Посухҳои бемантиқи салафй

Мухаммадфаррухи Абдуллозода (Бознашр аз «Фараж»)

Мусоҳибаи Зарангези Наврӯзшоҳро, ки дар ҳафтавори «Фараж» «аз 2 – октябри соли 2008 40 (94) бо роҳбари салафиён ба табъ расида буд, мутолиа намуда, зарур донистам, ки ҷавобе иншо кунам. Албатта, дар он ягон масьалаи илмй нест ва зиёда аз он ягон ҷавоби мантиқӣ ҳамайри чавоби хаштум) дар он дида намешавад, ки мавриди бахс каpop дихем. Бо вучуди ин хос­там, аз дидаву шунидахоям, ба хонандагони доимии хафтавор нави­сам.

Мухаммади Рахматулло дар чавоби саволи аввал мегуяд: «Мо дар акида бо мардуми Точикистон ягон мухолифат надорем». Мухаммади дар акида натанхо ба мардуми Точикистон, балки бо тамоми мусалмонони руи олам ихтилоф дорад. Ба ки маълум нест, ки ин гурухи навкида масъалаи «истифо бар ариё»ро дар миёни мусулмонон пахн карда дар масчидхо  бо мавъизахои худ мардумро хотирпарешон карда, дар хайрат меандозанд. Дар назди мардуме, ки аз фароизи худованд, яъне руза, намоз, закот ва гайра чандон огох, нестанд, аз сифатхои Худованд бахс меку­нанд. Олимон низ аз ин набояд мась­алаи акидаро, ки аз чумлаи мушобиха хастанд, ба мардуми авом то ин ҳад ба бахс оранд. Мо ба ин масъалахо имон дорем, мафхумаш ба Худо маълум аст.

Аз хазрати Имом Малик шахсе 6а масчид даромада, мепурсад: «Истифо бар арш», ки дар оят омадааст, чи маъни дорад? Имом сарашро боло карда, мегуяд:

Маънояш ба мо маълум аст, вале кайфият ва чи гуна истиво (нишастан)—и Худо бар арш ба мо маъ­лум нест. Имон овардан бар ин вочиб ва савол кардам бидъат аст.

Пас Эмоми Молик барои аз масчид берун кардани саволдиханда амр мекунад. Тамоми донишмандони ислом дар хусуси акида дар байни мардум бахс  карданро манъ гардондаанд. Онхо мегуянд, ки мо ба ин масъалахои акидави имон дорем, вале хакикати он танхо ба Худо маълум аст. Хулоса салафихо дар акида ба ханафихо хилофанд. Максади мо дар ки масъала бо салафихо бахс кардан нест, факат мо мехохем иштибоҳҳои дусташ (Мухаммадиро ба у фахмонем.

У дар чавоби саволи аввал мегуяд: «Мо факат дар фикр баъзе амалхоеро ичро мекунем, ки хамин хам аз дохили чор мазхаб берун нест». Ман намедонам, ки мурод аз фикх гуфтани Мухаммад кадом фикх бошад, зеро ин гурух, даъво мекунанд, ки мо аз руи Куръон ва хадис амал мекунем. Агар мурод аз фикх, мазохиб бошад, пас набояд дар масочид рафта даъво кунанд, ки намози шумо дуруст нест, зеро шумо ба тарики мо намехонед. Ихтилофе, ки байни мазхаб дар масъалаи намозхонй ба вучуд омадааст, масъалаи фуруьиёти фикрй мебошад, ки набояд мардумро ба ин дарача парешон кунанд.

Алома ибни Кайюм (р) мефармояд: «Ин гуна ихтилоф мубох, аст. Пас шахси мубохкунанда ва тарккунандаро набояд сахтгирй намуд, монанди даст бардоштан дар намоз» (Зодулмаъод). Агар амалхои салафиён аз чор мазхаб берун набошад, чаро бар хилофи мусулмонони руи олам хашт ракаат намози таровех, мехонанд? Чаро ҳангоми тахорат болои чуроб махс мекашанд?

Ба саволи дуюми мухбир Мухам­мад чунин посух медихад: «Ман хамчун як шахрванди Точикистон, хамчун як чавон хостам дар байни ин чавонон даромада, ба онхое, ки акидаи тундравй доштанд, бифахмонам, ки шумо дар рохи дуруст нестед, рохи дуруст ин аст».

Рохи дурусти дустам Мухаммад кадом бошад? Шояд poxи дурусти у мазхаб, устод ва бузургони гузаштаи худро тарк кардан бошад? ё эхтимол як бемазхабиро ихтиёр кардан бошад? Бисер хуб, лекин ман шуморо чун як бародари гиромии мусулмон насихат мекунам, ки шумо аз мазхаби худ набаромада, ба хамон «тундравиён»е, ки мегуянд, хакикатро ки бузургонамон гуфтаанд, бифахмонед ва онхоро ислох, кунед, то фитнае ба вучуд наояду мардум монанди охири асри бист ба чанг надароянд. Оё Худованд нафармудааст: «Мардумро бо далели махкам ва мавъизаи дуруст бо рохи парвардигори худ даъват бикун» (СураиНахл, ояи 625)

Дар чавоби саволи панчум Му­хаммад мегуяд, ки чавонон шабакаи Арабистони Саудиро бисер тамошо мекунанд ва президенти кишварамон ин мамлакатро гахвораи ислом номидааст. Дар Арабистони Саудй мардум ба тарики мо салафихо на­моз мехонанд. Аз руи гуфти ин кас гуё чавонон аз тамошои зиёди намозгузории мардуми он сарзамин ба Салафй ру овардаанд. Бояд бигуям, ки байни мардуми Арабистони Саудй ва шумо Салафихо фарки калон аст, зеро бо сардории хукумат тамоми мардуми он чо мазхаби имом Ахмад ибни Ханбалро пайравй мекунанд. Возехтарин далели мо ин аст, ки имомхои масчидхо ва мударрисони хамаи мадрасахо, муфтиёт пайравй хамин мазхаб мебошанд. Агар Шумо ба президенти мамлакат барои Ара­бистони Саудиро гахвораи Ислом гуфтанаш, эхтиром дошта бошед, бо чойи 8 ракаат намози таровех. 20 ра­каат хонед, зеро дар «гахвораи ис­лом» низ 20 ракаат мехонанд.

Мухаммади Салафй дар чавоби саволи хафтум мегуяд: «То ба хол ман ягон амале накардаам, ки мухолифи чомеа бошад».

Хазору дусад сол мардуме, ки дар масоили гайримансуса ва ё мансусаи мутаъориза як имомро пайрави мекарданд, имоме ки донишмандони чахон ба илму дониш ва таквою фаросаташ коиланд, мусул­монони олам мазхаби уро хак медонанд. Пас агар шахсе омада, онхоро ба мазхаби дигар даъват кунад ва даъвои Куръону хадис кунад, оё ин мухолифи чомеа нест? Гуё мо як имомро пайравй карда 1200 сол дар галат будем.

Аз руи гуфтаи Мухаммад гуё чавонони точик, ки дар хоричи кишвар тахсили исломй мекунанд, Са­лафй шуда бармегарданд. Ин фикр тамоман галат аст. Чаро намояндагони дигар мазхабхо Салафй намешаванду ошнои мо Мухаммад ба­рин точикон дар хорич, Салафй шуда меоянд? Банда хам тахсилкардаи мадрасахои мамлакати хоричиям, вале сад шукри Худо дар мазхаби худ пойдор мондам.

Дар охир инро мегуям, ки акидаи Салафихо дар солхои охир дар чумхурии мо хеле ривоч ёфтааства руз то руз миёни чавонон пахн шуда истодааст. Агар пеши он гирифта нашавад, окибаташ ба некй анчом нахохад ёфт.

7 Responses

  1. Дар асл «салафихо»-офаридаи хадамоти чосусии гарб ба хусус Англия мебошанд. Онхо на танхо дар Точикистон, балки дар тамоми чумхурихои Осиёи Миёна хастанд ва теъдодашон ру ба афзоиш аст. Муаллиф дуруст менависад – агар пеши рохи ин фалокат гирифта нашавад…. дигар Худованд худаш медонад…

  2. Мухлиси азиз,

    Сипосгузорам аз иштироки Шумо. Дар ҳақиқат, мумкин аст, салафиҳо барои ваҳдати мардуми мо хатар дошта бошанд ва ҳатто барои оромию амнияти кишвар низ, вале оё далели устуворе доред, ки онҳоро хадамоти чосусии ин ё он кишвар таъсис додаст?

  3. salom aleykum bovar kuned hamin salafiyo devona kardam khalki Tjk ro.
    no comment about them

  4. Чаро навиштахои маро мерубед?

  5. Дусти азиз.

    Дар зуҳури салафиҳо дар Тоҷикистон Зарангези Наврузшоҳ гунаҳкор нест. Вай таҳдид кард, ки моро ба додгоҳ мекашад.

    Агар шумо номи ҳақиқӣ ва адреси ҷои истиқомати худро дар ин ҷо нависед, мо омодаем, номаатонро нашр кунем ва дар ин ҷо нигоҳ дорем.

    Бо эҳтиром
    Рустам

  6. Ман нагуфтам, ки Зарангези Наврузшох гунахгор аст, ман гуфтам, ки шахсоне, ки уро маблаггузори мекунанд гунахгоранд.

  7. Тоҷики азиз,

    Дар ин маврид ҳам фикр намекунам, далеле дар даст дошта бошед. Мо тоҷикон омодаем ҳамаро дар бадбахтиҳои худ айбдор кунем, вале акнун бояд фикр кард, ки гуноҳе худ дорем ё на.

    Аз тарафи дигар шахсан ман фикр мекунам, ки агар бахше аз ҷавонон мехоҳанд, салафӣ бошанд, ин ҳаққи онҳост ва шояд як навъ баёнгари эътирози онҳо аз вазъи дин дар ҷамъият.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: