Матбуоти тоҷик (Ба муносибати солгарди таъсиси «Овози тоҷик»)

 Бухорои шариф ҳанӯз ҳам шабеҳи он даврон аст...

Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи «тоҷик» бояд касе инкор надошта бошад.

Соҳиби маданияти кӯҳна ва адабиёти куҳансол будани ин қавмро низ ҷои инкор нест. Ин буд, ки баъд аз пайдо шудани осори таҷаддуд ва навӣ дар Бухоро ва Туркистон аввалин рӯзномае, ки аз Бухоро баромад, ба номи «Бухорои шариф», тоҷикӣ буд.

Маҷмӯъаи «Оина»-е, ки дар Самарқанд чоп мешуд, қисман тоҷикӣ буд, китобҳои мактабие, ки барои мактабҳои Бухоро ва Самарқанд (пеш аз Инқилоби Уктабр) тартиб ёфта буд, тоҷикӣ буд ва китобҳои мутoлиае, ки аз тарафи ҷавонбухориён нашр шуда буд, низ тоҷикӣ буд.

Фақат баъд аз Инқилоби Уктабр ба қавми тоҷик ва адабиёти ӯ ҳеч кас аҳамият надод. Ғайр аз маҷаллаи «Шӯълаи Инқилоб» асари намоёне ба майдон наомад. Ин ҳол то таъину тақсимоти ҳудудҳои миллӣ дар Осиёи Миёна давом кард.

Дар арафаи тақсимоти ҳудудҳо рӯзномаи «Овози тоҷик», ки мо имрӯз ҷашни дусолаашро мегузаронем, бо ҳамаи камбудиҳои модӣ ва маънавӣ ба майдон баромад ва дар пур шудани ду сол ба баровардани шумораи садумаш комёб шуд, ки шоёни муборакбодист.

Мо умедворем, ки то сесола шудани рӯзномаи «Овози тоҷик» аз матбуоти тоҷик китобхонаҳо ба вуҷуд ояд ва то соли чаҳорум ва панҷум қавми пасмондаи тоҷик мондаҳои худро бигирад.

Вазифаи бузурге, ки ба гардани ходимони матбуот ва нашриёти тоҷик аз тарафи меҳнаткашон бор шудааст, аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот бо оммаи мардум аст. Адои ин вазифа басе душвор аст, зеро бисёр мешавад, ки сода кардани забон ба фаҳмондани маром монеъ мешавад, ба воситаи суханҳои кӯча ва бозор бисёр масъалаҳое, ки мо имрӯз дар садади баёни онҳо ҳастем, шарҳ намеёбад.

Барои ин ки «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад», яъне ҳам забон сода шавад, ҳам муддао баён ёбад, бисёр кӯшишҳо ва ҷустуҷӯйҳо ба кор бурдан даркор аст. Бисёртарини ин кӯшишҳо танҳо ба варақгардонии китобҳои кӯҳна ва хондани таърихҳои гузашта набуда, дар байни мардуме, ки ҳозир зиндагӣ мекунад, даромадан ва забони зиндаи эшонро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.

Дар сурати давоми ин гуна кӯшиш имрӯз набошад, фардо, забони содаи ҳамафаҳми илмии тоҷик ба миён омаданаш муқаррар аст. Ин ҳам муқаррар аст, ки ин вазифа танҳо ба дасти чанд нафаре, ки дар нашриёт ва матбуоти тоҷик хидмат мекунанд ва китобҳои тоҷикиро тарҷима ва таҳрир менамоянд, намеояд.

Барои ба хубӣ адо ёфтани ин вазифа ёрӣ додани ҳамаи аҳли қалами тоҷик, хусусан муованати муҳаррир ва мухбирони рӯзномаҳо даркор аст. Ҳар муҳаррир ва мухбире, ки барои рӯзнома мақола ва хабар менависад, дар навиштаҳои худ луғату забони ҷои бошиши худро мувофиқи қоидаи форсӣ ба кор бурдан гирад, дар натиҷа рӯзнома як сарчашмаи луғати мардум хоҳад шуд.

Аз ин луғату истилоҳҳо пештар аз ҳама нависандагони тоҷик фоида бурда, ба сармояи адабии худ хазинаҳо хоҳанд афзуд.

Умед аст, ки нависандагон ва мухбирони «Овози тоҷик» ба шарафи ҷашни дусолаи рӯзномаи худ ин вазифаро муқаддас дониста, ба гардан гиранд.

Садриддини АЙНӢ

«Овози тоҷик», 6 сентябри соли 1926.

Advertisements

One Response

  1. Барно Гайбуллоева – муборизи хукуки инсон, журналисти точик ва инсони комил чанде кабл аз дунье гузашт.
    Дустон яко-як мегузаранд ва бари чояшон дар дилхо як дардномаи пурсуз мегузоранд… Илохо едашон дар калбхои дустон хамеша ба неки ед шавад, равонашон шод ва чояшон бихишт бошад!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: