Оромии пеш аз туфон ё туфони пас аз марг?

Ҳама ба митинг омодаанд, роҳи бехуне бояд чуст

Ватандор

Аҳзоби сиёсии кишвар комилан сокитанд. Ба чуз он ки Ҳизби сотсиал-демократи Раҳматилло Зойиров, ки мехост 8 апрели соли равон даст ба тазоҳур занад. Аммо ин митинг пас аз ҳафтоду як руз дар Хоруғ сар зад. Забонаи он бо дахолати ВКД-и кишвар хомуш карда шуд. «Ако»-и чумҳурй ваъда кард, ки ягон тазоҳуркунанда, аз чумла саркардагони он мучозот намешаванд. Аммо Шерафкани кишвар аз пеши худ алайҳи чаҳор тан саркардагони тазоҳур парвандаи чиной боз намуд. Бо пофишориҳои «Ако» парванда қатъ гардид.

Аммо ормони Раҳматилло Зойиров нашикаст. Хостаҳои у дар митинг пиёда нагардид. На 96 000 ҳектор замини фурухтаи Раҳмон баргардонида шуд, на ҳукумат пеши мардум пас аз сардиҳои бебарқиву бегазй узр хост, на Раҳмон 2 миллиарди ба Чин заминфурухтаашро ошкоро пеши мардум гуфт.

Муҳиддин Кабирй бошад, ҳар қадар бештар мехоҳад дар алоҳидагй нуфузи ҳизбашро нишон диҳад. Аз аксарият ҳамоишҳову эътирозҳои дастачамъонаи аҳзоби Точикистон дурй мечуяд. Ҳарчанд ягона вакил дар порлумони ношуди Точикистон аст ва аз ҳукумат ошкоро интиқод мекунад, дар бисёр мароҳили ҳассос Кабирй аз вокеъият канора мегирад.

Ҳизби демократи Точикистон бошад, бо талоши Масъуд Собиров имрузҳо сари калобаи худро гум кардааст. Ин ҳол бахши дигари ҳизбро низ мулзам кардааст, ки худро пайравони Муҳаммадрузй Искандаров меҳисобанд. Раҳматулло Валиев ва Чумъабой Ниёзов, ки чеҳраҳои намоёни ин ҳизбанд, натавонистаанд, ҳизби парокандаро ба ҳам оваранд.

Мирҳусейн Нарзиев низ мисли мурғи посухта бечоранол медавад. Аммо медонад, ки самараи кораш набуду нест. Бо дахолати ҳукуматиён ин ҳизб низ ба ду сангар чудо шуд.

Ҳизби ленинй, ки мурдаро монда туйхурй дорад, ба чойи он ки аз ҳукумат интиқод кунад, ба чойи он ки паҳлуи Раҳматилло Зойиров истода ҳамдастй намояд, аз ҳукумат хостори ҳайкалҳои бобои Ленинашро мекунад. Минбаъд низ ба халқу миллат ин ҳизб дар танҳой хидмате карда наметавонад.

Ҳизбҳои офаридаи давлат — аграрию ислоҳоти иқтисодй бошанд, танҳо дар қайди вазорати адлия ҳастанду халос. Ягон кас намедонад, ки аъзои ин ҳизбҳо чандтост.

Ҳизби Ваҳдат бошад, ба чуз табрикоти ҳамдигар дигар вақт умуман вучуд надорад.

Инак, ҳизби Э. Раҳмон. Ин ҳизб, ки номенклатураи ҳизби шуравии коммунистиро билкулл ба аъзогй пазируфтааст, танҳо номи дигар дорад. Аммо ҳама коргузорй мисли режими яккатози солҳои шуравист. Ин ҳизб як бурд дорад: тамоми фишангҳои хурданиву серраваған аз они уст. Касе аз дигар аҳзоб бо таври диплуматй суяш нигарист, бо мушт посух медиҳад. Аммо аъзои он садокат надоранд ва омодааанд, фардо узви ҳизбе шаванд, ки фарқ надорад, чй мехохад, аммо ҳоким бошад.

Кишвар лаби чарие қарор дорад, ки бо камтарин шамолаки қисмат фуру хоҳад рафт. Аз начоти он касе андеша намеронад.

Ватандорони азиз, кулли аъзои аҳзоби сиёсй! Мо дар танҳой алайҳи ин туда, ки сари хуроки нисфирузй хобашон мебарад, мубориза бурда наметавонем. Дар порлумони ношуди корношоям, ҳамагй ду курсй дорем. Боқй ҳамаашро ҳизби Амир Эмомалй хон дорост. Пас кулли манфиатҳои эшон ҳимоя мешаваду халос. Раҳматилло Зойиров ҳануз соли 2003 эътилофи ҳизбҳоро пешниҳод карда буд. Шумо нахостед, пиндоштед, ки Зойиров дар оянда нуфузашро ҳузури халқ баланд мекунаду шуморо мардум эътироф нахоҳанд кард. Ин иштибоҳи шумо буд, азизони ман, иштибоҳи нобахшидании шумо буд, ки дар азоби халқи азизи мо низ мучримед, пагоҳ дар пештоқи маҳшар ва таърих посух хоҳед гуфт.

Пас роҳи начот яктост: ИТТИҲОДи аҳзоб ва боқи беҳизбҳо. Итминон дорам, ки агар кулли аҳзоби кишвар дасти ҳам бигиранд, ҳафтоду ҳафт қабилаи ҳизби халқи демократй бо шумоён баробар шуда наметавонад. Ҳамаи мо ватандорем, ватане бо номи Точикистони азиз дорем. Напиндоред, ки кишварҳои дуру наздик дар кулли пасмондагиҳо танҳо Раҳмон ва дастаи уро гунаҳкор меҳисобанд. Эшон шуморо низ маломат доранд, ки сусттаринҳоед, сусттаринҳо!!!

Мардум интизори табаддулоти мусолиматомезанд. Интизори ҳукумати нав, ҳукуматдории комилан нав. Аммо ҳар яки аҳзоб мехоҳад дар алоҳидагй аробае бикашад. Зимистон дар пеш. Бебарқй аз он ҳам пештар. Пас чй бояд кард?

Advertisements

One Response

  1. ман худ як шахси бесаводм гуем хато намекунам
    1 хизби коммунисти ба ки даркор
    хамон Ленин ба ки даркор зиёда аз 70%замини точикон ба кихо монд боз ленин мегуем боз партияи комунисти мегуем он чизе буд гузашта рафт гами фардои миллатро бояд хурд боз хамин кадари дигараш ба дасти дигарон наафтад босавод шудани миллати мо ба ягон давлату миллат намефорад инро на хама медонад.
    хамон кадар акалан кушиш кунед бародарон ки милат ба андозаи 50% коматаш рост шавад ба нарху навои точикистон назар афканед аз нарху навои руссия якчанд маротиба баланд
    2юм фурухтани як порча звмини мукадаси точикон ба Чинхо ба чое он ки заминхое ки аз дасти точикон
    бо зури ё бо фанду фиреб гирифтаанд даъвои гирифтани онро кунем намешавад .
    Аскар Акаев барои чи аз киргизистон гурехта рафт
    холо дар панохгохи русхост
    хар як шахси точикистон шеъри С.АЙНИ
    МАФРУШ ЗАМИН-ро дастрас ва шиори точикон бояд кард чунки мо точикон якпорча замин дорем
    ин Модари азиз мукадас аст
    дар охир ба мардуми пуршарафи Точикистон гуфтаниам Точикистонро чун гавхараки чашм нигох доред фардо фарзандони мо бар худи мо лаънат нахонанд чунончи мо бар он шахсоне ки Самарканду Бухороро аз даст доданд лаънат мегуем ЗИНДА БОД МИЛЛАТИ ТОЧИК мардони точдори Точикистон

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: