Ҳукумат барои халқ аст ё халқ барои ҳукумат?

Худпарастии ҳукуматдорони Тоҷикистонро дида кас як хаёл мекунад, ки миллати мо ба ду гурӯҳҳои бузург тақсим шудааст. Як тараф раисиҷумҳуре дорем, ки аз тарзи давлатдории худаш кайф мекунад ва дар осмони ҳафтум мегардад. Вай мавҷудияти халқро эътироф мекунад, аммо фикр мекунад, халқ танҳо барои он вуҷуд дошта метавонад, ки дар пеши ӯ таъзим кунад ва барояш мадҳу сано бихонад. Аз байни ин халқ наздиктарин одамон барояш аҳли оила, хешу табор, қудову қинғола ва ҳамдеҳаҳояш азизу мӯътабаранд. Дигарон як пули пучак арзиш надоранд.

 Як тараф халқ аст, ки дар пайи як луқма нон медавад, писаронаш ҳамагӣ дар Русия мардикорӣ мекунанд, занони бева дар бозорҳо менишинанд, кӯдакон ароба мекашанд ё селофан мефурӯшанд. Ҳатто онҳое, ки илоҷе карда, пораи ноне ёфтаанд, ором нестанд, чашмонашон ба чашми мурдаҳо монанд аст ва агар ба ҳар сӯ менигаранд, фақат ба як мақсад, ки шояд тамаъе ба дасташон биафтад.

Табақае ҳаст, ки парвои чизе надорад ва роҳ барояш дар ҳама ҷл кушода аст. Табақае ҳаст, ки агар имрӯзро ба шаб расонд, шукр мегузорад, ҳарчанд намедонад, фардо чӣ хоҳад шуд.

Бадбахтӣ ин аст, ки агар адлу дод вуҷуд медошт, ашхоси боистеъдод ва арзанда зиндагии беҳтаре медоштанд ва афроди бефаҳму танбал ба машаққат гирифтор мебуданд. Амалан ҳама чӣ сар ба пост. Арзандаҳо зиндагии сахт доранд, бефаросатҳо кайфу сафо.

Ҳукумат бояд ин адлу инсофро ҷорӣ кунад, вале танҳо замоне чунин корро карда метавонад, ки барои мардум ва азони мардум бошад. Ҳукумат бояд аз халқ ҷудо набошад. Амалан ин тавр аст, ки ҳукумат азони як кас аст ва ҳамаи вазирону раисон ба як кас таъзим мекунанд, ғами хушии як касро мехӯранд. Онҳо мисли қавми бегонае ҳастанд, ки подшоҳ аз мулки дигар овардааст, то кишварро идора кунад. Онҳо забони танҳо подшоҳро медонанд, забони халқ барояшон нофаҳмо ва бегона аст. Онҳо фақат ба як кас ҳисобот медиҳанд, на ин ки ба халқ. Барои ҳамин ин ҳукумат аз халқ ҷудо, дур ва бегона аст. Моли шахсии як кас аст.

Агар ин тавр нест, кадом вазирро дидаед, ки дар байни халқ ва раисиҷумҳур халқро болотар гузошта бошад? Ё ба забони ҳол бигӯяд, ки вай вазири Раҳмон не, вазири миллати Тоҷикистон аст? Пас яқинан ҳукумати мо барои халқи мо нест, балки халқи мо маҳз ва фақат барои он вуҷуд дорад, ки ба ҳукумат ҳамин хел даркор шуда мондааст. Агар чунин намебуд, ҷони ҳар як шаҳрванд барои ин ҳукумат ба нархи гаронтарин ҳисоб мешуд. Ҳол он ки ба гузоришҳои байнулмилалӣ шумораи таваллуд дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш аст ва ҳамзамон шумораи марги атфол дар баландтарин сатҳ. Тоҷикистон аз нигоҳи марги кӯдакон дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Ҳалокати муҳоҷирони тоҷик низ пинаки ҳеҷ яке аз аъзои ин ҳукуматро вайрон намекунад. Бо нишондоди Русия, ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад, иқтисодиётро равнақ диҳад, зеро Русия аз нерӯи арзони кор маҳрум мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар тамоми шароитеро сохтааст, ки одамон маҷбур ба тарки ватан шаванд. Тоҷикистон ба Русия роҳсоз мефиристад, аммо худаш аз Чин роҳсоз меорад.

Аксари мушкилоти кишвар ҳалшаванда аст, аммо ин ҳукумат барои ҳалли мушкилот коре намекунад ва шиораш ин аст, ки «чӣ қадар бад бошад, ҳамон қадар ба мо хуб». Ҳукумат фақат як мушкил дорад, ки амният аст. На амнияти мардум, балки амнияти раисиҷумҳур ва қудрати бебаркаш, аммо барои халқ бефоидаи ӯ. Амнияти аҳли оила ва хешутабори вай. Пас чигуна мешавад гуфт, ки ҳукумат барои халқ аст?

15 Responses

  1. Дуруд Рустами азиз.
    Шумо ва хонандагони бешумори Андешаро ба сафҳаи нави «Чароғи рузгор» хайра мақдам мегуйем. Фурсате доред, ба сомонаи мо сар бизанед.
    Бо арч Набиюллоҳи Суннатй

  2. Ракси яккаи Э.Р. дар навохии минтакаи Рашт ва даст пеши бар уро Офтоби Шарк номидани мардуми зиндамондаи инчо бори дигар нишон дод, ки халк барои хукумат аст. Тамом вассалом! Брен, дар кучое, ки арз мекунен, каадаан гире!!!

  3. Сафдари азиз, зинда бошй.
    Ба худо мо ин дустон навиштаи шуморо хонда шикамсерй хандидем. Шахсан мо ба ягон чо баъди ин гапи шумо арз бурда наметавонем.

  4. Эзох: Маъзарат, ин чо

  5. Safdar, salom!

    Az in navishtaaton maqsad va matlabaton rushan nest, afsus. Shumo mardumi bechorai khudro mazoq medihed yo «rohbari gumrohi» imruzai kishvarro?

    Agar sharh doda tavoned, siposguzor khoham bud.

    — Botur
    holo az Vermont, IMA

  6. Muhtaram Safdar,

    Mo digar ba kujo arz kunem, joe baroi arz kardan namondaast. Faqat az Khudovandi buzurg mekhohem, jazoi munofiqon va duzdonro bidihad.

    Aslan, mo kaihost, Tojikistonro ba shumo makhshidem, bubinem, chi mekuned va to kujo khudro dar najas gharqa megardoned!

  7. Бародарони азиз.
    Ана хамин мардуми «бечора» бо ин хуи гуломии худ Э.Р.-ро ба сари худ ШЕР (на Шрек) кардаанд ва акнун дар назди у бо тамаллуку курниш ва тарсуи «дум»-у (бубахшед) кун мечунбонанд: Шох, Шоханшох, Исмоили Сомонии сонй, зеботарин подшохи руи Замин, падари миллат…
    Ман ба хамин миллате, ки як чинояткорро, ки хатто банди дор уро арзанда нест, падари худ ва шавхари модари худ медонад, аслан намедонам, ки чи бигуям!
    Гапро зиёд намекунам, магар намешуд, ки акаллан чавонмардони Гарму Точикобод хамон руз ба нишони эътироз умуман аз хонахояшон намебаромаданд?! Арвохи шахидони гулгункафан мезанад ин беномусонро. Боз ин бачаякони аз дасти хамин резидент ятимшуда дар васфи Э.Р. шеър мехонанду худашонро медаронанд!
    Боз Зафар Нозиме, ки хонаашро дар Олий Совети нохияи Ленинский сагони хамин Э.Р. сухта буданд, дахюсона ва мурда-мурда дар пеши вай дар Чиргатол суруд хонд! Ин беномус боз «Эй рахбари ман, эй сарвари ман» гуфта суруд хам мехонадо!
    Чурабеки Муродро бахшидан мумкин аст, вале Зафар Нозиме, ки боз ба хамин наздикихо писари чавонмарги хунармандашро ба хок супурда буд, чи гуна мешавад бахшид?
    Ман дилам мекафад, мардум! Охир, кай Инсон мешавед?!! Шуморо аз ин бадтар боз чи кор кунанд, ки Инсон мешавед, хо?!
    Ин зиндагй як бор аст, як бор! Мефахмед?! мардонаву инсонвор ва бо сари баланд бояд зист.
    Агар боз хам матлабамро нафахмида бошед, гуед, ман содатару фахмотар карда менависам.
    Коре накунед, ки баъди мурданамон насли оянда бар мо лаънат хонад.
    Саломат бошед ва хам Мард.

  8. Дуруд бар ҳамагон!
    ҲамАндеши арҷмандам Сафдар!
    Имрӯзҳо мардум бештар дар ғами нону ҷон аст то дар андешаи ному нанг. Ангуштшуморанд касоне ки омода бошанд аз ҷони ширини худ баҳри мафҳумҳое чун «озодӣ», «истиқлол» ва ё «ному нанг» даст кашанд. Онҳое ҳам ки ҳастанд ҳануз чандон аз ҷон басер нашудаанд ки даст ба гиребони Раҳмону раҳмониён зананд. Бархе бар ин андешаанд ки ҳаргуна таниш бо режими Раҳмон ба ҷанги тоҷиккушӣ меоварад. Аз ин рӯ ин оромиро ғанимат шумурдаанд ва дар паи кору бори худ ҳастанд.
    Мардуми тоҷик ба ин ҳукумат на дилбанд ҳасту на пойбанд. Ҳукумат ба сари худ зиндагӣ дорад ва мардум ба сари худ рӯз мегузаронад. Ин ду гурӯҳ ҳеҷ пайванде ба ҳамдигар надоранд. Танҳо косалесону резахӯрони хони Раҳмону атрофиёнаш ҳастанд ки умед ба ин ҳукумат дорад. Дигарон кайҳост ки умед ба худу Худо бастаанд ва чашм ба рӯзе ҳастанд ки ин ҳукумат сарнагун шавад то он сангеро ки замоне «фронти халқӣ» бар сараш кӯфта буд бар сари Раҳмону «фронтивик»-ҳояш зананд.
    То шумори касоне чун Сафдар дар кишвари мо бештар нашавад, дигаргуние нахоҳад шуд. Беҳтар гӯям ки то шумори «азҷонбасерон» бештар нашавад Раҳмон ҳамчунон «Шоҳ, Шоҳаншоҳ, Исмоили Сомонии сонй, зеботарин подшоҳи рӯи Замин, падари миллат» ва «сояи Худо дар Замин» хоҳад буд.
    Эй кош Худованд ин «соя»-ро зудтар аз сари мо гирад…

  9. Дуруд бар ёрон!

    Ба назари банда ин ҳукумат чанд чизро намехоҳад:

    1. Таҳсилу ихтисос гирифтани ҷавононро (баста шудани бисёр донишгоҳу донишкадаҳо, пахтачинии маҷбурӣ, коста ва иваз шудани барномаҳои таҳсил, коррупсия дар соҳаи маъориф).

    2. Пулдор шудани мардумро (душвории бизнеси озод, тамаркузи сармоя дар дасти як оила ва як гурӯҳ, андози печида ва фасодолуд, коррупсияи бепоён)

    3. Сиёсӣ шудани одамон (манъи таҷаммӯъ, тазоҳурот ва петитсия, фишор ба матбуъоти мустақил, намоишҳои аблаҳкунандаи телевизионҳои давлатӣ, маҳдудияти фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ, интихобҳои дурӯғ, коррупсияи сиёсӣ)

    Хуб, пас ин ҳукумат чӣ мехоҳад?

    1. Бо камтарин маъош ва пораи нон қонеъ будану аз фарҳанг ва сиёсат дур будани аҳолӣ.

    2. Муҳоҷирати насли фаъъол ба Русия ва кишварҳои дигар.

    3. Дар маҳбас ба сар бурдани сарварони эҳтимолии мардумӣ.

    4. Мурдани сартосари тоҷикон.

  10. Бародарони арчманд,

    Максад бештар ефтани рохи халли мушкилоти ватани азизи мост, вагарна авзоъ хамаруза дар пеши чашми мост ва бисере аз андешахои шумо гайрикобили инкоранд. Масъала ин аст, ки ба умеди худо шавем, аммо буттаро низ фаромуш накунем.

  11. Чаноби Сафдар,
    Ман нафахмидам-барои чи Чурабек Муродовро бахшидан мумкин будааст? Шояд манзуратон он аст, ки хушомадгуйи ва косалеси аз кадим пешаи ин хунарпеша буд?

  12. Salom ba hama …

    Namedonam chi guyam , vale hamin hel hastay . Amo charo meguend ki mumkin nestay inro hal kardand.Mardumi mo hele be umed hastay , mo boyad umedi kalon kunem ki holo Raisi inhel ne mo boyad ba vay habarhoy negativne ne bale pozitivniro dihem ki hudash fahmida hamin hel korro barad.Charo chavononi mo hapu dam megardand boyad az onho yak tarafi hud nishon dihi ham boshad,Holo dar har yak shahraki Tojikiston hamin hel chavonon hastay ki yak fikri beshraviro namekunand,Fakat kachatsya va kiro zanam….
    Bo meguem ki Rais aybdoray …..

  13. Бародарони азизу гиромй,

    Пеш аз ҳама як чизро қабул кунед, ки ҳар шахс ба доштани фикри худ ва гуфтани фикри худ ҳақ дорад.

    Шумо метавонед, ин фикрро ё қабул ё рад кунед. Аммо набояд ҳеҷ касро танқид кард, ки чаро ин хел фикр мекунад ва чаро монанди мо фикр намекунад.

    Инчуни хуб аст, агар ҳар фикру андеша бо далелҳо гуфта шавад, на ин ки аз рӯи кинаву ҳасад ё бадбинии шахсй.

    Саломат ва сарбаланд бошед.

  14. Сафдари азиз,

    акун чува ки мана фахмида мешудаст ? ман ин кинояя чи хел фахмам ? Ман як хает Халки азизам ба хизмат кардам ва Мекунам халки азизама !! , Ин аз даруни калб мебиеяд ин , хар кас бам ин хел хокшапи муяссар намешавад , ин баям хунар даркор , шумо мана ин хел диккат накунед охи

  15. Устод Чурабек!

    Аз ин гапхои майда-чуйда хафа нашавед. Холо вакт дар пеш аст, Шумо ва чанд нафари дигар хатман дар курсии чинояткорони саркардаи чанги шахрванди дар Точикистон мешинед, хамон вакт баъд мегуед барои чи Шумо як санъаткори олидарача то ба ин пасти расидед.
    Хозир торатонро гирифта дар назди чаноби олиатон хондан гиред, устод!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: