Нӯшбоди андӯҳ дар зодрӯзи Сино

Марзҳо дар ин рӯз бояд боз бошанд ва ҳама «қарсак бизанему ба Афшана биравем», то зодрӯзи ин бузургворро дар зодбумаш ҷашн бигирем бо дуъои зода шудани вориси деринтизораш, аммо дареғо, сад дареғ, ҳазорон дареғ!..

Абӯалии Сино барои аҳли башар қонунҳои тиб, беҳдошт ва дорусозиро навишт, аммо дареғо миллаташ имрӯз на қонуни тиб дорад, на пизишки боҳунар ва доруву дармоне месозад ва то ҳанӯз вориси ӯро ба аҳли башар тақдим надоштааст. Дареғ, сад дареғ, ҳазор дареғ!..

Онҳое ки дар давраи нозуктарин ҷарроҳиҳои Шайхурраис дар шохи дарахтон ё ғорҳо мезистанд илми ин пири ҳакимони Машриқзаминро омӯхтанд ва имрӯз машриқиён дар ҷустуҷӯйи дармон ҳазорон фарсахро тай мекунанду ба дари онҳо меоянд, мӯҳтоҷу дастнигару хору забун.

Як ҳазору сӣ сол мегузарад, аммо ин хок дигар Ибни Синоеро ба ҷаҳон надод ва касе ба ин намеандешад, касеро не ғаместу не дарде, не сӯзе не ҳасрате, дареғо, сад дареғ, ҳазорон дареғ!…

Пас нӯшбоди зодрӯзи фархундаи ӯ оё ба ғайр аз дареғ боз аз чй иборат хоҳад буд? Марзҳои баста оё баҳонае нест?

Матбуоти тоҷик (Ба муносибати солгарди таъсиси «Овози тоҷик»)

 Бухорои шариф ҳанӯз ҳам шабеҳи он даврон аст...

Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи «тоҷик» бояд касе инкор надошта бошад.

Соҳиби маданияти кӯҳна ва адабиёти куҳансол будани ин қавмро низ ҷои инкор нест. Ин буд, ки баъд аз пайдо шудани осори таҷаддуд ва навӣ дар Бухоро ва Туркистон аввалин рӯзномае, ки аз Бухоро баромад, ба номи «Бухорои шариф», тоҷикӣ буд.

Маҷмӯъаи «Оина»-е, ки дар Самарқанд чоп мешуд, қисман тоҷикӣ буд, китобҳои мактабие, ки барои мактабҳои Бухоро ва Самарқанд (пеш аз Инқилоби Уктабр) тартиб ёфта буд, тоҷикӣ буд ва китобҳои мутoлиае, ки аз тарафи ҷавонбухориён нашр шуда буд, низ тоҷикӣ буд.

Фақат баъд аз Инқилоби Уктабр ба қавми тоҷик ва адабиёти ӯ ҳеч кас аҳамият надод. Ғайр аз маҷаллаи «Шӯълаи Инқилоб» асари намоёне ба майдон наомад. Ин ҳол то таъину тақсимоти ҳудудҳои миллӣ дар Осиёи Миёна давом кард.

Дар арафаи тақсимоти ҳудудҳо рӯзномаи «Овози тоҷик», ки мо имрӯз ҷашни дусолаашро мегузаронем, бо ҳамаи камбудиҳои модӣ ва маънавӣ ба майдон баромад ва дар пур шудани ду сол ба баровардани шумораи садумаш комёб шуд, ки шоёни муборакбодист.

Мо умедворем, ки то сесола шудани рӯзномаи «Овози тоҷик» аз матбуоти тоҷик китобхонаҳо ба вуҷуд ояд ва то соли чаҳорум ва панҷум қавми пасмондаи тоҷик мондаҳои худро бигирад.

Вазифаи бузурге, ки ба гардани ходимони матбуот ва нашриёти тоҷик аз тарафи меҳнаткашон бор шудааст, аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот бо оммаи мардум аст. Адои ин вазифа басе душвор аст, зеро бисёр мешавад, ки сода кардани забон ба фаҳмондани маром монеъ мешавад, ба воситаи суханҳои кӯча ва бозор бисёр масъалаҳое, ки мо имрӯз дар садади баёни онҳо ҳастем, шарҳ намеёбад.

Барои ин ки «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад», яъне ҳам забон сода шавад, ҳам муддао баён ёбад, бисёр кӯшишҳо ва ҷустуҷӯйҳо ба кор бурдан даркор аст. Бисёртарини ин кӯшишҳо танҳо ба варақгардонии китобҳои кӯҳна ва хондани таърихҳои гузашта набуда, дар байни мардуме, ки ҳозир зиндагӣ мекунад, даромадан ва забони зиндаи эшонро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.

Дар сурати давоми ин гуна кӯшиш имрӯз набошад, фардо, забони содаи ҳамафаҳми илмии тоҷик ба миён омаданаш муқаррар аст. Ин ҳам муқаррар аст, ки ин вазифа танҳо ба дасти чанд нафаре, ки дар нашриёт ва матбуоти тоҷик хидмат мекунанд ва китобҳои тоҷикиро тарҷима ва таҳрир менамоянд, намеояд.

Барои ба хубӣ адо ёфтани ин вазифа ёрӣ додани ҳамаи аҳли қалами тоҷик, хусусан муованати муҳаррир ва мухбирони рӯзномаҳо даркор аст. Ҳар муҳаррир ва мухбире, ки барои рӯзнома мақола ва хабар менависад, дар навиштаҳои худ луғату забони ҷои бошиши худро мувофиқи қоидаи форсӣ ба кор бурдан гирад, дар натиҷа рӯзнома як сарчашмаи луғати мардум хоҳад шуд.

Аз ин луғату истилоҳҳо пештар аз ҳама нависандагони тоҷик фоида бурда, ба сармояи адабии худ хазинаҳо хоҳанд афзуд.

Умед аст, ки нависандагон ва мухбирони «Овози тоҷик» ба шарафи ҷашни дусолаи рӯзномаи худ ин вазифаро муқаддас дониста, ба гардан гиранд.

Садриддини АЙНӢ

«Овози тоҷик», 6 сентябри соли 1926.

Аксе аз махаллаи 33-и шахри Душанбе

Нуш карданду андохтанд ба канор...

Нуш карданду андохтанд ба канор...

Тоза ва озода нигох доштани пойтахти точикон бисёр мухим аст, вале Точикистон худ бе мадади чомеъаи байнулмилалй аз ухдаи ин кори сангин намебарояд, махсусан барои он ки нисфи ахолияш кучахои Маскаву шахрхои дигари Русияро поккорй мекунанд.

Э. Рахмон бояд аз кихо битарсад?

Пас аз чандин соли бозихо Русия никоб аз ру барафканд ва симои аслии худро нишон дод. Аввалин кишвари кучаки Шуравии собикро, ки нахост, бо «машварат»-хои Маскав зиндагй кунад, чазо дод, то ба дигарон намуна шавад. Агар дили рус соф мебуд, дар ин 17-18 сол ба гурчихо имкон медод бо осетинхову абхазхо мустакиман гуфтугу кунанд ва дар додуситаде хам сулху хам якпорчагии кишвари хешро таъмин намоянд. Барои ин мебоист, дар ду минтакаи чудоиталаб интихоботхои озод чараён мегирифт ва лидерони гамхори ин кавмхо, на арусакхои кукии Маскав ба кудрат расида, худ бо гурчихо забон меёфтанд. Аммо хамеша ба чои осетинхо ва абхазхо Маскав бо Тифлис «гуфтушунид» мекард. Ин холат Гурчистонро аз Русияи хамсояаш батадрич дуртар мебурд ва акнун вартаи чудой хунин низ гашт.

Дарего, ки чун хамеша, аз окибатнобинй ва худхохии сиёсатмадорон одамони бечора ва бегунох кушта шуданд. Хамон гуна ки дар чанги Точикистон иттифок афтода буд. Ва накши Русия дар чанги Точикистон низ ба хамагон маълум аст. То замоне хост, ки точикон бо хам бичанганд, точикон чангиданд ва замоне ки хост, онхо сулх кунанд, сулх карданд. Вале чаро чунин «бародарй»-ро бо гурчихову осетинхову абхазхо накард? Шояд барои он ки ду картаи асосиро дурудароз дар даст доштан мехост, то Гурчистонро хамеша пойбанду дастнигари худ нигох дорад? Аммо гурчихо мисли точикон интизори тагйири рухияи Русия нашуданд ва хостанд, бо мадади дигарон мушкили худро хал кунанд. Онхо ру ба Гарб ва Амрико оварданд.

Сардабирони расонахои гурухии Точикистон дар як назарсанчй ба ин чанбаъи масъала диккат надодаанд. Кариб хамаи онхо изхори таассуф кардаанд, ки Русия «чанги иттилоотй»-ро бохт. Бархе аз муаллифони матбуоти точик ошкоро пешниход карданд, Точикистон бо Амрико, ки ба гуфтаи онхо сабабгору оташдихандаи чанги Гурчистон аст, равобиташро катъ кунад. Ин «мутахассисон»-и чанги иттилоотй «сиёсати дархои боз»-и президент Рахмонро, ки то дируз мадх мекарданд, акнун «фохишагарй» номиданд. Зохиран на танхо Русия, балки журналистчахои Точикистон низ никоб аз руи худ парофтанд ва нишон доданд, ки на танхо мухолифи истиклолияту якпорчагии Гурчистон, балки мухолифи истиклолият ва якпорчагии Точикистон низ хастанд.

Танхо Дориюши Рачабиён дар хамсароии бузурги «тахлилгарон» садои дигаре зад. Вай навишт, ки нашояд рузе Русия «хакки конститутсионии худро барои химояи шахрвандонаш дар Точикистон истифода кунад». Охир хар руз садхо точики мухочир шахрвандии Русияро кабул мекунанд ва мавсиме дар Русияву мавсими дигар дар Точикистон ба сар мебаранд.

Чунин мавкеъгирии сардабирону журналистони точик ба он маънист, ки боке нест агар хайати хукумату кй будани президенти Точикистон ва бо кадом кишвар чй равобит доштани Точикистонро хам Русия муайян кунад. Дур нест, рузе мо номаи саркушоду муштараки онхоро бихонем бо даьвати табдил шудани Точикистон ба яке аз вилоятхои Русия. 

Лочарам, катлиомхое, ки Буденний ва Фрунзе дар ин мулк карда буданд, беасар намондааст. Пас бомбаборони Гарму Чиргатол ё гулулаборони панохандагони точик дар Толикон низ бахуда будаанд.

Он гох чи зарур аст ба Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон, ки хамеша аз истиклолияти Точикистон бо ифтихор харф занад. Агар у дарвокеъ пуштибони истиклолияти Точикистон бошад, бояд аз хаминхо битарсад, ки аввалин шуда уро хоханд фурухт. Агар кайхо нафурухта бошанд.

Оромии пеш аз туфон ё туфони пас аз марг?

Ҳама ба митинг омодаанд, роҳи бехуне бояд чуст

Ватандор

Аҳзоби сиёсии кишвар комилан сокитанд. Ба чуз он ки Ҳизби сотсиал-демократи Раҳматилло Зойиров, ки мехост 8 апрели соли равон даст ба тазоҳур занад. Аммо ин митинг пас аз ҳафтоду як руз дар Хоруғ сар зад. Забонаи он бо дахолати ВКД-и кишвар хомуш карда шуд. «Ако»-и чумҳурй ваъда кард, ки ягон тазоҳуркунанда, аз чумла саркардагони он мучозот намешаванд. Аммо Шерафкани кишвар аз пеши худ алайҳи чаҳор тан саркардагони тазоҳур парвандаи чиной боз намуд. Бо пофишориҳои «Ако» парванда қатъ гардид.

Аммо ормони Раҳматилло Зойиров нашикаст. Хостаҳои у дар митинг пиёда нагардид. На 96 000 ҳектор замини фурухтаи Раҳмон баргардонида шуд, на ҳукумат пеши мардум пас аз сардиҳои бебарқиву бегазй узр хост, на Раҳмон 2 миллиарди ба Чин заминфурухтаашро ошкоро пеши мардум гуфт.

Муҳиддин Кабирй бошад, ҳар қадар бештар мехоҳад дар алоҳидагй нуфузи ҳизбашро нишон диҳад. Аз аксарият ҳамоишҳову эътирозҳои дастачамъонаи аҳзоби Точикистон дурй мечуяд. Ҳарчанд ягона вакил дар порлумони ношуди Точикистон аст ва аз ҳукумат ошкоро интиқод мекунад, дар бисёр мароҳили ҳассос Кабирй аз вокеъият канора мегирад.

Ҳизби демократи Точикистон бошад, бо талоши Масъуд Собиров имрузҳо сари калобаи худро гум кардааст. Ин ҳол бахши дигари ҳизбро низ мулзам кардааст, ки худро пайравони Муҳаммадрузй Искандаров меҳисобанд. Раҳматулло Валиев ва Чумъабой Ниёзов, ки чеҳраҳои намоёни ин ҳизбанд, натавонистаанд, ҳизби парокандаро ба ҳам оваранд.

Мирҳусейн Нарзиев низ мисли мурғи посухта бечоранол медавад. Аммо медонад, ки самараи кораш набуду нест. Бо дахолати ҳукуматиён ин ҳизб низ ба ду сангар чудо шуд.

Ҳизби ленинй, ки мурдаро монда туйхурй дорад, ба чойи он ки аз ҳукумат интиқод кунад, ба чойи он ки паҳлуи Раҳматилло Зойиров истода ҳамдастй намояд, аз ҳукумат хостори ҳайкалҳои бобои Ленинашро мекунад. Минбаъд низ ба халқу миллат ин ҳизб дар танҳой хидмате карда наметавонад.

Ҳизбҳои офаридаи давлат — аграрию ислоҳоти иқтисодй бошанд, танҳо дар қайди вазорати адлия ҳастанду халос. Ягон кас намедонад, ки аъзои ин ҳизбҳо чандтост.

Ҳизби Ваҳдат бошад, ба чуз табрикоти ҳамдигар дигар вақт умуман вучуд надорад.

Инак, ҳизби Э. Раҳмон. Ин ҳизб, ки номенклатураи ҳизби шуравии коммунистиро билкулл ба аъзогй пазируфтааст, танҳо номи дигар дорад. Аммо ҳама коргузорй мисли режими яккатози солҳои шуравист. Ин ҳизб як бурд дорад: тамоми фишангҳои хурданиву серраваған аз они уст. Касе аз дигар аҳзоб бо таври диплуматй суяш нигарист, бо мушт посух медиҳад. Аммо аъзои он садокат надоранд ва омодааанд, фардо узви ҳизбе шаванд, ки фарқ надорад, чй мехохад, аммо ҳоким бошад.

Кишвар лаби чарие қарор дорад, ки бо камтарин шамолаки қисмат фуру хоҳад рафт. Аз начоти он касе андеша намеронад.

Ватандорони азиз, кулли аъзои аҳзоби сиёсй! Мо дар танҳой алайҳи ин туда, ки сари хуроки нисфирузй хобашон мебарад, мубориза бурда наметавонем. Дар порлумони ношуди корношоям, ҳамагй ду курсй дорем. Боқй ҳамаашро ҳизби Амир Эмомалй хон дорост. Пас кулли манфиатҳои эшон ҳимоя мешаваду халос. Раҳматилло Зойиров ҳануз соли 2003 эътилофи ҳизбҳоро пешниҳод карда буд. Шумо нахостед, пиндоштед, ки Зойиров дар оянда нуфузашро ҳузури халқ баланд мекунаду шуморо мардум эътироф нахоҳанд кард. Ин иштибоҳи шумо буд, азизони ман, иштибоҳи нобахшидании шумо буд, ки дар азоби халқи азизи мо низ мучримед, пагоҳ дар пештоқи маҳшар ва таърих посух хоҳед гуфт.

Пас роҳи начот яктост: ИТТИҲОДи аҳзоб ва боқи беҳизбҳо. Итминон дорам, ки агар кулли аҳзоби кишвар дасти ҳам бигиранд, ҳафтоду ҳафт қабилаи ҳизби халқи демократй бо шумоён баробар шуда наметавонад. Ҳамаи мо ватандорем, ватане бо номи Точикистони азиз дорем. Напиндоред, ки кишварҳои дуру наздик дар кулли пасмондагиҳо танҳо Раҳмон ва дастаи уро гунаҳкор меҳисобанд. Эшон шуморо низ маломат доранд, ки сусттаринҳоед, сусттаринҳо!!!

Мардум интизори табаддулоти мусолиматомезанд. Интизори ҳукумати нав, ҳукуматдории комилан нав. Аммо ҳар яки аҳзоб мехоҳад дар алоҳидагй аробае бикашад. Зимистон дар пеш. Бебарқй аз он ҳам пештар. Пас чй бояд кард?

Зернавис ба аксе аз соли 2006

Ин акcро субхи рузи душанбе 6-уми ноябри соли 2006 суратгири Ассошиейтед Пресс Сергей Гритс дар шахри Абарканд (собик Душанбе) бардоштааст. Зернависи Шумо ба он чигуна хохад буд?

Хикмати гиребон: Чаро Шабнами Сурайёро набояд таъна зад?

Фахриддини Холбек

Копихони ва фонограмма – ду вокеъияти мусики имрўз чун санг сўйи овозхонони Точикистон андохта мешаванд.

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Копихонхоро дузд меноманд. Онхоеро, ки аз фонограмма истифода мекунанд, беистеъдоду бехунар. Мутаассифона, вазорати фарханги Точикистон бо ин иштибохангезихои бархе чун мо каламбадастон гўё хамовоз хам шуда, ки бо фонограмма хондан дар консертхоро мамнўъ кардааст. Ин он казоватест, ки моро ба ин хукм овард? Агар хамин тавр аст, пас кори номаъкуле шудааст. Чаро?

Копихони. Бархе имрўз Ахмад Зохирро ба овозхонони мо намуна меоранд. Аммо шояд онхо дарак надоранд, ки беш аз нисфи сурудхои «Алмоси Шарк» копи хастанд. Хам аз охангсозони Шарк мехонад ва хам аз Гарб. Пас ў дузд аст? Бале. Он фаросати бархе, ки ба рўйи когаз рехтааст, ба хамин хулоса меорад. Аммо вокеият ин тавр нест.

Дар копихони як хикмат аст: агар суруди касро бех аз ў хонда натавони, бехтараш нахон. Ахмад Зохир дар ин кор муваффак буд. Холо машхуртарин копихони мо Шабнами Сурайё аст. Аммо сар рўйи дил гузошта, бояд эътироф кард, ки новобаста аз бархе иштибохот, ў бехтар аз пешиниён ин сурудхоро мехонад. Суруди «Карсак»-ро, ки Шабнам бо Чонибеки Муроду Начим мехонанд, аз Хабиб Кодирии афгон шунида будам. Аммо ин суруд Хабибро машхур накард. Аммо бубинед, ки ин серо ба Аврупо бурд. Ин магар бад аст? Аз ин бигзарем.

Оё метавон тасаввур кард, ки хар кас ба санъат бо суруди худаш омада метавонад? Хеч имкон надорад. Зеро шоире шеъри дигаронро нахонда шоир нашуда, ё мухандисе тачрибаи дигаронро наомўхта мухандис. Овозхон хам аввал моли дигаронро мехонад, баъд ки пўхта шуд, пайи офаридани суруди хеш мешавад.

Ин як тахаввули табиист ва ба хунари хар кас вобаста аст. Кори Худост, ки фардо аз ин копихонхо хунармандони хуб зухур мекунанд ва ё хамин тавр аз хотирхо зудуда мешаванд, тавре ки бисёрихоро сарнавишт чунин буд. Пас копихони набояд барои таъна кардан ва нах задани овозхонон дастак бошад.

Бале, копихони чиноят нест, аммо агар имрўз суруди бехтарини овозхонони мо копихо хастанд, ин вомондагиву бозмондаги, вижагии санъати мост. Зеро ба назар мерасад дар Точикистон на факат овозхонон копи мекунанд.

Оё порлумон аз кавонини кишвархои дигар истифода намекунад? Барномахои дигар вазоратхои дунё оё дар вазоратхои мо копи намешаванд? Оё журналистон аз манобеъи дигар истифода ё копи намекунанд? Бозори мо оё бо колохои худи таъмин аст? Нест. Агар мебуд, мо вомонда намебудем.

Ба хамин минвол, фонограмма. Ку ягон мансабдор бидуни когаз маърўзаашро хонад? Ин чо мавзўъ халлокияти як миллат аст. Тамоми кишрхо, аз боло ба поён. Суол хам ин аст, ки оё мо точикон халлок ё офаранда хастем ё не? Пас чаро санги маломат на ба хама, балки ба овозхонон занем?

Оё медонед, ки барои он ки овозхони бечора як сурудашро фонограмма кунад, бояд 500 то 1000 доллар дошта бошад (як танзим – arrangement – аранжировка холо 300 доллар кимат дорад)? Гузашта аз ин, чи кадар хуни дил мехўрад, дар ба дар медавад.

Ин мавзўъро бо Фарходи Дарё, ки хочат ба муаррифиаш нест, ба миён гузоштам. Гуфт, ки агар фонограмма набошад, сабти бади консертхои ба истилох «лайф» ё «зинда»-ро намешавад токат кард. Вай як гапи хуб хам гуфт: «Агар хамон Сароханг, Ахмад Зохир, Сорбон ва дигарон хам сурудхояшонро фонограмма мекарданд, холо мо бехтарин сурудхоро дар бойгониамон медоштем». Тасаввур кунем, ки Содирхон Хофиз, Мукаддас, «Гулшан»-у дигарон хам агар ба мисли овозхонони имрўз аз танзиму фонограмма истифода мекарданд, чи кадар барои шунидан суруди хуб медоштем!? Пас дар замони онхо набуд. Замони мо дорад. Чи ачаб! Охир, ин пешрафт аст. Пас чаро аз он набояд истифода кард?

Хуб, гуфтем, ки фонограмма беистеъдодиву бехунарии овозхон аст. Аммо суолхо ба вазорати фарханг: оё мо шароити барои «зинда» хондан дорем? Тачхизоти модерн хаст, ки овозхон барояд, соддаву осон бихонад ва мутриб навозад? Агар бошад, чаро дар «Амфитеатр» ё кинотеатри Чоми ё Кохи Борбад намебинем? Чаро хатто дар консертхо хатто хамон барк нест, ки фонограммаро акаллан чархонад? Ё ба «усули бобоии зинда хондан» гузарем? Агар манзур хамин аст, бо созхои мусикие, ки бо барк кор мекунанд, чи кор кунем? Мамнўъ эълон кунем чи мешуда бошад? Хамин тавр, соддаву осон мисли фонограмма? Мешавад ку?

Бале, аксари овозхонхои мо хаваскоранд. Хам дар копихони ва хам дар фонограмма «мегузаронанд». Онхоро хатто наметавон овозхон номид. Зеро бархе хатто дуруст хондаву навишта наметавонанд. Як хаваси бачагонае онхоро тахрик медихад, ки на худашонро ба чое мерасонад ва на дигаронро. Аз ин хотир бахси онхоро як тараф мегузорем. Суруд барои касе ишк, барои касе машгулият аст. Факат хаминро мегўем, ки «наркоман» нашаванд шуд.

Аммо ба дигарон як чизро ёдрас шавам: Имрўз холи хамаи мо чунин аст. Аввал гиребони худро бў кунем. Аз чи бошад, ки эхсосхо моро лачом задаанд, на мо онхоро. Бигзор боз хазорхо тани дигар овозхони кунад. Аз миёни ин хама шояд рўзе як нафар пайдо мешавад, ки мо бо ў ифтихор мекунем. Шавки бачахоро набояд кушт!