Ояндаи ин кишварро кӣ медуздад?

Агар дар Тоҷикистон ҷоизаи Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ мавҷуд мебуд, доварони одил онро ба Размия Мирзобекова ва Манижа Қурбонова медоданд. Барои мақолаи олиҷаноби онҳо дар бораи вазъи мактабҳои Тоҷикистон, ки дар шумораи ахири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ба табъ расид.

Ман тақрибан ҳамаи нашрияҳои кишварро солҳост, ки мехонам ва ҳаргиз чунин пажӯҳиши нишонрасу комилро дучор нашудаам. Матлаби навиштаи Рамзия ва Манижа хеле сода, аз таҷлили бесарусадои Рӯзи Омӯзгор шурӯъ мешавад ва ҳамин гуна содаву ором мушкилоти имрӯзаи мактабу маъорифи Тоҷикистонро якояк ба таҳқиқ мекашад. Дар он ҳеҷ ҳарфу вожаи беҳуда ё зиёдатӣ нест, аммо миёни сатрҳояш бисёр ҳақиқатҳои талхе гуфта шудаанд, ки бо хонда баромадани мақола дар дили одам ғами вазнин ва дар чашми кас ашк медамад. Аёнан муаллимони бечора ва шиму куртаи дарбеҳзадаи онҳо, талабаҳои бекитоб ва бақалам, мактабҳои фурӯафтода ва сард дар пеши назар ҳувайдо мешаванд.

Агар замоне омӯзгорӣ пешаи пуршараф буду муаллимон мавриди эҳтироми ҷамъият, ҳоло касе, ҳатто онҳое, ки дар донишкадаҳои омӯзгорӣ солҳо таҳсил мекунанду дипломи омӯзгорӣ мегиранд, намехоҳанд ба кори мактаб раванд. Ҷои холии педагогҳоро демагогҳо ва ашхоси тасодуфӣ пур кардааст. Зеро муаллимӣ акнун яке аз пасттарин ва камдаромадтарин пешаҳост. Касе омӯзгорро ҳурмат намекунад. Қашшоқтарин мардумро имрӯз «муаллим»- гуён хитоб мекунанд. Мудири мактабе ба либоси шогирдаш эрод гирифтааст, падари талаба ин омӯзгорро таъна зада, ки аввал худ як либоси дурусте бипӯш, баъд ба дигарон эрод бигир. Рамзия ва Манижа нанавиштаанд, ки ин маъниро падари талаба ҳамроҳ бо номбар кардани кадом узвҳои бадани инсон ба забон оварда бошад ё муште ба рӯйи омӯзгор зада бошад, аммо шумо худ ҳамаашро ҳис ва тасаввур мекунед.

Онҳо чӣ қадар пуч будани даъвоҳои болохонадорро, ки «мо маъоши муаллимонро зиёд кардем» гуфта даҳон медаронанд, фош кардаанд. Маъош на, балки ҳаққи ставкаҳо зиёд шуда, ҳамзамон худи ставкаҳо ҳам дигар карда шудаанд. Яке аз омӯзгорон мегӯяд, акнун ду ставка кор карда, пулеро мегирад, ки пеш барои якуним ставка мегирифт. Аз суи дигар таваррум ҳамин пулро ҳам ба хоки сиёҳ табдил медиҳад. Ин аст сабаби асосии он ки касе намехоҳад, омӯзгор бишавад.

Қариб 30 ҳазор талабаи мактаб дар хонаҳои шахсӣ ва вагончикҳо дарс мехонанд. Дар як синф ба ҷои 25 талаба то 60 нафар «таҳсил» мекунад. Дарс дар баъзе мактабҳо 4 смена ҳам мешавад. Баъзе мактабҳо 75 сол пеш сохта шудаанд ва мумкин аст, ки дар ин заминларзаҳо ба сари муаллиму хонандагон фурӯ бираванд. Ин — дар посух ба эълонҳои он ки ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир даҳҳо мактаби нав сохта ба истифода додааст ва дар ифтитоҳи баъзеи онҳо худи Чооболӣ ширкат карда, ленточкаи дасти академики ҳамнасабу ҳамдеҳаашро буридааст. Кош ангуштони худу ҳамдеҳаашро мебурид! Он гоҳ шояд касе ба суханони вай бовар мекард.

Дар тартиб додани барномаҳои таҳсил ва нашри китобҳои дарсӣ чунон бесарусомониҳое будааст, ки на муаллим медонад, чӣ дарсе бидиҳад ва на вазорат медонад, чӣ чизе талаб кунад. Китобҳои дарсӣ аз қарни гузашта мондаанд ва ҳамонҳо ҳам ба ҳама намерасанд. Пасту баланд шудани шиддати барқ ва омаду рафти ногаҳонии он аксари кулли компютерҳоеро, ки Чооболӣ ба мактабҳо тақдим кардааст, аз кор баровардаанд. Бебарқӣ ва пахтачинй кӯдаконро аз хондан дур кардааст… Хулоса, дар мактабҳои вайрону хароба, аз рӯи китобҳои ақибуфтода одамони бемаълумоти розӣ ба музди кам бо дили сард ба кӯдакони аз бебарқӣ хоболуду аз хунукӣ яхзадаву аз пахтачинӣ хасташуда илм омӯхтанӣ мешаванд. Ин аст манзара. Пас оё метавон гуфт, агар ин раҳбару ин ҳукумат гузаштаи ин миллатро ба хоку хун заданд, имрӯзаи ин миллатро ба фиребу найранг омехтаанд, дар ғами ояндаи ин миллат мебошанд? Магар ҳамин кӯдакон ояндаи ин миллат нестанд?

Advertisements

2 Responses

  1. Дуруд ба хамандешон ва бародари азиз Рустами Субхони дар хакикат ин ту шахс сазовори ҷоизаи Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ мебошанд вале дар мо довари одилро ёфтан намешавад ки намешавад!!! Хакикати мактабхо, донишкадаву донишгоххо хамин аст ки Размия Мирзобекова ва Манижа Қурбонова кайд карданд вале чи илоч ки касе ба доди мо намерасад ва ин кудакони бегуноху сармозада ояндаи хамин миллат хастанд дод аз дасти навдавлатон…
    Ё раб ин навдавлатонро бар хари худшон нишон…

  2. Дуруд бар Аличон ва сипоси фаровон ба ӯ.

    Дӯстони меҳрубон, хуб буд агар аз чунин маводи боарзиш, дар ҳар куҷое ки бошад, моро огоҳ мекардед ё ба мо мефиристодед, то метавонистем, коре кунем, ки одамони зиёдтаре аз онҳо баҳравар шаванд.

    Инчунин агар барои назарсанҷӣ пешниҳоде доред, лутфан дар миён бигузоред.

    Саломат ва сарбаланд бошем!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: