Ояндаи ватани мо дар кучост?

Ояндаи кишвар

Ояндаи кишвар

Бародари гиромй Ботур Косимй дар яке аз навиштахои хеле хуби худ мухимтарин мушкили Точикистонро муайян ва тахлил карданд. Он кас ихтисори себаробарии мансабхои идорй ва аз ин хисоб се баробар зиёд кардани маоши кормандони давлатро рохи халли мушкили аввалиндарачаи кишвар номиданд. Вале ин шояд як мушкил ва як халномаи кутохмуддат мебошад. 

Дусти дигари мо нависонд, ки хатто барои хамин ислохот хам сармоя зарур аст ва камбуди сармоя чизест, ки садди асосии рохи пешрафти мамлакат гаштааст. Ин хам дуруст аст. Пас, ба гуфтаи алломаи Шарк Мухаммад Икбол, чй бояд кард?

Баъзехо сохаи тавлиди нируи барк ва фуруши онро ба кишвархои дигар ягона рохи начоти Точикистон меноманд. Ин хам дуруст аст, аммо дар холи хозир мо худамон аз бебаркй дар азобем ва ичрои ин барнома хам сармоя мехохад. Он хам дуруст аст, ки ислоху бехбуди вазъи имрузаи Точикистон кори якмоха ё думоха нест ва тамоми барномахо бо мушкилоти зиёд омезиш ёфта, ояндаи дурро дар назар доранд. Барномаи табдили кишвар ба империяи энергетикй бошад, бе иштирок ва мадади давлатхои дигар гайримумкин аст.

Аммо сохае хаст, ки бо камтарин сармоягузорй метавонад, ояндаи кишварро ободу хуррам кунад. Ин илм аст. Таври маълум, кишваре ки илмро тараккй намедихад, ногузир ба мустамлика мубаддал мегардад. Бо вучуди он ки 17 соли мо аз даст дода шуд, холо хам дер нагаштааст ва кишвар бояд 90 дарсади таваччухашро ба суи илм гардонад.

Боздехи илм зудтар аз хар сохаи дигар аст ва илм чизест, ки хеч золиме аз мо гирифта наметавонад. Дар давраи Сомониён низ рушди мамлакат аз илм сар шуда буд ва Бухороро барои он маркази дин меномиданду хамаи ахли хилофати араб ба он сачда мекарданд, ки илм дошт.

Илми Точикистон, чи дунявй ва чи динй гирифтори шадидтариин бухрони  систематик аст. Онхоро танхо бо барканор кардани мусафедон ва ё ба камтарин сатх кохиш додани салохият ва масъулияти онхо ва рох боз кардан ба чавонон метавон начот дод. Олимону уламои чавон ба сармояи зиёд ниёз надоранд ва дар гояти гурур ва гайрати чавонй амал хоханд кард. Шарти аслй ин аст, ки муносиба ба илм бояд на руякй ва дуругин, балки бунёдй ва ростин шавад.

Advertisements

5 Responses

  1. Tojvari arjmand durud
    Dar bakhshi ‘’ navorhoi vidioi ‘’ khondam ki mekhohid mustanadhoe az zindagii mardumi tajikiston , dar on bakhsh bugzorid . kori besyori khubist , banda muntaziri on memonam .
    Umedvoram tojikiston bo gustarishi ilm , bar mushkilati khud ghalaba bikunad . albatta ba gamonam sathi ilm dar tojikiston , hamaknun niz khele khub meboshad . ziro dar sadi bosavodho dar tajikiston bolost ( hatto dar miyoni kuhansolon ) .
    Ba har rui baroi shuma va hamai tojikon behtarin arizuho ro doram .
    Komgor boshed .

  2. Ояндаи ватани мо дар кучост? ман хайронам ки ватани мо оянда дорад.3-4 сол пеш аз тарики телвизун дида будам ;ки писарбачаи синфи10 ро савол буд ки дар оянда ки мешавед дар чавоб вазир -чаро
    падарам барои ман чой таёр кардаги
    мана ояндаи точикистон
    давомашро аз Шумоён шунидан мехостам хонандагони азизам.Илтимос канорачуи накунеду фикрхои хешро баён созед чунки аз мурча мадад гуфтаанд.

  3. Боз як гапи дигар ба ёдам омад ки имсол ягон шахс дар фикри зимистон хаст ё не чунки дар кулоб дарахт намонд худо накунаду зимистон монанди гузашта ояд вой бар холи мардум хама касали шуда мемурем .

  4. Такдир
    Ба хар кас хар гуна бози хохад кард якеро давлатманд леки бадбахт дигареро камбагал аммо хушбахт гардонидааст аз такдир нанолед такдир худаш хамаро дар чои худ гузоштааст ва мегузорад мо такдирро дигар карда наметавонем у худаш моро дигар хохад кард. Бо хости такдир мо ба хар рох хохем рафт.
    Ба мо хар чи ки буд такдир кардва хар чизе ки шавад аз такдир хохем дид чунки у хамсафари мост ва хохад монд то он даме ки аз мо ягон чиз боки намонад баъд у хамсафари дигарон хохад шуд.
    Ва инро гуфтаниам ки бар сари мо ъар чизе ки омадааст аз такдир бояд дид ва ин рохбароне ки бар мост такдир бар мо такдим кардааст ва ки медонист ки як раиси совхоз халкунандаи такдири мост ва бар мо хукм хохад кард хар чи дилаш хост ба гайр аз такдир дигар хеч кас намедонист барои хамин интизори такдири навем ва аз такдир онро хохонем ки бар сари мо точикон такдири такдирдорро такдим кунад.
    Азхудованди мехрубон ва мушфик хохони онем ки бар мо такдири такдирдорроато фармояду аз шармандаги ва аз хамсоягони бад змин нигох дораду чашми душманро кур кунад омин.
    Дар панохи худованд бошед. Худо хофиз хамватанони чигарбанди азиз.

  5. Dustoni aziz!

    Bale, durust qaid karded, ki peshnihodi kam kardani shumorai kormandoni davlati va bo in roh az miqdor ba sifati kor beshtar ruy ovardan, yake az rohhoi halli favri va kutohmuddati in mushkili, ya’ne kohish dodani fasod dar hukumat shuda metavonad. Vale, baroi in amal sarmoyai ziyod zarur nakhohad shud chun zakhirahoi kholishudaro ba’dan ba imkoniyathoi boqimonda beshtar ravona kardan mumkin ast.

    Andeshahoi shumo dar borai takya ba sohai enerji niz qobili qabul hastand. Vaqte ki mablaghoi davlatiro mansabdoron az har taraf duzdi mekunand va qarzu kumakhoi berunaro ghairimaqsadnok istifoda mebarand, mardumi kishvar va jomeai jahoni niz bovar namekunad, ki in hukumat to 5 yo hatto 10 soli digar bunyodi miqdori nerugohhoi zaruriro anjom bidihad va bo in ahvoli rohbari norasogii barq hamono boqi khohad mond. On millionu hatto milliard dollarhoe (http://za-rekoi.blogspot.com/2008/09/1.html), ki oilai raisjumhur va atrofiyoni vai az hisobi boigarihoi umumidavlatii mo ba dast ovardaand agar ba rushdi sohai enerjii kishvar ravona meshud, mo 2-3 sol pesh allakai ba maqsad merasidem. Hayhot, ki shakhsi nodidavu chashmgurusnaro meguyand, ki “chashmashro khok ser mekunad”.

    Sad dar sad bo shumo rozi hastam, ki sohai omuzishu parvarish va ilmu farhang naqshi muhime dar rushdi darozmuddati har yak millat dorad va makhsusan dar in asri ittiloot. Agar daqiqan tahlil karda baroem asosi mushkilihoi jomeai imruzai mo in ham sathi pasti donishu farhangi aksari mardumi Tojik ast, ki ba beogohi az huquqhoi khud, betasavvuroti va bejur’ati oid ba oyandai khud va bekhabari az dastovardhoi ilmii dunyo sabab gashtaast. Albatta, man mardumi oddiro ba in chiz gunahkor karda nametavonam chun 15 sol pesh millati mo bovarivu e’timodi khudro ba rohbariyati imruza suporida bud, ki baroyash zindagii shoistae bisozad va systemai khube barpo namoyad bo arzishhoi milli va dunyavi, ki dar on har shakhs imkoni ilmu donishi khub omukhtan doshta boshad. Valekin, afsus, ki in rohbariyat az uhdai va’davu qasamhoi khud komilan nabaromada va aknun hatto ba qavle munosibati “ser ghami gurusnaro chi khurad” karda gashtaast.

    Ehyoi ilmu donish va farhang rohi durust baroi najoti most va agar islohoti kulli va jiddiro mahz az hamin soha favran oghoz kunem khato nakhohem kard. Holo mo yak guruhi javonon hamin mas’alaro dar tornomai navi khud http://www.ajtojik.wordpress.com sar kardem ba bahsu munozira namudan va umedvorem, ki hamrohi digar rushanfikroni vatandust avval fishor ovarda vaziri maorifro az korash sabukdush namoem.

    Siposi bepoyon ba shumo baroi dark va sharhi in nuqta dar somonaaton.

    Piruz boshed!

    — Botur

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: