Сарнавишти “хурдхо” дар дасти “калонхо”?

Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев

Русия мехост, бо тахдиди шинохти расмии Абхазия ва Осетияи Чанубй чахонро дар асорат нигох дорад, аммо ногахон кадаме пеш гузошту худро ба асорат андохт. Аз ин ба баъд Русия асири амали хеш хохад буд ва акнун дунё ба изофаи Косово боз ду намунаи барчастаи дигар хохад дошт. Маскав агар чунин мехрубону гамхори кавмхои кучак ва бепанох буд, чаро дар нисбати дигар чунин кавмхо ин гуна мехрубон нест? Чаро асли хакки таъйин сарнавишти худ аз тарафи Русия интихобист?

Хар кавму миллате истиклол мехохад, аммо ин орзуи поки онон, махсусан миллатхои “хурд” бозичаи дасти “калонхо” мешавад. Дар бозихои хунин, ки чони инсонхо додуситад мешаванд.

Парвандаи нав масъалае миёни Русия ва Гарб нест, балки ба кишвархои дигар низ асар дорад. Медведев монанди Буш даъват кард, дигарон бояд аз Русия пайравй кунанд. Барои хамаи кишвархо интихоботи ичборй пеш хохад омад, ки мавкеъи худро рушан кунанд ва ошкоро тараф бигиранд. Чахон аз нав ба ду таксим мешавад. Точикистон дар кадом тарафи ин чабха хохад буд?

Ба эхтимоли зиёд сукути рамздори Душанбе идома хохад кард, харчанд коршиносони давлатии он ба таклид аз суханони Медведев талаб доранд, кишвархое, ки худро рафики Русия мешуморанд, бояд бидуни эхсосоте истиклолияти Осетияи Чанубй ва Абхазияро эътироф кунанд. Дар тафаккури точкии ин шахс “хурдхо” бояд “калонхо”-ро эхтиром бикунанд ва дар хеч бобат мухолифате нишон надиханд.

Агар Точикистон хамон гунае ки Сухроб Шарифов мегуяд, манфиатхои миллии худро дошта бошад, набояд шитобзадагй бикунад ва ба осиёи дигарон об бирезад. Бавижа барои нописандихое, ки “калонхо” нисбати чунин “хурдхо” мекунанд.

2 Responses

  1. Айнан он саволхое ки шумо дар мавриди Русия мегузоред мешавад дар мавриди Амрико ва кишвархои Гарб гузошт.
    Амрико хам бо фишурдани дастхои муттахидонаш онхоро мачбур кард Косоворо бипазиранд. Миёни ин ду чи фаркест? Дар ин мобайн Точикистон бояд интихоби ба худ муносибе кунад, аз кадоми ин дуто суде бештаре хоҳад бурд.

  2. Кариб соле мешавад, ки хонандаи доимии ин сайт хастам. Хеле маводхояшро мепазирам. Лек вактхои ахир намедонам, кадом пашшаи зард муаллифони онро ба иборае газидааст, ки аз хакикатхои рушан рутоби мекунанду онро нодида мегиранд ( ва ё ин муд аз Гарб омадааст, ки Руссия хатман бад аст)
    Назари ман:
    1. Абаркудратхо дар талоши аз худ кардани майдону майдончахои нав барои фурушу истикрори мавкеи худ хастанд. Чунин буд ва мемонад. Давлатхои кучакро лозим аст, ки барои ЗИНДА МОНДАН талош кунанд. Имруз ё пагох ба шарофати сиёсати хармонандаи Рахмонов (Саакашвилии точик) абаркудрате мисли Чин точикро аз Точикистон махрум мекунад. Оё дар давоми 70 соли Шурави русхо моро нест карданд? Гап дар сари он нест, ки тавонистанд ё не, хостанд ё не. Албатта тавонистанд рахнае дар тафаккури миллии мо зананд, лек хамзамон чаро узбакхо тавонистанд онро дар замони Шурави нигах доранду мо не. Аз мост ки бар мост.
    2. Агар таърихи Абхазия ва Осетия ва чанчоли хамрохи шуданашон ба Гурчистон маълуматон нест, ба китобхову сайтхои таърихи мурочиат кунед. Ва хар як абаркудат мехохад дар марзхои худ на ракетахои маргбор, балки як оромии туфангхоро бинад.
    3. Мефахмам, ки бо пуштибонии Путин Рахмончик дар сари кудрат аст, лек агар мо тавонем, ки Рахмонро мисли Муссоллини дар куча сарозер андозему руяш туф кунем, Руссия илоче чуз муросо нахохад дошт. Агар тавонем….
    3. Ин нуктаро хам хамеша мадди назар бояд дошт, ки зиёда аз миллион нафар (агар ду ё се набошад) точикони мо дар Руссияанд. Имруз оппозитсияи точик БОЯД ва БОЯД аз Руссия дастгири кунад. Ё мехохед Рахмон Точикистонро суи НАТО кашаду дар Бадахшон пойгохи НАТО-ро созад?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: