Дилеммаи тоҷикон: ҳувияти миллӣ, дин ва сиёсат

Ҳасад мебарам ба онҳое, ки бо забони равону зебо менависанд. Аммо ҳасади ман ранги сафед дорад. Мехоҳам рӯзе забони модариамро ба дараҷае донам, ки битавонам бе ғалат ва зебо, монанди дӯстони ҳамандешамон Ромин, Дориюш ва дигарон бинависам ва худам аз навиштаҳои худам лаззат бибарам.

Ромини азиз баҳси оид ба мансубияти миллии Рӯдакӣ ва Фирдавсиро дар торнигори худ “Ҷоми Ҷам” идома дод ва фикру андешаи ҷолиберо дар миён гузошт. Ман навиштаи ахири ӯро дар ин торнигор бо лаззати тамом мутолеъа кардам ва хеле хуш шудам. Ба фикрам, бознашри мақолаи Абдулазими Абдулваҳҳоб бо вуҷуде ки Ромин ӯро аз пайравони Маҳмуди Кавир медонад, кори дуруст буд, чунки ба думболаш нуқтаназарҳои зиёде баён шуд ва мебоист ҳамин тавр ҳам мешуд. Мо бояд ҳақ дошта бошем, ки чунин масъалаҳоро матраҳ ва баҳс кунем ва ба хулосае бирасем. Баракси Ромин ва Дориюш ман бар ин фикр ҳастам, ки баҳс накардани ин масъалаҳо метавонад нишонаи худкамбинӣ (компелкс неполноценности) бошад, на баҳс кардани онҳо.

Аз сӯе ҳам баҳси мо айнан дар сатҳи бахши ағлаби мардуми мост ва умед дорам, ба бисёриҳо таъсир хоҳад кард. Баракс Дориюш ва Ромин аз ин бахши ағлаб чандин қадамҳо пеш рафтаанд ва фаҳмидани фикри онҳо барои ом як андоза мушкил аст.

Ҳоло биёем ба сари асли матлаб. Баҳс сари ин набуду нест, ки мо эронӣ ҳастем ё на. Агар Иброҳими Усмон худро эрониасл намешуморад, кори ӯст, ҳақиқат яктост. Мо аз нажоди ориёӣ, эронием. Баҳс сари ин аст, ки чаро бархе афрод мухолифанд, ки Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ ба мо низ тааллуқ доранд ва агар далели онҳо ин аст, ки “Бож куҷову Душанбе куҷо?”, Абдулваҳҳоб далели ҷавобӣ мегузорад, ки “Панҷрӯд куҷову Теҳрон куҷо?” ва бад-он маънӣ, ки мантиқи Кавир хачирест, ки ба ҳарду по мелангад, аммо хачири хатарнок ва тафриқаангез.

Вале чун дӯстон баҳсро ба он ҷо кашиданд, ки мо набояд худро “тоҷик” гӯем, балки бо “эронӣ” хондани хеш масъалаи ҳувияти Фирдавсӣ ва Рӯдакиро ҳал кунем, мушкил сангинтар мешавад.

Дар давраи ҳозир арсаи муъомилоти мардуми мо асосан Русия ва кишварҳои Осиёи Марказист. Дар ин ҷо моро ҳамчун тоҷик мешиносанд. Вожаи “тоҷик” ихтироъ ё дурӯғи як гурӯҳи шӯравизадаҳо нест, балки аз умқи таърих меояд. Миллати мо тоҷик аст, забонамон форсӣ. Шумо шоҳид будед, ки аз қонуни асосӣ вожаи “форсӣ”-ро канор гузоштанд. Муносибати эрониҳо, чи аз Эрон ва чи эрониҳои хориҷ ба сурати умум ба иллати мазҳаб ё сабабҳои дигар бо вуҷуди намунаҳои кам начандон самимона аст. Худро “эронӣ” гуфтани мо пеш аз ҳама на ба маънии фарҳанг, балки ба маънои миллият ва мазҳаб пазируфта хоҳад шуд. Яъне ҷудоӣ ва парокандагии бештар дар миёни як миллати камшумор ва бе ин ҳам парешону нотифоқ.

Дар чунин ҳолат фикри шахсии ман ин аст, ки дар марҳилаи феълии рӯзгори сахти хеш, вақте ҳам Ромин ва ҳам Дориюш эътироф мекунанд, ки миллати мо дар бӯҳрони ҳувият ғарқа гаштааст, бӯҳронитар кардани вазъ ва гиҷтар кардани афкори мардум кори савобе нахоҳад буд. Барои он ки мо “эронӣ” шавем, ҳоло акнун мехоҳем ё на, аввал бояд “тоҷик” шавем. Ин гуна нашавад, ки аз ин мондаву аз он ронда гардем?

Хуб биёед, ин ҷо як ройдиҳие роҳ андозем ва бубинем, иштирокдорони “Андеша” дар ин масъалаҳо ба чӣ назаранд?

Натичахои назарсанчй

  • 88% (65 раъй) – Мо точикем.
  • 12% (9 раъй) – Мо эронием.

7 Responses

  1. Рустами азизу арҷманд!
    Аз меҳратон шарманда ва бе андоз мамнунам.
    Ман дар ин раъйдиҳӣ иштирок нахоҳам кард; умедворам пӯзиши маро қабул мекунед.

    Шӯрбахтона, илорағми суханони гарму ҷӯшони Рустами гиромӣ дар бораи забони ман, зоҳиран худамро дуруст баён накардаам. Ман ба ҳеч ваҷҳ нагуфтаам, ки мо бояд худро ба ҷойи “тоҷик” “эронӣ” бидонем. Назари ман ин аст, ки ҳам мардуми Эрони имрӯзӣ ва ҳам мардуми Тоҷикистони имрӯзӣ бояд бидонанд, ки мо якем ва агар яке моро “эронӣ” ё “тоҷик” бихонад, ба чашм онро қабул кунем. Албатта, дуруст аст, ки банда вожаи “эронӣ”-ро бештар қабул дорам.

    Мутаасифона, имрӯз бархе мегӯянд, ки “тоҷик,” яъне эронии суннӣ-мазҳаб аст. Вале ин бепоя аст, чун тоҷикони шиъаи исмоилӣ ҳастанд ва дар Афғонистони имрӯзӣ тоҷикони шиъаи дувоздаҳ-имомӣ ҳастанд. Агар дар солҳои 1920 шиъаҳои дувоздаҳ-имомиро низ тоҷик мехонданд, имрӯз онҳоро низ ҳамчун тоҷик қабул мекардем. Дар марзи Эрони имрӯзӣ суннӣ-мазҳабон ҳастанд ва худро эронӣ медонанд (ҳатто зартуштиёну калимиён (яҳудиён)-у масеҳиён). Ва аслан дин ба миллият чӣ иртиботе дорад?

    Ба ҳар ҳол, Рустами азиз, аз ин матлабатон хушҳолам ва то андозае бо шумо мувофиқам, ки ин баҳсҳо ҷиҳати хуберо ҳам доранд. Ин баҳсҳо ҳатман ҳақиқатро рӯшан мекунанд.

    Ҳамеша сарбаланд бошед!

  2. рустам азиз салом.ман чун тоҷик нистам дар назархоҳи шеркат неми кунам вали ми хастам еттела даҳам ке матлаб шумо бо алефбои ниёкон дар ин одрес гузоштам
    http://tajikestan.blogspot.com/

  3. земнан аз шумо дават ми кунам бе кетобхонеҳ ман ҳам сар безанид.бази кетоб ҳо саути аст ва агар алефбои порси балад набошид ҳам ми тавонид онҳо ро гуш даҳид.месли ҳамин кетоби ке амруз муаррефи карде ам.
    http://persianbooks2.blogspot.com/

  4. Дуруд бар Боқир, ба бародари ҷон, сипосгузорам, ки матни норасои бандаро ба дабираи ниёкон нашр кардед. Умедворам сабаби малоли хотири дустони арҷманд нашуда бошад. Боз ҳам таъкид мекунам, ки ин баҳс барои даҳҳо нафар омӯзанда хоҳад буд.

    Миёнаи бародарони ҳамтан ва аҳли як хонавода ҳам гоҳе шумориши молу манол иттифоқ меуфтад.

    Китобҳои ҷолибе дар торнигори Шумо муаррифӣ шудаанд, аммо ҳарчанд ҷӯё шудам, надонистам, ба чи роҳ метавонам ба садо дар ин китобҳои савтӣ гуш бидиҳам, лутфан роҳнамоӣ мекардед.

    Дар зимн, ёрони ҳамандеш, ба чунин як торнигори китобҳои нашри Тоҷикистон ниёзе ҳаст.

  5. рустам азиз салом. ман саи ми кунам тедоди ро муаррефи кунам
    2 соит аст ке фақат кетоб саути муаррефи ми кунад
    http://audiostory.blogspot.com/
    http://ketabkhaneyegooya.blogspot.com/
    амма дар бореҳ китобхонеҳ тоҷикистон фекр кунам идаи ҷолиби аст ва ми тавонад тасир калоне фарҳанги дошта бошад.албатеҳ чанд китобхонеҳ тоҷик алон дар ҳол кор аст вали ҳеили заиф анд.
    http://parlament-tut.tj/toj/biblio/books.htm
    http://www.khudshinos.freenet.tj/kitobkhona.html
    http://www.untj.org/library/?mode=list
    ман амодеҳ ҳар нау кумак ҳастам ва дастетон ро ми бусам.

  6. Ба фикри банда, ройдихиро мебоист дар аввал мегузоштед, зеро пас аз хондани навиштаи шумо кас зери таьсир меравад ва интихоби асил намекунад.

  7. Ромини меҳрубон, дуруд бар Шумо.

    Андешаи Шумо комилан дуруст аст, ки мо ҳама эронием ва фарзандони як хонадон, аммо нахуст бояд қаламрави ягонаи форсизабононро дошт, ки дар он ҳама — хурду калон — баробар бошанд ва ба ҳамдигар самимона арҷ бигузоранд.

    Дар сиёсат мо ҳанӯз ҷаҳонеро дар атрофи худ намебинем, ки ҳақиқати моро бипазирад ва дар назар дошта бошад. Пас ҳамаи мо — хурду бузург — ҳанӯз коре барои ин накардаем.

    Бадбахтона, мазҳаб нақши бориз дорад ва бо садрнишин шудани ислом дар Эрону боло рафтани рӯҳияи динхоҳӣ дар Тоҷикистон ин нақши ҳарчӣ бештар манфитар мегардад.

    Дар номаҳои хеш роҷеъ ба ояндаи Тоҷикистон Шумо мушкилҳои зиёди ватанро раддабандӣ кардаед. Дар фарои ҳамаи ин бадбахтиҳо оё дуруст аст, ба думболи баҳси асолат доштан ё надоштани вожаи “тоҷик” биравем?

    Бо камоли эҳтиром ва ихлос.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: