшудагонро меҷӯяд, радиои муҳоҷиронро таъсис додааст ва барои онҳо мусиқии тоҷикӣ пешкаш мекунад, то ватани азизро фаромӯш накунанд. Тавре дар торнамо навишта шудааст, вай кӯшиш кардааст, равобиташро бо созмони дуюм ва Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба роҳ монад ва гузаштаро фаромӯш карда, барои оянда ҳамкорӣ кунад. Аммо сафорат на ӯ ва на сомзони ӯро эътироф намекунад.

(Натиҷаҳои назарсанҷӣ: Ба кадоме аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бовар доред? Посухҳо — 38% ба Созмони Каромат Шарипов, 9% ба Иттиҳоди тоҷикистониҳо дар Русия, 53% — ба ҳеҷ яке.)

7 Responses

  1. […] Каромат Шарипов — ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия […]

  2. Шумо Каромат Шариповро пуштибони точикон номидед, аммо нагуфтед, ки чи гуна у пуштибониашон мекунд. Ман мехохам бигуям. Агар кобили кабул надонед метавонед бирубедаш (навиштахоямро).
    У то пул нагирад пуштибони намекунад. У маоше, ки ба точикон надодаанд 50% фоизашро барои баргардондан талаб мекунад. (ГАВХАР ДЖУРАЕВА, зани точик, ин корро бе ситонидани хакки хизмати худ мекунад).
    У ба сиёсат дода шудааст, ки ин ба мухочирони кории точик зарари чиддие мерасонад.
    Хангоме, ки ШАХОДАТНОМАИ БОЗГАШТ БА ВАТАН 50 рубл аст, у барои тайёр намудани чунин когаз аз 500 то 1500 хазор рубл мегирифт.
    Барои тайёр намудани кортхои ичозатномаи кор, ки калбакианд то 12 хазор рубл мегирад (нархи пурраи онхо 2,5 хазор рубл), аз пушти кортхое, ки Каромат омода намудааст, чандин нафар точик дар махбасхонахои Россия нишастаанд. Сабаб: барои истифода бурдани хуччатхои калбаки.
    Аъзоёни у, кисми зиёдашон узбакхоянд. У ба дасти Узбакистон кор мекунад, барои ки хамаи корхои мекардаи у пурра бар зарари ДАВЛАТИ ТОЧИКОН, (на хукумат ва на шахсони алохида) равона шудааст.
    Пеш аз он, ки уро ин кадар мадх кунед, хуб мебуд агар каме меомухтед кирдорашро, корашро.
    Ман мефахмам, ки хар ки каломи баде ба Хукумати Точикистон гуфт, шумо тарафдориаш мекунед, аммо пеш аз хама Хукуматро аз ДАВЛАТ чудо кунед.

  3. Бародари азиз Точик.

    Пеш аз хама акидаи Шумо дуруст нест, ки мо одамонро аз руи муносибатшон ба хукумати кишвар бахо медихем. Аммо дуруст аст, ки бештар назари танкидй дорем ба хотири он ки хаети мардуми мо бехтар шавад.

    Дувум, мо дар бораи Каромат аз руи сомонаи интернетй ва филмхое ки дар бораи бадбахтии мухочирон ба навор гирифта намоиш медихад, хабар дорем. Ва хамин корхояш пуштибонй аз мухочирон мебошанд.

    Ин торнамои интернетй ва филмхои у вучуд доранд ва мо онхоро мебинем, аммо шумо барои гуфтахои худ чи далелу мадрак доред?

  4. Ман аз корхои Каромат камтар хабар дорам, баъзе гапхо ин чо чон доранд.

    Гавхар Джураеваро таъриф кардаед, вай факат гами помирихоро мехурад, ба дигарон ердам намекунад. Ман худам шохид будам.

  5. Далелхои ман, он аризахое, ки аз дасти чунин фиребхурдагон гирифтаем.
    Бародари арчмандам Самандар, Гавхар Джураева танхо помирихоро пуштибони намекунад, хар касе, ки ба у мурочиат кардааст у ёриаш расонидааст. Ва агар помирихо бештар мурочиат кардаанд, у бештар ба онхо кумак кардааст. Ва он наворхое, ки Каромат дар филмхояш чо додааст, бахусус пуштибони аз Рустам Байбеков – он адвокатро Гавхар Джураева маблаггузори кардааст, на Каромат.
    Бо Каромат ман сухбат кардаам, ташкилоти у принтсипи профсоюзро дорад, касе ба он ташкилот аъзо хаст ва хакки аъзоги пардохт мекунад, у онхоро пуштибони мекунад. Аммо ин профсоюз нест, инро як общяг гуем хам меарзад. Агар торномаи уро бехтар мутолиа намоед, пас мебинед, ки у кушиш мекунад, ки Помирро аз Точикистон чудо кунад. Магар ин дуруст аст?

  6. Рости гап, имруз як давра хаст, ки як одами бедогро пайдо кардан намешавад. Ман гуфтам, ки маълумоти басанда дар бораи онхо надорам. Агар ин ду кас ва хамаи рахбарону рахбаршавандагони дигар тавонистаанд, дар масъалаи Байбеков якчоя кор кунанд, барои чй онхо наметавонанд дар хакикат муттахид бошанд ва кори ягдигарро пурра кунанду ислох кунанд?

  7. Илтимос, помири нагуед, точик, хама точикем. Бародарони бадахшони точикхои асиланд. Илтичо мекунам, ин гапхо факат ба манфиати режими точиккуши рахмони мебошанд.
    муттахид шудан зарур, давлататон ба номаш вучуд дорад, пуф куни давлати Точикистон мепарад. Агар душманон хоханд дар 15 дакика давлататро аз байн мебаранд. Хушёр шудан зарур, як лакайоила тамоми мамлакатро хароб кард.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: