Медвед пуштибон пайдо кард

Боздиди президенти Русия Дмитрий Медведев аз пойгохи харбии русй дар Точикистон

Боздиди президенти Русия Дмитрий Медведев аз пойгохи харбии русй дар Точикистон

Шояд сухане даркор нест ва ин акс баёнгари вазъият аст. Вале рушан нест, афсари рус ба кй гузориш медихад ва кач шудани чехраи Рахмон аз офтоб аст, дард, ногуворй ё гузаронда натавонистани тугмаи пичак? Чаро вай бояд тугмаашро гузаронад? Солхои хидмат дар артиши Шуравиро ба ёд овард?

Ба хар хол, Рахмон ягона сарвари давлат шуд, ки ошкоро аз амалкарди Русия дар Гурчистон химоят намуд. Дигарон сукут ихтиёр карданд. Ин бори дувум аст, Точикистон садокати худро ба Маскав баён медорад. Дар посух ба ин сидк Точикистон чй дид, худаш медонад, локин чаро бояд ду бор ба як об даромад ё ба хамон чох биафтод?

Аз суи дигар ин акс худ нишон медихад, ки Точикистон кайхо Гурчистон шуда буд ва сарвари як кишвари ишголшуда чй хам карда метавонад?

3 Responses

  1. Рустами гиромӣ, аз ин акс муташаккирам. Танҳо суъолам ин аст, ки кай ва дар куҷо оқои Раҳмон “ягона сарвари давлат шуд, ки ошкоро аз амалкарди Русия дар Гурчистон химоят намуд.” Манзурам, аз ин пурсиш фақат ин аст, ки то ҳол фақат баёнияи муштараки сарони Созмони Шонгҳойро дар ин бора хондаам.

    Сипосгузорам.

  2. Ромини азиз,

    Чаноби Рахмон дар мулокот бо Медведев гуфтанд, ки мавкеъгирии ду кишвар дар хамаи масъалахо: аз чумла чахонй ва минтакавй хамсон аст.

    Дуруст аст, ки акнун Рахмон ягона нест. Хуго Чавез хам гуфт, кори Русия дуруст аст.

  3. Барои посухатон муташаккирам.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: