Медведев оё Медведзода хохад шуд?

Маколае дар шумораи ахири хафтавори “Нигох” (“Филкина грамота” аз Путин) боз хам рушан нишон медихад, ки Русия ва хукумати он ошкоро ба зидди хувияту пешрафти милли мо, Точикон, амал мекунад. Дар ин матлаб мухочирони точик аз бадрафтории милисаи рус дар баробари номхои миллии мо навиштаанд. Шояд баъди як хамсоякишвари мо, Русия дуюмин давлатест, ки бехбудй ва болоравии моро чашми дидан надошта бошад. Ин нигохи зишти он на факат бар зидди Гурчихо буданаш хам имрузхо фахмост.

Агар хукумати мо то хол бедор нашуда, аз ин холатхои манфури гуё “шарики стратегии” худ бехабар бошад ё ба эътибор нагирад ва барои рафъи онхо чорахои катъй ва фаврй наандешад, ман намефахмам, ки чи пас чи гуна худро хукумат номида метавонад.

“Хукумат” ин хаммаънои пуштибон ва мухофизи манфиатхои миллии хар кишварест. Пас агар миллати мо, ки холо кушиши аз фарханги бойи кадимаи худ дубора бахраманд гашта, хувияти миллии худро эхё карданист ва аз чумла, ба номгузории ачдодии худ ру оварда, хукумат аз ин максад хамачониба химоят намуда, ба пешбарии он мусоидат намояд.

Албатта, рохбари давлат хам ба ин раванди нек пайваста аз насаби худ пасвандхои гайрро партофт, вале ин ташаббус аксаран дар сухану когаз бокй монд ва ба таври зарурй амаливу назорат нагашта истодааст. Бар замми он ки чараёни ба насаби ниёгони гардонидан холо хам кори пурзахмату пурхарч аст ва мутаассифона, содаву осон нашудааст, боз кадом як кишвари дигар аз мо талаб мекардааст, ки насабамон ба тарзи дилхохи онхо навишта шавад.

Оё дар шиносномахои хама “ба кур асо” гуфта насабу ном чудо-чудо навишта нашудааст, ки насаб кадому ном кадом буданро русхо фарк карда натавонад. Ягон кас бе насаб намешавад, шиноснома хам бе насаб дода намешавад. Силвио Берлускони ин Силвиван Берлусконов нест.  Чи тарзе ки ба хоси хамон миллат навишта шуда бошад, ному насабаш хам хамон аст.

Дар Амрико намояндахои садхо миллату кавмхо бо номхои ачоибу гароиби худ ворид мешаванду озодона тахсил, кор ва зиндагй мекунанд. Чаро чавонони мо бо насабхои соф Точикй ва бе ягон конунвайронкунй аз фурудгохи онхо бозпас ронда шаванд? Махз барои он ки аз пасвандхои славянии ачнабй даст кашидаанд? Дар кучо, кадом конун, кадом асос? Зиёни молй ва маънавии онхоро ки чуброн мекунад?

Шояд дафъаи дигар чаноби Рахмонро хам бо сабаби надоштани пасванди “зарурй” дар насабаш ба кишварашон рох надиханд? Ё Медведевро то ба Медведзода ном нагузоштанаш ба Точикистон ичозаи даромадан надихем?

Шояд русхо ё бесавод бошанд ё кур, вале корманди давлатии он ба гумон аст, ки бо чунин нокисихо ба кор гирифта шуда бошад. Инчо хадафи сиёсист, ки он хеле ноухдабароёна ба таври нихонй бе эъломи расмй баён карда шудааст.

Оё мо, Точикон, дар итоати дигарон ва пойбанди систему тартиботу конунхои онхо бояд бошем ва барои иззати нафси ачнабиён аз аслу насаби худ даст кашем? Албатта на! Ин манфиати миллии мост якин ва хукумати мо вазифадор аст, ки аз он химоят бикунад.

Чи тавр? Воситахо бисёранд ва факат хисси худшиносй ва хурмати худро доштан лозим асту бас. Пеш аз хама вазоратхои корхои хоричиву дохилй, ки бо шахрвандони мо дар берун аз кишвар сарукор доранд, садо бояд баланд бикунанд. Ба хамтохои худ ва хадамотхои мухочирати ва гумрукии кишвари онхо занг бизананд, номаву дархостхои расмй бинависанд, шарху баёноти онхоро гирифта, посух бидиханд ва шарту шароитхои моро рушан созанд ва баъд ба чомеаи моро натичахои корхояшон бо ВАО огох созанд.

Хукумат хамон вакт хукумат ба маънои томаш хохад буд, на танхо дар сухану когаз, балки дар амал аз мардуми худ ва фархангу манфиатхои он пуштибонй карда тавонад.

Бо умеди ояндаи неки миллат!
Ботур Косимй,

Истаравшан, Точикистон

Вермонт, ИМА

2 Responses

  1. Ботурчон аз дур истода харфхои ачибе мезани.
    Дар кучо ва кадом вакт дидаи ки ба чунин поймолкунихои хукуки башар, хукуки точик ягон макомоти расмии Точикистон диккат дода бошад. Боиси тааччуб аст, ки макомоти расмии Русиёи демократи низ хамушанд, хомиёни хукуки башараш хамчунин. Шояд он сарсахтони бепушту панох ба чаноби окои Лукин, Омбудсмани Русиё мурочиат намоянд…
    Хукумати моро ба шахрвандонаш коре нест, чи дар дохил чи дар хорич. Чанде пеш дар нохияи Айни фочиаи сахт, садамае руй дод, ки дар натичаи он 15 инсон, зан, модар, хохар, бародар, падар, бобо, биби – шахрвандони Точикистони гулгулшукуфони демократи дар дарёи Фон гарк шуданд, мурданд…мебахшед. Вале ягон нафар сардор, вазир, муовини вазир назди ун чабрдидахо, сагирахо, наздикони онхо нарафт напурсид, пахлушон наистод, хамдарди баён накард. Албатта он шабу руз дар телевизиону радиои Точикистон боз хам садои мусики буду тарона, ракс буду хурсанди, ба чойи мотам…
    Дар хамин хол шунидем ва дидем, ки дар Афгонистон 10 нафар фаронсави кушта шуданд. Фардояш Саркози чонашро дар хатар монда Кобул рафт, пахлуи аскаронаш, мардумаш истод, нишон дод, ки хамдарди мардумаш аст.
    Точик бекадр аст. Бекадриаш аз хонаи худаш сар мешавад. Аз дигарон чи гила?
    Ба хотири бедории кадри точик, номуси точик, эй кош….

  2. Суруши азиз ва Ботури мухтарам! Чаро бояд факат хукумат дар фикри мардум бошад? Магар намебинед, хамаи аъзои хукумат ва одамони давру бари он монанди комсомолони давраи Шурохо ба саммити Шанхай тайёрй мебинанд. Барои ин онхо хатто зану бачахои худа фаромуш кардаанд, чи монад ба кадом як шахрвандон!

    Ба фикри ман, мо мардум бояд худ аз хакки худ дифоъ карданро ёд бигирем ва худро мухточи ин нимодамхо накунем. Охир кай дидед, ки ин хукумат касеро хуронда ё пушонда бошад? Халки худо ба Русия рафт, ки нону пул ёбад. Аз дасти кй? Аз чаври ин хукумати дехагаро!

    Агар тавонистед, ки ба мулки бегона равед ва нон ёбед, лутфан давомашро хам кунед, яъне аз ухдаи кору хакки худ бароед ва ба хукумату мансабдорони бечораи мо хамла накунед. Холо гумон аст, ки пас аз саммит чанд мохи дигар онхо бо занонашон хуфтухез хам карда наметавонистагй мешаванд. Ин аст проблемаи раками яки хукумати Тчк.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: