Нӯшбоди андӯҳ дар зодрӯзи Сино

Марзҳо дар ин рӯз бояд боз бошанд ва ҳама «қарсак бизанему ба Афшана биравем», то зодрӯзи ин бузургворро дар зодбумаш ҷашн бигирем бо дуъои зода шудани вориси деринтизораш, аммо дареғо, сад дареғ, ҳазорон дареғ!..

Абӯалии Сино барои аҳли башар қонунҳои тиб, беҳдошт ва дорусозиро навишт, аммо дареғо миллаташ имрӯз на қонуни тиб дорад, на пизишки боҳунар ва доруву дармоне месозад ва то ҳанӯз вориси ӯро ба аҳли башар тақдим надоштааст. Дареғ, сад дареғ, ҳазор дареғ!..

Онҳое ки дар давраи нозуктарин ҷарроҳиҳои Шайхурраис дар шохи дарахтон ё ғорҳо мезистанд илми ин пири ҳакимони Машриқзаминро омӯхтанд ва имрӯз машриқиён дар ҷустуҷӯйи дармон ҳазорон фарсахро тай мекунанду ба дари онҳо меоянд, мӯҳтоҷу дастнигару хору забун.

Як ҳазору сӣ сол мегузарад, аммо ин хок дигар Ибни Синоеро ба ҷаҳон надод ва касе ба ин намеандешад, касеро не ғаместу не дарде, не сӯзе не ҳасрате, дареғо, сад дареғ, ҳазорон дареғ!…

Пас нӯшбоди зодрӯзи фархундаи ӯ оё ба ғайр аз дареғ боз аз чй иборат хоҳад буд? Марзҳои баста оё баҳонае нест?

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: