Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ тоҷик нестанд! (???)

Абдулазими Абдуваххоб (бознашр аз «СССР»)

Ахиран аз пантуркизму панкоммунизм вораҳида, ба доми панэронизм задем. Имрӯз бародарони иронй, ки мо – тоҷикон бо фахр ишонро бародар мехонем, аз мову будани мо ҳазар карда, на танҳо худ, ки клоссикони шеъру адаби моро аз мо ҷудо кардан мехоҳанд. Ва бо имзоҳои хеле арабиву туркӣ бар пояи дӯстии ду миллат мезананд.

МАҲМУДЕ, КИ БАЪД АЗ ҒАЗНАВӢ ФИРДАВСИРО ОРОМ НАМЕГУЗОРАД

Дар як сомонаи эронӣ, ки «Асри нав» (www.asre-nju.net) ном дорад, матлаби нависанда ва шоири эронӣ Маҳмуди КАВИР пахш шудааст. Тибқи маълумоти ӯ дар Манчестери  Англия барои донишчуён китобе бо номи «Шеъри ҷаҳон» мунташир шудааст, ки дар он китоб дар бахши шеъри Тоҷикистон Фирдавсиро тоҷик муаррифӣ кардаанд. Маҳмуди Кавир ба номи муаллифи китоби «Шеъри ҷаҳон» Ҷон ГОЛОС мактубе ирсол кардаву бо қаҳру ғазаб тоҷик муаррифӣ намудани Фирдавсиро иштибоҳи бузург хонда, аз ҷумла гуфтааст:

  • Фирдавсӣ дар Тӯс аз шаҳрҳои устони Хуросон дар Эрон ба дунё омадааст. Ин ноҳия аз чанд ҳазор сол пеш дар хоки Эрон қарор дорад ва ҳеҷ гоҳ ҷузви Тоҷикистон набудааст.

  • Вай тамоми зиндагии худро дар ҳамин кишвар ва ҳамин устон ва шаҳр гузаронид.

  • Мазори ӯ низ ҳам инак дар Хуросони Эрон қарор дорад.

  • Китоби ӯ ба забони форсӣ, забони мардуми Эрон аст ва тоҷикӣ нест. (?)

  • Достонҳо ва шеърҳои ӯ ҳама дар бораи паҳлавонони Эрон ва Сиистон аст ва ҳеҷ иртиботе ба Тоҷикистон надорад.

Маҳмуди Кавир дар посух ба як мактуби интернетии ман гуфт, ки агар Шекспирро тоҷик гуфта шавад, метавон Фирдавсиро тоҷик гуфт. Гӯиё дирӯз буд, ки Фирдавсӣ ба Маҳмуд (Ғазнавӣ ё Кавир буданаш шарт нест) ба тоҷикӣ навиштааст:

Аё, шоҳ Маҳмуди кишваркушой,

Зи кас гар натарсӣ битарс аз худой…

ва перомуни гарданшахии панэронии ӯ афзуда:

           Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангй ба шустан нагардад сапед!…

ТУС КУҶОВУ ДУШАНБЕ КУҶО?

Рӯзи якшанбе Кавири якрав – ин феъли к(ч)ист хонанда хуб медонад, бо Интернет паёме равон кард. Дар он иттилоъ дод, ки то имрӯз мактубҳои зиёде ба номи ӯ ва ба номи муаллифи китоби «Шеъри ҷаҳон» ирсол гардидааст. Дар поёни навиштааш Маҳмуди Кавир мактуби як донишманди эронӣ Саид Алии Солеҳиро, ки дар рӯзномаи «Коргузорон»-и Эрон ба нашр расидааст, ба тарзи замима равон намудааст. Дар матлаби хеш Саид Алии Солеҳӣ огоҳона менависад, ки Фирдавсӣ тоҷик нест ва суол мегузорад: «Рустои Божи Тӯс куҷову Душанбе куҷо?».

Бале, ба ин навиштаҳо зид нестем. Фирдавсӣ зодаи Тӯс аст ва ба Тоҷикистон аз дар «Шоҳнома» навиштааст, соф бо он забонест, ки ман имрӯз сӯҳбат мекунам. Фирдавсӣ боре дар китобаш «ҷилӯ»-ро ба мақсади наздик омадан, «ту» – и инглисӣ «in to» – ро ба маънои сӯй, шикоф истифода надодааст ва умуман аз арабие, ки забони форсии имрӯзарохира намудааст, истеъмол накардааст, ки имрӯза эрониҳо васеъ истифода доранд. Бубинед, барои он ки Фирдавсиро як олими англис тоҷик ном бурдааст, рӯшанфикрони эронӣ ин қадар эътироз доранд. Бештари андешамандони иронӣ нороҳатан эътироз доранд, ки вожаи «тоҷик» калимаи таҳмилшудаест, ки дар ибтидои садаи XX ба вуҷуд омадааст. Пас «турки ту бирехт хуни тоҷик»-и Саъдӣ ва мисраи Амир Хусрави Деҳлавӣ «тоҷики гарданкашу лашкаршикан…» зодаи тахайули удабост?

Дар ҳамин ҳол торномаи «Ҷоми Ҷам» иттилои аҷибе лахш намудааст. Ба иттилои «Ҷоми Ҷам» 16 ноябри соли 2007 дар сомонаи интернетии РгеssТV шабакаи 24 соатаи моҳвораи Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо забони англисӣ пахш мешавад, матлабе бо унвони «ВВС  торихи Эронро таҳриф мекунад» («ВВС Distorts Iran s History») нашр шудааст. «Ҷоми Ҷам» ин матлаби ВВС-ро, ки аз Рӯдакӣ ба унвони «асосгузори адабиёти тоҷик» ва «шоири тоҷик» ёд кардааст, интиқод менамояд. Ргеss ТV, ки як мақоми расмии ин кишвар аст, навиштааст, ки Рӯдакӣ эронӣ буд, на тоҷик ва ӯ асосгузори адабиёти форсӣ буд, на тоҷикй. Ҳамакнун ҳамон суоли бемантиқи Кавир-ро метавон дафъатан ба худи ӯву ҳамтоҳои ӯ дод:

ПАНҶАКЕНТ КУҶОВУ ТЕҲРОН КУҶО???

Ин ҷо аз бузургони имрӯзаи точик бояд нолид, ки дар ишқи кӯр-кӯронаи ҳама чизи ба ном «иронй» гирифтор шудаанд. Ва чунин баҳсҳо барои онҳо бегона аст. Имрӯз дар Ӯзбакистоне, ки шаҳрҳои тоҷикнишине чун Бухорову Самарқанд, Насафу Шаҳрисабз дорад, мавҷудияти тоҷикро зери суол бурдаанд. Дар сомонаҳои Ӯзбакистон чунин оморе ба чашм мерасад, ки тибқи онҳо гӯё 5%-и аҳолии ин кишвар тоҷик асту 5,5% рус. Агар ин маълумот дар замони Шӯравӣ пешниҳод мегашт, албатта, беҷавоб намемонд…

…Барои ман ҳамчун як ҷавони тоҷик ин суол посухталаб аст, ки «мо Фирдавсӣ ва дигар шоиронеро, ки дар марзи имрӯзаи Эрон зистаанд, дар баробари «форс» «тоҷик» ҳам гуфта метавонем, ё на?». Зиёиҳои мо метавонанд дар ин масъала ба ман ва боз 43% аҳолии кишвар, ки то 24-солаанд, кӯмак намоянд?!

41 Responses

  1. :)) Слава богу все эту гниль не читает Фирдоуси. :))
    Фирдоуси – не таджик, и если англичанин хочет оскорбить или обидеть (а может специально чтобы ввести заблуждение других ) и таким образом досадить иранцам (а за примерами далеко идти не надо, например, фильм 300 спартанцев ;-)) то наши молодые таджикские пЕйсатели хорошо ему помогают :))
    Как говорится, «свой дурак – хуже врага» :))
    Таджикская нация и само слово Таджикистан гораздо моложе чем Иран и иранская нация (хотя такие сравнения и неправильные). Поэтому считать Фирдоуси таджиком – это неправильно, но если это специально так сделано – то это вдвойне неправильно и заставляет призадуматься..

  2. Дуруд дусти азиз Абдуазим. Вокеан бахси корагаре ва матлаби маъсуме навиштаед. Офаринатон. Аммо ба суоле, ки дар охири ин навишторатон овардаед, оё рушанфикрони мо, он нафароне, ки хар сол дар мачлиси президент ба номи «Вохурии президент бо зиёиён» ширкат меварзанду аз худ зиёй метарошанд, посух мегуфта бошанд?

  3. Дар Эрон намондаст шеру паланг,
    Чахонро гирифтаст рубохи ланг!
    Магар ин махмудаки кавир рубохаки ланг ки хаст, ки аз тарафи кулли Эрони Бузург харф бизанад?! У худ зодаи эрониву турку араб аст, ки хануз ФИДАВСИИ бузургвор падид омадани чуни н як наслеро дар Эрон пешбини ва пешгуйи карда буд:
    На турку на руму на този бувад,
    Суханхо ба кирдори бози бувад.
    Агар харфе – каламеро иштибох иктибос кардам маъзарат мехохам. Шадидан тахти таъсири макола карор дорам.

  4. Агар зиёи надошта бошем, чи? Ку зиёи?

  5. Ба фикрам, масьала хеле мухим аст. Ташаккур ба муаллиф барои боз кардани он. Ба ман махсусан ин нукта писанд омад, ки мо солхои охир кур-курона ба хама чизи Эрон ва ба хама эронихо бародарвор рафтор мекунем, аммо намедонем, ки аксари он чизхо галату иштибоханд ва аксари ин мардум турку арабтабор, ки ягонагии форсизабононро намехоханд ва бо хар рох миллатхои хурдтари форсигуро паст мезананду тахкир мекунанд.

  6. مردم ايران وتاجيكستان برادر اند و ما شما را از خود جدا نمي دانيم
    هرچند كه بعضي ها بخواهند شيطنت كنند.
    mardom iran va tajikestan baradarand va ma shoma ra joda az khod nemi danim .har chand ke bazi ha bekhahand sheitanat konand.

  7. Ин баҳс корест беҳуда ва ба ҷанҷоле монад ки ворисон бар сари мерос кунанд. Осори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ ва дигар бузургони шеъру адабу илм мероси фарҳангии ҳама мардуми порсигӯй ва ариёнажод аст на мурдареги падари эрониён ва ё тоҷикон. Ин фарҳангро мардуме ба мо мерос мондааст ки дар сарзамине дорои фарҳанги яксон зиндагонӣ мекарданд. Сарзамини фарҳангӣ МЕҲАН аст. Ин имрӯз аст ки “кишвар” сарзамини мушаххасеро мегӯянд ки дорои ҷамъияте муъайян ва ҳукумате воҳид бошад ва “миллат” мардумеро мегӯянд ки дар як кишвар зиндагонӣ мекунанд. Замоне ки он бузургон зистаанду офаридаанд ҳама мардуми порсигӯй ва ариёнажод ЯК МЕҲАН доштанд ва на кишваре чун Ҷумҳурии Исломии Эрон буду на кишваре чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на миллате чун эронӣ ва на миллате чун тоҷик.

  8. Ин бахс бисёр чаранд аст. Ба монанди бахсхои хамонанде, ки дар Эрон бар сари Рудакй ва Фирдавсй рох андохтаанд. Хадафи он хам равшан аст ва асафбор. Муаллифи он хам ба такмили дониши забони модариаш ниёз дорад, то дарёбад, ки вожаи «ту» (бо у-и дароз) ба маънои дарун аз инглисй намеояд, чун фикр намекунам дар замони Мавлоно Чалолиддини Балхй инглисй забони чахонгире буда бошад, ки устод аз «ту ба ту» ва «ту дар ту» (дарун ба дарун ва дарун дар дарун) корбурди фаровон кардааст. Мо ки «ту»-ро фаромуш кардаем, бояд сарафканда бошем, на мардуми Эрони имрузй.

    Ибороти «чи хел», «кучода», «кучоба», «чиба», «узук», «теварак»… низ дар Шохномаи Фирдавсй ёфт намешаванд. Аммо дар забони гуфтории мардуми Точикистон ба фаровонй ба кор мераванд, бо ин ки бисёр гушхарош ва маъмулан галатанд. Пас оё инро метавон далели он донист, ки Фирдавсй они мо нест?

    Хам Фирдавсй ва хам Рудакй ба монанди худи мо – точикон эрониёни Хуросон буданд. Мусибат ин аст, ки мо худро бохтаем, хамрох бо худшиносй ва пешинаамон.

  9. Дустони хамАндеш!

    Бо хама арчу эхтироме, ки ба шумо дорам, бояд бигуям, ки ин бахс ба хар сурат зарур аст. Дастикам барои он ки дусту душмани худро фарк кунем ва дар парастишхои хеш донистакор бошем.

    Албатта, инро хам эътироф мекунам, ки муаллиф хеле зуд руйдодхои чудогонаро ба -изм кашондааст ва манзараи куллӣ аз чашмаш пинхон монда, вале аз суи дигар оё мухаббате, ки мо ба бародарони эронй дорем, посухи ҳамсон дидааст? Магар дар кул онҳо моро бародари чонии худ медонанд? Оё манофеъ дар макоми аввал нест?

    Бовар дорам, хар точик метавонад даххо намунаи «дустии» бародарони эрониро зикр кунад ва аксари мо агар аз чунин равобит осеб надидаем, дастикам шохиди чунин маворид шудаем.

    Аммо дуруст аст, ки боз хам инхо чузъ хоҳанд буд, на кул. Ва ангуштшумор бошад ҳам, ҳастанд бародарону хоҳарони эронӣ, ки бо мардуми мо самимона ишқ меварзанд ва ҳофизаи хунро фаромуш накардаанд.

    Вале ғайриқобили дарк аст, ки чаро ҳатто рӯшанфикрони эронӣ вожаи «тоҷик»-ро, ки бад аст ё нек, номи миллати мост, дуст намедоранд ва агар на бо танаффур, балки бо кароҳат ба забон мегиранд ва ҳатто на «тоҷик», балки «тоҷикӣ» мегуянд. Онҳо ба мо аз мақоми як миллати пешрафта ба як миллати дараҷаи ду менигаранд. Ман надидаам, ки онҳо бо озариҳо ё арманиҳо чунин муносибатеро раво бинанд. Шояд сабаб он аст, ки мо зимни ҳасрати ҷудоиҳои садсола ба онҳо ишқи бекарона дорем ва адибони мо низ чунин ишқро дар синаи мо ҷо кардаанд. Таври маълум, посухи муҳаббати бузург асосан танаффур аст…

    Агар мо, точикон, худшинос бошем, бояд ба касе дил мабандем ва ҳақиқати сангини ҷаҳони имрӯзро ба таври комил дарк кунем, ба умеди касе, ҳатто ба умеди бародарони худ набошем ва хештанро худ бисозем. Ҳама гуна ҳузури «бародари бузургтар» иродаи моро мешиканад. Бояд иқрор кунем, ки танҳоем ва ба танҳоӣ аз берӯзиҳои имрӯз ба рӯзи рӯшан бирасем. Албатта, агар мутмаъинем, ки тавон ва хосташро дорем ва намехоҳем тамоми умр бародари кӯчаку дастнигар бошем.

    Дар мавриди забон бояд гуфт, дар воқеъ гуфтору навиштори мо каму кости зиёд дорад, вале магар форсӣ-терунии имрӯза аз иштибоҳу чарандиёт орист? Чаро бояд дониставу надониста аз неку бади он нусха гирифт? Ва чаро бояд онро парастиш кард. Ин парастиш ба ҳамон ифтихори пуч аз таърихи гузашта шабоҳат дорад.

    Вақте турку араб Синову Рудакиро аз мо рабудан мехоҳанд ба он андоза дили мо ба дард намеояд, то эрониҳои имрӯз моро ба ин шева дар ночизӣ ва бекасӣ мутаҳҳам кунанду ба ҳеҷ будан таъна бизананд.

  10. Бародарони гиромй,

    Бознашри ин матлабро аз матбуъоти Точикистон ба маънии бахс ва андеша бипазиред, на ба маънии пуштибонй аз акидахои муаллифи матлаб.

    Хакикат аз бахс хосил мегардад.

    Бо орзуи саломатй ва сарбаландии якояки шумо.

  11. Barodaron, vaqte ki ironiho moro odam hisob namekunand, charo mo boyad onhoro hurmat kunem.

    Boyad ba neki neki kard va ba badi — badi.

  12. салом
    манимруз бо алифбои ниёкон нивиштам вали бардошта шуд.
    асли хабар «Ҷоми Ҷам» ин аст
    http://www.jamejamonline.ir/newstext.aspx?newsnum=100948455222
    дар ин соит нивешта шуде
    دكتر محمد جعفر ياحقي محقق و استاد ادبيات زبان فارسي در دانشگاه فردوسي مشهد به نمايندگي از شركت كنندگان ايراني ، رودكي را قافله سالار نظم فارسي دانست و گفت: آنچه مهم است اين كه آثار اين شاعر نامي هم‌اكنون در خدمت توسعه روابط ملت‌هاي فارسي زبان است.
    муҳем нист рудаки иронй буде иё тоҷик.муҳим он аст ки пеиванд даҳанде форси забонон аст.
    мо ирони ҳо тоҷик ҳо ро монанд бародар ми доним вали гоҳ авомил пантуркизм ми хоҳанд миён мо душмани бесозанд.

  13. Дусти азиз Сирочиддин,

    Ман як чумларо аз номаат кам кардам, зеро хуб набуд ва ба чои чумлаи дувумат, бехтар аст, гуфта шавад: Эхтирому дустй миени эронихо ва точикон бояд дучониба ва е тарафайн бошад. Он гох натичаи нек хохад дод ва дасисахое монанди кори Махмуди Кавир, ки Эрони Бузургро ба монанди кавире дидан мехохад, кора нахохад кард.

  14. Бародари хамхуну хамтан — Боқири Китобдор!

    Шумо шояд ҳатто андешае намекунед, ки ин номаи шумо барои дустони точикатон чи андоза мухим ва гаронбаҳост. Зинда ва сарбаланд бошед!

    Орзу дорам чашмони бино ин номаро бо диккати тамом бихонанд ва ба ҳар ҳарфи он амиқ бианшеданд. Ин ҷо хеле чиз гуфта шудааст.

  15. Сипос аз Рустами гиромй, ки гушаш ба садои хирадмандонаи бародар Бокири Китобдор боз буд.

    Ва аммо. Маколаи бозчопшударо хамчунон ёваи кудаконае беш намедонам. Бароям равшан нест чаро мо – точикон пайваста бечоранолй мекунем. Ба монанди як кудаки ранчида хама чизу хама касро мукассири нокомихои худ медонем, ба чуз худ. Мо як тифли маъсумем, ки саросари чахон ба мо ситам раво дида. Бехтар аст аз ин рафтору пиндори нопухта фосила бигирем.

    Дигар ин ки «эрониён»-ро (ба маъние, ки дар матлаб ба кор рафтааст) «бародари бузург» хам намешавад номид. На бузургу на кучаку на бародар. Чун сухбат аз худи мост. Эрониён точиканду точикон эронй. Танхо тафовут ин аст, ки «эронй»-ро мо ба худ нисбат додем ва «точик»-ро мугулхо бар мо. Ба ростй, ин вожахо мутародифи хаманд. Бо дарки ин мавзуъ ранчиши мо хам аз «эронию анеронй» аз байн хохад рафт. Бехтар аст дар пароканиши ин андеша бикушем.

    Седигар он ки дар лахчаи модарии мани точикистонй хам ба «нон» «нун» мегуянд. Аз ин ру «нун»-и техрунй барои мани «точик» хам бегона нест. Аммо «узук»-у «чиройлик»-у гайра бисёр бегона. Пас агар бихохем точиктар бошем, дар вокеъ, бояд бикушем ба дарки асолат ва сиришти эронии худ бирасем. Он гох дигар укдаи хакорат ё худкехтарбинй ё «комплекс неполноценности» хам нахохем дошт.

  16. درود بر باقر کتابدار گرامی. سپاس از پشتکار شما که زحمت می کشيد و اين خط عجق وجقی را می خوانيد تا با پاره ای ديگر از ملت خود در پيوند باشيد. اميدوارم هر چه بيشتر در بحث های ما نظر بدهيد و پلی باشيد ميان دو تکه يک پيکر

  17. Ба харфхои Точвар мувофикам.

    Мо имруз бояд барои сарбаланд шудани миллати Точик талош биварзем. Миллате, ки кишвараш Хуросон ном бигираду забонаш форси бошад.

    Эронихо миллати дигаранд ки бо мо хамзабонанд. Чаро танхо ба хотири як забон мо эрони бошем? Агар дар гузашта будем е набудем, гузашт. Вале имрузро бояд дид ва дар фикри фардо бояд буд.

    Ман хам Эронро хеле дуст медорам, вале механи ман имруз дигар Точикистон ном дорад.

    Суол: Агар Эрон бо Точикистон вориди чанг шавад, барои химояи Точикистон ое хохед бархест? Медонам, ки ин кор намешавад, вале посухаш ачиб хохад буд, на?

    Хамин суол ба шеваи сабуктар: Агар тими футболи Эрон бо Точикистон бози бикунад, хостори пирузии кадоме хохед буд?

  18. Бародар Дориюш як савол. Чаро сокини Эрон агар гуяд, «Боч кучову Душанбе кучо?» дар шумо эътирозе ру намезанад, вале онки як сокини Точикистон гуфта, «Панчакент кучову Техрон кучо?» бароятон чаранд ва харфи кудакона аст?

    Ба калимахои туркии гуфтори мо ришханд мезанед, аммо хатман аз арабзадагии сухани хамкавмони мо дар Эрон хушатон меояд. Фикр накардед, чаро ин хамкавмони мо аз вожаи ноби хануз зинда дар гуфтори точикон канор мегиранд ва ба вожахои бегонаи арабй ё чои дигар бартарй медиханд?

    Аз чй вазъи имрузро бо таърихи дуру дерин омезиш медихед? Барои он ки як тарафро сафеду тарафи дигарро сиёх гуед? Бовар бар ин доред, ки дар чунин бахсхо комилан бетараф ва дилдодаи ХАКИКАТ хастед?

    Ба посухи шумо интизорам.

  19. Дуруд бар ёрони ҳамандеш!

    Таманно дорам, одоби баҳс муроъот бишавад.

    Ҷанги Эрону Тоҷикистон, аз диди ман, андаке берунтар аз баҳси мост ва лутфан, хонандагони арҷманд, онро набояд ба маънии таблиғи ҷангу низоъ гирифт.

    Ҳадаф ин нест, мардумони як фарҳангу забонро дар муқобили ҳам қарор дод, балки решаковии он аст, ки чаро чунин баҳсҳо, махсусан дар Эрон, ки нуфус ва нуфузаш аз Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст, сар задаву сар мезананд ва чи пайомад дошта метавонанд ва кори дасти кӣ буда?

    Саломат ва сарбаланд бошем!

  20. Вокеан, чаро эронихо чархболро хуш надоранд ва дилдодаи хеликуптеранд?

    Дар ИРИБ футзол тамошо мекардам, шорехонаш корнер мегуфтанд, пас аз онхо бехтар ое Нарзуллохи Латиф нест, ки угловой намегуяд?

  21. Рустами гироми дуруст дарефтед, ки чанги Эрону ТЧК на ба маънои таблиги чанг аст, танхо ба хотири шунидани посухи дустон ас, ки ое дар чунин вазъе чи кишваре барояшон азиз хохад буд? Ин суол ба гунаи дигартар, дар мавриди футбол хам дода шудааст, е хар навъ варзиши дигар

  22. Бародар Сирочиддин. Сипос аз пурсиш. Зимнан, дар Эрон акнун вожаи «пурсиш» роичтар аз «суол»-и тозист. Ба ин мавзуъ хам бехтар аст таваччух бифармоед, то шояд дар мавриди арабзадагй хам назаратон тагйир кунад.

    Дигар ин ки мавзуъи сухбати мо ин чо навиштаи рузноманигоре аз Душанбе аст, на Техрону Шероз. Аз ин ру посухи мо хам ба хамуст. Вагарна маколахое дар посух ба чарандиёти «эрониён» навиштаам, ки дар матбуъоти худи онхо мунташир шудааст. Ба вижа посух ба Мухаммади Бокирзодаи техронй, ки хамин гуна ноогохона аз «точик» номидани Фирдавсй гилоя мекард. Матлабе навишта будам бо номи «Точик, яъне эронй» бо зикри абёте аз Саъдию Мавлавй ва хакикатхое аз торих ва дар рузномаи «Ориё»-и Техрон чоп кардам. Ин чегу фигони кудакона (!) аз ноогохй бармеояд ва танхо рохи мукобила бо он огохсозй аст, на уфтодан ба доме, ки бароямон пахн кардаанд.

    Вокеъияти талхи имруз холи низори забони порсй дар сарзамини мост. Магар на? Оё метавон иддаъо кард, ки мо бар порсй тасаллути бештар дорем? Албатта, ин хакикат далелхои фаровони торихй ва ичтимоъй дорад, аммо набояд талхии хакикат моро ба афроди хоре табдил кунад, ки ба худии худ битозем. Ворунаи он бехтар аст: талош барои бартар рафтан аз точикони дигаре, ки ба хукми сиёсат ба дур аз мо мондаанд.

    Ва саранчом, Точикистон дар калби Арйанам Ваеча ё Эронвич карор дорад ва нахуст сарзамини мо буда, ки Эрон ном гирифта ва танхо пас аз замоне мадид ин ном ба сарзаминхои дигар таъмим ёфт. Аз суи дигар, забони порсии навин хам нахуст дар Хуросони мо шакл гирифта, то ба бахшхое дигар аз Эрони бузург доман густарад. Ба ин содагй набояд доштахои худро аз даст дихем. Бароянд (натича)-и он чизе чуз азхудбегонагй нест, ки имруза дар чомеъаи Точикистон ба рангхои гуногун мавч мезанад.

  23. FootballTJ-и гиромй.

    Пурсишхои туро дар бораи чанги миёни Эрону Точикистон ё шикасти ин ё он дар бозии футбол барангезанда дарёфтам. Аммо онро чизе чуз дагдагаи як махалгаро намедонам. Яъне ин такрибан ба монанди он аст, ки аз ман бипурсй: Агар Кулоб ба Гарм хамла кунад, аз кадом як дифоъ мекунй? Хар дуро махкум мекунам, чун хар дуро порахое аз як пайкари вохид медонам, ки ба чони хам даруфтодаанд. Дар замони чанги дохилии шармбор хам дакикан хамин корро кардем, магар на?

    Шояд дарки ин хакикат сахт бошад, ки хануз точиконе хастанд, ки ба маънии дакики вожа (на русишудаи он) точиканд, яъне эронианд. Чун то замоне ки русхо ба мо нагуфтанд, ки мо эронй нестему забонамон порсй нест, мо он хакикатро кабул доштем. Холо чи чизе монеъ мешавад, ки ба харфи сиришти худ гуш фаро дихем? Мегуйи, мо бо «эронихо» хамзабонем. Ва хамин? Факат забон? «Хам»-хо ба хадде зиёданд, ки аз такрорашон озурда шудаем. Хамзабон, хамфарханг, хамсарнавишт, хамхун, хаммазхаб… Чои ин хама «хам»-хоро бояд ба як вожа дод: як. Ин ки оё аз ин ягонагй огох хастем ё на, хадисест дигар, ки ба худшиносии так-таки мо бармегардад.

  24. Дар Эрон ба «вертолет» «болгард» мегуянд. Ин вожаест, ки ба таъйиди Фархангистони забону адаби порсй расидааст.

  25. Вокеияти имруз ин аст ки Эрон ва Точикистон на Кулобу Гарманд. Худо накунад ки умуман ТЧК дар чанге бошад, хуб пас суол дар мавриди чангро канор мегузорем.

    Чаро дар мавриди футбол посух надодед? Ракобатхои Точикистону Эрон дар майдонхои футбол (ва е хар навъи дигари варзиш) ногузир аст, чун ду кишваре гуногунанд ва мунтахабхои алохидаи худро доранд.

  26. Аммо сухбат аз чанг тире буд, ки аз шаст част ва бад шуд, ки част. Чун намунае бисёр карех буд ва гуёи хусумате, ки бархе алайхи худихои бурунмарзй доранд. Чолиб ин чост, ки вакте ки сухбат аз арабхост, чунин намунае намезанем.

    Дар мавриди футбол эхсосот мутафовит аст. Чун футбол чизе чуз як тафаннун ва бозй нест. Масалан, агар Душанбе бо Варзоб бозй кунад, табъан, мани душанбейи аз тими шахри худ химоят мекунам, бо ин ки фосилаи миёни ин ду шахр хамонанди фосилаи байни ду рустост. Оё ин далели чудойии сиёсй ва физикии Душанбеву Варзоб хохад буд? Ба назарам меояд, ки мо дорем мафхумхоро бехудй дар хам меомезем.

  27. Бародари арҷманд Дориюш.
    Бо дуруду сипос аз навишторатон хоҳишмандам мақолаҳоеро ки дар посух ба чарандиёти «эрониён» навиштаед ва дар матбуъоти худи онҳо ва ё Интернет мунташир шудааст дар дастраси мо қарор диҳед то нўши ҷон кунем.
    Шумо дуруст мегўед ки «ин ҷеғу фиғони кўдакона (!) аз ноогоҳӣ бармеояд». Дареғо ки дар Эрон дар бораи тоҷику Тоҷикистон камтар медонанд. Бархе эрониён ҳануз ҳам намедонанд ки Тоҷикистон куҷосту тоҷикон кистанд. Бадбахтона чанде пеш дар Эрон филми «Шукрона» намоиш дода шуд ки бархе аз шахсиятҳои тоҷики он номи русӣ доранд ва фазои Душанбе низ бештар русона намудор гаштааст. Шояд аз дидани ин филм мардуми Эрон гумон кунанд ки тоҷикон рустаборанду русизабон на эронитабору порсизабон. Дар ин замина бояд гуфт:
    Мо зи Эрон чашми ёрӣ доштем
    Худ ғалат буд он чӣ мепиндоштем…
    Хушбахтона дар Эрон тоҷикдўстон низ кам нестанд. Ман аз дўстӣ бо устод Муҳсин Шуҷоъӣ ифтихор дорам ки «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро ба хатти форсӣ баргардонда ва чандин мақолаи донишварона дар бораи тоҷику Тоҷикистон навиштааст.
    Умедворам ки телевизиони муштараки кишварҳои порсизабон ки қарор аст роҳандозӣ шавад ин ноогоҳӣ ва халоъи иттилоъотиро аз миён хоҳад бурд.

  28. Ориёрами гиромй.

    Сипос аз мехрат. Посухи ман ба Мухаммади Бокирзода солхо пеш дар рузномаи «Ориё» чоп шуда буд. Чанде нагузашта ин рузнома ба монанди бисёре дигар аз нашриёти Эрон таътил шуд. Нусхае аз онро дар Душанбе дорам ва агар бахт ёрй карду дубора гузорам ба Душанбе уфтоду хофиза хам ба мо вафодор монд, онро бароят хохам фиристод. Мухтавои он навишта хамонест, ки каблан мухтасаран ба он ишора шуд.

    Чолиб ин чост, ки мо танхо нимаи холии финчонро мебинем ва аз хадамоте, ки точикони бурунмарзй (ё хамон эрониён) ба мо кардаанд, камтар ёд мекунем. Сипос аз ин ки ба яке-ду намуна ишора кардй. Аммо он муште намунаи хирвор аст. Хамин имруз хам шахсиятхои гиромии бисёре дар бораи Точикистон ва барои Точикистон корхои шоёне мекунанд. Мо чи кор кардем, ки забонамон дароз бошад? Оё дар баробари шучоъати окои Шучоъй, ки «Фарханги забони точикй»-ро баргардон кард, мо хам Фарханги Муъин ё дастикам Амидро баргардон кардем? Чаро бояд хамеша чашми тамаъ ба берун духта бошем ва худамон барои ошнойии бештар ва такмили дониши худ дар бораи худамон коре анчом надихем?

    Иттиход бехтар аз инфисол аст ва пайвастагй бехтар аз гусастагй. Умедворам гушамон ба сафсатахои понтуркистхову понъарабхо кар бимонад, ки ба шевахои мухталиф талош мекунанд миёни мо нифок барангезанд. Яке ба далоили кавмй, дигаре ба далоили мазхабй, севвумй бо мулохизоти кавмию мазхабй.
    Tajikistan prefers Rudaki to Lenin

  29. Tajikistan prefers Rudaki to Lenin унвони матлаби дигарест аз хамон Press TV, ки муддатхо пас аз чопи матлаби манхуси нахусташ (дар бораи «точик набудан»-и Рудакй) чоп кард. Зохиран эътирози худи эрониён ба ин шабакаи телевизюнй боъис шуд, ки дар матлаби дуввум Пресс ТВ дигар галати пешинашро такрор накунад. Яке аз дустони хуби ман дар Техрон, ки аз рузноманигорони шинохташуда аст, расман ба ин шабака эътироз карда буд ва аз онхо хоста буд, ки иддаъояшонро пас бигиранд. Он рузноманигори эронй муътакид аст, ки хамаи бузургони адаби мо эронй ё точиканд, сарфи назар аз махалли таваллудашон. Ин танхо посухи мантикй ба иддаъохое аз он даст аст.

  30. Дориюши арҷманд
    Яке вожаи тоҷикро баромада аз «тоҷ» медонад ва дигаре аз «тозӣ». Шумо мегўед ки «эрониён тоҷиканду тоҷикон эронӣ ва танҳо тафовут ин аст ки «эронӣ»-ро мо ба худ нисбат додем ва «тоҷик»-ро муғулҳо бар мо». Дигарон мегўянд ки арабҳо эрониёнро «аҷам» ва туркон эрониёнро «тоҷик» мехонданд.
    Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд ки на мо худ хештанро «тоҷик» хондаем балки дигарон моро «тоҷик» номидаанд, яъне вожаи «тоҷик» аллоэтноним будааст на автоэтноним.
    Фарҳангҳои форсӣ низ ваҷҳи тасмия ва маънои «тоҷик»-ро ошкор намекунанд. Нигоҳ кунед ба вожаи «тоҷик» дар «Луғатномаи Деҳхудо» ки барчида аз мўътабартарин фарҳангҳои форсист: http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-77c91f7ba2f14a7aa193bb73f8a5f253-fa.html
    Ҳануз ҳам ошкор нашуда ки вожаи «тоҷик» кай падид омада ва аз кадом замон номи мардуми ариёнажод шудааст. Вожаи «тоҷик» на дар «Авесто» омадааст ва на дар катибаҳои ҳахоманишӣ ва адабиёти паҳлавии ашконӣ ва порсии сосонӣ вожае ёфт шудааст ки решаи он бошад. Донишмандони овошинос ва вожасозӣ ин вожаро баромада аз порсии миёна медонанд.
    Ман бар ин боварам ки вожаи «тоҷик» баргирифта аз «тож» аст ки дар «Луғатномаи Деҳхудо» (http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-5247a484d1df4f6b97fad72a05d2cc36-fa.html) ба маънои «хайма» ва «чодар» омадааст ва ин байти Баҳромӣ низ гувоҳ оварда шудааст:
    Хусрави ғозӣ оҳанги Бухоро дорад,
    Зада аз Ғазнин то Ҷайҳун тожу хиргоҳ.
    Куҳантарин номе ки ниёкони мо бар худ гузоштаанд «ариё» будааст. Се ҳазор сол пеш аз ин ариёҳо ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Гурўҳе домдориро пеша кард ва даштнаварду чодарнишин шуд ва гурўҳе кишоварзиро пеша карду деҳнишин шуд. Даштнавардон худро «сако» хонданд ва деҳнишинон онҳоро «тур» номиданд. Сакоҳо ё турҳо ҳамвора бар дигар ариёҳо – суғдиҳову балхиҳову марвиҳову ҳиротиҳову дигарон ки сарзаминашон Эронвеҷ ном дошт – метохтаанд. Ёди ҳамин тохту тозҳост ки устураву ҳамоса гашта ва дар таърихи мардуми ариёнажод ҳамчун ҷангҳои Эрону Турон ҷовидон мондааст. Чунончӣ, нафрине ки Зардушт сакоҳоро дар «Гоҳон» карда аз гаҳи бостон – «Авесто» (3300 сол пеш аз ин) ва «Худойнома» (1500 сол пеш аз ин) то «Шоҳнома» (1000 сол пеш аз ин) ва кунун замона расида аст.
    Аз ҳамон замон «тур» ва «туронӣ» бад номе шуда ва «анариё» ё «бегона» гаштаанд, гарчанд турҳо ё турон буданд ки саранҷом Эронвеҷро аз юнониҳо озод карданд ва подшоҳии Ашкониёнро бунёд гузоштанд.
    Ҳамин сакоҳо ё турониён буданд ки Суғду Балхро аз юнониҳо озод ва подшоҳии Кушониёнро бунёд карданд. Ёди ин сакоҳо дар номҳои Шуғнон (Сакнон) ва Шакошим (Сакошим) зинда мондааст.
    Гумон меравад ки бо он ҳама паҳлавониву озодсозӣ, эрониён (суғдиҳову хоразмиҳову балхиҳову сипас порсҳо) ин турониёнро дўст намедоштанд ва аз замони Афросиёб то тохту този аъроб ҳамчунон «тожик»-ашон мехонданд, яъне «чодарнишин» ва «даштнавард».
    Ҳамин «тожик» ба маънои «туронӣ» рафта-рафта «тоҷик» гашт ва номи ҳама ариёнажодон дар миёнрўдони Омударё ва Сирдарё шуд. Ин сарзаминро аз гаҳи бостон то садаҳои миёна Турон мехонданд. Масалан, дар соли 1415 милодӣ чун бинои қалъаи доруссалтанаи Ҳиротро гузоштанд, бар катибаи кошии он қасидае навиштанд дар мадҳи Шоҳрухмирзои Темурӣ ки ин се байт аз он аст:
    Аё подшоҳе ки бар рўи дафтар
    Каломе наёмад зи мадҳи ту хуштар
    Шаҳаншаҳ Улуғбеку Султон Бироҳим
    Ки ҳастанд шоистаи тахту афсар
    Якеро нишондаст бар тахти Турон
    Дигар карда аз баҳраш Эрон мусаххар.

    Медонед ки Улуғбек дар Самарканд менишаст ва Иброҳим дар Ҳирот. Чунон ки мебинед қасидасаро Самаркандро пойтахти Турон хондаву Ҳиротро пойтахти Эрон гуфтааст.
    Аз инҷо метавон гуфт ки номи дурусту таърихии кишвар ва миллати мо «Турон» ва «туронӣ» будааст.

    Бо сипоси фаровон Умед Ҷайҳонӣ

  31. Ман розиам ки мо эронинажодем, аммо харгиз форс нестем ва нахохем буд. Дар навиштачоти кухи Бисутун номхои кавмхои зиеди эронинажод зикр мешаванд аз чумла сакоихову, сугдову, бохтарихо дар баробари форсхо. Пас мо чанд хазор сол боз аз хам чудоем, ва ба вучуди он ки решаамон як решаи ориёист, аммо намешавад гуфт ки мо форсем!!!!
    Ман аввало бо таърих, фарханг, дастовардхо, санъат ва гайрай махалам, баъдан миллатам ва танхо баъд хамхунони эрониам мефахрам. Чунки ман пеш аз хама зодаи як хонадон, дуввум точик, ва танхо севуму чоруму панчум – эрониву, ориёиву бисмадонь!!!

  32. ҳақиқатан немидонам баҳс бар сар чист.агар гуфта ми шавад рудаки ирони аст манзур ирон қадим аст ке шомеле ирон фели ва тоҷикистон ва афғонистон ва …аст.месле СССР ке вақти аз беин рафт агарче ворес асли он русио аст вали аҳмақоне аст агар бегуеем ке масалан ефтехори шекаст е фошизм фақат мотеаллеқ бе русиа аст.ва масалан укроини ҳо дар он нақш надоште анд. ҳоло барои иҶод нифрат беине рус ва укроини чи беҳтар аз ин ке одами муғрез дар суханони бегуиад ке ин рус ҳо буданд ке дунио ро неҷот доданд.ҳоло ҳақиқат ин аст ке едде и ми хоҳанд монеҳ ҳамгаро ее се кешваре форси забон шаванд ва ин масаел ро доман ми зананд.ҳоло шонс оварде ид ке пантуркист ҳои ирон неми тавонанд сирилик бехонанд ва беневисанд.ин муздурони туркиа алон дар соит ҳои афғон бе исме ирони бар зедде афғон ва бе есме афғон бар зедде ирон матлаб ми невисанд.
    мо боиад дар фикре ҳамгаро ее бошим.ман ҳудуд 5 сол аст ке кетобхоне електруник форси ро роҳ андози карде ам.дар авони корам назари ин ҳо ро ҳазф неми кардам чун мотақед бе демукроси будам амма бадан фаҳмидам ке инҳо зираконеҳ қасди иҷоде тафрақеҳ доранд.

  33. Намехостам ба ин гуфтугузор ҳамроҳ шавам, аммо бархе аз суханони Дорюш маро ба ин ангеза дод.

    Шигифто, ки ӯ аз ҳамаи гуфтаҳои Абдуазими Абдуваххоб камбуди баёни ӯро мояи накӯҳиш гирифт ва на зиёдаравиҳои Маҳмуди Кавирро, ки мағзи сухан буда, барои ҳамаи мо нигаронкунандаанд.

    Агар Маҳмуди Кавир ин гуна шӯри ирондӯстӣ ва ростпарастӣ дорад, ки мехоҳад, тоҷикони ҳамзабону ҳамтаборашро аз ҳама гуна пайванде бо Фирдавсӣ бенасиб кунад, чаро дар боби дигар сарватҳои фарҳангии Ирон ҳамин гуна ошӯб намеандозад? Чаро ба онҳое, ки Куруши Кабир, Мавлавии Балхӣ, Низомӣ, Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Сӯҳравардӣ, Форобӣ, Розӣ ва даҳҳои дигарро турк, араб, қазоқ, узбак ва ҳатто тотор навиштаанду менависанд, хӯрда намегирад. Чаро ӯ ва касони монанди ӯ дар Ирон зидди онҳое, ки аз шабакаи Ҷоми Ҷам дар бораи мероси мондагори Ирон сӯҳбат мекунанду намо ва нақшаи Озарбойҷону Туркияро нишон медиҳанд, садо баланд намекунанд. Ё норозигие надоранд, ки дар филмҳои иронӣ ҳарчӣ зиёдтару зиёдтар гуфтугӯи туркию озарӣ садо дода, дар бисёре аз сериолу намоишҳои тилвизюнии ИРИБ сӯҳбат ва ё таронаҳои озарӣ таври ношоён бо форсӣ омезиш дода мешавад?

    Дар яке аз барномаҳои наврӯзии ИРИБ як нидо борҳо баланд шуд: «Наврӯз муборак. Яшасун Озарбойҷон!» Бархе аз меҳмонони тилвизюни ИРИБ дар миёни сухан андарзу мақоли худро ба туркӣ меоранд ва нишон медиҳанд, ки форсиро хуш надоранд ва эҳтиром намекунанд. Тилвизюнҳои лос-анҷелисӣ ба таронаҳои арабию туркӣ кашиши бештар пайдо мекунанд. Дар ИРИБ устоди донишгоҳ, хонум Ирони Калбосӣ шохаҳои тоҷикӣ ва дарии забони форсиро лаҳҷаҳои норасидае номид, ки дар доираи хонаводаҳо мондаанд ва чун форсии Ирон, ба гуфтаи ӯ забони тавонои илм ва адабиёт аст, бояд барои ҳамаи форсигӯён забони меъёр бошад. Ин «устод» бо шигифтзадагӣ гуфт, ки «шоир ва нависанда ва муборизи тоҷикиҳо Садриддини Айнӣ ба забони мо, ба форсӣ, шеър гуфтааст.»

    Аммо чӣ баёнеро ӯ ва пайравони вай аз миёни тоҷикон мехоҳанд, ба сари мо бор кунанд? Баёнеро, ки дар ивази вожаҳои форсии «андӯҳангез, ғамбор, ғамангез ё дарднок» бояд «мутаассифона, асаф, таассуф», дар ҷои «нишон» — «ҳадаф», дар ивази «дарун, андар, андарун» бояд «ту» бигӯем?

    Ҳангоме ки ирониёни имрӯзае чун Маҳмуди Кавир ҳазорон вожа ва вожабандӣ (ибора)-ҳои ноби форсиро дидаву дониста ё надониста фаромӯш кардаанд ва ё нодуруст ба кор мебаранд, мо аз ин лофзанҳои «забони меъёр» чиро омӯзем?

    Барои намуна онҳо вожаи «дафтар»-ро ба маънои «коргоҳ» мешиносанд, аммо «дафтар» бастаи коғазҳост барои навиштан. Саъдӣ мегӯяд:

    Дар нома низ чанд бигунҷад ҳадиси ишқ,
    Кӯтаҳ кунам, ки қиссаи мо кори дафтар аст.

    Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Анварӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ низ «дафтар»-ро ҳамин гуна ба кор бурдаанд. Масдари «монда шудан»-ро низ сокинони имрӯзаи Ирон намепазиранд. Онҳо танҳо «хаста шудан»-ро медонанд, ки дар забони Фирдавсӣ ба маънии «захмӣ шудан» омадааст. Достони «Ҷанги Рустам бо Ашкбус»-ро хонед, мефаҳмед. «Монда шудан»-ро Мавлавӣ бисёр ба кор бурдааст. Вожаҳои «нағз», «ганда», «хез», «ғалтидан», «дармондан», ки бузургони гузашта аз онҳо фаровон кор гирифтаанд, бо чӣ розе бошад, аз ёди ирониҳои имрӯза рафтаанд. Ба гуфтаи Саъдӣ:

    Ҷон, меравам, ки дар қадам андозамаш зи шавқ,
    Дармондаам ҳанӯз, ки нузле муҳаққар аст.
    Кош он бахашмрафтаи мо оштикунон,
    Боз омадӣ, ки дидаи муштоқ бар дар аст.

    Амир Хусрави Деҳлавӣ:

    Ҳар гули боло, ки бувад тозарӯй
    Ҷуз ба тарӣ з-ӯ натавон ёфт бӯй.
    Нағзии он гул, ки ба таррии мағз
    Дод ба хушкию тарӣ бӯйи нағз.

    Вожаҳое монанди «адир», «яла», «ялангӣ», «дунгӣ», «кутал», «ағба», «чумча», «уреб» ва ғайра низ аз гузаштаи дури мо омадаанд. Фирдавсӣ мегӯяд:

    Биёвард чупон ба майдон гала
    Намонд эч бар дашт аспи яла…
    \аспи сарозод\ кушода\бебанд\раҳо.

    Бовар надорам, ки Маҳмуди Кавир вожаи «яла»-ро, ки имрӯз низ дар забони мардуми мо зиндааст, бифаҳмад.

    Хуросон зодбуми забони форсии нав ва адабиёти бузурги он буда, ин мерос ҳанӯз ҳам бо мост ва ба ҳамон шакли нахуст мондааст. Пас чаро мо сарафканда бошем.

    Дар бораи вожабандиҳои «чӣ хел», «куҷода», «куҷоба», «узук», «теварак», ки Дориюш гуфта, оре, инҳо дар гӯиши кӯча садо медиҳанд, аммо «узук» ва «теварак»-ро аз тоҷикон нашунидаам, шояд узбакҳо бигӯянд.

    Дигар ин ки «чӣ хел» хеле ҳам дуруст аст. «Чӣ» –ҷонишини саволӣ барои ашё, умуман барои ҳамаи чиз ба ғайр аз одам, барои одам «кӣ». «Хел» — гуна, тарз, навъ, сон, гурӯҳ, ҷинс, бисёр ва ғайра. «Чӣ хел» хеле ва хеле ҳам тоҷикист.

    Сеюм ин ки «куҷода» ва «куҷоба» дар гуфтори кӯча ба кор бурда мешаванд, аммо на дар забони адабӣ ё навишторӣ. Лекин ирониҳои имрӯза дар забони адабии хеш аз вожаҳое кор мегиранд, ки шигифтоваранд. «Қатаған (қадаған), «кетман кардан», «хорбор», «тушак» (ба ҷои кӯрпа), «оғоҷон» (падар), «бушқоб» (табақча), «явош» (ба ҷои «оҳиста, ором), «яха, яхан» (гиребон), «учоқ» (оташдон), гелос (ҷом, финҷом), чоқу (корд) ва ҳоказо. Чунин вожаҳои асосан туркӣ ва арабию инглисӣ дар забоне, ки соҳибонаш онро барои ҳамаи форсизабонон забони меъёр карданиянд, хеле зиёданд, чӣ расад ба арабзадагии баён. Гоҳе бо ҷумлаҳое рӯбарӯ мешавем, ки ба ғайр аз пешванду пасванд саропо арабиянд ва ҳамаи инро мо аз родиёву тилвизюни онҳо мешунавем ё дар навишторашон мехонем.

    Ростӣ, чизи зиёде барои омӯзиш низ ҳаст ва набояд ҳамаи манзараро сиёҳ ранг кард, аммо худхоҳӣ ва бедодӣ ирониҳоро намегузорад, ростро бубинанд ва бишиносанд. Ин вижагии онҳо дар оғози соли 1992 ошкор гашта буд. Ҳине ки донишмандони Тоҷикистон ва Афғонистон дар анҷумане дар Теҳрон пешниҳод карданд, ки истилоҳот ва меъёрҳои истилоҳсозӣ дар ҳарсе шохаи як забон ҳамсон карда шавад, ирониҳо инро напазируфтанд ва чунин ҳавобаландии салтанатхоҳона ҳамон пойдор асту ба дарозо мекашад.

    Ман бисёр хушнуд мешудам, агар ҳамзабонони мо ба талошҳои ҳамҷӯрӣ ва ҳамоҳангии бародарвору баробар ба хотири рушди забони ягона нерӯ медоданд ва дасисаҳои ҳамсон ба кори Маҳмуди Кавиру Ирони Калбосӣ ва дигаронро хунсо мекарданд. Аммо агар ин қадар иронхоҳӣ доранд, нахуст аз вайрон шудани забони худ пешгирӣ мекарданд.

    Рост ин аст, ки мехоҳанд ё намехоҳанд, Фирдавсӣ тоҷик аст. Ва ҳар шоире, ки дар Хуросони Бузург зиста, бо сабки хуросонӣ, на сабки озарӣ (имрӯз гурӯҳе даъво дорад, ки дар форсӣ сабки озарӣ ҳам будааст) шеър гуфтааст, тоҷик аст. Форсии нав аз Хуросони бузург сар задааст. Дар оли Сомон, ки пойтахташ Бухоро буд. Фирдавсӣ ҳам навиштани «Шоҳнома»-ашро дар ин замон оғоз кардааст ва дар ҳамин хок мезисту аз ҳамин ҳаво нафас мегирифт.

  34. Хоҳари арҷуманд, Нигина!

    Ташаккур аз заҳмати Шумо. Вақте нома ин гуна тӯлонӣ шуд, беҳтар буд, онро ба номи ман мефиристодед, то ба таври ҷудогона нашр кунем. Ҳайф аст, ки дар ин ҷо шояд ба чашми ҳамаи ҳамАндешон нарасад.

    Агар мухолиф набошед, номаи Шуморо ба ҳайси як матлаби мустақил дигарбора дар худи сафҳа мунташир намоем.

    Дӯсти меҳрубон, Боқир!

    Сипоси бекарон Шуморо, ки ҳарфи сириллик омӯхтаед ва дар ин баҳс ширкат мекунед. Ҳадаф аз ин баҳс тафриқаангезӣ ва хусумат набудаву нест, балки ҳамАндешон мехоҳанд, ба умқи масъала сар зананд ва аз тариқи баҳсу бархӯрд асли матлабро ба даст оранд.

    Ба ҳайси сардабир ман ба худ иҷоза намедиҳам, номаҳоеро, ки шояд аз онҳо хушам намеояд ва дақиқан ба бисёре аз изҳориназарҳо ҳамАндеш нестам, вале бидуни нашри ақоиди мухталиф баҳси мо бонатиҷа нахоҳад буд.

    Саломат ва сарбаланд бошем!

  35. Воқеъан, боси шармандагист, ки мо ин ҷо бар сари ҳамин масъала ин қадр баҳс мекунем. Ангор воқеъан, пешбинии ман дуруст баромад, ки чунин чизҳо аз тарафи душманони мо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
    Дорюш ва Боқири Китобдори арҷманд, хеле аз шумо сипосгузорам.

  36. Зимнан, дар бораи серёли «Шукрона» ба Aryaram гуфтанӣ ҳастам, ки ба назар менамояд шумо он сериёлро пурра тамошо накардед. Бо тамоми камбудиҳое, ки ин серёл дошт, он як будани моро нишон дод. Он ҷавон аз Теҳрон омад то хеши гумгаштаи худро пайдо намояд, яъне порае аз худашро ва чунин ҳам ҳаст. Фарқ миёни мо нест. Дар охар, ӯ мегӯяд, ки Душанбе порае аз меҳанаш аст.

    Масъалаи дигар он аст, ки зоҳиран бисёрӣ ин ҷо намедонанд, ки озариҳо ҳам эронӣ ҳастанд ва турк-нажод нестанд.

    Пузиш, ки ду паёми ҷудогона мунташир мекунам. Якумашро нохоста ирсол намудам.

  37. Ромин, паштунҳо ҳам эронинажоданд.

  38. Ромини азиз,

    агар озариҳо иронинажод бошанд, чаро туркпарастӣ мекунанд ва на бо форсӣ, балки бо туркӣ ишқ меварзанду ифтихор менамоянд? Чаро талош мекунанд, дар ҳар мавриди мумкин забони туркиро мақоми бештар бидиҳанд?

  39. Сироҷиддини гиромӣ,
    ононе, ки мо имрӯз «паштун» мехонем, гурӯҳҳои хеле мухталифанд. Аслан, чунин як гурӯҳи этникие вуҷуд ҳам надорад. Танҳо чизе, ки онҳоро мепайвандад, забони эронии пашту аст, ки қабул намудаанд. Аз онҳое, ки пашту ҳарф мезананд, танҳо абдолӣ (дурронӣ)-ҳо ва ғилзоиҳо эронӣ ҳастанд. Мутаасифона, абдолиҳову ғилзоиҳо зери таъсири шадиди Бритониё ва имперёлист қарор гирифтаанд.

    Нигинаи азиз,
    озариҳо воқеъан эронӣ ҳастанд ва фарҳанги эронӣ доранд. Албатта, забони модарии онҳо туркӣ шуда, ки тадриҷ мақоми он дар Озарбойҷони Эрон пойин меояд. Озариҳо дар Эрон аз меҳанпарасттаринҳои эрониёнанд. Вале ба ҳеч ваҷҳ наметавонем онҳоро ғайри эронӣ хонем. Дуруст, мисли мардуми Фарғона ё ургутиён, ки эронианд, вале забонашон туркӣ шуда. Ин дар ҳолест, ки бештари мардуми Озрабойҷони Эрон забони туркиро канор гузошта, ба порсӣ мегараванд. Дар филмҳои эронӣ, ки бархе вақт туркӣ корбурд мешавад, барои он аст, ки филм бояд ба ҳақиқат наздик бошад. Вақте Озарбойҷонро нишон медиҳанд, бояд ҳақиқатро бубинед.

    Ҷумҳурии Озарбойҷон воқеъан ҳам аз понтуркистони сарсахт аст. Вале онҳо ҳам, албатту эронӣ ҳастанд, ки аз тариқи русҳо хеле хуб шустушӯйи мағзӣ шудаанд. Вақте, қисмате аз Озарбойҷон зери тасарруфи Имперотурии Русия медарояд, Русия фаровон аз пон-туркистон истифода мекунад, ки шумо туркед, на эронӣ.

    Агар озариҳои Озарбойҷон воқеъан туркпараст мебуданд, пас чаро вақте ба кишварҳои ғарбӣ меоянд, бо туркони Туркия ё ӯзбакону қазоқону дигар туркони Осиёи Миёна ё бо Озариҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон сарукор надоранд, балки бо ҳамаи эрониён (аз он ҷумла тоҷикон). Ҳатто вақте танҳо як забонро (туркӣ ё порсӣ) дар хонавода бо бачаҳояшон метавонанд нигоҳ доранд, бо бачаҳояшон порсӣ гап мезананд, то туркӣ.

  40. dar borai navishtai sharmovari ” mahmudi kavir ” mekhostam biguiam ki in harfho bi poyavu asos ast va nishongari noogohii on mardak meboshad . ba kavli dariush ” charandiyot ” bud.
    man shumo ro ba khondani in navishtor faro mekhonam to bubinid ki didgohi hamai ironion hamchun mahmud nameboshad . ( navishtor ba dabirai porsist )

    http://iranshenakht.blogspot.com/2007/06/blog-post_4748.html

    boz ham on navishtai mahmud ro mahkum mekunam va umedvoram ki ba dil nagirifta boshed.

  41. Дӯсти азиз, Муҳаммад Ҳусейн!

    Аз ин навишторатон воқеъан хушҳол шудам. Хоҳиш мекунам, шумо ҳам аз ҳарфҳои бе пояи бархе аз ҳамқавмонатон озурда нашавед. Ин ҳама аз нодонӣ ва шустушӯйи мағзии чандин солаи шӯравист.

    Бо арҷи сипос.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: