Хикмати гиребон: Чаро Шабнами Сурайёро набояд таъна зад?

Фахриддини Холбек

Копихони ва фонограмма – ду вокеъияти мусики имрўз чун санг сўйи овозхонони Точикистон андохта мешаванд.

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Копихонхоро дузд меноманд. Онхоеро, ки аз фонограмма истифода мекунанд, беистеъдоду бехунар. Мутаассифона, вазорати фарханги Точикистон бо ин иштибохангезихои бархе чун мо каламбадастон гўё хамовоз хам шуда, ки бо фонограмма хондан дар консертхоро мамнўъ кардааст. Ин он казоватест, ки моро ба ин хукм овард? Агар хамин тавр аст, пас кори номаъкуле шудааст. Чаро?

Копихони. Бархе имрўз Ахмад Зохирро ба овозхонони мо намуна меоранд. Аммо шояд онхо дарак надоранд, ки беш аз нисфи сурудхои «Алмоси Шарк» копи хастанд. Хам аз охангсозони Шарк мехонад ва хам аз Гарб. Пас ў дузд аст? Бале. Он фаросати бархе, ки ба рўйи когаз рехтааст, ба хамин хулоса меорад. Аммо вокеият ин тавр нест.

Дар копихони як хикмат аст: агар суруди касро бех аз ў хонда натавони, бехтараш нахон. Ахмад Зохир дар ин кор муваффак буд. Холо машхуртарин копихони мо Шабнами Сурайё аст. Аммо сар рўйи дил гузошта, бояд эътироф кард, ки новобаста аз бархе иштибохот, ў бехтар аз пешиниён ин сурудхоро мехонад. Суруди «Карсак»-ро, ки Шабнам бо Чонибеки Муроду Начим мехонанд, аз Хабиб Кодирии афгон шунида будам. Аммо ин суруд Хабибро машхур накард. Аммо бубинед, ки ин серо ба Аврупо бурд. Ин магар бад аст? Аз ин бигзарем.

Оё метавон тасаввур кард, ки хар кас ба санъат бо суруди худаш омада метавонад? Хеч имкон надорад. Зеро шоире шеъри дигаронро нахонда шоир нашуда, ё мухандисе тачрибаи дигаронро наомўхта мухандис. Овозхон хам аввал моли дигаронро мехонад, баъд ки пўхта шуд, пайи офаридани суруди хеш мешавад.

Ин як тахаввули табиист ва ба хунари хар кас вобаста аст. Кори Худост, ки фардо аз ин копихонхо хунармандони хуб зухур мекунанд ва ё хамин тавр аз хотирхо зудуда мешаванд, тавре ки бисёрихоро сарнавишт чунин буд. Пас копихони набояд барои таъна кардан ва нах задани овозхонон дастак бошад.

Бале, копихони чиноят нест, аммо агар имрўз суруди бехтарини овозхонони мо копихо хастанд, ин вомондагиву бозмондаги, вижагии санъати мост. Зеро ба назар мерасад дар Точикистон на факат овозхонон копи мекунанд.

Оё порлумон аз кавонини кишвархои дигар истифода намекунад? Барномахои дигар вазоратхои дунё оё дар вазоратхои мо копи намешаванд? Оё журналистон аз манобеъи дигар истифода ё копи намекунанд? Бозори мо оё бо колохои худи таъмин аст? Нест. Агар мебуд, мо вомонда намебудем.

Ба хамин минвол, фонограмма. Ку ягон мансабдор бидуни когаз маърўзаашро хонад? Ин чо мавзўъ халлокияти як миллат аст. Тамоми кишрхо, аз боло ба поён. Суол хам ин аст, ки оё мо точикон халлок ё офаранда хастем ё не? Пас чаро санги маломат на ба хама, балки ба овозхонон занем?

Оё медонед, ки барои он ки овозхони бечора як сурудашро фонограмма кунад, бояд 500 то 1000 доллар дошта бошад (як танзим – arrangement – аранжировка холо 300 доллар кимат дорад)? Гузашта аз ин, чи кадар хуни дил мехўрад, дар ба дар медавад.

Ин мавзўъро бо Фарходи Дарё, ки хочат ба муаррифиаш нест, ба миён гузоштам. Гуфт, ки агар фонограмма набошад, сабти бади консертхои ба истилох «лайф» ё «зинда»-ро намешавад токат кард. Вай як гапи хуб хам гуфт: «Агар хамон Сароханг, Ахмад Зохир, Сорбон ва дигарон хам сурудхояшонро фонограмма мекарданд, холо мо бехтарин сурудхоро дар бойгониамон медоштем». Тасаввур кунем, ки Содирхон Хофиз, Мукаддас, «Гулшан»-у дигарон хам агар ба мисли овозхонони имрўз аз танзиму фонограмма истифода мекарданд, чи кадар барои шунидан суруди хуб медоштем!? Пас дар замони онхо набуд. Замони мо дорад. Чи ачаб! Охир, ин пешрафт аст. Пас чаро аз он набояд истифода кард?

Хуб, гуфтем, ки фонограмма беистеъдодиву бехунарии овозхон аст. Аммо суолхо ба вазорати фарханг: оё мо шароити барои «зинда» хондан дорем? Тачхизоти модерн хаст, ки овозхон барояд, соддаву осон бихонад ва мутриб навозад? Агар бошад, чаро дар «Амфитеатр» ё кинотеатри Чоми ё Кохи Борбад намебинем? Чаро хатто дар консертхо хатто хамон барк нест, ки фонограммаро акаллан чархонад? Ё ба «усули бобоии зинда хондан» гузарем? Агар манзур хамин аст, бо созхои мусикие, ки бо барк кор мекунанд, чи кор кунем? Мамнўъ эълон кунем чи мешуда бошад? Хамин тавр, соддаву осон мисли фонограмма? Мешавад ку?

Бале, аксари овозхонхои мо хаваскоранд. Хам дар копихони ва хам дар фонограмма «мегузаронанд». Онхоро хатто наметавон овозхон номид. Зеро бархе хатто дуруст хондаву навишта наметавонанд. Як хаваси бачагонае онхоро тахрик медихад, ки на худашонро ба чое мерасонад ва на дигаронро. Аз ин хотир бахси онхоро як тараф мегузорем. Суруд барои касе ишк, барои касе машгулият аст. Факат хаминро мегўем, ки «наркоман» нашаванд шуд.

Аммо ба дигарон як чизро ёдрас шавам: Имрўз холи хамаи мо чунин аст. Аввал гиребони худро бў кунем. Аз чи бошад, ки эхсосхо моро лачом задаанд, на мо онхоро. Бигзор боз хазорхо тани дигар овозхони кунад. Аз миёни ин хама шояд рўзе як нафар пайдо мешавад, ки мо бо ў ифтихор мекунем. Шавки бачахоро набояд кушт!

20 Responses

  1. Бе шубха санъати мусики яке аз асосхои боигарии рухии Точикон аст ва дар раванди хаёти беш аз хазорсолаи миллат уро хамеша хамрох буд. Чангнавоз ва ракосаи Сугди, Рудаки бо овози дилошуб ва навои уд, Борбади Марвази бо соз ва Камолиддин Бинои бо «Рисолаи мусики» шохиди ин суханонанд. Хатто овони Шурави, ки аслан маданияти миллиро поймол кардан мехост ва талоши сохтани фарханги васфкунандаи социализм буд ба миллати точик Акашариф, Одина Хошим, Гулшан ва Чурабеку Мукадас такдим кард. Пас имруз чи шуда бо фарханги мусикии ин миллат? Агар рухи Борбад навори дар хошия бударо бинад танаш дар гур руйгардон хохад шуд.

  2. Чанобон

    Ин кисмат бояд дар ибтидо ояд Шумо нодуруст гузоштед Лутфан ислох мекардед

    Копихони ва фонограмма – ду вокеияти мусики имрўз чун санг сўйи овозхонони Точикистон андохта мешаванд.

    Копихонхоро дузд меноманд. Онхоеро, ки аз фонограмма истифода мекунанд, беистеъдоду бехунар. Мутаассифона, вазорати фарханги Точикистон бо ин иштибохангезихои бархе чун мо каламбадастон гўё хамовоз хам шуда, ки бо фонограмма хондан дар консертхоро мамнўъ кардааст. Ин он казоватест, ки моро ба ин хукм овард? Агар хамин тавр аст, пас кори номаъкуле шудааст. Чаро?

  3. Харфхои матлаб андаке номуназзам ба назар мерасад.

  4. Аз андешахои Фахриддини Холбек пуштибонй мекунам боз аз он лихоз, ки хавзаи фархангии мо точикон, эронихо ва форсизабонони Афгонистон ягона аст. Пас ин овозхонхои мо кори неке мекунанд, ки хамаи моро бо хам муттахид месозанд.

    Аммо аз суи дигар мо ба овозхонхое ниёз дорем, ки на ичрокунандаи бехтари суруди дигарон бошанд, балки таронахои ноби точикиро ба дигар иклимхо бирасонанд ва бо решахои фархани миллй ба шахсиятхо табдил биёбанд.

  5. Хамаи охангхои порсй моли мост ва ибое дар ичрои дубора ва бехтари он набояд бошад. Шабнам дар Ландан вокеъан махшар бапо кард ва калби бинандагону шунавандагонашро беш аз пеш бурд. Дар холе ки бештари охангхояш вокеъан аз сарзаминхои кунунии Афгонистону Эрон буданд ва шуморе андак аз Точикистон. Нушаш бод, чун хунар дорад.

    Аммо дар хамраъйи бо бародар Шариф мехохам орзу бикунам, ки охангхои асили мо хам чахонгир шаванд. Барои ин овозхонони мо ба таронасаро ниёз доранд. Бехтар аст худашонро бо навиштани матни таронахояшон захмат надиханд, чун маъмулан асафнок аст. Мо таронасарои хирфайи надорем ва ин мавзуъро порсигуёни хибраву огох аз кишвархои дигар низ борхо таъкид кардаанд. Бехзоди Булури Би Би Си дар ин бора суханони чолибе гуфта буд, ки дар Jadidonline.com мунташир шуд. Пайванди онро пасон хохам фиристод.

  6. Фишурдае аз суханони Бехзоди Булур, коршиноси мусикии эронй, дар бораи мусикии кунунии Точикистон (албатта, ба дабираи порсй):

    http://jadidonline.com/story/16062008/frnk/tajik_female_singers

  7. Hazor nafrat ba ba*ze saroyandagoni tojik

  8. Аз комёбихои хонуми Шабнам метавон танхо «карсак» зад, аммо аз ин хам наметавон гузашт: ки копихонй беэхтиромй ба хунари халлокияти мутрибу хонандагони мост.

    Фахриддини азиз хак ба чониб аст, ки имруз аксари «журналистон»-и мо хам бо рубардору аз номи худ чоп кардани осори дигаронанд: ки инро плагиат меноманд. Ба фикрам, чунин падидахоро бояд махкум кард, на ки далел овард.

  9. Рустами гиромй,

    Дар мавриди он «журналистон» намунае дар ихтиёр дорй?

    Сипосгузорам.

  10. Janobon, nigared ba Davlatmandi Khol. U namunaest baroi san’atkor, konzerthoyash dar tamomi jahon sarshor as mukhlisonash.

  11. Наметавонам ба гуфтахои чаноби Фахриддин рози бошам. Ин навишта як чавобгунаест, ба навиштаи Махбуби Ганчаали, ки дар хамин торнома мунташир шуда буд.
    Чаноби Фахриддин мегуяд: «Дар копихони як хикмат аст: агар суруди касро бех аз ў хонда натавони, бехтараш нахон. Ахмад Зохир дар ин кор муваффак буд.» Ва дар илова Шабнамро мисол меорад, ки суруди бо бархе иштибохот бехтарин копихони вакт аст ва суруди «Карсак» аз Хабибро мисол меорад, ки Шабнам ин сурудро хонд, уро ба Аврупо бурд.
    Аз ин навишта хандаам меояд, агар Хабиб хам мисли Шабнам синачунбониву нозу карашма медошт то худашро ларзонад, бо ин сурадаш агар дар миррих хаёт мебуд, барои консерт даъват мекарданд.
    Дигар фикрхои муаллиф ба гуфте чапгалат аст, хочат ба гуфтан надорад.
    Охирул даъво хеч умедвор намбудам, ки Фахриддин барин каламбадаст чунин пуштибоние аз «ситора»-хои дуруза мекунад, афсуси калам, ки хор шуд.
    Рашод аз Маскав

  12. Дар чашни солгарди Доро Начот шохиди рухдоде ачиб будам, ки ба мавзуи мазкур рабт дорад. Харчанд аз он руз хеле вакт гузаштааст, лозим медонам вазъи холро ёдовар шавам. Толори «Боргохи сухан». Чандин нафар устодони санъат хунарнамои карданд. Навбат ба овозхоне расид бо номи Бахрулло Абдулло. (Имони комил дорам, ки дар ёдоварии исми овозхон заъфи хотир нест, харчанд он руз ин номро бори аввал мешунидаму садояшро хам.) Овозхон гох баъд аз авчи садояш баландгуякро ба лаб мебурд, гох онро поин мекард, ки фонограмма «месуруд». Ачоиботаш аз хама охир… Бо гумоне, ки суруд тамом, баландгуякро канор монду рамзи эхтиром назди мухлисон(?) ду даст пеши бар нимтаъзим кард… Хамин вакт фонограмма «чон даровард»: Эй чонеееее!!! Биёбу бигир! Намедони, ки ханда куни, ё ба холи ногувори овозхон бигирйи. Хайрият Афзалшои Шоди бо суруди бефонограмма хондааш нишон дод, ки: «Мешудааст-ку!»
    Инчо касеро паст задану дигариро ситоиш кардани нестам. Танхо вокеиятро овардам. Коил, ки Шабнам дар истифодаи фонограмма устод шудааст. Вале гули табии таровати гуворо дорад ё сунъи, чойи бахс нест.
    Дар мавриди копихони: «Шоире шеъри дигаронро нахонда шоир нашуда, ё мухандисе тачрибаи дигаронро наомўхта мухандис. Овозхон хам аввал моли дигаронро мехонад, баъд ки пўхта шуд, пайи офаридани суруди хеш мешавад.»
    Бубахшед, копи кардан чизи дигар асту пайрави чизи дигар. Баъдан, копихони то дами марг? Наход журналисте, ки бехад эътирофаш мекунам, копикунии рузноманигоронро тарафдор бошад?

  13. Зулоли гиромй.

    Дар ин чо Рустами арчманд хам каблан дар бораи «копикунии журналистон» чизе гуфт ва ба пурсиши ман дар бораи ин иддаъо посухе надод. Ва холо ту хам нигарони «копикунии рунзноманигорон» хастй. Мешавад ин мавзуъро андаке тавзех дихед, ки мо хам аз он огох шавем? Манзур кадом рузноманигорон ва чи гуна «копикунй» аст?

  14. Бародари азиз!
    Манзури ман чизи дигар аст. Чумлаи охири банда бо ду оханг хонда мешавад. Ман чиро дар назар доштам? Шояд Фахриддини Холбек чонибдори он аст, ки журналистон хам моли дигаронро бемалол копи кунанду (баъди ин онхоро метавон журналист ном бурд?)аз ин кор хеч боке нест? Далоилро бошад, аз иддаогарон пурсед.
    Саломат бошед!

  15. Фикр мекунам Фахриддини Холбек камтар ба иштибохот дода шудааст ё хоб аст
    Ба шумо як суол дорам авал шумо дакик гуфта метавонед ки он Шабнами мегуфтагиатон Шабнами кист?
    Хуб вокеан Шабнами Сурайё агар бошад пас Сурайё Косимоваро метарсам ки ба Марям баробар мекунед чун у Исоро бе падар таввалуд кард
    Аааа ман пас иштибох кардам бубуахшед ки ба фикрам дар Точикистон замони Матриархарист ва пас аз ин шахсро бо номи модараш ном мебаранд ва билохира пас аз чанде фарк намекунем ки фарзандони точикзода СУНДУКИ хастанд ё ба рохи нек ба дунё омадаанд
    Саломат боши номбардори жуналстикаи Точик ахриддини Холбек

  16. мо мардуме хастем мукаллид.дар хама кор ва хама чиз. Аз худамон ба чуз токии чоргуша \сари одам гирд аст.ку мантик? \дигар чизе надорем. Факат лофи хушку холи бо маданияти ирону араб менозем. Хуруфи худро надорем хеч чиз ба чуз ароба ва чанд журналисти бемори марази шовинизми филологи…

  17. Ба фикрам дар рекломи концерти сароянда бояд тарзи гузашти концерт навишта шавад (Фонограмма ё ин ки зинда) Бояд мардум донанд ки чиро мешунаванд.

  18. Ба хамАндешон дуруди самими. Ба рости намехохам ба ин матлаб вокунише нишон дихам, харчанд тавре бисёрихо дарк кардаанд ин як навъ чавобияе ба навиштаи ман аст. Ман чандин бор таъкидан гуфтаам, ки комилан зидди бозхони кардани таронахои сарояндахои эрониву афгони аз суйи хонандахои точик нестам. Гап сари ин аст, ки вакте хофизхои мухтарами мо копи мехонанд дар хеч чое зикр намекунанд, ки оханг ва ё суруд моли худашон нест. Онхо баъди бозхони худро сохиби комилхукуки тарона хисоб мекунанд. Инсофан бояд гуфт, ки ин амал дар ягон чорчуба дуруст намегирад.

  19. Hello apay Shabnam.
    Shumo chi hol dored?
    nomi man Sangak ast va shumo maro meshinosed!
    Shumo 1 marotiba ba Internati mayuboni Hissor rafta buded man dar on jo budam.
    Shumo Modari maro niz meshinokhted.
    Man ba shumo barori kor khohonam!!!

  20. I liked your article. Thank u…
    my site

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: