Ё Хасан ба Ландан, ё Дерипаска ба Душанбе?

Агар Хасан Асадуллохзода дар мохи октябр дар Додгохи Ландан пайдо шудаву хамчун шохид баёнот надихад, доварон дар ивази вай Шералй Кабиров, ноиби раиси ширкати ТАЛКО-ро ба Лaндaн даъват хоханд кард.

Агар бо Кабиров ягон ходиса руй дод, масалан ягон хохарзода ё додарзодааш ба гардани у низ тире зад ё барои муддате вай ба одами ноаён табдил шуд, шояд навбати сафари Лaндaн ба дигарон хохад расид.

Чаро додгох, ки мохе пеш мехост, ба сабаби бедаракии Асадуллохзода даъвои сохиби ТАЛКО — Эмомалй Рахмонро беасос хонда, парвандаро катъ кунад, акнун якбора дар чустучуи шохидони нав афтод?

Хайрон нашавед шахсе бо номи Эмомалй Рахмон дар асноди судй сохиби корхона ва даъвогари асосй навишта шудааст. Вай ду нафар — Абдукодир Эрматов (собик раиси корхонаи алюмин – ТадАЗ) ва Аваз Назаров (мудири ширкати “Ансол”)-ро бо иттихоми дуздии наздик ба 500 миллион доллар аз фуруши алюмин ба додгох кашид.

Аризаи вай дар соли 2005 ба додгохи Лaндaн супурда шуда, Рахмон барои хизмати вакилон дар ин мочаро то хол 142 миллион доллар музд додааст. Агар парванда холо баста шавад, вай мачбур аст, тамоми харочоти додгохро низ бипардозад, ки ба эхтимоли зиёд маблаги хангуфте хохад буд болигтар аз 250 миллион доллар.

Ба иллати дар додгох хозир нашудани Хасан Асадуллохзода бо сабаби наздик ба се мохи гуфтушунидхои у дар хорич аз кишвар кам монда буд, ки баррасии парванда катъ гардад. Аммо акнун додгох фикрашро дигар кард ва мехохад, ба таври хатмй корро то охир бирасонад.

Баъд аз сукути дарозмуддат дар рузи 25 июл матни баёноти шохид Асадуллозода ба дасти доварон супурда шуд. Локин вакилони Эрматов ва Назаров онро такаллубй номиданд ва талаб доранд, нома ва имзои Хасан аз тарафи мутахассисон санчида шавад.

Мазмуни ин нома ошкор нашудааст, вале додгох аз Асадуллозода талаб карда буд, ки хамчун раиси ширкати CDH (миёнрави ТАЛКО ва харидорони алюмин) схемаи фуруши алюмин ва ба кучо рафтани пули ин фурушро бигуяд. Ин иттилоъ метавонад на танхо парвандаи зидди Эрматов-Назаров, балки даъвои ширкати норвегии “Хидро” алайхи ТАЛКО-ро низ то андозае рушан кунад. Харчанд мазмуни баёнот маълум нест, махз баъд аз хамин баёноти хаттии Асадуллохзода додгох карор кард, мухокима бо сабаби дар он чисман ширкат накардани шохиди аслй низ давом кунад ва шояд ба чои Хасан “дасти рост”-и вай Шералй Кабиров ба Ландан сафар намояд.

Аммо тасмими идома додани мухокима шояд ангезахои дигар низ дорад. Хабари омодагии ширкати хиндии НАЛКО ба харидани ширкати точикии ТАЛКО бисёрихоро нигарон кард. НАЛКО аз хамбозони ошкору пинхони ТАЛКО ба шумор меравад ва имкон дорад, хадафи пулдорони хинд аз харидани ТАЛКО комилан махфй кардани фаъолиятхои молии ТАЛКО дар гузашта бошад. Ба навиштаи матбуоти русй, ин хабар Олег Дерипаскаро сахт нигарон кард. Маълум мешавад, вай хануз орзуи ба даст овардани ТАЛКО-ро канор нагузоштааст ва казияро чиддан думбол мекунад. Намояндаи ТАЛКО хабари тичорат бо НАЛКО-ро рад кард ва як ширкати русй ба бозрасии молии ТАЛКО шуруъ.

Ходисахои ахир ширкати “Хидро Алюминиум”-и Норвежро низ мутаваччех кард, ки оё мочаро ба кучо хохад кашид. Амрико, ки аз саххомони асосии Сандуки Байнулмилалии Пул мебошад хамчунин казияро пайгирй мекунад ва СБП акнун мехохад, на танхо сарнавишти 48 миллиони ахир, балки бедарак шудани наздик ба 500 миллион долларро муайян кунад. Аудите, ки дар Точикистон сар шуд, фаъолиятхои чанд соли охири Бонки Миллии Точикистонро низ тафтиш хохад кард. 

Русия дар огози ин казия дар чаласахои СБП ва Бонки Аврупо аз Точикистон химоят накарда буд, аммо акнун 180 дарача тагйири мавкеъ кард ва мехохад, мочаро ба манфиати Душанбе хал шавад. Аммо дар ивази ин химоят Маскав чй хохад гирифт? Оё Дерипаска ба Точикистон хохад баргашт?

One Response

  1. Фикр мекунам барои Дерипаска ягон чизак (чойпулии хангуфте) ваъда шудааст ин аник аст…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: