Нома ба Точвар, Ариёром, Дориюш ва дигарон…

Навиштае бо имзои “Сарбадор” аз шахри Душанбе

Бародар Точвар! Мумкин аст шумо ин номаи маро нашр накунед, вале шод хохам буд агар худи шумо ба танхой онро бихонед ва лахзае сари ин масъалахо биандешед. Вале агар онро нашр кунед, мутмаин хохам буд, ки дилатон ба миллати точик сидкан месузад ва ишкатон ба миллату Ватан номию нонй нест.

Миллат ва ватан чист? Магар тамаллук дар назди эронихо ва ё зурхои дигар? Барои он чунин менависам, ки мехонам ва хис мекунам, шумо, Ариёром ва Дориюш аз думравони эронихоед. Ман далел хам дорам ва хис хам мекунам. Шумо Эрону эронихоро аз дур мешиносед. Ба тавре ки мегуянд, садои духул шунидан аз дур хуш аст, ман хам монанди шумо ба мардумони Эрон гойибона мехр доштам. Афсус, хеле дер фахмидам, ки дар дунё афроди хислатгумкардае монанди онҳо дар чахон вучуд надорад. Банда 9 сол дар Эрон зиндагй кардам, 2 сол дар Русия, 1,5 сол дар Амрико ва холо дар ватани азизам, Точикистон! Банда метавонад холо садхо сахифа аз номардихо ва ноинсонихои эронихо нависам, валекин ба ин кифоят мекунам, ки ин афрод дар нисбати мо бисёр бадиҳоеро раво мебинанд ва набояд мо точикон ба чунин афрод умедвор шавем.

Агар ба шумо чунин далоил зарур бошад ман садхо далоил бароятон менависам. Аммо факат ин чизро мегуям, ки Эрон ва эронихоро ман адхо баробар зиёдтар аз хамаи шумо дуст медоштам ва орзу доштам, дар бари домони эроние намоз бигузорам, чи исломй ва чи зардуштй. Аммо фахмидам, ки ин мардумро бояд ба ягон макони мукаддас хатто дар 1000 километри наздик рох надод.

Гап зиёд аст, аммо як чизро бидонед, ки эронихо ягон зарра эронияте мисли мо надоранд ва мо барои кулли эронихо чизе беш аз махлукони чангалистонхои Африко нестем. Онхо моро як кавми паст хисоб мекунанд дар холе ки мо онхоро бисёр дуст медорем ва эхтиром мекунем.

Ман орзу мекунам, ки мо фантазияхои дуругро дар бораи Эрон ва эронихо аз сар дур кунем ва худро хамчун як миллати мустакилу бакувват ба майдон биёрем. Бояд ба умеди хеч касе дар тамоми руи замин нашавем ва факат дар фикри худамон бошему худро бисозем, ва агар на бо ин ориёпарастию эронпарастихо ба ахлотхонаи таърих меафтему тамом.

Ташаккур ба Патриот, ки навиштахои у ва хамлахои шумо бар у маро ба навиштани ин нома водор кард. Саломат бошед!

20 Responses

  1. Патриоти гиромй,

    Хамеша шефтагии бехадду хаср навмедии бехадду хасрро дар пай хохад дошт. Ту, ки дар гузашта мехостй руи домони мардуми Чумхурии Исломии Эрон намоз гузорй, холо иддаъо мекунй, ки онхоро набояд ба маконхои мукаддас рох дод.

    Номаи мунташира чизе чуз як мушт харфи муфти нажодпарасти тангназаре нест. Барои адои ин суханон дар кишвархои пешрафта одамон пушти милахои зиндон мераванд. Ташбехи мардум (чи аз нажоди худат, чи бегона) ба барбарони чангалй ва гайра метавонад танхо кори як бозандаи бадсигол бошад. Аммо дардо, ки ин суханонро як нафар дар бораи худи мо ва нажоди мегуяд.

    Худи у хам дар чое ишора кардааст, ки “эрониён як зарра аз эронияти моро надоранд”. Пас дар замири нохудогох ин башар медонад, ки мо хам эронй хастем. Дасти чабри торих бигуем ё дасти истикбори бегонагон нахуст моро аз хам буриду сипас магзхои моро шуст, то инчунин алайхи хам биситезем. Хамин махалгаройии имрузй дар Точикистон магар намунаи дами дасти худситезии мо нест? Чи бирасад ба хисси мо дар бораи хамкавмонамон, ки берун аз марзхои сиёсии мо мондаанд.

    Эрони кунунй, кишваре беш аз 70-милюнист бо одамони чурвочур. Так-таки онхо барои мову шумо тарра хурд намекунанд ва хама хам намедонанд, ки шумо аз кадом сурохи замин берун омадаед. Мисли хар кишвари пурчамъияти дигари чахон. Хеч чо сад дарсади мардум ба дилхохи мову шумо намешаванд, аз чумла дар Эрон.

    Аммо ин чи рабте ба хуввияти мо дорад? Хатто агар эрониён дар вокеъ, ба гуфтаи Патриот, даррандагони чангалй бошанд, боз хам магар хуну ирки мо худ ба худ иваз мешавад? Хуну пешинаи эронии мо дар хофизаи торихии мо сабт шуда ва бо он коре наметавон кард. Магар ин ки мункири он бошед, ки ба маънии туф кардан ба руи падару модар аст. Инкори хуввият – инкори тухми обоию ачдодист. Носазо гуфтан ба кулли мардуми Эрон – душном додани так-таки мардуми Точикистон аст. Аз ин пайванд рахойи нест. Укдаи хакорат (комплекс неполноценности) аз далелхои аслии ин навъ бархурд бо эрониён аст.

    Чаро бояд хамвора чашм ба дасти эронй духта бошем, ки ба мо кумак кунад ва агар накард, уро “хайвон” бихонем? Магар дасту пои худи моро аз беху бун буридаанд? Чаро худамон такон намехурем, то чизе биофарем ва мунтазирем, ки лукмаи хоидае дар дахонамон бигзоранд, то фуру бибарем ва пас аз муддате аз мачрои дигар рахояш кунем? Чаро хуввияти мо бояд ба нофу шикамамон баста бошад? Агар рус кумак кард, рус шавему хатти уро бипарастем ва агар узбак кумак кард, “Калай шумо?” бигуем? Барои чй мо наметавонем хуввияте мустакил аз шиками худ дошта бошем ва хакикатро бипазирем ва бо садои баланд бигуем, ки ХОСТГОХИ ЭРОНУ ЭРОНЙ САРЗАМИНИ МОСТ ВА ИН ХУВВИЯТИ МУСТАКИЛЛИ МОСТ? Забони порсй зодаи марзу буми мост, мардуми эронй офаридагони хамин хоку оби мо хастанд. Барои чй фикри шикам имруза моро манкурту кур кардааст? Кай бино хохем шуд?

  2. Дар навиштаи пешин беихтиёр ба чои “Сарбадор” вожаи “Патриот” омадааст, ки фикр мекунам паёме аз гайб бошад.

  3. Рустами азиз, дар чойи Шумо ман ин номаро нашр намекардам, зеро аз он танхо буйи хашму тафрика меояд ва дурнигохи муаллиф, агар чизе мисли ин дар вай хаст, мусбат нест.

    Аммо дарк ва хис мекунам, ки чунин андешаву акоид дар чомеъаи Точикистон дар ин рузхо ру ба афзоиш дорад ва каме аз пайомади таблиготи салафиён низ аст ва шояд ба ин сабаб Шумо тасмим гирифтед, онро мунташир кунед.

    Посухи ман ба касе, ки номи баланди “Сарбадор”-ро тахаллус гузидааст, ин аст, ки аз баёнатон як тани тахсилдида намудор мешавед, лек сухани шумо аз он зумра суханхост, ки одатан сузонандагон ва арбадачуён пахн мекунанд.

    Касе нагуфтааст, ки дар бари чомаи онхо намоз бояд хонд. Ариёрам, Дориюш, банда ва дигарон гуфтаанд, бояд аз онхо омухт ва решахои таърихиро эхё кард.

    Агар шумо аз эроние ранчида бошед, ба он маънй набояд бошад, ки хамаи Эрон бад аст. Дилам бароятон месузад, ки зиндагии сангине доред ва бузургтарин сангро худ ба дилатон бастаед.

  4. Hambasta budani movu Eroniho dar okhiri karni XIX ba okhir rasid. Mo digarem misli siyoh va safed, khub sabon va farhangi yagona dorem, ammo as ham durem misli saminu oftob. Kur-kurona Iranofil budan khosiyate khube nadorad, mo boyad millati nav sozem va in rohi yagonai rahoii most.

  5. Самаки гиромй,

    Лутфан назаратро бештар ташрех кун. Манзурат аз дурии мову “эрониён” ба монанди “замину офтоб” чист?

    Пештар хам гуфта шуд, ки манзур дуст доштани як ниходи сиёсй бо номи Эрон нест, балки шинохти хуввияти эронии худ аст. Дар гайри ин сурат “точик”-ро чи гуна метавон маънй кард?

    Аз пеш сипосгузорам
    Дориюш

  6. Fahmidaam vozhai tojikro eroniho dar chand mavrid ba maanei bad istifoda burdaand. Misol bar in filmguzoroni Eron ”tojik’ – nom personazhero xub xislathoi nofarishata bakhshidaand dar yak filmi mustanad. Haminro ba xalqashon tamosho medihand. Shoyad sababe dorand. Shaxsan namedonam.

    Banda dar xorij eronihoro vokhurdam chand marotiba.
    Haqiqatan az mo tafovut dorand ammo ba nazaram ma’anaviyotu ijtimoiyotashon hamon, ki az most.
    Vale bo gufti urus, ki ‘odno no’ hast injo: gap dar sari pul ravad, hamma mardi eroni dar haqiqat digarand – dustigari, guzasht, xotirdoni inhoro odat nest:)). Az nemisu, yahudi kambudi nadorand:)) (holro az morgazida pursed:))!

    Hamazamon munosibti dustdorona, samimi va garmu jushon dorand bo hamzabononashon, va dasti yoriro inho to joe ki man medonam daregh namedorand.

    Hodisae xandaovar ba qaribi az saram guzasht.
    Baroi du javononi eroni forsiro balad budani man bisyor hairatovar shuda mond.
    Nim soat dar jak hujra budem va inglisiyu nemisi sukhan guftem.
    Saravval xudro tojikistoni muarrifi kardam. Fikr kardam baad az in haru bo man forsi muomila mekunand, ki odatan baini tojiku eroni hamin tavr meshavad. Lekin hardu yagon alomat nishon nadodand. Kame dar hairat aftodam, didam ki lafz ivaz nashud hamono kandavu shikasta inglisi-nemisiro davom dodam.
    Baini sukhanguiho, hardu ba yakdigar murojiat mekardand bo forsi.
    Baad az chande toqatam toq shud, guftamashon man ham forsizabonam, tojik hastam, one ba ham megued mefahmam.
    Az in chunon dar hairat aftodand kii !!!
    Maalum shud az tojiku Tojikiston harfe nafahmidand.
    Yakeash takroru ba takror mepursid, ki zabone ki sukhan meguyam zaboni modariyam ast yo na?
    Guftam one ki forsi mekhoned dar mo tojikist, chashmashro kalon kushoda mepushid, bo izhori taajub! Hazm kardan dushvorash bud magaram..
    Tamomi umrash guyo firk mekard dar kurai zamin forsizabon tanho eronihoyand:).
    Xulosa az mavjud budani tojikon inho namedonistaand. Nav kashf kardand.
    Xele xushhol shudand, ba marotibaho raftorashon
    ivaz shud, his kardam hamchun yak shaxsi xudi maro qabul kardand va khelo az inu oni Tojikiston suol pursidand.
    Az in ziyod dar borai eroniho gufta nametavonam.

  7. Samaki aziz,
    Bubakhshed, lekin khub meshud andesha kuned ki dumravi ki budan baroi millati mo imruz zarur ast? Rushoe ki moro odami nav’i 3-um (tretiy sort) meguyand, yo hamsoyahoi turknazhodamon ki moro chachmi did nadorand, yo Amrikoihoro yo umuman kiro? Agar hambastagii movu eroniho dar qarni 19 ba poyon rasida bud imruz mo majbur hastem ehyogari on boshem zero meguyand ki gushtro az nokhun judo kardan nashoyad. To mo bo in saru bari imruzaamon millati nav va davlati nav mesozem, ki az tojik nishone boqi namemonad. Dinu imon, zabonu makon hama chizi muqaddasamonro bebozgasht az dast dodem, (bar ivazi noni serii zamoni shuravi) va agar dumbolagiri az Eronu Eroniho nasozem na millati Jamshedi balki millati JUMshudi khohed sokht. Tashakkur

  8. Манучехри гиромй,

    Агар манзурат сериолхои телевизюнии эронист, он тасодуфе беш нест. Номи хонаводагии “Точик” дар Эрон бисёр маъмул аст. Номи як намояндаи Мачлиси Шурои Исломй Точик аст. Хонуме, ки дар Конодо маликаи зебойи шуд Сомонто Точик аст, зодаи Эрон. Номи мушовири Хотамй Точик буд. Номи як овозхони кадимии Эрон Точик аст. Кутохсухан, Точик номи хонаводагии роиче дар Эрон аст. Ин хам нишонае дигар аз вахдати маънои “точик” ва “эронй” аст. Чун касеро он чо номи хонаводагй Узбак ё Киргиз нест.

    Аммо бори дигар мегуям, ки таъйини хуввияти мо ба хислату хусусиёти эрониён рабте надорад. Чун хуввияти моро рафтори онхо таъйин намекунад, балки он дар рагу пайванду ирку хуну маниши мо хаст. Рафтори бади ину он, ба вижа бозаргонон, ки маъмулан миллат надоранд ва хама мисли хаманд, наметавонад махаки таъйини хуввияти миллии мову шумо бошад. Масалан, агар мо сиёхпуст будем ва аз рафтори бархе аз офрикойихо хичолат мекашидем, оё шоиста буд, ки чегу хавор бикашем, ки мо сиёх нестему сапедем? На, албатта. Ин сиришти мост, ки бо мо омадаву бо мо хохад рафт. Пас бояд бо он чи хастем, хуш бошем. Ва он чи мо хастем, чизе чуз эронй нест.

    Достони зебоеро гуфтй, дар бораи дидору гуфторат бо дустоне аз Эрон. Бибин, ки то нагуфтй “точикй” хам номи дигаре барои забони порсист, иртибот баркарор нашуд. Пас бехтар аст номи забони худро “порсй” бидонем, то доманаи иртиботамон хамеша густардатар аз имруз бошад. Ноогохии хамкавмонамон аз вучуди мо хам аз байн меравад. Албатта, то кунун мизони огохй бисёр боло рафтааст.

    Ман дар вокеъ тафовутеро миёни эрониёни Осиёи Миёна (точик) ва Эрон намебинам. Тафовут сиёсист. Тамоми порсигуёни бумии минтака то ба марзхои Эронро “точик” мегуянд (Точикистону Афгонистон), аммо агар бародари як хиротй дар Машхад ба дунё омада бошад, эронй мешавад, Тафовуте аслан ва абадан намебинам.

  9. Чолиб ин чост, ки ин дусти мо (Сарбадор) тахаллусеро барои худ писандида, ки дар калби чунбишхои мардумии Эрони пасоисломй карор дорад. Сарбадорон аз порсиёни нажодаи гарби Хуросон буданд, мустакар дар Сабзабор, ки дар Эрони имрузист. Агар шуморо пайванде бо Эрон нест, чй нисбате бо Сарбадорон? Агар шумо мункири хуввияти порсии худ хастед, чи гуна метавонед ба Фирдавсй, Хайём, Хофиз, Саъдй ва Мавлонову Чомй бинозед? Хеч кадом зодаи “Точикистон” набудаанд. Агар шумо хуввияти порсии худро инкор мекунед, кулли пешинаи худро хам мачбуред аз хофиза бизудоед ва соли 1929-ро сарогози торихи худ шуморед. Ин мешавад намунаи боризе аз манкурт шудани як миллат дар садаи 21-и мелодй.

  10. Тасхех:

    “Сабзавор” иштибохан Сабзабор чоп шудааст.

  11. Charo dumbolagiri kunem? Magar mo tanho muvaffaki sokhtani yak Davlatu Millat nestem? Argumenthoi Shumo misoli “gum kardani susan dar khonavu koftani on dar kucha ast”. Javob ba hama suolho boyad dar dokhili Tojikiston just. As kadom sabon sukhan ast, agar Raisi jumhuru chokaroni u dar bekhato navistani maktubi salomati ojisi mekashand.

    Ba umedi Eronu Eroniho shavem monandi darveshe dar orsui boron dar biyobone memonem.

  12. Самаки гиромй,

    Шояд он дарвеши биёбонй аз борони рахмат мустафиз шавад.

    Ман хам пайрави дунболаравй аз касеву чое нестам. Мо бояд забонамонро фаро бигирем. Аммо забони мо наметавонад “забони хозираи адабии точик” бошад. Чун натичааш хамин раисчумхуру атрофиёнаш мешавад, ки гилояашро кардй. Забони мо порсй буд ва холо дар холи боз чустани васли хеш аст. Дар ин замина ба ночор руйкарди мо ба Эрон хохад буд, ки нисбатан бехтар шерозаву сохтори забонро хифз кардааст. Таъкид: на гуиши онро, балки сохтору вожагони арзишманди онро хифз кардааст. Дар зимн, хостгохи он забон сарзамини мо ва Осиёи Миёна аст ва аз порсй номидани ин забон набояд ор кард. Чун хуввияти мо порсй буда ва хасту хохад монд. Садхо душман комгор нашуданд онро бизудоянд ва ба умеди Худо, аз ин ба баъд хам нахоханд шуд.

  13. Як пурсише доштам, аз Дориюш.

    Дар торнигори худ менависед “медоли брунз”. Магар точикии “нишони биринчй” чй бадй дорад ва магар аз “медоли брунз” ба маротиб бехтар нест?

    Охир набояд забонро аз эронихое омухт, ки худ турканд ва ин забон барояшон хоричист. Ё ман иштибох мекунам ва мо бояд хар чизе ки эронихо гуфтаанд хамчун асл кабул кунем.

  14. Шарифи гиромй.

    Бисёр сипосгузорам аз ин пурсиши мантикии шумо, чун худи ман хам мехостам ба бахонае дар ин бора чизе бигуям.

    На, ин таклиди куркурона аз хамзабонони бурунмарзй нест, албатта, балки талош барои корбурди дурусти вожахо ва мафхумхост. «Брунз» ва «биринч» хар ду филизанд, аммо аз якдигар тафовути асосй доранд, аз ин ру ин ду вожа наметавонанд чойгузини якдигар шаванд.

    Брунз омеза ё олёже (сплав) аст аз мис ва калъ (олово), алюминиюм, кремний ва бериллий, ба истиснои руй (цинк) ва никел. Дар холе ки биринч (арабишудаи вожаи порсии «пиринг») омезаест аз хамон таркибхое, ки дар брунз вучуд надорад – яъне олёжи мису руй (цинк) ва гохо сурб. Бино ба Фарханги Муъин, аз биринч абзорхои мухталифе монанди самовар ва синй (лаълй) месозанд. Дар холе ки брунз, он тавре ки медонем, бисёр гаронбахотар аст.

    Дар забонхои дигар хам брунз ва биринч ду вожаи мутафовитанд. Дар инглисй «брунз» хамон bronze аст (баргирифта аз bronzo-и итолиёйи) ва «биринч» brass аст. Дар забони русй ин вожа хо ба тартиб «бронза» ва «латунь» хастанд. Дар Википедиёи русй таърифи ин ду вожаро мехонем:

    Бро́нза (название от Брундизи – городка, из которого в Рим привозили медь) — сплав меди с оловом, алюминием, кремнием, бериллием и другими элементами, за исключением цинка и никеля.

    Латунь — сплав, состоящий из 60,5—97 % меди и 3—39,5 % цинка.

    Ба чои вожаи фарангии «bronz» дар забони порсй гохо аз муъодили тозй (арабй)-и он (мифраг) кор мегиранд. Ва ба «биринч» дар Эрон хам «биринч» мегуянд, сарфи назар аз ин ки «турк»-анд ё порс. Бо ин ки ман дидгохи шумо дар бораи «турк будан»-и «эрониён»-ро чизе чуз як шухй намедонам. Мутмаиннам, шумо хам хуб огохед, ки озарихо турктабор нестанд, балки туркизабонанд. Ва имруза озариёни Эрон беш аз пеш дар холи бозгашт ба асли эронии худ хастанд.Навиштахои Ахмади Касравй – аз бузургмардони озарии Эрон дар бораи забону кавми озарй ин мавзуъро пур равшан кардааст.

    Поянда бошед.

  15. Injo boyad tafovute did miyoni ravobiti farhangi va munsibati siyosi. Pushtiboni as sabon va da’vii inkishofi saboni Tojikiro (forsiro) boyad olimon va sabonshinoson kunand, in mas’alaest, ki rui on jomeai siyoi boyad sar bishkanad na siyosat. Injo man harguna hamkoriro bo Eron sarur meshumoram.

    As nigohi sokhtani Millat va Davlat mo boyad rohi digarero pesh girem, ki sarnavishti Eron kadr va arsishe baroi taklid nadorad. Da navishti pesh man guftam, ki mo digarem. Ba tavri digar metavon guft, ki karni bist moro ba du samti as ham dur burd va as in lihos inkishofi mo as hamdigar farki kuli dorad.

  16. Самаки гиромй,

    Фикр намекунам то кунун касе дар Андеша хостори пайравии сиёсй аз Чумхурии СИломии Эрон шуда бошад. Ононе, ки манро хуб мешиносанд, шояд манро пайваста сарзаниш кунанд, ки чаро ин кадр мухолифи он навъи хукумат хастам.

    Мавзуъ сиёсат нест, балки хуввият аст. Ва хуввият ба ирку нажоду хуни мо бармегардад, ки кобили тагйиру табдил нест. Ирки мо эронист, магар на? Пас хамон ирки эрониро бояд тавсеъа дод, бо чахондинии худ, новобаста ба кудратхои перомуни мо. То шояд рузе-рузгоре мо хам худшинос шавем.

  17. Бароям чолиб аст, ки оё Шарифи гиромй посух дар бораи тафовути “брунз” аз “биринчй”-ро дидаанд ё на. Дар торнамои Озодй хам ин иштибохи роич мушохида мешавад ва ба чои брунз “биринчй” навиштаанд, ки як филизи комилан мутафовит аз мифраг (брунз) аст.

  18. Ташаккур аз дусти азиз Дориюш барои фахмондани брунз ва биринчй. Ба нишони таслим харду дасти худро боло мекунам.

  19. Курбони дастонат, Шарифи гиромй. Розй ба боло дидани дастонат нестам.

    Умедворам хамеша сарат баланд бошад.

  20. Дуруд бар ҳамАндешон
    Бо сипос аз Сарбадор ки маро дар шумори Тоҷвару Дориюш – касоне ки ман сипосгузор ва арҷгузорашон ҳастам – гузошта ва “аз думравони эрониҳо” шинохтааст. Ин бори аввал нест ки маро “эронгаро” ва “панэронист” ва аз ин “думравакҳо” мехонанд. Ҳашт сол пеш ин “доғ”-ро бар ман дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия гузошта буданд. Дере нагузашт ки ҳамон сафири эронситез ба Теҳрон фиристода шуд ва дар мусоҳибае бо ИРНА Эронро “кишвари дувуми тоҷикон” номид. Аз инҳо бигзарем.
    Ман на аз дӯстдорони сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастам ва на аз ошиқони шайдои эрониён. Дар даҳ соли кор дар ниҳодҳои давлатӣ ва хусусии эронӣ неку бади эрониёнро хуб шинохтаам. Ман бар ин боварам ки мову эрониён ду миллати ҳамзабон ҳастему бас. Дареғо ки ҳамдил нестем.
    Ман ошиқи Турон ҳастам. Ҳамон Туроне ки ёдаш дар “Шоҳнома” омадааст ва сарзамини ману шумост. Ин забону адабу фарҳангу тамаддуне ҳам ки имрӯз ба номи “забону адаби порсӣ” ва “фарҳангу тамаддуни эронӣ-исломӣ” шинохта мешавад, молу мероси ҳалоли мову шумост ва дар офаринишу густариши он падарони мо камтар аз бобоёни эрониҳо заҳмат накашидаанд. . Ман шояд дӯстдори Эрон ба назар расам аммо кишвари худро дӯсттар дорам ва навиштаҳоям ҳама гувоҳ бар ин гуфтаҳост.
    Худо ёру ёварат бошад ва умедворам ки сарат пои дорро набинад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: