Падидаи Давлати Рахмониён

Замоне ки Давлати Рахмониён нахустин номаашро ба чоп расонд, валвалаи зиёде бапо шуд, аммо бо гузашти айём, чанд нуктае аз навишта ва гуфтахои вай дар зехнхо такшон шудаву бокй монд. Албатта, шинохти доне, ки бо шоридаву бухор шудани об бокй монд, ба тарзи тафаккур, сатхи рушди маънавию ахлокй ва интихоби афрод бастагй дорад. Хар мурге донаеро мегирад, ки хуш дорад ва ё мешиносад.

Дар магзхои бемор аз валвалаи гузашта каноатмандии он бокй монд, ки билоахира як нафар бархост ва бузургони як махалро тозиёна заду намояндагони махалхои дигар ва афроди солиёни дароз озурдаву канорафтодаро бар тахт нишонд. Ин бардошти сатхист. Ба чунин азхон бехтар аст сари коре надошт.

Лекин бояд аз часорати Давлати Рахмониён ташаккур кард, ки мавзуъро боз ва дог кард ва ба магзхои рушан масири пуйишхои дигареро нишон дод. Дар зимн чаноби Рахмониён агар пеш аз во кардани лаб машаккате мекашид ва омодагии бештаре медид ва бо дили соф мавзуъро матрах мекард, бешак, ба гуфтаи «Як дарвеш» ба мутафаккири замони мо табдил меёфт. Вай ба ин пойгох хеле наздик омада буд, аммо навокисе, ки зикраш рафт, нагузошт, вай ба сохили мурод бирасад ва дар гандобе дармонд.

Боз хам кори вай, бо вучуди кажандешй ва жожхоихои зиёновар, ки шояд анбоштаи дигарон — ёрандешонаш буданд, сазовори тахсин аст, зеро барои магзхои солим маводи андеша дод. Як дусти банда мегуяд, кори чаноби Рахмониён дар умк як фарёде аз бухрони адабиёти бадеии муъосири мо буд. Адабиёте, ки агар чанд сатрашро ба шумор набарем, такрибан хеч коре барои ин миллат накардааст ва бо ин холе ки акнун дорад, даргумон аст, ки карда битавонад.

Харчанд вай намегуяд, аммо зимнан дар назар дорад ва ё тухми ин андешаро мекорад, ки адибони мо як тудаи муфтхор, кинатуз, чоплус ва махалгароест, ки номи баланди адабиётро ба хоки сиёх задааст ва умдатан ба фанд додани мардум машгул аст. Дар ин хама сол шоъираш шеъре нагуфтааст, ки дар рузи сахт ба шиъори миллат табдил биёбад ва нависандааш мушкилоти вокеии мардумро ба гуна нагуфтааст, ки хамагонро сари виждон биёварад.

Дусти дигари банда мегуяд, агар ракобату хусумати гуруххои адибонро ба тасвир гирй бехтарин драмаеро ба вучуд хохй овард, ки тамоми бадбахтихои ин миллатро ба намоиш хохад гузошт. Худи ин адибон мегуянду менависанд, ки чй гуна аз марги онхо ракибашон ба ракс хохад омад ё хама корро мекунанд, то хамкасбе аз онхо мачбур ба чалои ватан шавад. Дар иваз ончй онхо ба мардум медиханд, ба пашизе намеарзад ва гузашта аз ин дигарбора карни мадху сано шуруъ шудааст.

Агар Давлати Рахмониён ин фочиаро нагуфтааст, пас дар назар доштааст ва ё дигаронро ба он мутаваччех кардааст. Аммо аз бахси марбут ба навиштахои у танхо як чанбаъ парчам шуд ва нагузошт, гуфтугу то ба охир биравад ва манзара рушан бишавад. Дар он сурат суъоле матрах мешуд, ки оё рисолати адибон дар назди миллат аз чй иборат аст? Адибон ба чунин созмоне мисли Иттифоки нависандагон ниёзе доранд ва ё бояд роххои дигари хамбастагй ва хамдиливу хамкориро бояд чуст? Ва бо ин хол фардои адабиёти муъосири точик чй хохад буд?

Халк шудани ин пурсишхо хидмати Давлати Рахмониён аст, ки чурмхои дигари чустори уро чуброн мекунанд. Ходисахое назири падидаи ин шахс бо гузашти замон аз шоху барги хазонзада ва нозарур рахо меёбад ва асли матлаб бокй мемонад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: