Аксиомаи пашту

Фахриддини Холбек (бознашр аз ҳафтаномаи “Фараж”)

Чаро атрофи суханони Латифи Пидром, райиси Кунгураи миллии Афгонистон сару садо шадид шуд?

Ҳафтаҳои ахир як суханронии Латифи Пидром, райиси Кунгураи миллии Афғонистон, ки тариқи сайтҳои интернетӣ пахш шуд, дар Афғонистону хориҷ аз он баҳсу баррасиҳои мухталифро ба бор овард. Дар шаҳрҳои ин кишвар, бахусус Ҳироту Кобул алайҳи ӯ намоишҳои эътирозӣ барпо шуданд. Президент Ҳомид Карзай, парлумон ва расонаҳои Афғонистон ӯро мавриди интиқоди шадид қарор доданд ва ҳатто хостори таҳқиқи додгоҳй шуданд. Ва ниҳоят тибқи иттилооти ахир, ҷаласаи ҷавонони ҳизби миллигарои Афғонмиллат ва саррофони бозори вилояти Пактиё барои сари у 200 ҳазор доллар ҷоиза таъйин намуданд.

Пидром дар ин суханронияш Амонуллоҳхон, шоҳи Афғонистонро, ки соли 1919 истиқлолияти ин кишварро эълом дошт ва дар таърихи ин кишвар бо лақаби «Ғозӣ» маъруф аст, ду маротиба «падарлаънат» гуфтааст. Пидром Амонуллоҳхонро раҳбаре арзёбӣ мекунад, ки ба паштунҳо маблағ додааст, то бираванд ва дар мин-тақаҳои шимолии Афғонис-тон сокин шаванд. Ин мин-тақаҳо тоҷику ӯзбеку туркманнишин буданд ва ба ақидаи Пидром, «паштунизатсия» кардани сарзаминҳои шимол яке аз сиёсатҳои Амонуллоҳхон будааст.

Пидром «ғозӣ» будани Амонуллоҳхонро ҳам таҳти суол бурда, ӯро баръакс ҳамкори русҳо дар саркӯб кардани муборизаҳои миллӣозодихоҳиии Осиёи Марказӣ ном мебарад. Далели Пидром сарнавишти Амир Олимхон, охирин ами-ри манғитони Бухоро аст, ки таҳти муроқабати шадиди сарбозони Амонуллоҳхон дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва натавонист алайҳи болшевикҳо дар Осиёи Миёна муқовимат ташкил кунад.

Аммо чаро суханони Пидром дар Афғонистон ин гуна сару садо ба вуҷуд овард ва бахусус паштунҳоро ин қадар нороҳат сохт?

Банда ин ҷо ҳамчун нафаре сӯҳбат мекунам, ки бо ӯ сӯҳбати хеле муфассал сари ақидаву ҳадафҳояш доштам ва он чӣ мегӯям, бардоштам аз сӯҳбатҳои ӯст. Суханони Пидром, ки тариқи сайти You Tube садо доданд, ҳарфи нав дар Афғонистон нестанд. Ин гуна ақидаҳо миёни мардуми ғайрипаштун – тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва ғайраву ҳоказо вуҷуд доранд. Фақат Пидром онҳоро рӯйрост гуфтаасту мегӯяд. Ва ин ҳам бори аввал нест. Ин дафъа, ки ду маротиба калимаи «падарлаънат» дар баробари шахси Амонуллоҳхон садо додааст, шояд сабаб шудааст, ки паштунҳо он ҳама аламеро, ки аз қабл бар Латифи Пидром доштанд, бирезанд.

Пидром ҳамчун сиёсатмадор, раҳбари як ҳизби сиёсӣ ва як тоҷики Афғонистон чӣ даъвоҳо дорад?

Аввал, ӯ мехоҳад номи Афғонистон тағйир дода шавад. Ба ақидаи ӯ, калимаи «афғон» муродифи калимаи «паштун» аст. Дар вилоятҳои тоҷикнишини Афғонистон, бахусус Бадахшон, Парвон, Панҷшер ва Балх, ки банда будам, «афғон»-ро ба маънии «паштун» мефаҳманд. Дар хориҷи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон «афғон» ба маънои тамоми афғонистониён фаҳмида мешавад. Пидром бар он аст, ки агар Афғонистон Хуросон ном гирад, он вақт ин сарзамин ватани ҳақиқиву таърихии тамоми сокинонаш мешавад.

Дуввум, Пидром ҷонибдори ашаддии давлати федералӣ шудани Афғонистон аст. Яке аз сабабҳое, ки ӯро бо Абдурашид Дӯстум, раҳбари узбекҳои Афғонистон қаробат додааст, маҳз ҳамақидагӣ дар ин замина аст. Ҳоло аз рӯйи иттилоъе, ки дастраси мост, Пидромро маҳз сарбозони Дӯстум аз душманонаш муҳофизат мекунанд.

Саввум, Пидром ҷонибдори ба расмият шинохтани хатти Дюранд аст. Хатти Дюранд соли 1983 миёни Афгонистону Ҳиндустони Бритониё муайян гардид, ки ба номи Ҳенри Мортимер Дюранд, котиби умури хориҷаи маъмурияти Ҳиндустони бритониёӣ гузошта шудааст. Баъд аз ташкил шудани Покистон дар соли 1947 Хати Дюранд марзи миёни Афғонистону ин кишвар аст.

Абдураҳмонхон ва Амонуллоҳхон танҳо шоҳони Афғонистонанд, ки ин марзро ба расмият шинохтанд. Баъд аз онҳо то ба ҳол ҳеҷ як аз раҳбарони Афғонистон ин марзро ба расмият нашинохтааст. Тибқи иттилоъи расонаҳо, далели кушта шудани Наҷибуллоҳ, охирин раҳбари коммунисти Афғонистон аз сӯйи Толибон ва Хадамоти амниятии Покистон (ISI) ҳам Хати Дюранд будааст. Вақте Наҷибуллоҳ санадеро, ки аз сӯйи ISI дар мавриди ба расмият шинохтани Хатти Дюранд таҳия шуда буд, имзо намекунад, ӯву бародарашро мекушанд ва мурдаи онҳоро ба дор меовезанд. Ҳатто Мулло Умар, раҳбари Толибон, ки дастнишондаи ISI номида мешавад, гуфтааст, ки ба расмият шинохтани Хатти Дюранд дар тавони ӯ нест.

Покистон то ба ҳол ҳамаи кӯшишҳояшро ба харҷ медиҳад, то Кобул ин марзро ба расмият шиносад. Як далели ноамнии Афғонистон ва ба корҳои дохилии он дахолат кардани Покистонро ҳам мақомоти баландпоя ва коршиносони ин кишвар Хатти Дюранд меноманд. Яъне агар ин марзро Кобул ба расмият шиносад, оромиву субот дар ин кишвар барқарор хоҳад шуд.

Пас ин ҷо мешавад дарк кард, ки чаро Афғонмиллатҳизби миллигарои Афғонистон ва умуман паштунҳоро суханони ахири Латифи Пидром ба ғазаб оварданду ҳатто барои сараш ҷоиза тайин карданд.

Тағйири ном ва федерали шудани Афғонистон яккатозии паштунҳоро аз миён мебардорад ва ҳуқуқи онҳоро бо дигар миллату қавмҳои ин кишвар баробар мекунад. Зеро дар таърихи сад соли ахир аз ғайрипаштунҳо танҳо ду маротиба тоҷикон ва ба муддатҳои хеле кӯтоҳ раҳбари ин кишвар буданд: 1) соли 1929 Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки ӯро бо истеҳзо паштунҳо Бачаи Сақо (Машкоб) ном мебаранд, ҳамагӣ 9 моҳ давлатдорй кард; 2) ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ, ки аз соли 1992 то соли 1996 раисҷумҳури Давлати исломии Афғонистон буд. Дар бақия марҳалаҳо раҳбарон ҳамагӣ паштун буданд ва паштунҳо ҳеҷ гоҳ раҳбарии намояндаи як қавм ё миллати дигар дар Афғонистонро қабул надоранд. Ин аксиома аст.

Ба расмият шинохтани Хатти Дюранд, ки ба эътиқоди Пидром ба Афғонистон амну осоиштагӣ меорад, низ ормонҳои миллии паштунҳоро барбод медиҳад. Зеро дар ду тарафи марз паштунҳр ба сар мебаранд ва дар ҳарду ҷониб ҳам нерӯҳое ҳастанд, ки мехоҳанд тамоми паштунҳо дар давлати ягонаи хеш – Афғонистон ба ҳам оянд.

Аммо, тавре гуфтем, он чӣ Пидром мегӯяд, гапу ҳарфи нав нест. Ин ҳарфҳо гохҳо дар сатхҳои баланд ҳам садо медиҳанд. Ба гунаи мисол, соли гузашта Ҷабҳаи Муттаҳид, як ниҳоди иборат аз аҳзобу чеҳраҳои намоёни Афғонистони имрӯз, аз қабили Раббонӣ, Дӯстум, маршал Фаҳим, Мустафо Зоҳир набераи Зоҳиршоҳ ва ғайраҳо эълом дошта буд, ки ҷонибдори «федеролизми парлумонӣ» аст.

Аммо суханони Пидром дар замоне садо медиҳанд, ки Амонуллоҳхон барои ҳукумати имрӯзи Афғонистон намунаи як раҳбари демократи аст. Дуввум, ноамниҳо дар ҷануби ин кишвар фаъолиятҳои ҳукумати Ҳомид Карзай ва пуштибонҳои ӯ – ИМА ва НАТО-ро таҳти суол гузоштааст. Пидром ҳамчунин аз ҷонибдорони сарсахти хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз хоки Афғонистон аст ва аз сиёсатмадоронест, ки Амрикоро ишғолгар меномад. Ақидаҳое ба монанди ақидаи Пидром ва Ҷабҳаи Муттаҳид дар дохили Афғонистон бо он вуҷуд ки ҷудоиҳои фикриву сиёсиро шакл додааст, аммо собиқҳампаймонҳои Карзайро ҳанӯз тақсим накардааст. Дар ҳолати амиқтар шудани бӯҳрон эҳтимоли таҳти ин ақидаҳо муттаҳид шудани миллату қавмҳои ғайрипаштун вуҷуд дорад, ки ин барои ҳукумати Карзай ва Амрикову нерӯҳои байнулмилал мушкилоти бадтар аз Толибонро ба вуҷуд хоҳад овард.

Дар ин ҳангом, ки ҳукумати Карзай таҳти пуштибонии Амрикову НАТО вуҷуд дошт, паштунҳо як қадар сиёсатҳои қадимаи «паштунизатсия» кардани Афғонистонро аз нав эҳё карданд ва пеш бурданд. Аз ҷумла, «афғонсозй»-и миллатҳои дигар, ки мероси вазири Амонуллоҳхон Маҳмуди Тарзй буду дар замони Зоҳиршоҳ ба сиёсати давлатй табдил ёфт, аз нав хуруҷ кард. Ба гунаи мисол, Сардор Муҳаммад Раҳмон Уғлӣ, узви парлумони Афғонистон нақл кард, ки вақте ба раёсати шиносномадиҳӣ рафтааст, ба ӯ гуфтаанд, ки агар миллататро «афғон» нависӣ, шиноснома медиҳем, агар на, на! Ва ин ҳам фармон аз болост. Ё ҳодисаи аз кор рондани ду рӯзноманигор, ки ба ҷои вожаҳои пашту вожаҳои форсиро ба кор бурданд ва аз сӯйи вазири иттилооту фарҳанги ин кишвар Карими Хуррам аз кор пеш карда шуданд ва ин ҳам дар ҳоле ки форсӣ низ дар Афғонистон дар баробари пашту забони давлатӣ аст.

Хуллас, мушкили аслии Афғонистон – мухолифати қавмиву миллӣ дар ҳоли бӯҳрони амниятй боз буруз ва ин барои ҳукумати имрӯзи Карзай ва Амрикову НАТО як дарди сари дигаре эҷод мекунад. Суханони Пидром танҳо бозғӯйи асли андешаҳои як қишри бузурги ғайрипаштунҳост, ки барои дифоъ аз манофеи миллии худ гуфта шудаанд ва бешак, ба оташи мухолифатҳо равған мерезанд. Яъне вақт аст, ки мухолифону ҷонибдоронаш сари авоқиби ин вазъ андеша кунанд.

4 Responses

  1. Агар иштибох накунам Бабрак Кармал низ точик буд.
    Дар бокии нукоти ин матлаб такрибан сад дар сад хамфикрам бо як истисно, мутаассифона паймони узбаку, хазораву туркману точик алайхи пуштунхо хаёли ба назар мерасад. Замоне ки Раббони дар сари кудрат буд ба вижа Дустум, бо пуштибонии ашадии Ислом Каримов бар зидди точикхо чабха таъсис дода борхо ба Хироту, Толукону Кундуз хамла мекард. Яке аз сабабхои ноком шудани хукумати вакти Раббони аз чумла дар хиёнати узбакхо буд. Дустум бо супориши Каримов хатто мухочирони точикро ки аз чанги шахрванди фирор карда дар атрофи Мазори Шариф панох шуда буданд, бисёр гам ва азият медод. Ба самимияти Дустум хеч бовар намеояд.

  2. Ба назари банда, точикон бояд бо пуштунхо забони муштарак пайдо кунанд, зеро харду аз решаи ягона ва харуд ориёй мебошанд.

  3. Салом!
    Чандест, ки аз торномахои абармардон дидан накардам.
    Инак боз мекунаму хамон гапу хамон харфи шахшударо мебинам. Агар хато накунам, боре Точвар ё каси дигар буд, нашрияхои Душанберо барои он ки дар як хафта як маротиба чоп мешаванд, нах мезад.
    Дар ибтидо дар фазои интернет шуру шаре аз Шумо барпо шуда буд. Дар доирахои гуногуни Душанбе аз Шумо сухан мекарданд, имруз шумо хомушед? Чаро? Ку Точвар? Ку Рустам? Ку Ватандор? Дориюш сабаби набуданашро шарх додааст, Шумо чи? Алалхусус Точвар?
    Дигар ман ба Шумо бовар надорам, аз хамон хафтаномахои Душанбе намонам.
    “Озоди” дар дахон об гирифтааст, суханхои Сайёф кора кард, яъне рост будаанд….
    Шумо чи? Магар ягон сарпарасте доштеду он шуморо тарк кард?
    Боз суолхои зиёде дорам. Вале Точвар чавоб гардонад, ки чаро хомуш аст, аз замин то само розиам.

  4. Мушкилоти точикони Афгонистон маълуманд. Агар вазъ дар Точикистон, ки номи давлат номи точиконро дорад, дуруст мешуд ва як режими вокеан милли, инсонпараст, демократи, гайридузд, бавичдон сари кор меомад, мо метавонистем ин мавзуъотро бо садои бурро барраси кунем. Зеро медонистем, ки дар пушти мо давлати мост. Аммо дар холе, ки точик дар Точикистон бегона асту худуди 3 миллион точик дар Русияву дигар кишвархо муздури мекунанд, чи хочати гап дар бораи точикони бурунмарзи?
    Хатто хамин точикони Афгонистонро мисол оварем: хамаашон пароканда ва зидди хамдигар. Масалан, Исмоил Хону Доктор Абдуллох, як тараф, Ахмад Вали Масъуду Фахим Хон тарафи дуюм, Юнуси Конуни тарафи сеюм, гурухи бузурге дар хорич аз тарафдорони вокеии Масъуд, тарафи чахорум, размандагони Масъуд дар дохил, ки ба се гурухи аввал тобеъ нестанд, тарафи панчум, точикони Шугнони Бадахшон, ки аксарият дар чинои халки хизби халкию демократии Афгонистон буданд, ин хама тарафхоро эътироф намекунанд ва хатто зиди онхо хастанд, тарафи шашум. Меnавонам боз давом дихам, гайраву хоказо. Масалан, якеи аз инхо, Конунии точики беимон ошкоро дар чаласаи Луи Чирга паштунхоро дастгири карда зидди точикон суханрони намуда, калимаи “пухантун”ро дар баробари калимаи “донишгох” сахех хонд. Ман, шахсан, чаласаи парламони Афгонистонро аз тарики ТВ Афгонистон Ориёно тамошо мекардам, Конуни чунин гуфт, ки агар ман ба карияам ба Панчшер раваму “донишгох” гуям, падарам бо ман сухбат намекунад (яъне ба руям дигар нигох намекунад). Таваччух кунед, инро точики Панчшерии решахояш аз Дахбеди Самарканди бостони мегуяд.
    Худатон таваччух кунед, ки хамин Пидромро алон ки пуштибони мекунад? Факат Дустум!
    Агар пуштибонии Дустуми узбактабор намешуд масъалаи Пидроми точикро паштунхои афгонмиллати дар ду дакика хал мекарданд.
    Чи хочати гап дар бораи точики беномуси рахмони?!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: