Паёме ба ҳаммиллатон бо ҳадафи миллӣ

Мӯҳсини Ҷаббориён

Мардуми тоҷик пода нест. Издиҳоми фишорхӯрдаест, ки соҳибу сарвар надорад. Халқест, ки ӯро ҳама фурӯхтаанд. Русҳову амрикоиҳо, чиниҳову эрониҳо кайҳост, ки тоҷиконро ба як пули пуч, як таъзими то миён ва ё як фикоҳии ЭШР фурӯхтаанд.

Сиёсатбозони тоҷик, вакилону сафирон, силоҳдорону бесилоҳон, диндорону бединони кишвар низ ин халқро ба боди фано сар додаанд, зеро дар ғами фақат худанд. Рӯзноманигорони тоҷик худро ба як лабханди имоме, ки дар умраш намозе нагузоштааст, фурӯхтаанд. Адибони тоҷик аз таъбири «бисмиллоҳ» фақат ба «раҳмон»-аш имон овардаанд ва аз ӯ мисли худо парастиш кардаву раҳм мехоҳанд. Агар халқро пода кардаву ба дасти подабон додаанд, инҳо кардаанд, ки дар сафи пеши пода мераванд.

Пас рӯ биёварем ба мардуми тоҷик бо ин паём ва ҳадафи миллӣ:

Биё, ки якдилу якрангу якзабон бошем,
Барои ваҳдати ин қавм ҷонфишон бошем.
Биё, ки заҳмати мӯре ба амд напсандем,
Қарини меҳру мурувват ба ҳамгинон бошем.

Биё, ки мамлакат аз мо вифоқ металабад.
Биё, ки муттафиқу шоду тавъамон бошем.
Нифоқро нагузорем по ниҳад ба миён,
Зи макру ҳиллаи айём дар амон бошем.

Биё, ки хоину бадхоҳу муртаҷеъ нашавем,
Ба дӯстони ватандор меҳрбон бошем.
Биё, ки гулшани ағёр дӯзахи ҷон аст.
Замини худ биситоему осмон бошем.

Биё, ки маҳбаси миҳан зи хулди ғайр хуш аст,
Биё, ки ошиқи ин марзи бостон бошем.
Биё, ки ҷон ба раҳи халқи худ нисор кунем,
Биё, ки зинда ба таърих ҷовидон бошем!

9 Responses

  1. it is a pessimistic idea!
    I think the peoples of two countries love together.
    but because of our long separation,we think so.
    I wrote an article in this blog & will be glad to see your comment on it:
    http://tajikestan.blogspot.com/

  2. Bagher Ketabdar,

    you are not inside of Tajik people, you do not know how Tajiks had been before, for example 20 years ago. You did not know what have been happening with Tajik people during the last 20 years with that Genghis Khan-i Rahmon-i regime. Do you know during the last 17 years Mr Rahmon killed around 300 000 people? Do you know of 7 million population 3 million Tajiks in Russia and the rest countries of the world to find job and feed their children?

    You as our Iranian brothers only as guests are coming to Tajiistan, looking at Tajiks behind of your cars’ windows and comparing with your stupid regime.
    Do you know Tajikistan was called as Swiss of former Soviet Union? You should not compare Tajikistan with the Islamic-Bedouin regime of Iran you need to compare Tajikistan with Swiss of Europe. That comparison be honest and appropriate.

  3. Dear Daler !

    you are righ.
    but I didnt say anymore about Rahman & its regime.
    I only mentioned that iranian people think in a good way about you and we must strenghten the relations between three persian countries.
    I know your problems after the falling of USSR.
    but your socioeconomic problems are not originated in Iran!
    therefore Iranians are not responsible for those.
    you wrote that iranian people came & look through the windows,but you didnt mention that if you try to attract more & more Iranian to Tajikestan, only for watching from their cars, you can resolve many economical problems.
    as you may know, Iranian people spend billions of Dollars annually in Turkey & Dubai.
    If you & other intelligents of Tajikestan, try to do so, I promise you that dark days will pass.

  4. Dear Bagher,

    thank you for understanding and support.

    That’s very weird! In front of an International community one state has been destroying by one gang of bandits and one nation turned into slavery nobody can tell «That’s enough! Stop it!»
    All members of International community lost conscience on Tajikistan’s tragedy. Bandit regime of Tajikistan put for sell all properties of the nation even its territory.

    All world are witnessing the disappearance of Tajik state, a part of Ancient Iran. Unfortunately, no one can resist the criminal regime.

  5. Далери гиромӣ!
    Шумо ин ҷо дар бораи Тоҷикистони Шӯравӣ он чунон сухан мегӯед, ки гӯё мехоҳед ба он бар гардед. Бубинед, дар ҳоле ки мо дар замони Шӯравӣ гӯё ҳама чиз доштем, дар асл чизе ҳам надоштем. Шояд аз назари моддӣ мо таъмин будем, вале аз назари фарҳангӣ рӯ ба бунбаст ва билохира ба бунбаст расидем. Сиёсатҳои ҳамон замони «Тоҷикистони монанди Суис» буд, ки моро ба ҳоли имрӯзӣ расонид.

    Магар фикр мекунед, ҳар чизу кори Суис ё аслан Бохтарзамин (Ғарб) дуруст аст ё барои мо қобили қабул аст? Беҳтар аст, ки ба асли худамон бар гардем ва аз он ҷо кишварамонро бисозем. Ҳамон режими Ҷумҳурии Исломии Эрон назар ба режими имрӯзини Тоҷикистон ё Шӯравии Тоҷикистон ба асл хеш наздиктар аст. Ҳамон режим то андозае дар асоси вижагиҳои Эронӣ сохта шуда, то Тоҷикистони мо.

    То он замоне, ки ба асламон бар нагардем, мо ҳичем.

  6. …Recently one my friend returned back to Tajikistan from Iran where he spend around 6 months learning Iranian modern economical and sociological conditions, and he tell me that in our county population living in much better conditions, because they have more freedom in their lives than Iranian people. He said that many of Iranians are not filling satisfaction from existing regime in Iran. So that it is absolutely wrong way to go by Iranian way. I believe that our country must find own way without strong relations with Islamic fundamentalism. Of course I agree that 3 million of Tajikistan population working out of country but this fact has to poles also. Negative and Positive.
    Best regards.

  7. Ba qavme, ki hanuz 10 sol muqaddam 150 hazor hamkhunu hamzaboni khudro bo mudhishtarin usulho kushtaast, nomusi hazoron dukhtaru khoharu modari khudro tajovuz kardaast, chunin payomho behuda ast.

  8. Рости , ман хич нафахмидам ки муаллифи ин сатрхо чи гуфтан мехохад. Ин биё-биёхову аз хоби гаронхезхо фоидае надорад. Амал карданро бояд биёмузем. Замона дигар аст гапи дигар , кори дигар даркор . хар шахс аз худаш бояд сар кунад. Точикистон аз мову Шумо огоз мешавад. Агар мову Шумо тагйирота дар магзи худамон шуруъ кунем Точикистон низ тагйир меёбад.

  9. Ромин!

    Дар кучои матни мо навишта шудааст, ки «гуё мехохем ба Точикистони шурави баргардем»???
    Чаро мисли коммунистхои кабли ва лакайфеодалхои имрузи навиштаи як фардро барои шакли худатон мувофик тафсир медихед?
    Маъни ин буд, ки ба бародари эрони нишон дихем, ки дар он замон чи тавр буду хозир лачомбадастони чобук чи кор мекунанд. Агар ба ин эронихову афгонхо таваччух кунед, хамааш лаганбардори режими имрузии Точикистон хастанд. Инхо аз фазои режимхои исломии худ берун баромада як дафъа ба Точикистон меоянд, барои онхо ин як бихишти дунявиро мемонад. Дохили чомеа ва мушкилоти миллати точикро намебинанд. Барои хамин инхо ба чои хакикати холро ба чомеаи чахони фахмонидан, баракс режими феодалии имрузаи Точикистонро мустахкам мекунанд ва ба он хамду санохо мехонанд. Ин бародарон намедонанд, ки асоси ин чомеаи дуняви кай гузошта шуд ва чи тавр буд.
    Дар ягон чое мо харгиз нагуфтем, ки ба замони шурави мехохем баргардем. Аз ин хотир хохиш мекунам, аввал наивштахоро ба диккат мутолиа карда, баъд фикри худро баён намоед. Мисли мачлиси партиявии коммунистон ва хизби халки-демократи ин чо пленум ташкил карда моро махкум накунед, бародар. Хар фард ба андозаи худаш гуруру эхсоси милли дорад, бародар!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: