Худоё, аз пайомади асафбор нигаҳ дор!

Натиҷаҳои ройдиҳии меҳмонони “Андеша” дар посух ба ин пурсиш, ки бӯҳрони молии ҷаҳон ба Тоҷикистони азизи мо чӣ таъсир гузошта метавонад, ба бартарии ин нукта ишора мекунанд, ки аксарият чунин таъсирро эътироф мекунад, аммо онро “нисбӣ ва мӯътадил” мешуморад. Вале ба назари ман, пайомадҳои бӯҳрон барои Тоҷикистон ваҳшатнок ва асафбор буда метавонанд. Албатта, орзу дораму дуъо мекунам, ки ингуна набошад, лек ҳайҳот, пешбиниҳо оромибахш нестанд.

Бархе аз иқтисодшиносон ва ҳам намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон аз оинаи нилгун ва нашрияҳои кишвар гуфтанд, парво накунед, аз он бонкҳои фурӯпошида ҳеч кадоме дар Тоҷикистон сармояе нагузоштааст ва бозори бурси Тоҷикистон низ ба монанди Токио ё Ню Йорк пурталотум нест, ки фурӯрезии қимати саҳмияҳои ширкатҳои кишвар иқтисодиёти мамлакатро ба таназзул гирифтор кунад. Оре, ин шояд ягона фурсат аст, ки мансабдорони Тоҷикистон бефаъолиятии худ ва ақибафтодагии иқтисодиёти кишварро таърифу ситоиш кунанд. Чизе надорем ва ғаме ҳам намехӯрем.

Афсӯс, воқеъият ба ин ранг нест. Тоҷикистон аз равандҳои ҷаҳонӣ ҷудо нест ва дар ҷазира ҳам ҷойгир нашудааст. Дар ҳолате ки ба думболи шикасти низоми пул ва қарза иқтисодиёт дар Аврупо ва Амрико ба рукуд рӯбарӯ мешавад ва тавлид дар ин қораҳо коҳиш меёбад, зарурат ба колои хоми тоҷикӣ — арзиз (алюминиям) ва пахта низ камтар мешавад. Чун нархи тиллое ба монанди нафт дар дунё рӯ ба хок дорад, чӣ монад ба арзиз! Бино бар ин бояд дар назар дошт, ки даромад аз фурӯши арзизу пахта, ки  бе ин ҳам бахши камтарини он ба хазинаи давлат ворид шудаву бахши бузургтаринаш ба ҳисобҳои беандози баъзе шахсон дар “ҷазираҳои беосеб” интиқол меёфт, боз ҳам камтар хоҳад шуд. Тасмими ҳукуматҳои аврупоӣ ба барҳам додани чунин минтақаҳои “бесоҳиб”-и пулпинҳонкунӣ, миллиордерҳои Тоҷикистонро шитобзада ва баднафстар хоҳад кард ва аз худо онҳоро тавфиқ хоҳем хост, ки чашмаи он пули кам ба буҷаи кишварро билкул “нахушконанд”.

Аммо як бахши бузурги даромадро ба Тоҷикистон муҳоҷирони корияш меоранд ва онҳоянд, ки рӯзгори мардум то андозае гузарон аст. Тибқи ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар як соли оянда боз ҳам ба сабаби таназзули иқтисодӣ, ки аз бӯҳрони пул ибтидо шудааст, дар Русия тақрибан 12,5 миллион нафар бекор мемонад. Ин дувоздаҳуним миллион нафар ҳоло дар корхона ва ширкатҳое кор мекунанд, ки аз ҳисоби баланд рафтани қимати нафт давраи шукуфоиро ба сар мебурданд ва афтодани нарху маҳдуд шудани фаъолияти ин ширкатҳо якҷо бо коҳиши ҷиддии сармоягузорӣ шояд теъдоди бештареро аз ҷойи кор маҳрум кунад. Табъан ин 12,5 миллион нафар дар ҷустуҷӯи кор ба ҷойҳое меояд, ки ҳоло аз ҷумла наздик ба 2 миллион муҳоҷири тоҷик ишғол кардаанд. Азбаски ин муҳоҷирон шартномаҳои дарозмуддати корӣ надоранд ва бо “хидмат”-и матбуъоти Русия тоҷикон ҳамчун Джумшудҳо ба нохушояндтарини муҳоҷирони бегона дар Русия табдил ёфтаанд, мо шоҳиди села-села бепулу бекор ба Тоҷикистон баргаштани онҳо мешавем. Бозгашти ҳатто ними онҳо ҳам кофист, ки вазъи иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон чанд мартаба бадтар шавад.

Аз рӯи қонунҳои Русия ҷойҳои кор аввал бояд ба шаҳрвандони Русия пешниҳод шаванд ва танҳо дар сурати хоста нашудани ин шуғлҳо аз тарафи шаҳрвандони Русия мумкин аст, ин ё он ҷойи кор ба муҳоҷирон дода шавад. Таназзули иқтисодӣ дар Русия, коҳиши даромади мардум зимни қатъи сабзиши ҳаҷми маъош ва ноқаноъатмандию бесуботиҳои сиёсӣ дар ин кишвар рӯҳияи бегонаситезиро пурқувваттар хоҳад кард ва маргумири муҳоҷирон низ афзуда, сабаби фирори онҳо аз Русия хоҳад шуд. Аз сӯи дигар то 15% афзудани нархи зиндагӣ дар Русия дар як соли оянда низ сабаб хоҳад гашт, ки даромади муҳоҷирон ҷиддан кам шавад. Коҳиши сармоягузориҳои Русия ба сохтмон — яке аз риштаҳои асосии кори муҳоҷирони тоҷик ва поин афтодани тавони харидории русҳо — омили камтар шудани бозорравии онҳо низ ба бад шудани вазъи муҳоҷирони корӣ оварда мерасонад.

Тасаввур кунед, даромад аз арзизу пахта ба маротиб камтар шуд ва зиёда аз 1 миллион нафар муҳоҷир, ки камокон дунафарии дигарро мехӯронданд, дасти холӣ бармегарданд ва дар кишвар камаш 3 миллион нафари гурусна пайдо мешавад. Айни чунин пешомадро раиси Пижуҳишгоҳи Иттиҳоди давлатҳои мушатаркулманофеъ Владимир Жарихин дар миён гузоштааст. Вай менависад, аз вазъи Русия пеш аз ҳама Тоҷикистон ва Қирғизистон зарар хоҳанд дид.

Ба назар мерасад, дар Тоҷикистон ба чунин эҳтимолҳо фикре намекунанд. Раҳбари давлат ва аъзои ҳукумат, ки пас аз зимистони марговари гузашта ҳам як сари мӯ худро дар назди халқ гунаҳкор надонистанд, ба эҳтимоли зиёд умед ба кӯмакҳои байнулмилалӣ бастаанд. Яке бояд ба онҳо нон биёрад, дигаре барқ, савумӣ гоз, чаҳорумӣ қанд. Обро худ пайдо хоҳанд кард. Аз борон ё барф. Ба ин халқ чою қанд бошад, кофист, бечора орзуи ҳеч чизи дигар ҳам надорад. Локин бояд ҳушёр шуд, ки дар чунин вазъи ҷаҳонӣ кӯмакҳо ҳам мумкин аст ба охирин ҳад кам шаванд. Давлатҳои сарватманд замоне ба бенавоён мадад мекунанд, ки аз худашон зиёдатӣ бикунад.

Аз сӯи дигар онҳо замоне кӯмак карда метавонанд, ки ниёзмандон кам бошанд ва имдод ба ҳама бирасад. Дар ҳолате ки болоравии бесобиқаи нархи маводи ғизо дар ҷаҳон 1 миллиорд нафарро қашшоқ карда, аз онҳо 120 миллион нафар ҳамарӯза гуруснагӣ мекашанд, ҷомеъаи байнулмилал ба кадоме аз онҳо кӯмаки дуруст карда метавонад.  Бубинед, намояндаи Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Анна Мария Вандерберг ба мухбири радиои “Озодӣ” Тоҳири Сафар гуфтааст, СММ бо даъватҳои бешумор аз моҳи сентябри соли гузашта то ҳоло, яъне октябри соли 2008, натавонистааст, барои Тоҷикистон 35 миллион доллар кӯмаки мақсаднок ҷамъоварӣ кунад. Дар ин як солу як моҳ СММ тавонистааст, ҳамагӣ 600 ҳазор доллар ба даст орад. Ҷаҳон хасис шуда, ки ба ҷои 35 миллион ҳамагӣ 600 ҳазор дод. Гуфт, 34 миллиону 400 ҳазори дигарро худатон дарёфт намоед. Он Кофӣ Аннон буд, ки ҳамеша ба дасти дарозкардаи Раҳмон чизе мегузошт, то хафа нашавад ва он давраҳоро об бурд. Ҳоло худи сарватмандон ҳарос доранд, ки мӯҳтоҷи кӯмак нашаванд.

Албатта, ҳуққабозии мақомоти Тоҷикистон, ки аз як тараф бо сарулибоси ҷанда гадоӣ мекунанду аз тарафи дигар танҳо барои адвокатҳои худ дар Лондон 120 миллион долларро ҳадия мекунанд ва ё 47 миллион доллари Бунёди асъорро барои корҳои хайр мегиранду дар умури дигар ба харҷ медиҳанд ва ё 58 миллион доллар Бонки Ҷаҳониро гирифта, шабакаи оби Душанберо эҳё мекунем мегӯянду барои худ бӯстонсаро месозанд — ҳамаи ин обрӯи гадоро ҳам ба хоки сиёҳ задааст. Пас дар давраи таназзули иқтисодии ҷаҳон акнун намебояд ба кӯмакҳои беруна умед баст.

Чанд рӯз пеш Қирғизистон ва Туркманистон барои нармтар кардани зарбаи бӯҳрони ҷаҳонӣ Хазинаҳои эътидол ва ё Захираҳои рӯзи сиёҳро таъсис доданд. Туркманистон тасмим гирифт барои эҳтиёт орду гандум, шакар, равған ва биринҷи иловагӣ харидорӣ кунад, то дар давраи сахт бо нархи миённашикан ба мардумаш бифурӯшад. Аммо дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд? Ҳама шоду фориғанд. Ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл!

Дарвоқеъ дар ҳамин рӯзҳо буд, ки ба хотири сафари хориҷии президент Раҳмон иди Фалакро ба таъхир гузошта, на 10-ум, балки 18-уми октябр таҷлил карданд. Пеш аз он президенти меҳрубон ба мардум хитоб мекард, “кмур бихареду захира бикунед”, зеро зимистони гузаштаро насанҷида бошад ҳам, аз даҳони мардум ва марги тифлони навзод шунида буд. Акнун шояд машварат диҳад, ки вақте зиндагӣ аз ин ҳам мушкилтару сангинтар шуд, рӯ сӯи осмон бикунеду фалак бихонед. Ҷудо ҳам нағз дардҳоро сабук мекунад-да. Вай ҳанӯз озурда аст, ки замоне дигарон сафо доштанду вай дар саҳро фалак мехонд, акнун мехоҳад, худаш сафо дошта бошаду ҳамаи дигарон фалак бихонанд. Ҳатто дар сатҳи байнулмилал. Зимнан, бо бӯҳрони иқтисодии дунё “похоже все к тому и идет…”

2 Responses

  1. Тахлили бисер хуб аст, аммо каме ба чаноби Раиси Чумхури Точикистон танкиди нохак шудааст, аммо ба вазирон танкиди дуруст. Ба фикри ман ин навишта ба карорхои мансабдорони кишвар таъсир кард. Имруз раиси банки Точикистон розй шуд, ки вазъияти мухочирон дар Россия бад мешавад. Вазири молия гуфт барои бардоштани зарбаи бухрон дар кишвар як фонди махсуси захиравй ташкил меебад. Ахсант, ки бо изхори фикрхои худ ба хукумати кишвармон ва халки мухтарами мо ери мерасонед, аммо перзидентро танкид кардан дуруст нест, вай барои хама чиз чавобгар нест.

  2. Sirojiddin,

    Бисёр мебахши, ки дар ин чо хам раиси чумхури туро танкид кардаанд. Вокеан вай, бечора, барои хама чиз чавобгар нест. Лекин аз чи бошад, ки номаш президенти як мамлакат асту аз номи тамоми мардуми он гап мезанад.
    Дар 17 сол 300 хазор одам кушта шуд, 3 миллион аз Точикистон гурехтанд ва хануз хам гурезогурез давом дорад, заминхоро ба Хитою Киргизистон фурухт, маънии точик “гадову гастербайтер” шуд, муаллим, духтур, мухандис, журналист ва гайра ба мардикорон табдил ёфтанд, раиси чумхури ту, бечора, хеч гунохе надорад. Ки гунахкор бошад, намедонам?
    Ки гунахкор, ки точикон ба бурдаи нону косаи обу лампочкаи свету оташдони газ зор шуданд?
    Албатта, ба фикри ту баринхо, президенти ту гунахкор нест. Шояд худи мардум гунахкор бошад? Ё духтарони президентат гунахкор? Ё Нуриддин-трактористат гунахкор бошад? Ё Хасан Саъдуллоев? Ки гунахкор?
    Масалан, ту – Сирочиддин, агар оила дошта боши, ту сардори оила. Ту оилаатро бояд хурони, пушони, тарбия намои, оилаатро комилан таъмин намои, ки фарзандонат ва оилаат ояндадор бошанд. Ту чавобгар хасти барои оилаат ё не? Агар президенти ту, ки як мамлакатро зуран 17 сол боз бо тиру туп рахбари мекунад, барои ахволи ба амал омада чавобгар хаст ё не? Чаро президенти ту чавобгар набошад барои ба ахлоттуда табдил додани як мамлакати як вактхо орому босубот? Аз чанг чанд сол гузашт, Сирочиддин? Дар 10-12 сол мардуми хамсояхо як пойтахти бузурге барои худашон бо номи Остона эъмор карданд, мардуми худашонро пурра таъмин намуда, боз точиконро нон медиханд. О, президенти ту чи коре кард, ки мардум уро танкид накунад?
    Инсоф хам чизи хуб аст, бародар….

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: