Ба дифоъ аз Латифи Пидром бархезед!

Мурочиатнома

Иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби миллигарои «Афғон миллат» ва гурўҳҳои тундрави дигар дар содир кардани ҳукми қатл барои шоир ва донишманди тавонои Афғонистон ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидром, ки 15 сол боз узви раёсати Ҷамъияти байналмилалии «Пайванд» низ ҳаст, иқдоме бар зидди як шахс нест, балки иқдомест басо хатарнок бар зидди як ҷараёни бузурги равшанфикрй, тозаандешй ва навсозию навоварй.

Илова бар он эъломи ҷоизаи 200 ҳазор доллар барои «овардани сари Латифи Пидром», ки аз он бўйи террор, ваҳшоният ва хушунати бемисл бо таъбирҳои асримиёнагй меояд, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, то дар амал бар эҷоди терроризм ва ҳомиёни пиҳону ошкори ин ҷараёни махуф мавзеъгирй намояд.

Мо мутаинем, ки агар пеши роҳи ин ҷараён гирифта нашавад, қатъан он бар алайҳи дигар чеҳраҳои равшанфикри Афғонистон ва ҳатто берун аз он ҳам равона хоҳад шуд.

Аммо дар ин миён сукути мармузи давлати расмии Афғонистон ва ҳомиёни ғарбии он (ки фалсафаи ҳузурашон дар Афғонистон мубориза бо терроризм аст) бисёр нигаронкунанда мебошад.

Бинобар ин мо бо судури Қарори мазкур тақозо мекунем:

  1. Ҳукумати ҶИА мавзеи расмии худро дар қиболи ҳизби миллии «Афғон-миллат» ва Ҷиргаи ҷавонони вилояти Пактиё ва бозаргонони Пактико эълом ва таъмини амнияти ҷони Латифи Пидромро расман кафолат диҳад.

  2. Аз порлумони ҶИА пурсида мешавад, ки ба ин қазия расидагй кунад.

  3. Кишварҳои ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон, Канада ва соири ҳомиёни ҶИА ва ҳомиёни мубориза бо терроризм дар ҷаҳон мавзеи худро дар баробари ин амали ҳизби «Афғон Миллат» ва ҳомиёну ҷонибдорони он ки даъвати ошкор ва ҳатто сармоягузорї барои терроризм аст, муайян кунанд.

  4. Ба Шўрои Амнияти СММ пешниҳод карда шавад, ки ҳизби «Афғон миллат»-ро ҳамчун ҳизби ифротй ва ҳомии терроризм эътироф намояд.

  5. Ба сарони кишварҳои узви СҲШ пешниҳод карда шавад, ки дар иҷлоси қарибулвуқўъи созмон дар Душанбе (28 августи соли 2008 ) мавзўъи расидагй ба таассуботи қавмй дар Афғонистонро ба ҷаноби Ҳомид Карзай гўшзад кунанд.

  6. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ, Созмони хабарнигорони бидуни марз ва дигар созмонҳои марбута дар сари вақт иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби «Афғон миллат» – ро маҳкум ва ҳимояти худро аз Латифи Пидром эълом намоянд.

  7. Аз Анҷумани «Пайванд», ки Латифи Пидром 15 сол боз узви он аст, даъват мешавад, ки аз ин узви анҷуман ҳимоят ба амал орад.

  8. Аз Давлати Тоҷикистон дархост карда шавад, ки то ҳал шудани қазия ба Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсй фароҳам кунад.

Мўъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон

Муҳаммадҷон Шакурй, академик

Ҷўрабек Назрй, узви вобастаи АУ

Маҳмадова Меҳрй, номзади илми фалсафа

Равшан Ёрмуҳаммад, нависанда

Ҳикмат Раҳмат, шоир

Султони Ҳамад, нависанда

Абдуғафори Камол, рўзноманигор

Тилло Некқадам, рўзноманигор

Нилуфари Собир, рўзноманигор

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, рўзноманигор

Маҳҷуби Кифтон, рўзноманигор

Нуралй Давлат, рўзноманигор

Мавзунаи Муҳаммадалй, рўзноманигор

Мушкиниссо Асозода, рўзноманигор

Абдуфаттоҳи Воҳидзода, рўзноманигор

Баҳриддин Нодиров, рўзноманигор

Умари Давлат, рўзноманигор

Ҷаҳонгири Султон, рўзноманигор

Толибшоҳи Сайидзода, рўзноманигор

ва дигарон.

8 Responses

  1. Мурочиатномаро сад дар сад дастгири мекунам. Бояд хамаи корро кард то ин марде начиб, шоир ва рушанфикри арчманд, дусти асили точикон ва муборизи матини озодии халкхои фарсизабон аз дасти номардон осебе набинад!

    Хохиш дорам, агар имкон бошад ин мурочиатномаро ба дигар забонхо ва дар дигар матбуот хам пахш кунед.

  2. Латифи Пидром ифтихори мо точикон аст ва ман аз ташаббускорони ин хитоба сипосгузориву химоят мекунам.

    Бояд ахзоби сиёсии Точикистон низ мавкеъашонро дар ин маврид ошкору рушан кунанд. Пидром марди озод ва озода аст ва набояд барои озодагияш осеб бинад.

    Ин нома бояд бо хуруфи арабиасос низ баргардон ва дар Афгонистон хам ба чоп расад, то навфашистон бидонанд, ки Пидром бекасу бепанох нест!

  3. Ман бо дустони Латифи Пидром сухбат кардам ва онхо аз ин икдоми точикон изхори сипос карданд. Вале фикр доранд, ки барои бехатарии У салох нест, ки дар Афгонистон ин хабар аз будаш зиедтар пахн шавад.
    Хар як нотавон, нобино ва курдиле метавонад аз ин холати хеле нозуки Латифи Пидром, ки чанд муддатест дар хабси хонагист, истифода кунад.
    Бехтараш расонахои байналмилалиро истифода кунем.

  4. Duston!

    Sipos baroi pakhshi in murojiatnoma az pushtibonii hamzaboni mo. Onro mo ba hurufi lotin megardonem va ba dustoni khud dar tornomai http://www.tajikam.com mefiristem, to onho ba’dan ba khatti forsi gardonida bo digar vositahoi zaruri niz pahn namoyand. Inchunin, baroi ogohii guruhi a’zoyoni Tojikoni Canada in murojiatnomaro ham mefiristem.

    Bovar doram, ki hamchun kishvar «Aghoniston» der davom karda nametavonad va inshoolloh, bo yorii hamai forsizabononi dunyo, barodaroni Tojiki mo onjo az dasti pashtunhoi befarhang judo shuda, kishvari mustaqqili Khurosonro bunyod khohand kard. Mo naboyad bo taqsimote, ki yak vaqte inglisho bo rushovu digar millatho bar sari mo qaror dodaand, rozi boshem. Tartiboti dunyoro digar boyad kard agar on ba manfiati mo nest.

    Sarbaland boshed!

    — Botur Kosimi
    Vermont, IMA

  5. Barodar Botur,

    shukhanonat ritorikai Fidel Castroro memonad, ammo bo chashmi boz boyad ba dunyo nigarist. Man bovari nadoram, ki hukumati tarsonchaki TJK ba difoi in Tojiki burunmarsi mekhesad. Onho Samarkand va Bukhororo ba shagholon suporidand, moyai farhangi va gjururi millie nadorand, ki harf baland kunand.

    Samak

  6. Samaki aziz!

    Millati mo imruz khele sarafkandavu pareshon ast va mafkuravu sukhanronii shumo ba in daleli ilovagist. Boyad digar shavem, dustam, boyad bedor shavem!

    Mo az hukumati imruza talab mekunem, in haqqi shahrvandii khudro ijro menamoyem, vale umedvor nestem, ki on chizero nazarras bitavonad anjom bidihad, khoh dar in mavzu va yo khoh yagon mavzui digar. Albatta, onhoro vodor ba kushish kardan muvaffaq shavem khud yak natijaest. Mo ba umedi khud hastem, aqli solim, ghairati javonmardona va donishu tajribai peshvogii khud bovar dorem. Har millat ba peshvoi qavie nizyod dorad va az on peshvo va elitai on vobasta ast, ki chi guna taqdiri on surat megirad.

    Dunyo yakson nabudu namondu nakhohad mond. Poyoni shabi siyah safed ast, azizon! Muttahidu mehrubon bo hamdigar boshem.

    Bo umedi oyandai neki millat!

    — Botur Kosimi

  7. Хабари аз тарафи як гурухи миллатгаро ба катл махкум шудани Латифи Пидром диламро ба дард овард. Зеро ман шахсан бо у шинос буда, борхо аз сухбату суханронихояш дар махофили гуногун бахра бурдаам. Ёд дорам, ки у хангоми сафараш ба Бадахшон ба хотири ширкат дар Симпозиуми бузургдошти хазораи Носири Хусрав дар Хоруг бо чи эхсосоти саршор аз фахр дар бораи миллати точик сухан мегуфт ва аз точик буданаш меболид.
    Агар давлати Точикистон барои икдоми у чорае наандешад, бо ин икдом як лаккаи сиёхе дар таърихи миллат ба чо хохад гузошт

  8. … ва аммо як нафареро «падарлаънат» хондан фарханги точики нест.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: