Софии пиндор — оромибахши дил

Окил Окилов

Окил Окилов

Точикистони моро сарвазири нав мебояд, шахси навчавон, пургайрат, донишманд, кавиирода, гамхору сохибкор, чашмсеру шикамсер ва тавоно. На танхо барои он ки имсол карор аст сарвазири феълии кишвар Окил Окилов билоахира бознишаста шавад, балки ин шояд ягона, осонтарин ва охирин рохи начоти кишвари бечораи мо бошад.

Агар маколаи нави сиёсатшиноси борикбини точик Рашид Абдуллоро дар “Азия-Плюс” баракс аз охираш сар карда бихонед, то замоне ки ба аввалаш мерасед, хамин андеша ба зехнатон меояд. Муаллиф намунахои муваффак ва нокоми кишвархои дигари Шуравии пешинро тахлил мекунад ва хулосааш ин аст, ки хар давраи таърихи мамолик сарвазирони гуногунеро сари кор овардааст.

Аммо Точикистон солхост ба сарвазири нав ниёз дошта бошад хам, то хол ба ин маком шахсе наомадааст, ки битавонад норасоихои президентро чуброн кунад ва як гушаи бори сангини идораи мамлакатро бар душ бигирад. Харчанд Рашид Абдулло менависад, ки Точикистон низ монанди Русия ва дигар кишвархои шуравии собик масъалахои сиёсии хешро хал кардаасту холо бояд даст ба эхёи иктисодиёташ бизанад ва ба хамин сабаб чунин сарвазиреро зарур медонад, дар Точикистон масъалаи сарвазир низ як масъалаи сиёсист ва халношуда бокй мондааст.

Раисичумхур Э. Рахмон иктисодиёти кавй мехохад, вале сарвазири кавй на. Вай аз сарвазири чавону устувор, кордону захматкаш метарсад. Ба он сабаб, ки чунин шахс хеле зуд метавонад, дар миёни мардум махбубият пайдо кунад ва дурахшиши “Офтоби миллат”-ро бипушонад. Сониян, хануз дар миёни ахли Оила ва кабилаи дангарагихо, бо вучуди ин кадар пулу мансаб шахси сазоворе ба ин маком пайдо нашудааст ва шахси бегона метавонад, асрори Оиларо ба ихроми фишор ба шахси аввал табдил дихад. Ё хатто аз руи бадтарин сенарио ахли Оила ва афроди кабиларо ба додгох супорад.

Дар он сурат сарвазири нав метавонад, муддаъии ояндаи курсии раёсатчумхурй ва вориси Э. Рахмон шавад, он гуна ки Путин вориси Елтсин шуда буд. Ин магар чои тарси бузург надорад?

Лекин чунин эхтиёткории Рахмон як тарси бепоя ва орзухои Рашид Абдулло як орзуи афсонавист, зеро дар Точикистон на аз руи конун ва на дар амал сарвазир таъсире ба умури давлат надорад ва як макоми ташрифотй буда, вазифахои сарвазирй дар дасти наздикони Оила ва худи Оила мебошанд. Пас наметавон умедвор шуд, ки пас аз Окил Окилов шахсе ба маротиб бехтару тавонотар аз у сарвазири Точикистон хохад шуд.

Холо фикр кунед, чи бехтар буд, ин навиштаро низ монанди маколаи нави Рашид Абдулло аз поён ба суи боло мехондед. Хеле вакти шумо сарфа мешуд. Ё аслан намехондед хам, чизе бой намедодед. Мавзуъи сарвазири Точикистон хамин гуна як мавзуъи холист.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: