Сиёсати кадрй: Чаро он бебарор аст?

Карим АБДУЛОВ (Бознашр аз «Тоҷикистон»)

Сирри паридаи «кадрҳои худй»

Чанд вақт инҷониб андешаи маро танҳо ҳамин масъала банд карда буд ва чун ба дӯстонам – адибону олимон дар ин бора гуфтам, зумрае аз эшон дастгирӣ карданд, ки ин масъала аз ҷиддитарин муаммои доғи рӯз аст ва ҳарчӣ барвақттар рӯи коғаз оварам ва танҳо бо ҳамин ном пешкаши хонандагон гардонам. Аз рӯзҳое, ки дар мулоқоти охирини Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар арафаи Наврӯзи имсола ширкат доштам, то ба имрӯз иншои мақола тӯл кашид, зеро басо нозук ва душвор ҳам ҳаст баррасии ин масъала, чунки хоҳу нохоҳ бояд оид ба фаъолияти бархе аз ходимони идораҳои давлатӣ низ сухан ронам.

Хулосаи муҳими роҳбари давлат оид ба кадр бисёр қавӣ ва асоснок аст, зеро мавсуф баъди таҷрибаи чандинсола, рӯ ба рӯ шудан бо инсонҳои зиёде, ки чун кадрҳои бехтарин ва мутахассисони варзида муаррифӣ мешуданду баъди чанде мисашон баромада, аз кор сабукдӯш мегардиданд, баъди санҷидани муттасили «доираи кадрҳои худию бегона» ба чунин хулосаи барҷо омадаанд, ки ҳар нуктааш як ҷаҳон маънӣ ва таъкид дорад.

КАДРҲОИ БЕҶУРЪАТУ МАНСАБХОҲОНИ ЧАҚҚОН

Мо дар ин мақола на дар бораи кадрҳои воломақоми сатҳи вазорату идораҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, балки оид ба кадрҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ, яъне сатҳи миёна сухан меронем ва як навъ таҳлил карданӣ ҳам ҳастем, ки дар зарфи даҳ-дувоздаҳ соли охир дар ин самт чӣ қадар мушкилоту нуқсонҳо ба вуҷуд омаданд.

Табиист, ки солҳои аввали баъди эъломи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи интихоби кадр бисёр душвор буд, зеро баробари муташанниҷ будани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ҷорӣ гардидани муносибати нави иқтисодӣ – иқтисоди бозаргонӣ, ки бисёриҳо аз қоидаву қонунҳои он бехабар буданд, мушкилотро дучанд мекард.

Кадрҳои даврони шурави аз муносибатҳои бозаргонӣ огоҳ набуданд, қисме аз онҳо шомили «бозиҳои сиёсии мансабталошӣ»-и аввали солҳои навадум гардида, аз боварӣ баромаданд ва як иддаи дигар беҷуръатона худро ба канор ҳам мегирифтанд. Чунин вазъият «гурӯҳи нави кадрҳои чақк,он»-ро ба миён овард, ки бо ҳар роҳ, хоҳ лаёқат доштанд ва хоҳ не, худро ба «командаи» сарварони идораҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ зада, соҳиби вазифа мешуданд, аз як зина ба зинаи дигар баромда: оқибат сарозер меафтонд. 

СПИТАМЕН — БУНГОҲИ ИНКУБАТОРИИ РОҲБАРБАРОРЙ

Ба ноҳияи Спитамен дар зарфи шаш-ҳафт соли охир панҷ нафар раис таъин гардид: С. Юлдошева, Н.Акмолов, Ш. Каримов, А. Очилов ва О.Ҷамолова. Баъди Соҳиба Юлдошева, ки аз рӯи гуфти одамони оддӣ хеле хуб кор карда, дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибор ҳам гардида буд, се нафари дигар дар вазифаи раиси ноҳия як – якунимсолӣ фаъолият доштанду халос. Суоле ба миён меояд, ки оё дар зарфи як сол роҳбари як ноҳияи калон вазъияти корҳоро бакуллӣ дигар карда метавонад?! Ҳол он ки ин як сол барои омухтани рӯҳияи мардум, вазъи корхонаву хоҷагиҳо, кашидани нақшаи минбаъдаи фаъолият базӯр кифоятӣ мекунад. Дар натиҷаи қариб ҳар сол дигар шудани роҳбарони сатҳи гуногуни ноҳия кор дар ин минтақаи пештар ободу хуррам ҳеҷ пеш намеравад. Калонтарин корхонаҳои саноатии он, амсоли Комбинати ғалла, ки маҳсулоти онро мардуми вилояту берун аз он талош карда мехариданд, корхонаи истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ «Новсельмаш» ва бисёр ташкилоту муассисаҳои сохтмону бинокори аз фаъолият бозмонданд, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ҷои кор аз байн рафт ва кай ба кор даромаданашон ҳам маълум нест.

ҶАББОР РАСУЛОВ – ПАЙРАВИ СПИТАМЕН

Ҳамин гуна амал дар ноҳияи бо номи Ҷаобор Расулов низ такрор шуд. Баъди фоҷиави ҳалок шудани ду раис сарвари ноҳия Нурулло Умаров таъин гардид, ки худ мутахассиси соҳаи муҳити зисту экология буд. Пас аз вай ба ин вазифа яке аз раисони номдори хоҷагии ҷамоавии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Б.Ғафуров Юсуфҷон Ҷабборов таъин гардид. Ҳама умедвор буданд, ки Юсуфҷон дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоварад, зеро хоҷагие, ки ӯ сарварӣ мекард, ҳар сол аз аввалинҳо шуда нақшаҳоро ба иҷро мерасонд ва ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил шуда буду кишоварзон музди меҳнати кофӣ мегирифтанд, аз кору зиндагии худ қаноатманд буданд. Аммо Юсуфҷон ҳам якуним-ду сол раиси ноҳия шуда кор карду халос. Ба ҷои вай Аюбҷон Очилов, ки дар собиқа ноҳияи Б.Ғафу-ровро хеле пеш бурда, ҳатто ба гирифтани мукофот сазовор шуда буду сипас як сол дар ноҳияи Спитамен раисй кард, роҳбари ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд. Як сол кор карда, вай ҳам сабукдӯш гардид. Сабабаш пеш нарафтани кор. Охир, чуноне ки гуфтем, дар зарфи як сол чӣ гуна метавон тамоми соҳаҳои як ноҳияи калонро, ки махсусиятҳои худро дорад, омӯхта, нақшаи пешрафти ояндаи онро кашида, тамоми соҳаҳоро пеш мебарад кас?! Аллома бошед ҳам, ин кор душвор аст. Ҳол он ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии ноҳияи Б.Ғафуров, агар дар вақти раисии А.Очилов нисбатан беҳтар бошад, ӯро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар сарсон кардан чӣ ҳоҷат буд?! Дар айни замон раиси ноҳия Насимҷон Обидҷонов – мутахассиси ҷавону пуртаҷрибаест, ки солҳои зиёд дар кумитаи иқтисод ва дурнамои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят адои вазифа кардааст. Вай донандаи хуби махсусияти хоҷагии халқи ноҳия, ва урфу одати мардуми махал низ мебошад. Ба ин ҷавони болаёқат комёбихо орзу мекунем.  

БА АШТУ ҚАЙРОҚҚУМ МЕОЯНДУ… МЕРАВАНД

Ноҳияи Ашт низ гирифтори «омадурафти» раисони зиёде шуд ва натиҷаи ин рафтуомадҳо оина барин равшан аст, ки иқтисодиёти он ба ҷои пеш рафтан мӯҳтоҷи субвенсияи (қарзи бебозгашти буҷетӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардид. Хушбахтона, вазъияти ноҳияро хуб дарк карда, раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода соли гузашта барои дастгирии хоҷагии халқи ноҳия зиёда аз 1 миллиону сесад ҳазор сомонӣ (?) ба тариқи ёрдам маблағ ҷудо карданд. Ҷойивазкунии роҳбарони шаҳри Қайроққум ҳам ба пешрафти ин шаҳри саноатию энергетикӣ таъсири манфӣ расондааст. Дар қаламрави он шаҳракҳои калони саноатӣ мавҷуданд, ки дар онҳо дар замони шӯравӣ даҳҳо ҳазор нафар коргарон, геологҳо, шахтёрон ба истеҳсоли фулузоти нодиру ранга машғул шуда, ин шаҳрро машҳур гардонда буданд. Танҳо Комбинати қолинҳо муттакои зиёда аз даҳ ҳазор оила буд. Баъди М.Файзуллоев сарвар шудани Дӯстмуҳаммад Дӯстов, Собитҷон Бобоев, М.Норхӯҷаев, У. Юсуфов ба ин шаҳри дар собиқа интернатсионалӣ чӣ навигарӣ эҳдо кард?! Ҳеҷ! Зеро ягон нафари ин раисон зиёда аз ду сол кор накардаанд. Усмонҷон Юсуфовро имрӯзҳо дар Қайроққум ба некӣ ёд мекунанд, ки дар муддати кӯтоҳи роҳбарияш ҳаддалимкон кӯшиш кардааст, ки каме симои маркази шаҳр дигар шавад. Огози азнавсозихоро ба номи ӯ марбут медонанд. Ҳоло ба шахр боз як кадри чавон – Содиқҷон Мирхолиқов сарвари мекунад. Умед аст, ки фаъолияти ӯ тӯлонитар хоҳад шуд, вагарна вай ҳам ҳоло вазъи шаҳру шаҳракҳоро наомӯхтааст…

РАИСОНИ ФАРОМӮШШУДА

Як тамоюли бисёр нохуби муносибат бо кадрҳо вуҷуд дорад, ки дар ин бора сухан нарондан мумкин нест. Ин муносибат баъди аз вазифа сабукдӯш гардидани онон аст. Садхо бор мо худ такрор мекунем, ки кадрҳо хазинаи тиллоии давлатанд. Пас, чаро ин хазина поймол мешавад?! Чунонки гуфта шуд, Соҳиба Юлдошева дар ноҳияи Спитамен аввал чун муовини раиси ноҳия чанд сол хизмати хуб кард, сипас ҳамчун раис ҳам байни мардум соҳиби обрӯ ва нуфуз гардид. Баъди аз кор рафтанаш-чӣ?! Касе аз ҳоли ӯ хабар нагирифт. Аз рӯи шунидам, ин зани ҳассос ғам хӯрда, гирифтори беморӣ шудааст. Наход муносибати мо ба ходими ҷамъиятию давлатӣ ҳамин гуна бошад?! Охир ӯ ҷиноят содир карда, гирифтори гуноҳи азиме нашудааст-ку?!

ЗАФАРОБОД ОБОД МЕШАВАД, ВАЛЕ БА ДАРДИ МАҲАЛГАРОЙ ПЕЧИДААСТ

Ноҳияи Зафарободро дар замони шӯравӣ намояндагони даҳҳо халқияту миллатҳо обод карда буданд. Аввали солҳои навадум бошад, дар натиҷаи варшикастагии муносибатҳои иқтисодию хоҷагӣ ин ноҳия ҳам ба вазъияти басо душвор дучор гардида, даҳҳо оилаи фотеҳони собиқ ба манзилу маконҳои аҷдодӣ рахти сафар бастанд. Аммо ба бахти сокинонаш дар натиҷаи ҷорӣ шудани муносибати нави бозаргонию ташкили хоҷагиҳои хусусию фермерӣ аз охири солҳои навадум оҳиста-оҳиста нохия рӯ ба тараққи овард. Набояд фаромуш кард, ки пеши рохи тамоман касиф шудани вазъиятро сармоягузорон гирифтанд. Маҳз бо дастгирии молиявии онҳо хоҷагиҳои хурд рӯ ба инкишоф оварданд ва ҳоло дар ноҳия ҳатто саноати замонавӣ ба вуҷуд омада, дар таҳкими буҷету иқтисодиёти он саҳми калон дорад.

Дар ноҳия як анъанаи нохуби маҳалгароӣ ва дар ҳамин замина халал расондан ба фаъолияти мақомоти иҷроия мавҷуд аст, ки зимнан онро ошкор намекунанд. Тарафгирй, имкони сунъӣ ба вуҷуд овардан барои манфиатҳои шахсӣ, беэътиборй ба тараққиёти ояндаи ноҳия ба обрӯю эътибори сарварони он таъсири манфӣ мерасонд. Дар ин байн баробари раиси ноҳия таъин гардидани собиқ муовини аввали раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодиров як қадар ин камбудиҳо ислоҳ шуда бошад ҳам, ин равандҳо идома ёфтанд ва дар як соли раисии Б.Сафаров халали ҷиддӣ расонданд. Алҳол ба ноҳия мутахассиси варзидаи соҳаи кишоварзӣ Қурбонбой Каримов сарварӣ мекунад ва умед аст, ки ин кадри таҷрибанок ва дар вазифаҳои пурмасъулият коркарда симои шаҳракҳои ноҳияро бакуллӣ дигар мекунад ва хоҷагии онро бемайлон тараққӣ хоҳад дод. 

ҶОНИШИНҲОИ «ҲАРҶОПАРАК»

Дар бораи раисони шаҳру ноҳияҳо сухан ронда, оид ба тез-тез иваз шудани муовинони онҳо, сардорони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ҳарф назадан мумкин нест. Танҳо як ноҳияи Мастчоҳро мисол мегирем. Пас аз шодравон Саидшариф Шарифов, ки чанд сол роҳбари ноҳия буд, бо омадани раисони дигар қариб ҳафтод фисади муовинони раис ва роҳбарони хоҷагиҳо ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия дар зарфи ду-се сол иваз мешуданд. Ҳар муовини раис, роҳбари дастгоҳи ӯ, ки мутасаддии як соҳаи хоҷагии халқ мебошад, ҳанӯз кору вазифаашро пурра азбар накардаю ноҳияро наомӯхта, ё бо хости худ ва ё бо тақозои сарвар ба кори дигар мегузарад. Чунин амал қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пас аз иваз шудани раис рух медиҳад, ки ба ҷои манфиат зарари калони маънавӣ меоварад.

Мисолҳое, ки аз вилояти Суғд овардам, хоси як маҳал нест, балки дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чунин муносибат мушоҳида мегардад.

ГЕНЕРАЛҲОИ НОШИНОС

Азбаски оид ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ солҳои пеш миш-мишҳои зиёде дар байни мардум буду алҳол ҳам гоҳ-гоҳ одамон норизогии худро иброз мекунанд, чанд нуктаро баён карданӣ ҳастам. Шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Истаравшану Исфара, Конибодому ноҳияи Б.Ғафуров калонтарин шаҳру ноҳияи мамлакат маҳсуб мешаванд. Дар замони шӯравӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо қариб, ки мутахассиси рутбаи полковникдошта вуҷуд надошт. Дар тамоми ҷумҳуриамон як ё ду нафар генерал буду халос. Ба идораи вилоятии милиса полковник сарварй мекард, дар шаҳру ноҳияҳо бошад, майору капитанҳо роҳбар буданд. Корашон ҳам назаррас буду фаъолияти тобеонашон ҳам. Шӯъбаҳо он қадар кормандони зиёд ҳам надоштанд, вале ҳар нафари низомиро мардум хуб мешинохт, эҳтиром мекард.

Акнун садҳо нафар пол ковнику подполковник дорем, шумораи генералҳоямон ҳам қариб ба шумораи генералҳои мамлакатҳои калонтарин баробар аст. Он қадар шӯъбаю зершӯъба ва идораҳои махсуси милиса ва сохторҳои низомии гуногунтаъинот зиёд шудаанд, ки кас ба ҳисобаш ҳам сарфаҳм намеравад. Дохил шудан ба кор ба ин сохторҳо ва бахусус прокуратураю мақомоти гумрук душвор шудааст, ки кас сари калобаашро ёфта наметавонад. Асосан дар ин сохторҳо «одамони худӣ» бо кор таъмин мешаванду халос. Ҳарчанд даҳҳо мисолу санадҳо дорам, аз истифодаи онҳо дар ин мақола худдорӣ мекунам ва танҳо ҳамин нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки вақти он расидааст, як маротиба ва ё ду-се маротиба паи ҳам аттестатсияи ҳаққонии соҳаро гузарондан, аз рӯи талаботи таъкидоти Президенти мамлакат сифатҳои шахсӣ, кордонӣ, дониш, одамият, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ, ватанпарварӣ, забондонӣ, эҳтиромашон ба халқу миллат, бахусус мардуми оддӣ санҷида шаванд. Зеро аз кадрҳои сохторҳои мазкур шикояти одамон хеле зиёд аст…

НАВДАВЛАТОНИ БОЛОГУЗАР

Солҳои охир боз ду соҳа -шабакаҳои тобеи «Барқи тоҷик» ва газ, чунонки одамони оддӣ бо тамасхур мегӯянд, ба «соҳаи престижний» табдил ёфтааст. Муҳандисоне, ки ҳафт – ҳашт сол пеш «бо сари хам» кор мекарданду ғуруру ҳавобаландӣ надоштанд, ҳоло ба «шахсони азиз» мубаддал гаштаанд. Сарвари асосии «Суғдгаз» хатто ба маҷлисҳои вилоятӣ иштирок карданро ба худ эб намебинаду муовинонашро мефиристад. Роҳбари идораи шаҳри Хуҷандии он бошад, таъиноту фармоишҳои муовинони раиси шаҳрро наҳама вақт ба инобат мегирифтааст. Кормандони идоранишине, ки ба гирифтани ҳаққи гази истифодакардаи мардум мутасаддӣ ҳастанд, чунон аз худ рафтаанд, ки соатҳо дар ҷои корашон онҳоро пайдо карда наметавонед ва агар «ба бахтатон» ҳозир шуда монанд, бо кибру ғурур ва писханду нотавонбинӣ ба одамони одди муроҷиат мекунанд. Ҳол он ки ғундоштани ҳаққи гази истифодашуда вазифаи аввалиндараҷаи онон мебошад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки ин гуна кадрҳоро кай, дар куҷо ва чӣ тавр тарбия кардаанду интихобу ҷо ба ҷо гузоштаанд?!

Барқчиёне, ки челонгари оддиянду бо устоҳо, сардорони минтақаҳо, муҳандисон ба маҳаллаҳо мебароянд, худашон шоҳу табъашон вазир аст. Дар натиҷаи беназоратии чанд соли охир (тирамоҳу зимистони солҳои 2007-2008 истисност) ин зумра ба «фурӯши хатти озоди барқ» худсарона чунон одат карда буданд, ки «казо-казоҳо» пеши онҳо гардан каҷ карда меомаданд. Дар натиҷаи беэътибории кадрҳо дар ин соҳа сари калобаи кори таъминоти барқро имрӯзҳо базӯр меёбед. Доир ба кадрҳои бесалоҳияти ин соҳа низ санадҳои бисёре мавҷуданд, вале намехоҳам, мақола аз ин ҳам «пурбортар» гардад…

ЧӢ БОЯД КАРД?

Муҳимтарин масъалаи шахсияти кадрҳо ба масъулиятшиносӣ, иҷрокунандагӣ ва салоҳияти онҳо вобаста мебошад. Ин сифатҳо асоситаринанд, ки ҳар мутахассисро соҳиби обрӯ ва нуфуз мегардонанд. Талаботи имрӯза аз кадрҳо бояд дар ҳамин меъёр бошад.

Барои боз ҳам нуфуз пайдо намудани сиёсати кадрҳо, такмилу инкишоф додани тарзи интихоб, тарбия, пешниҳод, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳрию ноҳиявӣ дар марҳилаи кунунии тараққиёти ҷомеа чунин таклифҳои мушаххас дорам, ки баъзеи онҳоро дар китобхоям зикр кардаам.

Якум, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд ё аз ҷониби тамоми мардуми шаҳр ё ноҳия ва ё дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ё ноҳия интихоб карда шаванд. Тарзи таъинотӣ дар солҳои аввали истиқлолият дурустии худро собит кард, зеро он вақт аз ҷониби роҳбари давлат таъин кардани раисони шаҳру нохияҳо зарур ва талаботи замон буд, инро амнияти марзу бум ва сиёсати давлат тақозо мекард. ҳоло шукри сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон рӯ ба инкишоф ниҳодааст ва ба амнияти он ягон қувва таҳдид карда наметавонад.

Дуюм баҳри баланд бардоштани дараҷаи масъулиятшиносӣ, ҳалли фаврии масъалаю муаммоҳои маҳал бояд қисме аз кадрҳои роҳбарикунандаи сохторҳои салоҳиятдор, амсоли прокуратура, судҳо, милиса, гумрук, пулиси андоз ва монанди инҳо то як андоза дар назди ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ҳисоботдиҳанда бошанд. Таъину интихоби сарварони ин сохторҳо бояд бо ризоият ва ё мувофиқати раисони шаҳру ноҳияҳо таъину интихоб карда шаванд.

Сеюм. «команда»-бозӣ бояд дар системаи ҳокимияти давлатӣ пурра барҳам дода шавад, зеро он ба коррупсия, ошнобозӣ, хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ оварда мерасонад, ки оқибатҳои нохуби онро мо борҳо мушоҳида кардаем. Бо омадани раиси нав тамоми ҷонишинҳо, мудирони шӯъбаҳо, сардорони идораҳо аз кор мераванду ба ҷои онҳо «командаи нав» меояд, мардум чӣ кор карданашро намедонад, ҳол он ки дар байни роҳбарони собиқ одамони соҳибобрӯю эътибор кам нестанд ва одамон ба онҳо эътиқод доранд. Кадрҳои нав бо муоширату рафтор, гуфтору амал, ақлу идрок, донишу фаросат то ба боварию ихлоси мардум сазовор шудан муддати тӯлонӣ мегузарад, ки ин фосилаи вақт бар зарари кор аст.

Чорум, оид ба сабукдӯшкунии рохбарони дараҷаи аввали шаҳру ноҳияҳо чунин таклифи мушаххас доран, ки чандон нав нест. Аз таърихи дӯшин то замони шӯравию баъди он маъмул аст, ки ба одами аз вазифаи пурмасъулият сабукдӯшшуда айбнома эълон мешавад, то мардуми оддӣ камбудию хатогии ӯро фаҳмад. Ин анъана боз аз он ҷиҳат зарур аст, ки шахси аз паси рохбари сабукдӯшшуда ба иҷрои вазифа саркарда хатою камбудии вайро такрор намекунад. Солҳои охир мардум ҳеҷ муқаррар карда наметавонад, ки ин ё он раис барои чӣ аз вазифааш гирифта шуд. Яъне, ҷанбаи тарбиявии амали аз кор гирифтан сарфи назар мегардад.

Панҷум, шаъну шарафи кадрҳои роҳбарикунандаро пос доштан зарур аст. Пеш аз он ки ба ягон қарори қатъӣ биёем, бояд чор тарафи масъаларо санҷида, хулоса бароварда, пас амал намоем. Гоҳе мешавад, ки дар нишастҳои матбуотӣ, мақолаҳои ҳангоматалабонаи рӯзномаҳо дар ҳаққи ин ё он сарвар суханҳои бебаркаш гуфта мешаванд ва е пешакӣ дар байни мардум миш-мишҳо паҳн мегарданд. Эҳтиёт кардани кадр муҳимтарин вазифаи сохторҳо ва тамоми ҷомеа мебошад.

Шашум, захираи асосии кадрҳо ҷавонон мебошанд. Инро борҳо сарвари давлат таъкид мекунанд, ки тарбияи кадрҳои ҷавон дар донишгоҳҳои дохили мамлакат ва берун аз он бояд дар мадди аввал қарор гирад. Аммо таассуфовар он аст, ки бештари ҷавонони дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таълиму тарбиягирифта роҳи бозгаштро фаромӯш мекунанд. Ҳол он ки аксари онҳо фарзандони одамони мансабдор ва шахсони доро ҳастанд. Хуб мебуд, ҳар сол ақаллан дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ рӯйхати (бо зикри ному насаб ва вазифаи хизматии волидон) бо квотаи Президент барои таҳсил ба мамолики хориҷӣ равандагон, баробари ин рӯйхати ҳарсолаи хатмкардагон чоп карда мешуд.

Ҳарчанд боз дигар таклифҳои мушаххас дорам, бо ҳамин иктифо карда, зикр карданиям, ки дар ин мавзуъ боз чанд мақолаи дигар ҳоҳам навишт ва дар онҳо низ дигар пешниҳодҳои худро шарҳу баён хоҳам кард.

Сиёсати кадрии мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз мубрамтарин равандҳои бозсозии даврони Истиқлолият маҳсуб мешавад. Мисолҳое, ки дар ин мақола истифода ва таклифҳое, ки пешниҳод кардаем, барои андеша ва баҳс пешкаши хонандагон мегарданд. Банда ҳамчун як нафар олими ҷомеашинос, шахсе, ки қариб тамоми умр дар корҳои ҳизбию давлатӣ кор кардаам, фикру мулоҳизоти шахсии хешро баён намуда, итминони комил дорам, ки коршиносон, мутахассисон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, аҳли илме, ки бо ҷомеашиносӣ машғул ҳастанд, дар ин бора андешаҳояшонро баён хоҳанд кард. Ин ҷониб кӯшиш намуд, ки дар мақола ба иззати нафси касе нарасад ва доир ба шахсияти нафаре носазо нагӯяд. Мулоҳизот оид ба кадрҳои сохторҳои низомӣ, соҳаи барқу газ бе мисоли конкрет оварда шуданд, бо умеди он ки минбаъд ҳам зарурати санадоварӣ нахоҳад шуд, ҳарчанд ки мисолҳои зиёди аниқу дақиқро таҳи даст доштем. Умумигӯӣ ба он хотир буд, ки кадрҳои масъулу масъулиятшинос ҳамон зарбулмасали халқии «духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту ба гӯш бигир!»-ро хуб мефаҳманду дар асоси он кор мекунанд. Ба ҳар ҳол умедворам, ки рӯзноманигорон масъалаи сиёсати кадрро на ба маъракаи ҳаёҳуйи навбатии ҳангоматалабона табдил медиҳанд, балки дар атрофи он баҳси солими илман асоснок ва заминаи таҷриба бавуҷудомада ташкил менамоянд.

Advertisements

8 Responses

  1. Ташаккур аз дониш ва часорати муаллиф. Ин ягона маколаи дурустест, ки дар як соли охир дар матбуоти кишвар мехонам.

    Аммо як нукси бунёдй ин аст, ки муаллиф зохири масъаларо навишта, ба ботини он кам диккат додааст. Натичаро хеле хуб нишон додааст ва баъзе фикрхоро, ки ба сабаби ин вазъият ишорат мекунанд, дар бахши пешниходхои худ гуфтааст, аммо решаи асосии проблемаро даст назадааст.

    Ба назари банда холати мавчуда бо кадрхо аз кулли низоме сар мезанад, ки президенти мухтарам дар ин 18 сол ба вучуд овардаанд ва онро дигар карданй нестанд. То замоне ки кулли низоми мавчудаи интихоби кадр ислох нашавад, ахвол ягон зарра бехтар нахохад шуд. Ба хисобхои тахмини банда, вазифахои давлатй дар Точикистон бо се рох таксим мешаванд. Аввал — 60 дарсад аз руи география ба зодагону хешони Дангарагй дода мешавад, 30 дарсад бо ришват, яъне вазифа бо пул харида мешавад ва 10 дарсад ё камтар аз руи мачбурият ба касоне вазифа дода мешавад, ки бояд хар барин кор кунанд.

    То замоне ки намояндагони як махал фикри дар монополияи худ нигох доштани вазифахои давлатиро аз сарашон дур накунанд, Точикистон обод намешавад. Агар онхо инро аз сар дур намекунанд, пас худашонро бояд аз мансаб дур кард. Он гох бехбуде хохад шуд.

    Саломат бошед.

  2. Албатта, макола бо назардошти сиесати Раиси Чумхур вале каме пардапушона иншо шуда. Хулосаи Самандар фишурдаи хамин макола аст, на чизи дигар. Агар муаллиф президентро айбдор мекард, шояд бар зарари кор мешуд. Вале акнун президент имкон дорад, маколаро конструктиви кабул намояд.

  3. Тачруба нишон медихад, ки чунин маколахо «ба гуши хар Куръон хондан»ро мемонад. Ба хама маълум, ин режими феодаливу пойлучии оилави бояд аз сахнаи таърихи точикон чун шармандатарин режим дур шавад. Ба икдоми охирини рахбари ин режим – таъини Саидбег Саидов ба мансаби сафири Точикистон дар Хиндустон?! С.Саидов ин як шахси бефарханг, ки номи худашро навишта наметавонад, чандин сол дар сафорати ЧТ дар Россия бо чамънамоии пора, мансаби сафири ЧТ дар Покистон. Забони англиси он тараф истад, забони точикиро намедонад. Акнун баъди чанд соли пули бедардимиён чамъовари боз сафири ЧТ дар Хиндустон таъин шуд. Кас хайрон мешавад, ки чи тавр дар минбар Рахмон гап мезанаду дар асл бо чи кор машгул. Вокеан, ба гуфти гирду атрофаш, Рахмон ба «артисти тайёр» табдил шудааст. Дипломатхои ботачруба ва сохибкасбро такрибан хамаашро аз МИД ронданд, каси дуруст намондааст.

  4. Saidbeg Saidov — khoharzodai janobi oli meboshad va ba chunin mansab haqqi modarzod dorad. Agar ba shumo alam karda boshad, qalamfur yobed.

    Sirojuddini Dangharagi

  5. Baroi mankurt(Sirojuddin),

    man rahmam ba tu va ba tu monandho meoyad, agar sathi fikrroniat in boshad, ki yak rezhimi dushmani millati tojikro pushtiboni mekuni, voy bar ahvolat. Kirdorhoi raisi jumhurat (Unvoni janobi oli shoyoni amiri bachabosi bukhoro bud) dar har yak davlati digar jinoyat ast.

    Ba’dan dar khotir dor, ki Tojikiston moli padari kalluzhi E. Rahmon nest va khalki u ghulomi dari Rahmon nestand. Benomus!

  6. Хайрон мешавам, ки ин беномусхо (мисли Сирочиддини Дангараги) хам бошанд. Агар хаминхо хам точик бошанд, кас шарм медорад гуяд ман хам мисли хаминхо точик.
    Як чиз аламовар аст, ки давлатдории Точикистон аз байн рафта истодааст, хама дида истодаанд, мушохида карда истодаанд, лекин хеч кас чуръати муковимат ба ин оилаи аждахор надорад. Охир, наход точик эхсос накунад, ки агар давлатдори аз байн равад, хама ба гуломи хакики табдил меёбем. Имруз гуломи амир Рахмон, фардо гуломи хамсояхои бодиянишин.
    Афсус, дарего, вой бар холи точики мазлуму гулом!!!
    Хок бар сарам, точикам!!!

  7. Бародарони азиз!!! Ин сиёсати Рахмон боиси рахти сафар бастани кадрхо мегардад.Як мисоли одди.Бо гирифтани пораи зиёд прокурори Генерали бойбачахои бесаводеро, ки донишгоххои Хучандро бо ихтисоси хукукшинос хатм карда буданд, ба макомоти прокуратура ба кор гирифт.Хол он ки ин амалаш бархилофи амали пешинааш хастанд.У (Бобохонов Б). бо як фармони худ, супориш дода буд, ки ба макомоти прокуратура танхо хатмкардагони факултаи хукуки ДДМТ ба кор кабул карда шаванд, зеро байни факулта ва макомот шартнома хаст. Боз хандавораш он аст, ки ин кормандон аз нав дар факултаи хукукртахсил карда истодаанд. Аммо бо гирифтани пули бисёре хатмкардагони бесаводи Донишгоххои Хучандро ба кор мегирад!!!. Боке набуд агар камбагалбачахои босавод ба кор кабул карда мешуданд. Имруз дар макомоти прокуратура сар-то сар аз бесаводоне, ки ному насаби худро навишта наметавонанд, пур шудааст, ки хама аз чанубанд. Инро хама медонанд. аноби Абдулов барои чи инро наменависад. Сардори зершуъбаи милиса чияни Бобохонов, бо дипломи калбаки, инро санчиши хизматии ВКД муайян кардааст, ё дар вилояти Сугд каси дигар нест.

  8. assalom, bisyor makolai hube navishta karded.
    Man hudam az viloyati Sugd meshavam, nohiyaro nameguyam.
    Bovar kunen Raisi Jumhuri mo odamone memonad ba sari har yak nohiya,ki onho ba u (ba janob) dolya metyand, hastand kadrhoi zur , ammo mablag nadorand.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: