Табаров ҳақиқатро табарвор мегӯяд

Ҳабибулло Табаров, ки мегӯяд, дар ташкили ҳукумати баъдиҷангии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст, дар мусоҳибааш бо ҳафтаномаи «Миллат» баъзе тафсилоти истеъфои президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмоновро ошкор кардааст.

Вай ба хабарнигор Толибшои Саидзода гуфтааст, дар рӯзҳои иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд дар раъси гурӯҳе аз вакилони ин шӯро ба манзили Набиев рафта, пас аз чандин соати гуфтушунид ӯро қойил кардааст, ки аз мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон истеъфо диҳад ва ҷойро барои намояндаи Кӯлоб холӣ кунад.

Табаров мегӯяд, бо вуҷуди ин дар худи иҷлосия Набиев чандин бор аз иҷрои ин ваъда саркашӣ кард ва афроди гуногуне ӯро ба кабинетҳои алоҳида бурда, мавриди фишор қарор додаанд. Ҳатто пас аз ин «сӯҳбатҳои дӯстона» ҳам Набиев нахостааст, истеъфо бидиҳад.

Онҳое, ки суханронии Набиев дар иҷлосияро аз тариқи Телевизиони Мардумии Тоҷикистон дида буданд, дар ёд доранд, ки Набиев тайи сӯҳбати яксоатааш ҳарфе аз истеъфо назад. Танҳо пас аз танаффус ва бо Э. Раҳмонов ба паси парда рафтани Набиев, дар суханронии баъдияш аввалин президенти ба таври умумихалқӣ ва нисбатан демократӣ интихобшудаи Тоҷикистон аз мансаб даст кашид.

Суханони нави Ҳабибулло Табаров бори дигар исбот мекунанд, ки Набиев маҷбурӣ ва дар зери фишор ба истеъфо рафт, ки қонунӣ буда наметавонад. Худи вакилони порламон истеъфои қаблии Набиевро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳафтае пеш аз иҷлосия барои он ғайриқонунӣ шумурда буданд, ки дар зери фишор ба амал омад. Аммо байни ду истеъфои Набиев — дар фурудгоҳи Душанбе ва дар Кохи Арбоб на аз лиҳози қонун ва на аз ҷиҳати ахлоқӣ фарқияте вуҷуд надорад. Агар дар фурудгоҳ як даста силоҳдорон ҳузур доштанд, Кохи Арбоб дар иҳотаи нерӯҳои Русия ва Ӯзбакистон буд ва дар худи иҷлосия садҳо қумондону мусаллаҳони хунмаст ширкат мекарданд. Зимнан оқои Табаров инро ҳам иқрор мекунад, ки иҷлосия дар фазои тарсу ҳарос ҷараён дошт ва ҳарфи аввалро дар он қумондонҳо, махсусан Сангак Сафаров мезад.

Як нуктаи дигари ҷолиби ин мусоҳиба ба он дахл дорад, ки Табаров дар манзили Раҳмон Набиев далел овардааст, ягон нафари ленинободӣ нарафт силоҳ ба даст бигирад ва дар сангари ҷанг биистад, биноъан Набиев ба ҳукумат ҳақ надорад ва «мо акнун бачаи худамонро» ба сари ҳукумат мемонем. Ин тухмаи маҳалгароиест, ки аз он ҳукумати раҳмоновӣ ба дунё омад ва то ҳоло ҳамин роҳро давом медиҳад. Ин сарчашмаи сиёсатҳои онвақта ва имрӯзаи давлатдории навини тоҷикон аст. Локин Табаров иштибоҳ мекунад. Ғалабаи асосии Ҷабҳаи кӯлобиҳоро на худи кӯлобиҳо, балки русҳо ва ӯзбакҳо поя гузоштанд. Аз рӯи мантиқи оқои Табаров мебоист ягон рус ё ӯзбак раҳбари Тоҷикистон мешуд.

Ҷанбаъи дигари ғалати Табаров ин аст, ки асоси пирӯзии кӯлобиҳоро дар ҷанг Маҳмуд Худойбердиеви ленинободӣ таъмин кард. Агар вай чаҳор тонкро аз полки 191-и Русия дар Қӯрғонтеппа «намедуздид» ва ба ҳуҷум намеовард, Сангак ва афроди ӯ ҷуръате намекарданд, аз Калининобод берун бароянд. Шӯришҳои баъдии Худойбердиев низ эҳтимолан ба ин сабаб сар заданд, ки вай аз «ҳаққи хизмат» норозӣ монд. Пас агар фалсафаи «бартарии нерӯ» ё «ғалаба дар ҷанг»-и Ҳабибулло Табаровро ба назар гирем, мақоми аввал мебоист ба касе тааллуқ мегирифт, ки Маҳмуд Худойбердиев ӯро таъин мекард, на Сангак Сафаров.

Хулоса, ташаккур ба Ҳабибулло Табаров, ки пеш аз реҳлат ба он дунё ин суханонро ошкоро баён кард ва нишон дод, ки ҳукумати баъдиҷангии Тоҷикистон на аз лиҳози қонунҳои давлатдорӣ қобили қабул буд ва на лиҳози қонунҳои ҷангал.

20 Responses

  1. Дар «СССР» матлабе дигаре аз полковник Иброхим Исмоилов (агар исмашро иштибох накарда боам), собик фармондехи Горди миллии Кулоб нашр шудааст, ки он чо руйрост хамкорихои Фронти Халки бо Русия ва Узбакистонро мегуяд. «Андеша» агар он матлабро хам хонда он навиштахоро ин чо чой дихад, ба фикрам, кори хуб мешавад.

  2. Эмомалй Рахмон(ов) ба ин суханхои Табаров чи мегуфта бошад?

  3. Ташаккур дусти азиз.

    Мутаассифона ин маколаеро надидаам. Лутфан агар торихи нашри онро менавиштед, банда метавонистам онро пайдо ва дастраси дустон намоям.

  4. Banda in guftuguro rui tornomai Millat khondam va rosti vujudam ba larsish omad. Ogjoi Tabarov dar borai kirdorhoe, ki vahshonizatand, bo zak osoni va sabuki sukhan meronad. Guyo hasero shamol najunbondaast: «Sohibnasarovro majburona libosi sanona pushonidand va ba raks andokhtand, Sangak omad va tire ba peshoniash sad; ba istejfo raftani Rahmon Nabiev; kushtori khalki begunoh; va vatanfurushii hukumati imruz.»

  5. Самаки азиз,

    Дар мавриди либоси занона сухан на аз Сохибназаров, балки Qадриддин Аслонов меравад. Ин номарди, ки нисбати Аслонов шудааст, садсолахо фаромуш нахохад шуд ва мавриди лаьнат карор хохад дошт.

  6. Махмуд Худойбердиев хеч гох худро ленинободи нагуфтааст ва намегуяд. Ин навиштаи муаллиф, «М.Худойбердиеви ленинободи» дуруги махз аст!
    Махмуд Худойбердиев яке аз фарзандони миллати точик аст, ки худ дар Вахшонзамин ба дунё омада, решахояш аз Устурушани бостонианд.

  7. Barodar Iftikhor,

    ammo iqror mekuni, ki Mahmud Khudoiberdiev xudro namoyandai shimoliho meshumorad va tarafi shimolihoro megirad.

    Duyum in ki vai tojik ne, balki uzbek ast. In gapro qabul mekuni?

  8. Сирочиддин, бародари азиз!

    Точик – точик аст, агар шимоливу чануби мегуи, яъне ки он миллат нест. Агар бо хамин рохи рамони рави, окибаташ бедавлативу чугигари туаллеттозакунихо дар метро ва бозорхои Москва. Ба назари ман, яъне ба акидаи як точик, ин гапхо аслан кухна шудаанд, бародар. Нигох кун,миллат дар дами тег истодааст: ё ин тараф, яъне бо рохи созандаги ва иттиход ё он тараф, чи тавре ки президент Рахмон заминхоро ба Хитой ва Киргизистон фурухт ва як оила 17 сол боз миллатро гулом карда гирифтааст бо хамин гапхои игвоангези «шимоливу чануби» чи хохад бо ин миллат, мекунад ва боз 170 сол хуни миллати точикро мемакад.

  9. Махмуди алайхи лаъна як авлодаш аз Уротеппа буда авлоди дигараш узбак аст. Вай хануз соли 1992 бо чосусони Узбакистон рафту омад дошт. Вай хоини миллат аст.

  10. Аз ин суханҳо бӯйи маҳалгароӣ меояд. Чӣ фарқе дорад Худойбердиев аз куҷои Тоҷикистон аст? Танҳо як чиз мушаххас аст: ӯ як хоини миллат аст, ки бо нерӯҳои бегона алайҳи миллати худ кор мекунад.

  11. Салом ба мехмонони АНДЕША.
    Ман низ хело мутаасифам, ки ин матлабро дар МИЛЛАТ нахондам. Аммо як чиз бароям рушщан гардид, ки навиштаи боло танхо ба хотири махалгарои дар АНДЕША нашр шудааст. То ин руз ин сомонаро як талошгари аз байн бурдани махалгароиву махалчиги ва ба як неруи вохид табдил додани тамоми намояндахои минтакахои Точикистон мепиндоштам ва хатто дуст хам медоштам, аммо чун имруз аён мешавад, ки онхо низ дар навиштахояшон ба кавле «зада»-ро махз руйи махал меоранд……
    Ба хар сурат ман умед дорам, ки хар нафар бо заковати худ амал мекунад.

  12. Ба бародарон Ромин ва Махбуб. Ман узр мепурсам.ки шояд чумлаи аввал каме хато баромадааст. Вале ман «зада» ро
    дар чумлаи охир задани будам.
    Саломат бошед.

  13. Pas baroi shumo farqe baini uzbaku uroteppagi nest. Boyad hamin khel fahmid? In ast simoi haqiqii hamai shumo!

  14. Бародарони азиз,

    Агар хакикат ба шумо сахт расида бошад,узр ва маьзарат, аммо ин чизест ки хамаи мо хар руз дар зиндагии худ мебинем. Сарчамьи танхо ваqте мешавад, ки хакикат бошад. Халки мо гуфтааст — ростию дусти.

  15. Дуруд бар ҳамАндешон
    Аз хондани мусоҳибаҳои «Миллат» бо Ҳабибулло Табаров ва Абдуваҳҳоб Воҳидов «з-он «раҳбарони» сустаносир дилам гирифт, Шери Худову Рустами Дастонам орзӯст».
    Бардошти бархе ҳамАндешон аз навиштаи Рустам чандон дуруст наменамояд. Ман бар ин гумонам ки дар ин мусоҳибаҳо сиришти «раҳбарону чаҳбароне» ошкор шудааст ки дар он рӯзгор бозичаи дасти Русия ва Узбакистон гашта буданд. Ҳамонҳо буданд ки ҳавои «тоҷу тахт» кӯрашон карда буд ва хости худро бартар аз хостаҳои миллату кишвар гузоштанду тоҷику Тоҷикистонро ба хоку хун кашонданд.
    Дареғо ки ҳанӯз ҳам ҷавонони мо ростро аз дурӯғ намешиносанд ва ба ҷои он ки гунаҳгорони аслии ҷанги тоҷиккушро бишносанд ва ба додгоҳ кашонанд, ҳамдигарро ба маҳаллгароӣ ва маҳаллситезӣ мутаҳҳам мекунанд. Гунаҳгор дар он ҷанг касоне буданд ки бар сари кишвар нишаста буданд ва ё ҳавои сарварӣ дар сар доштанд. Ҳамин ду гурӯҳ буданд ки даст ба гиребон шуданд ва Русия ва Узбакистон низ пуштибони яке аз онҳо шуд ва дар натиҷа ХУНИ МО рехта шуд.

  16. Сирочидин, агар «точики ту» хамин лакаи мугулбашараи дангарагие, ки 200 хазор точикро кушта, 3 миллион точикро ба гуломи ба хорича фиристодааст, бошад, ман тарафдори узбаки мисли Турсунбой Улчабоев, котиби якуми КМ ПК ЧТ, ки номи Точикистон ва обруи онро дар микёси чахони бардошт.
    Мефахмам ту баринхоро, ки ба гайр аз рахбарии лакаю мугулхои дангараги чизеро надидед, ва бо идеологияи лакаи-мугули 17 сол боз зиндаги мекунед, ва тафаккуратон аз чахорчубаи лакайхои Дангара берун нест, чи чои бахс кардан. Нав пойтахтро дидед, Душанбеи нозанинро сохиб шуда, дар як муддати кутох ба ахлоттудаи Дангара табдил додед, мефахмам шумоёнро. Танхо Чингиз дар таърих ин корро ба точикон раво дида буд, Рахмонат дуюм аст, ки даст ба ин кор зад.
    Чашматро кушо, бародар, дар тамоми дунё кихо рахбаранд? Тотор дар Русияи бузург вазири корхои дохилии ин кишвар, як зани казок дар як кишвари пешрафтаи Урупо вазири як давлат, як эрони сарвари НАСА (Барномахои кайхонии Иёлоти Муттахидаи Америка), чи чои гап, фоида надорад. Имруз гуломи лакай-оила, фардо гуломи кишвархои хамчавори мугуливу чини мешави, баъд он вакт, бахсатро ба забони мугуливу чинои давом медихи….

  17. Бо шахсе вохурдам, ки собик судмедэкперт буда, айни хол дар Руссия кор ва зиндаги дорад.Аз гуфтаи у Рахмон Набиевро бо снайпер парронда кушта будаанд. У бо марги худаш намурда аст. Хангоми муоинаи часади у танхо ин мард ва як экперти дигар , ки айи хол дар кайди хаёт нест иштирок доштанду халос. Максад гирифтани хокимият. Кури Табарро аз давра берун карданд, акнун бо ин сафсатадевони худ «пиар» кардани аст. Мехостам, Кури Табар дар бораи дуздихояш аз комбинати шири шахри Душанбе нависад. Давлати мо чугихона аст, чаноби Рахмон кишвар ба кишвар гашта ёри мепурсад, пул гуадои мекунад, атрофиёнаш онро медузданд. Он нангу номуси миллие ки дар борааш суханрони мекунанд, кайхо нест.Хайфи когазе, ки дар он дар бораи корнамоихои «зери домони зан будагон» дар ин чанги бемаъни менависанд. Чанобон пули худро барои махви бесаводи дар чумхури, барои бечорагони гирифтори касалии сил будаи нохияи Восеъ сарф кунен.Он гох худро кахрамон шуморетон, ахсан ба Шумо хохад буд. Барои ки китоб менависетон,? барои насле ки хату савод надорад.? .

  18. Бывший директор совхоза Рахмонов, нынешний президент Таджикистана Э. Рахмонов оказался еще и очень плодовитым. Еще недавно о любимой дочери президента – Тахмине Рахмоновой, никто и не знал, а теперь она – новый олигарх. В свои 28 лет она уже дважды побывала замужем. У нее хлопковый завод, завод по производству шампанского, значительная доля в Банке развития Таджикистана, торговый центр в таджикской столице и телеканал «Сафина», названный в честь ее дочери, и множество других объектов.

    Пять дочерей Рахмона – Фируза, Озода, Рухшона, Тахмина и Парвина – уже вышли замуж, а еще две Заррина и Фарзона пока на выданье. А ведь у него 9 детей, плюс 11 детей у его брата, плюс зятья, внуки, родственники жен. К примеру, муж старшей дочери Фирузы руководит таджикской биржей, а сама она владеет сетью бутиков в Душанбе. Озода Рахмон замужем за дипломатом и с прошлого года сама перешла на работу в МИД, возглавив консульское управление ведомства. Муж Рухшоны, работает в США представителем Таджикистана в МВФ и живет там вместе с женой. Про свадьбу пятой дочки президента Парвины, которая три года назад вышла за сына председателя госкомимущества республики, в Таджикистане рассказывают до сих пор. Говорят, что праздник гремел неделю, а чиновники устроили соревнование – кто лучше одарит молодоженов. Победитель якобы выложил 1 млн долларов. Старшему сыну Эмомали Рахмона – 22-летнему Рустаму, принадлежит интернет-провайдер Saturn-online…. Да им всего Таджикистана скоро не хватит!

  19. Сазои сари Рахмон, окибаташ ба хайр…худо кунад, ки баъди сараш хамин хел монанд….аклашон бошад, илм омузанду мустакил зиндаги кунанд.

  20. Бародархо, ба фикрум, ай хад гузаштед. Дар бораи касе бошад, хамчун инсон бо эхтиром бояд гап зад, хамчун мансабдор бояд кори кардааш ё кабдуиву нуксашро гап зад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: