Э. Рахмон бояд аз кихо битарсад?

Пас аз чандин соли бозихо Русия никоб аз ру барафканд ва симои аслии худро нишон дод. Аввалин кишвари кучаки Шуравии собикро, ки нахост, бо “машварат”-хои Маскав зиндагй кунад, чазо дод, то ба дигарон намуна шавад. Агар дили рус соф мебуд, дар ин 17-18 сол ба гурчихо имкон медод бо осетинхову абхазхо мустакиман гуфтугу кунанд ва дар додуситаде хам сулху хам якпорчагии кишвари хешро таъмин намоянд. Барои ин мебоист, дар ду минтакаи чудоиталаб интихоботхои озод чараён мегирифт ва лидерони гамхори ин кавмхо, на арусакхои кукии Маскав ба кудрат расида, худ бо гурчихо забон меёфтанд. Аммо хамеша ба чои осетинхо ва абхазхо Маскав бо Тифлис “гуфтушунид” мекард. Ин холат Гурчистонро аз Русияи хамсояаш батадрич дуртар мебурд ва акнун вартаи чудой хунин низ гашт.

Дарего, ки чун хамеша, аз окибатнобинй ва худхохии сиёсатмадорон одамони бечора ва бегунох кушта шуданд. Хамон гуна ки дар чанги Точикистон иттифок афтода буд. Ва накши Русия дар чанги Точикистон низ ба хамагон маълум аст. То замоне хост, ки точикон бо хам бичанганд, точикон чангиданд ва замоне ки хост, онхо сулх кунанд, сулх карданд. Вале чаро чунин “бародарй”-ро бо гурчихову осетинхову абхазхо накард? Шояд барои он ки ду картаи асосиро дурудароз дар даст доштан мехост, то Гурчистонро хамеша пойбанду дастнигари худ нигох дорад? Аммо гурчихо мисли точикон интизори тагйири рухияи Русия нашуданд ва хостанд, бо мадади дигарон мушкили худро хал кунанд. Онхо ру ба Гарб ва Амрико оварданд.

Сардабирони расонахои гурухии Точикистон дар як назарсанчй ба ин чанбаъи масъала диккат надодаанд. Кариб хамаи онхо изхори таассуф кардаанд, ки Русия “чанги иттилоотй”-ро бохт. Бархе аз муаллифони матбуоти точик ошкоро пешниход карданд, Точикистон бо Амрико, ки ба гуфтаи онхо сабабгору оташдихандаи чанги Гурчистон аст, равобиташро катъ кунад. Ин “мутахассисон”-и чанги иттилоотй “сиёсати дархои боз”-и президент Рахмонро, ки то дируз мадх мекарданд, акнун “фохишагарй” номиданд. Зохиран на танхо Русия, балки журналистчахои Точикистон низ никоб аз руи худ парофтанд ва нишон доданд, ки на танхо мухолифи истиклолияту якпорчагии Гурчистон, балки мухолифи истиклолият ва якпорчагии Точикистон низ хастанд.

Танхо Дориюши Рачабиён дар хамсароии бузурги “тахлилгарон” садои дигаре зад. Вай навишт, ки нашояд рузе Русия “хакки конститутсионии худро барои химояи шахрвандонаш дар Точикистон истифода кунад”. Охир хар руз садхо точики мухочир шахрвандии Русияро кабул мекунанд ва мавсиме дар Русияву мавсими дигар дар Точикистон ба сар мебаранд.

Чунин мавкеъгирии сардабирону журналистони точик ба он маънист, ки боке нест агар хайати хукумату кй будани президенти Точикистон ва бо кадом кишвар чй равобит доштани Точикистонро хам Русия муайян кунад. Дур нест, рузе мо номаи саркушоду муштараки онхоро бихонем бо даьвати табдил шудани Точикистон ба яке аз вилоятхои Русия. 

Лочарам, катлиомхое, ки Буденний ва Фрунзе дар ин мулк карда буданд, беасар намондааст. Пас бомбаборони Гарму Чиргатол ё гулулаборони панохандагони точик дар Толикон низ бахуда будаанд.

Он гох чи зарур аст ба Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон, ки хамеша аз истиклолияти Точикистон бо ифтихор харф занад. Агар у дарвокеъ пуштибони истиклолияти Точикистон бошад, бояд аз хаминхо битарсад, ки аввалин шуда уро хоханд фурухт. Агар кайхо нафурухта бошанд.

5 Responses

  1. Як дустам ки хамеша дар ташкилотҳои тичоратии Точикистони хам шурави ва баъдан сохибистиклол вазифахои баландро бар душ дошт мегуфт ки “Ё одами калон мешави ё сағираи обшественний”!
    Гурҷистон, Тоҷискистон, Арманистон ва дигар кишвархое ки на сарват, на захоир ва на қаламрави бузург доранд маҷбуранд “сағираҳои обшественний” шаванд, яъне бояд ба ягон гуруҳ пайваста дар ҷараёни ин гуруҳҳо ё кишвари абарқудрат ҳаракат кунанд.
    Гап ҳатто дар он нест ки Амрико хубу Русия бад, ман дар ҳардуи онҳо шак дорам. Вошингтону Маскав пеш аз ҳама аз манфиатҳои миллии худ ҳимоят мекунанду ва қисмати миллатчаё кучак барояшон ҳеҷ аҳамияте надорад. Ҷаҳон барояшон майдони шатранҷ асту, ин бозигарон дар вақти зарурӣ бидуни ҳеҷ таассуф ё хиҷолат кишвар ва миллатҳои хурдро мисли донаҳои шатранҷ қурбон мекунанд.
    Стандартҳои дугона ин ихтирои имрузу гузаштаи наздик нест, ин навъ бархурд ҳамеша буд ва ба хусус дар баҳси кишварҳои бузург.
    Дар мавриди Косово Амрико нақши имрузаи Русияро бозид ва он замон ҳама ночор ба дахолати мустақими низомии Амрико рози шуда ниҳоятан ҷудошавии ин минтақаи саркаш аз Сербия амалӣ гардид.
    Сербҳо дар ҳақиқат мусалмонҳоро қатли ом карда буданд ва ҷазоашонро диданд ва дидаистодаанд. Пас чаро амалкарди гурҷиҳо бояд беҷазо монад?
    Агар Русия ба вазъ дахолат намекард мо имруз шоҳиди нобудшавии саросарии осатинҳо дар хоки Гурҷистон мебудему этироз мекардем. Дахолати Русия осатинҳоро наҷот дод, оё касе ба ин хулоса мухолифат дорад? Метаовнед шарҳ диҳед?
    Русия бад, Русия золим, Русия истилогар ва ғайра, қабул! Аммо оё Амрико аз вай чи фарқ дорад? Оё ҳамла ба Ироқ ва тассаруфи он кишвар аз ҷониби Амрико ягон сабаби ҷидди дошт? Оё Амрико шеваъи табодуллоти ҳукуматҳои кишварҳои хориҷиро дар ҷаҳон ҷори накарда буд аз ҳукумати Моссоддиқ дар Эрон шуру карда то давраҳои муоссир?
    Бале Русия дар Тоҷикистон нақши бадеро бозидааст ва аммо имруз гап дар бораи тоҷикон не балки дар бораи осатинҳои ҳамхуни ориёи мо меравад. Русҳо ибораи хубе доранд “душмани душмани ман дусти ман аст”. Намегуям ки русҳо дустони самимии точиконанд, аммо тибқи пажуҳишҳои ахири женетики беш аз 47 дар сади мардуми рус низ ориёианд ва қавми ориёи дар қаламравӣ Украина ва Русияи имруза пайдо шудааст. Пас онҳо низ бародарони моанд. Чанде пеш дар ин торнигор фикре изҳор шуда буд ки агар бародарони ҳамхунат ватанатро ғасб кардаанд ин аз истилоъи қавмҳои ғайр фарқи зиёд доштааст. Мантиқан русҳо барои мо бегона нестанд чун ориёианд ва имруз аз осатинҳо дифоъ карданд, пас мо бояд ба онҳо минатдор бошем, ё не?
    Олими бузурги бостоншинос ва қавмшинос Гумилёв навиштааст ки миллатҳое ҳастанд ки метавонанд дар давоми солҳо бо якдигар сулҳомез осоиштаги кунанд ва дар миёнашон ягон низоъ ё ҷудоие ба амал намеояд, онҳо ҳатто метавонанд як давлт ё импературиро ташкил диҳанд ва ин гуна кишварҳоро “ксения” мегуянд, дигар ақвом ҳастанд ки ҳатто агар онҳоро бо зурӣ бо якдигар омехта кунанд ва бигудозанд, чашми якдигарро надоранд ва давлатҳоеро ки дар таркибашон чуни миллатҳо ҳастанд “химера” мегуянд.
    Аксарияти импературияҳо химера буданд, шояд ба ҷуз импературии Эрон, аммо замоне ки ба таркибаш аз ҳад зиёд қавмчаҳо шомил гаштанд ин “ксения” ба “химера” табдил ёфта аз як такони Искандар фурупошид. Ва чуни падида дар тули таърих борҳо рух додааст.
    Мақсади гап, гурҷиҳо ва осатинҳову абхозҳо чашми якдигарро надоранд ва фикр намекунам битавонанд дар як давлат бо ҳам осоишта ба сар баранд.
    Дар ин рузҳои бисёр ҳассос маҳз барои мо, собиқ шуравиҳо, ҷудо кардани ҳақиқат аз фиреб дар низоъи Гурҷистон мушкил, нест. Саакашвилли якум шуда бо тупҳои вазбин Схинвалиро бо хок яксон кард, пас гуноҳ болои уст ва аз ин зиёд гуноҳи уст ки қавмаш имруз азиёт мекашад ва русҳо ба хокаш таҷовуз мекунад. Саакашвилии таълимдида, забондон ва маҳмадоно, ё натвонист ё нахост вазъро дуруст арзёби кунад. Агар натавонист ахмақ аст, агар дидаву дониста ин корро кард ва ҳадафаш қотиъ кардани Амрико буд пас хоини миллаташ аст, чунки ҳаёти ҳар як фард муқаддаст аст ва пешвои миллат набояд бо ҳаёти мардуми худ бози кунад.
    Бубахшед, дуру дарозу канда канда шуд.

  2. Мӯҳтарам Бебок! Шумо дар бисёр гуфтахои худ хак ба чониб хастед, аммо ба далели ин матлаб ҷавоб надоде, ки агар дар ҳақиқат Русия мехост, метавонист, дар Гурҷистон сулҳу оромй чорй кунад. Лекин дар вақташ ин корро накард ва замоне ки раҳбари Ғарбгарои Гурҷистон сари ҳокимият омад ва қубурҳои нафту газе сохт, ки Русияро бебаҳра карданд, дигар дер шуда буд. Ҳоло мехоҳад бо зӯрй ин масъалаҳоро ҳал кунад.

    Саволи асосй ин аст, ки кишварҳои майдае монанди мо то кай бояд зердасти Русия бошанд ва агар русҳо хоҳанд, мо пеш равему нахоҳанд на. Қазияи Роғун беҳтарин далел аст, ки чаро Русия моро дар ҳамин хел ҳолати дар зону истодан нигоҳ медорад. Ман фикр намекунам, Амрико ин гуна рафтор кунад. Баракс Амрико тараққиёти кишварҳои шарикашро мехоҳад ва ба ин мадад мерасонад.

    Сейюм, чаро тоҷикон кӯмаки аз ҳама бештарро аз Амрико не нагуфта мегиранду мехуранд, ошашон шавад, вале бо ин қадар шуру шаъафф ва кафки даҳан аз Русия ҳимоят мекунанд?

  3. Субхи имруз (16-уми август), вакте истифодаи ифодаи «журналистчахо»-ро аз чониби Точвар хондам, казоватам ин буд, ки муаллиф «гузарондааст». Аммо нисфирузии худи хамин руз, дар нишасти муштараки рузноманигорони ирониву точик дар Иттифоки журналистони кишвар, ман на танхо тасдики бахои Точварро дарёфтам, балки ба кавли як рузноманигори баномусамон, мо исбот кардем, ки вокеан Чумшуд хастем! Бале, хохеду нахохед, симои умумии ШУМО – рузноманигорони мухтарм-и кишвар, дар тасаввури бародаронатон Чумшуди таппа таёред хаст.
    Аз руи инсоф мегуям, ки дар суол ба саволхои хамкасбони хеш, рузноманигорони мо аксаран харзагуи карданд. Баъзан надониста, чавоб медоданд! Чизе, ки аз дахонашон барояд. Хайдов! Ба истиснои аккалияти хозирин…
    Берун аз хар гуна гараз як нуктаро таъкид мекунам. Вакте мо огах шуда ончо хозир мешудем, дархол гумонамон ин буд, ки мизбон ва ё яке аз мизбонхои ин хамоиш масъулини Анчумани рузноманигорони форсизабон хастанд! Бале, хамон созмони хушном (дар ифода)! Аммо баъдан, маълумамон гурдид, ки онхо на танхо хеч масъулияте надоштаанд, балки хатто хозир нашудаанд (ба иттилои ИЖТ хама доирахо огах шудаанд!), то хувияти касбии хешро арза доранд. Албатта, агар даъвои Чамшуд набуданро дошта бошанд! Афсус, «Афруз»…

  4. Дар акси севум М. Саакашвилиро шинохтан мумкин аст. Вале гуиё ин акси Э. Рахмон бошад…

  5. Рахмон бояд аз атрофиёни худ тарсад, зеро хама каждуми зери бурёянд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: