Иди Рӯдакӣ рафту намонд ҳикмате аз он

Дар ҳавои гарм, бо гулу гулчамбар, ҳайкалу ҳайкалча ва чангу думбра ҷашни Рӯдакӣ ҳам гузашт. Хеле бо дабдаба ва ботантана.

Аммо ҳис намекунед, ки ин ҷашн мисли ҷашнҳои дигари солҳои охир як худнамоӣ буду халос? Агар ба фикри ман муқобил ҳастед, марҳамат, бинависед, ки ҳикмати ин ҳама дабдабаҳо чӣ буд? Фақат фикр накунед, ки ман ба мақоми устоди бузурги шеъри порсӣ, ки аз бунёнгузорон ва тарвиҷдиҳандагони забони модарии мост, назари бад дорам. Ман ҳам дар майдон будам ва ба шодии миллатам шарик шудам. Аз сайл дар Боғи Устод хушам омад. Валекин гап дар ин нест. Гап дар он аст, ки паём ва ҳикмати ин идро нафаҳмидам.

Хеле миллати бузург будаем, ки таърихи қадима доштем ва ҳатто Одам (Адам и Ева)-и шеъри порсӣ ҳамватани мо будааст. Лекин ин боз ҳам ифтихор бо гузаштаи дур нест?

Касе дар нутқи идонааш нагуфт, агар Рӯдакӣ чунин бузург буд, аз чӣ наздик ба 2 миллион нафар меросбараш дар Русия аробакашӣ ва туалеттозакунӣ мекунанд ва дар фарҳанги имрӯзии русӣ «таджик» ба маънои манфуртарин мавҷудоти рӯйи замин аст?

Агар Рӯдакӣ бузургии ҳаётро месуруд, чаро кишвараш имрӯз аз лиҳози мурдан дар ҷаҳон ҷойи якумро мегирад?

Агар Рӯдакӣ дар Ҳирот ғазале суруд, ки амири муҳоҷирро ба ватан баргардонад, чаро имрӯз амиронаш тамоми корро мекунанд, ки садҳо ҳазор аз мардумонашон тарки ватан кунанд?

Магар имрӯз ҳукумати кишвари мо дар ғами мардумаш аст ё дар ғами ҳайкалсозӣ ва худнамоӣ? Чаро касе гиря накард, ки зимистони гузашта чанд Рӯдакии оянда дар таваллудхонаҳо аз хунукӣ мурданд?

Мегӯед, ин ҳодисаҳо ба ҷашн чӣ муносибат доранд? Ин муносибат, ки мо ҳоло ҳам ҷаҳони имрӯзро дарк накардаем. Ягон ҳукумати ҷаҳон барои ҷашни ягон симои таърихияш ин қадар хароҷот намекунад. Дунё кайҳост, аз ин афсонаҳо гузаштааст ва фикри ояндаро мекунад, на ифтихори холӣ бо таърихи қадима. Таърих бояд дар музей бошад. Ба ҳар кас ки даркор аст, меравад ва баҳрае мегирад. Бештар бояд ба фикри оянда буд. Ин иду ҷамъомадҳои серхарҷи байнулмилалии мо хок задан ба чашми худамон аст, худфиребист, ки мо бузургем ва сарварони мо дар 17 соли охир фақат ҳамин корро ёд гирифта, ба аз ин бештараш қодир нестанд. Аммо ин бузургӣ нест, бузургӣ ҳам мисли мушк аст, ки худ бӯяд, на ки аттор гӯяд.

5 Responses

  1. e gap nestai akajon gapotda khndam girift lekin darunaki kase khonad girya menad!!!!!!!!!!!!!!

  2. Ба хамаи суханони муаллиф розиам, ба чуз аз он,ки гуй наздик ба 2 млн. точик дар Руссия ба аробакаши ва туалеттозакуни машгул аст. Аз руи баъзе аз сарчашмахои руси, дар Руссия наздик ба 500 нафар точик миллионер ( в долларах) кор ва зиндаги мекунанд. Точикхои муввафак хеле зиеданд….Вале ба хар хол Ватан, Ватан аст. Чи хеле,ки набошад, дар хорич худро гариб хис мекуни.

  3. Махмадрахим, ба гуфтаи ту Ватан ватан бошад, чаро ин аробакашхо, туалеттозакунхо ва миллионерхои бевичдони беватан аз Русия ба Ватанашон баргашта, аз як гиребон сар бароварда, як гурухи бондитии оилавии 15 нафараро, ки 17 сол боз хуни мардуми точикро мемакаду бо бедодгари машгул аст, аз Ватанашон намеронанд???
    Ватан ватан гуфта онхо то аз руи харитаи чахон нест шудани ватанашон аробакашиву туалеттозакуниро дар Русия давом медиханд???
    Агар ба ибораи ту, Ватан Ватан мебуд, ин бевичдонхо, ки ба подаи гуломон табдил ёфтааст, як зарра дар бораи озоднамоии ватан аз ин гурухи авбош фикр мекарданд.

  4. Бародарон!! Ин як намуди гипноз аст!!. Халки бечораи мо аз ид то ид зиндаги дорад. Имсол Соли Рудаки. соли дигар соли Имоми Аъзам, соли дигараш…..????. Бо ин рох халки бечораро фиреб дода, бовар кунонданианд, ки вазъи иктисодии ЧТ боло рафта истодааст, дар асл ба футур. Аз хама карздорем, карз мегирем ид мекунем. Ба умеди Сангтудаву Хоктуда хастем, хама чизро фурухтем. Дар Россия алакай тамоми чизи пастро точик ном ниходаанд. Нангу номуси милли нест,намонд.Окибат чи. Хуни мардуми гариб гирад, ин паразитхоро!!!.

  5. Ин бехурмати на танхо дар нисбати гузаштагони мо, балки бехурмати ва бетаваччухи дар нисбати куллия сокинони кишвар аст. Ба ин васила хукумат мехохад таваччухро аз руйи мушкилот берунтар бубарад, тамом.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: