Талаи гург ва талакунии ситорахои точик

Махбуби Ганчаалй (Душанбе)

Хар нафаре, ки вожаи таларо мешунавад, дарафтидани гурги баднафс ба рамаи гусфандонро пеши назар меорад. (Хамон гурге, ки чупону сагхои мухофизро дур дида, мисли мизбон миёни рама ворид мешавад ва чор-панч чонвари бурдокиро медарад).

Гург аз миёни сайдхои курбони танхо якеро баргузида рамаро ба холи худ мегузорад. Ва шунидаам, ки он гург дигар кадами номуборакашро суйи тудаи ин чонварон намегузорад.

Эстрадаи имрўзи точикро метавон ба гурге шабохат дод, ки ба рамаи бегона ва бе сарпанохе тахочум карда, «баррахои сарра ва бехтарин»-ро медарад. Фарк танхо дар ин аст, ки баъзе аз хонандахои «саршинос»-и мо баъзан чуръат намуда аз албоми сарояндахои дигар ду се суруди «чаззоб»-ро ба хазинаи «эчодиёташон» шомил мекунанд. Чун диданд, ки мухлисон дар хавои ин сурудхои «таклиди»-и бо «фонограмм» ичрошуда карс мезананду по мекубанд, боз ба хамон «рама»-и чупонаш дар хоби ноз рў меоранд.

СОЛИ БУЗУРГДОШТИ «ТАКЛИДКОРЙ» — ШУХРАТИ БЕДАРДИМИЁН

Шояд тасмими Хукумат дар мавриди эъломи Соли Бузургдошти забони точики ва тачлил аз 1150 солагии устод Рўдаки дар майнаи сарояндахои эстрадаи точик идеяи чадидеро тавлид кардааст. Бо ин далел, ки онхо дар ин хусус ба хабарнигорон  чизе нагуфтаанд, пас мо ин икдомро «12 мохи рушди копихонй» номгузорй мекунем.

Агар жарфтар бо сарояндахои эстрада кор бигирем ва ба хар охангу суруд ва албомхои бешумори эшон синчакорона таваччух намоем, пас мисли ойина бароямон рушан хохад шуд, ки анкариб дар фехрасти таронахои бахши аъзами  хонандахои ин жанр як, ду ва гохо чору панчу шаш суруди бозхонишуда мавчуд аст.

Копихонй ё таклид барои сарояндахои точик шояд аз он чихат кулай ва муфид аст, ки барои охангсозу шоир маблаге масраф намешавад?

Чанд сол мукаддам шиори аксар «ситорахои навбаромад» (вокеан, имруз шуморашон (!) таваччух шавад на теъдод) ба хадде зиёд шудааст, ки ба кавле чойи сузанпартойи  нест) – «ШЕЪРИ ХУДАМ, ОХАНГИ ХУДАМ ВА ХУДАМ МЕСАРОЯМ» буд. Таронаи «Туро ман дуст медорам, ман туро дуст медорам» аз хамин «ганчина» аст.

Ин иддаову  шиорсозихо ба журналистон хуш наомад ва паё-пай  дар матбуоти даври  сари ин мавзуъ калам гирифтаву алам гуфтанд.

Муаллифони матолиби интикодй мегуфтанд, бархе аз ин таронахо на мазмун доранду на вазн ва на кофия. Барои исботи навиштаашон  бо шоирон ва донандагони илми арўз (барои «ситорахо» одди карда гуем агар -«шеършиноси») хам мусохибахо анчом шуд. Баъди ин «хучумхо»-и рузноманигорон як муддати кутохе дар фазои эстрада хомушй хукмфармо буд. Хам сарояндахо хомуш, хам журналистон.

Баъдтар сарояндахо рохи чадидро пайдо карданд, сурудхои хонандахои ватаниву хоричиро айнан бозхони мекунанд. Ку журналистон даъво кунанд, ки матн хароб аст. Наход, сарояндахои хоричи хам хато кунанд? Бо умеде, ки акнун номи эшон аз сарнайзаи калами «сиёх»-и рўзноманигорон уфтодааст, охи сабук кашиданд ва аз рўйи усули тозадарёфт «пайи ризку рўзи» рафтанд. Чунон ба ин «кашфиёт» дода шуданд, ки худ надонистанд, эчодиёташон пурра аз хисоби мехнати дигарон шакл мегирад. Махсусан баъди соли нав ин чиз ба «хукми анъана» даромад. Дуруст аст, ки бозхониву таклидкори аз замонхои ба кавле «Нуху Наби» ба ёдгор мондааст. Хатто бузургтарин устодони санъат низ боре копихонй кардаанд, аммо на ба дарачае, ки имруз муд шудааст. 

ШАБНАМ ЛИДЕР БОКЙ МЕМОНАД

Инчо тасмим гирифтем, рейтинги сарояндахоеро, ки аз усули бозхони «мохирона»  истифода кардаанд, тартиб бидихем. Дар ин фехраст бечуну чаро Шабнами Сурайё садрнишин аст. Духтари бузурги «Примадона»-и точик, ки чанде пештар аз копихонии суруди хонандаи афгон- Амирчон Сабури шухратёр шуд, хамакнун «домон»-и сарояндахои давлати хамчаворро сар додани нест.

Таронаи «Аз кудуми сафар» ё «Хануз аввали ишк аст», ки шояд Амирчон Сабурй баъди бедорхобихову араки чабин рехтанхои зиёд тахия кардааст,  дар наздиктарин фурсат, аниктараш баъди як хунарнамои дар шаби Соли нав Шабнамро маъруф(тар) кард. Ман ба фикри шумо мувофикам, ки Шабнам ин таронаро каме «муосиртару замонавитар» ва бо чунбонидани бадан  либоси дигар пушонид. Шояд  сабаби партофта шудани се мисраъ аз таронаи асл бо хадафи «мувофик» наомаданаш дар ритми чадид бошад. Харчанд, «чаррохи»-и Шабнам сурудро ракси сохт, аммо маънии онро низ кохонид, ки хар шунавандаи оддии суруди ба кавле «оригинал»-ро шунида  инро дарк мекунад.

Чун ин суруд даричаи нави мувафаккиятро ба рўйи Шабнам кушод, у албоми сарояндахои афгонро тагу ру намуд, аммо аз суруди «Тика-тика»-и Амирчон Сабурй дида чизи бехтаре наёфт. Айни замон бошад, дар бозору фурушгоххо, аксар нуктахои фиттафурушиву телефонхои мобили суруди дигари сарояндаи афгон- Хабиб Кодири бо унвони «Суйи Кобул биравем»-ро аз забони Шабнам мешунавем.

Инак, рейтинги машхуртарин сарояндахои копихон:

Фарзонаи Хуршед домони апаашро рахо кард?

  1. Шабнами Сурайё. Бастаи сурудхои Амирчон Сабури, аз чумлаи «Аз кудуми сафар» ва «Тика-тика». «Шишта бошам, ки дарои ба дарам» таронаи Фарходи Дарё. «Хама карсак бизанем» таронаи  Хабиб Кодири ва «Биёй аз ин варо гузари», моли як сарояндаи эрони, ки мутаасифона исмашро пайдо накардем.
  2. Сухроби Сафарзод. Анкариб тамоми сурудхои хонандаи эрони – Муинро копи кардаву дар эчодиёташ «вставить» кардааст. (Бо шумули як ё ду суруд, ки оханги он низ моли хиндухост). Баъди суруда шудани таронаи  «Аз панчара дори нигох», баъзењо охи сабук кашида мегуфтанд, анна мешудаст-ку…  Ин суруд вокеан,  рейтинги Сухробро дар миёни дигар хампешагонаш ба чанд зина боло бурд.  Аммо шояд бисёрихо надонанд, ки ин суруди чаноби Сафарзод низ сад фоиз моли худаш нест. Номбурда оханги суруди гурухи овозадори Казокистон «Байтерек»-ро гирифта, танхо матнашро тагйир додааст (Шояд барои он ки аз хондани матни асли чизе нафахмида бошад, охир казокхо Муин нестанд, ки бо забони «худамон» хонанд).
  3. Фарзонаи Хуршед. Хохари Шабнам бо вучуди вирди забонхо будан  натавонистааст, зинаи дуюмро ишгол кунад. На бо он сабаб, ки тамоми сурудхояш махсули захмати шабонарўзияш ва моли худаш аст, балки иллат он буд, ки мо натавонистем, тамоми албомхои уро дастрас намоем. Фарзона низ исбот кард, ки махорати «таклидкори» дорад. Камони вай  бештар сарояндахои эрониро хадаф карор додаст.  «Дар пайи охуи ишк» таронаи  Гугуш (Ин сурудро хамчунин каблан Кимиё Чураева замзама (ё ба кавли як журналисти телевизиони «Сафина» вас-васа карда буд). «Аз боло кафтар меояд», мутаалик ба  Шахоби Тиём (Инчо фарк танхо он аст, ки дар суруди  Фарзона «аз боло на якдонадухтар, балки БАЧАИ кулоби  меояд»). «Мано бибахш, суруди  Комрону Хумон. (Чунин ба назар мерасад, ки Шабнаму Фарзона яке сарояндахои афгон ва дигари хонандахои эрониро «аренда» гирифтаанд).
  4. Парвина Шукруллоева. Суруди «Муаллим» (Мухаммад)-и  Сами Юсуф. (Атрофи  бозхонии ин суруд низ сару садохову эътирозхо зиёд буданд, зеро хонум Парвина хангоми хондани ин суруд либосхое дар бар дошт, ки… (наузанбиллох). Баъди хондани ин суруд як дустам, ки бо забонхои инглисуву турки хуб балад аст, гуфт, аз он ки Парвина ин таронаро «кориазёд» кардаасту ба маънияш сарфахм намеравад, вожахои хондшуда тамоман маънии дигарро гирифтаанд. Ба хар хол, Шукруллоева «анъана»-и хонандахои эстрадаро то хадде нигох дошт. Каблан, сарояндахо танхо оханги ягон сурудро интихоб намуда ба он матни «мувофик» мечаспониданд. Суруди машхури хонандахои Молдов- Лаура Вас ва Копилул де Аур (Laura Vass & Copilul de Aur) «Cine e inima mea?»-ро Парвина бо матни точики пешниход кард. Бояд икрор шуд, ки матни интихобшуда на аз суйи кадом «ситортарош», балки  аз чониби нафаре, ки ба маънии калимахо сарфахм меравад, навишта шудааст.
  5. Мехрубони Равшан. Ба назар мерасад, ки копихони аз эчодиёти сароидахои пешинро сармашки кораш намуда бошад. Сурудхои пешинро бо каме «обу ранг»-и оханг ё ба истилохи мусикидонхо «аранжировка» ба моли худ табдил медихад. Аммо дар чамъият будаву аз он берун намонам гуфта «пайрави» хампешагонаш аст. Ба гунаи мисол: Таронаи «Модар» ва «Шахло»-и Анди, «Лайличон»-и Ахмад Зохирро хондааст. Анна хамин аст, панчгонаи аввали рейтинги мо. Дар чанд зинаи дигар номи сарояндахое чой гирифтааст, ки харчанд  аз усули копихони зиёд истифода кардаанд, аммо он сурудхояшон на он кадар мавриди таваччух буданд.

«Сир»-и Бахром Гафуриро ки ошкор кард?

  • 6. Шабнами Точиддин. Дар телефонхои хамрох акнун суруди як замон пуровозаи «Гули хушгили»- ро аз забони як хонум мешунавем. Шабнам ба кавле чойи хонандаи эрони Сайидро «танг» кард. Динара Чамолиддинова низ аз «чашм»-и Шабнами Точиддин дур намонд. Суруди «Любов страдания» ба албоми Шабнам пайваст.
  • 7. Кимиё Рачабова. Агар хамон Селин Деон суруди «Титаник»-ро намехонд, ин сароянда чи кор мекард? Як таронаи араби бо раксхои танноз низ, ки мутаасифона номи хонандаи аслияшро пайдо накардам, аз суйи Кимиё бе ягон тагйирот ичро шудааст.
  • 8. Бахроми Гафурй. Аз он ки Бахром дар интихоби матну оханг хело махорати баланд дорад, бисёр гуфтаанд. Шояд хамин махораташ буд, ки вакте суруди «Метарсад»-и Амирчон Сабуриро хонд, чанд муддат касе «хит» накард, ки ин моли кадом як сарояндаи афгон аст. «Асрор»-и Бахром хело дер «ошкор» шуд, аниктараш баъди он, ки кадом точире албуми Амирчон Сабуриро ба Точикистон ворид кард ё шояд баъди он ки Шабнам суруди «Аз кудуми сафар»-ро хонд, ки медонад?
  • 9. Рустам Исоев бояд якумр аз Махсум Кирмизигул миннатдор бошад, ки таронаи  «Белалин»-ро хондааст. Махз оханги хамин тарона буд, ки Исоев чанд муддат «гули сари сабад» гардид.
  • 10. Махмадалй Умаров. Харчанд бо ин ном мардуми кисмати чануб бештар ошноанд, гох-гохаке  мачмўи газалхояш дар нуктахои фиттафуруши реклом мешавад. Махмадалй низ ба хампешагон нишон дод, ки у низ дар ин рох (копихонй) аз баъзехо як сару гардан боло аст. Умаров баъд аз Шабнами Сурайё дувумин нафарест, ки албоми Амирчон Сабуриро «тала» кардааст. Таронахои «Дили ту аз мо хабар надорад», «Остини кухна» ва «То чавони мерасад» замоне чунон маъруф шуданд, ки шахсан ман ба хунари Махмадали, як хонандаи кучаги ахсант мехондам (то замоне, ки албоми Амирчон Сабуриро як дустам ба ман хадя кард).

(Инчо гурухи «Анис»-ро низ дар дахгона шомил кардан метавонистем, зеро суруди «Аз барат доманкашон»-и Анди ва Курус дар пешниходи гурух ва «Бинавис»-и Мансур дар бозхонии Остон ва чанд таронаи дигарро барои далел доштем, аммо ин хамаро барои маводи дигар хифз кардем)

ПОЧАДАРОЗИИ КУРБОКА БАРОИ НАЪЛ АСТ

Дар поёнии рейтинг нахуст хостем, гўшаеро барои  сарояндахои туйгард (хиёбонй) чудо созем, аммо ба ин андеша расидем, ки интихоби «бехтаринхо» дар ин катор басо душвор аст. Мисли ойина равшан аст, ки ин кабил хонандахо як умр аз хисоби «ранчи дигарон ганч» ба даст меоранд, яъне буду набудашон эчодиёти дигарон аст.

Вакте бархе аз ин сарояндахо сурудхои маъруфи хоричиро бо ритмхои ракси ва садохои на болотар аз нотаи «РЕ»  зам-зама мекунанд, дил  бехузур мешавад. Баъзан бо кадом забон хонда шудани суруди «Хасите-Хасите»-и хинду ё «Черные глаза»-и руси нофахмо мемонад, зеро эхсос мешавад, ки ин  хонандахо (аниктараш тутипайравхо) ба маънии хатто як калимаи таронаи хондаашон сарфахм намераванд.

ТАРОНАХОИ МАШХУР ЗУДМИРАНДААНД

Зимни як сухбати радиойи сармухаррири идораи мусикии радиои Точикистон  Шахобиддин Хакназаров гуфта буд, таклид ё копихони ба ду навъ чудо мешавад.

«Кисмати аввал бе ягон дигаргунй ба сарояндахои пуровоза таклид мекунанд, гурухи дигар аз ин «усул» бисёр мохирона истифода мебаранд, ба он навгонй ворид мекунанд», -мегўяд номбурда.

Пас, агар аз ин нигох бахо бидихем,  «голибон»-и рейтинги мо хамаги ба гурухи аввал шомиланд. Ба иддаои сармухаррири идораи мусикии радиои Точикистон ба кисмати дувум, сарояндахоеро дохил  кардан мумкин аст, ки онхоро дар ин чода муваффак ном мебаранд. «Исми Хурмо Ширин, ки таронаи «Махбубаи чон»-и Акашариф Чўраевро сурудааст,  Сирочиддин Фозилов, ки дар бозхони ба суруди  «Кадрас»-и Ханифа Мавлонова ва Раъно Голибова  кушидааст, ба кисмати дувум дохиланд». Ба гуфтаи мавсуф ин нафарон таронахои каблан сароидашударо хело мохирона ва бо навгонихо пешниход кардаанд.

«Агар таклид кур-курона ичро шавад, бо максади обод кардани як маърака ё шод кардани як гурух, пас метавон гуфт, ки  ин хонандахо танхо хамин кадар хунар доранд, ки дур намераванд»-

мегуяд, Шахобиддини Хакназар. Дар як сухбати ихтисосй дар робита ба ин мавзуъ хонандаи саршиноси точик- Хасани Хайдар иброз дошт, агар сарояндахо дар маросимхои хурсандй копихонй намоянд, шояд кобили кабул бошад. Аммо агар онхо хамин сурудхои бозхонишударо дар албоми эчодияшон дохил кунанд, чизи хубе нест.

ОМИН ОЛЛОХУ АКБАР

P.S. Аз «СУРУДУЗДЙ» ва «ТАКЛИДКОРИХО»-и сарояндахои точик муддате сипари шуд (Ин чараён беохирист, ва акнун авч гирифтааст). Кисме аз онхо бо ин рох обру ва маблаге пайдо карданд. «Ситорахои эстрада»-и мо бо таронахои копишуда дар самочае, ки барояшон осмони беканор менамуд, худро дурахшон диданд.

Акнун шояд вакти он расида бошад, ки муаллифони аслии таронахо (афгону, эрони, турку узбеку казок, молдову рус, хиндуву инглис ва хоказову гайра то шумори беохири) бо истифода аз хукукхои муаллифияшон барои ин амали «ситорахо»-и точик ба додгох шикоят бурда, бо ин восита сохиби маблаг шаванд. Агар онхо чуръат доштаву аз масали сирф точикии «Дузди зур сохиби говро бастааст» нахаросанд.

Чанд сол кабл хабари раками яки аксар расонахо аз 25 хазор долларак махрум шудани хонандаи саршиноси рус- Филипп Киркоров буд, ки барои бе ичоза истифода кардани як оханг (Таваччух кунед! Танхо оханг, сарояндахои мо чуръат карда матнро низ бе тагйир истифода мекунанд) аз сарояндаи туркзабон- Таркан чарима шуд.

9 Responses

  1. Хамаи инхо бадбахт хастнад…

  2. Ман ба ин танкидхо чандон розй нестам, зеро аз таклид ва копихонй хам батадрич метавонад, чизхои олие ба зухур ояд.

    Хуб аст: ки хаминхо хастанд, вагарна дар чахони фархангу хунари имрузаи мо як биёбоне хасту халос.

  3. Дуруд ба хама ва ба Рустам низ. Дустам, дуруст аст, ки аз таклиду бозхони метавон чизхои олиеро интизор буд, аммо хамин вожаи метавон имруз ба хадде, ки бояд амали шавад, нест… Санъати имрузи мо пурра ба ин шева фуру рафтаанд. Ман ояндаи хуберо дида наметавонам. Бубинед, Шабнами Сурайё дар Лондон консерт нишон дод, аммо хеч як сурудаш моли худаш буд? Хулоса гуфтанихо зиёданд ва хатман бо матолиби дигаре сари он хохем баргашт. Боки, Худо нигахбонатон.

  4. Шукри Шумо Махбуби азиз барои чунин тахлили амик!

    Хар сухане ки навиштаед далоили мустахкаме дорад ва ман ба гайр аз офарину зихй чизе изофа карда наметавонам. То хол чунин тахлили мусикиро нахонда будам. Баъзе касон худро мутахассиси мусикй вонамуд карда, музахрафоте менависанд, махсусан дар бораи сабки Душанбеву сабки музофот (???) ва аз кучое калимаи римейк-ро ёд гирифта, аз худ мусикишинос месозанд, аммо навиштаи онхо ба ду пули пучак намеарзад.

    Агар онхо ин гуна тахлил карда метавонистанд, худо медонад, чй мекарданд.

    Лутф кунеду ин кори худро идома дихед. Чунин тахлилхо ба худи хунарпешагони сахнаи точик низ мухиманд, ки шояд аз танкид мевае гиранд.

  5. Дар шимоли Тоҷикистон ҳамаи аъзои оила худро ба дор овехтанд

    05.08.2008 11:41

    Муаллиф: Мавлуда Рафиева
    http://www.asiaplus.tj/tj/news/38/36082.html

    Хуҷанд. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар яке аз ноҳияҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳамаи аъзои оила худро ба дор овехтанд, ки ду нафари онҳо кӯдакони 6-сола ва 3-сола буданд.

    Тибқи маълумоти сарчашма, ҳангоми баргузории тафтишот ошкор шудааст, ки шоми 4-уми август миёни волидайни кӯдакон ҷанҷол рух медиҳад ва модар худ ва кӯдаконашро дар оғил ба дор мекашад. «Пас аз чанде падар ин ҳолро дида, бо чунин тарз ба худкушӣ даст мезанад», – изҳор дошт манбаъ. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

    Мувофиқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, шумораи ҳодисаҳои кӯшиш ё ба худкушӣ даст задан ба миқдори 75 фоиз афзудааст, яъне агар дар ҳамин давраи соли гузашта чунин ҳодисаҳо 88 адад буданд, пас дар соли равон ин рақам ба 154 адад расидааст.

  6. Вакте хурд будам ба деха ба аёдати бобим мерафтем
    Худо рахмат кунад бобима дар бисоташ як хар дошт ва он хар хар субх хан-ханг мекард ва вакто ки ман хондани Шабнамро дар лондон дидам хамрн хари бобим ба ёдам омад
    Бо ехтиром Чорч аз Ландн

  7. Чанобон Точвар ва Рустам!
    Хамин навишта посухи хубе аст ба матлаби «Талаи гург ва талакунии ситорахои точик»

    Фахриддини Холбек

    Хикмати гиребон
    Чаро Шабнами Сурайёро набояд таъна кард?

    Копихони ва фонограмма – ду вокеияти мусики имрўз чун санг сўйи овозхонони Точикистон андохта мешаванд. Копихонхоро дузд меноманд. Онхоеро, ки аз фонограмма истифода мекунанд, беистеъдоду бехунар. Мутаассифона, вазорати фарханги Точикистон бо ин иштибохангезихои бархе чун мо каламбадастон гўё хамовоз хам шуда, ки бо фонограмма хондан дар консертхоро мамнўъ кардааст. Ин он казоватест, ки моро ба ин хукм овард? Агар хамин тавр аст, пас кори номаъкуле шудааст. Чаро?
    Копихони. Бархе имрўз Ахмад Зохирро ба овозхонони мо намуна меоранд. Аммо шояд онхо дарак надоранд, ки беш аз нисфи сурудхои «Алмоси Шарк» копи хастанд. Хам аз охангсозони Шарк мехонад ва хам аз Гарб. Пас ў дузд аст? Бале. Он фаросати бархе, ки ба рўйи когаз рехтааст, ба хамин хулоса меорад. Аммо вокеият ин тавр нест.
    Дар копихони як хикмат аст: агар суруди касро бех аз ў хонда натавони, бехтараш нахон. Ахмад Зохир дар ин кор муваффак буд. Холо машхуртарин копихони мо Шабнами Сурайё аст. Аммо сар рўйи дил гузошта, бояд эътироф кард, ки новобаста аз бархе иштибохот, ў бехтар аз пешиниён ин сурудхоро мехонад. Суруди «Карсак»-ро, ки Шабнам бо Чонибеки Муроду Начим мехонанд, аз Хабиб Кодирии афгон шунида будам. Аммо ин суруд Хабибро машхур накард. Аммо бубинед, ки ин серо ба Аврупо бурд. Ин магар бад аст? Аз ин бигзарем. Оё метавон тасаввур кард, ки хар кас ба санъат бо суруди худаш омада метавонад? Хеч имкон надорад. Зеро шоире шеъри дигаронро нахонда шоир нашуда, ё мухандисе тачрибаи дигаронро наомўхта мухандис. Овозхон хам аввал моли дигаронро мехонад, баъд ки пўхта шуд, пайи офаридани суруди хеш мешавад. Ин як тахаввули табиист ва ба хунари хар кас вобаста аст. Кори Худост, ки фардо аз ин копихонхо хунармандони хуб зухур мекунанд ва ё хамин тавр аз хотирхо зудуда мешаванд, тавре ки бисёрихоро сарнавишт чунин буд. Пас копихони набояд барои таъна кардан ва нах задани овозхонон дастак бошад.
    Бале, копихони чиноят нест, аммо агар имрўз суруди бехтарини овозхонони мо копихо хастанд, ин вомондагиву бозмондаги, вижагии санъати мост. Зеро ба назар мерасад дар Точикистон на факат овозхонон копи мекунанд. Оё парлумон аз кавонини кишвархои дигар истифода намекунад? Барномахои дигар вазоратхои дунё оё дар вазоратхои мо копи намешаванд? Оё журналистон аз манобеъи дигар истифода ё копи намекунанд? Бозори мо оё бо колохои худи таъмин аст? Нест. Агар мебуд, мо вомонда намебудем.
    Ба хамин минвол, фонограмма. Ку ягон мансабдор бидуни когаз маърўзаашро хонад? Ин чо мавзўъ халлокияти як миллат аст. Тамоми кишрхо, аз боло ба поён. Суол хам ин аст, ки оё мо точикон халлок ё офаранда хастем ё не? Пас чаро санги маломат на ба хама, балки ба овозхонон занем?
    Оё медонед, ки барои он ки овозхони бечора як сурудашро фонограмма кунад, бояд 500 то 1000 доллар дошта бошад (як танзим – arrangement – аранжировка холо 300 доллар кимат дорад)? Гузашта аз ин, чи кадар хуни дил мехўрад, дар ба дар медавад. Ин мавзўъро бо Фарходи Дарё, ки хочат ба муаррифиаш нест, ба миён гузоштам. Гуфт, ки агар фонограмма набошад, сабти бади консертхои ба истилох «лайф» ё «зинда»-ро намешавад токат кард. Вай як гапи хуб хам гуфт: «Агар хамон Сароханг, Ахмад Зохир, Сорбон ва дигарон хам сурудхояшонро фонограмма мекарданд, холо мо бехтарин сурудхоро дар бойгониамон медоштем». Тасаввур кунем, ки Содирхон Хофиз, Мукаддас, «Гулшан»-у дигарон хам агар ба мисли овозхонони имрўз аз танзиму фонограмма истифода мекарданд, чи кадар барои шунидан суруди хуб медоштем!? Пас дар замони онхо набуд. Замони мо дорад. Чи ачаб! Охир, ин пешрафт аст. Пас чаро аз он набояд истифода кард?
    Хуб, гуфтем, ки фонограмма беистеъдодиву бехунарии овозхон аст. Аммо суолхо ба вазорати фарханг: оё мо шароити барои «зинда» хондан дорем? Тачхизоти модерн хаст, ки овозхон барояд, соддаву осон бихонад ва мутриб навозад? Агар бошад, чаро дар «Амфитеатр» ё кинотеатри Чоми ё Кохи Борбад намебинем? Чаро хатто дар консертхо хатто хамон барк нест, ки фонограммаро акаллан чархонад? Ё ба «усули бобоии зинда хондан» гузарем? Агар манзур хамин аст, бо асбобхои мусикие, ки бо барк кор мекунанд, чи кор кунем? Мамнўъ эълон кунем чи мешуда бошад? Хамин тавр, соддаву осон мисли фонограмма? Мешавад ку?
    Бале, аксари овозхонхои мо хаваскоранд. Хам дар копихони ва хам дар фонограмма «мегузаронанд». Онхоро хатто наметавон овозхон номид. Зеро бархе хатто дуруст хондаву навишта наметавонанд. Як хаваси бачагонае онхоро тахрик медихад, ки на худашонро ба чое мерасонад ва на дигаронро. Аз ин хотир бахси онхоро як тараф мегузорем. Суруд барои касе ишк, барои касе машгулият аст. Факат хаминро мегўем, ки «наркоман» нашаванд шуд.
    Аммо ба дигарон як чизро ёдрас шавам: имрўз холи хамаи мо чунин аст. Аввал гиребони худро бў кунем. Аз чи бошад, ки эхсосхо моро лачом задаанд, на мо онхоро. Бигзор боз хазорхо тани дигар овозхони кунад. Аз миёни ин хама шояд рўзе як нафар пайдо мешавад, ки мо бо ў ифтихор мекунем. Шавки бачахоро набояд кушт!

  8. Мавлони гиромй. Сипос аз матлаби Фахриддин, ки бисёр арзёбии дурусте ба назар мерасад.

  9. То ба кай санги маломат ба сари чавонон мезанему онхоро аз шугли дустдоштаашон бозмедорем. Имруз вакти он расидааст, ки чавононро дастгири намуда, ислох намоем. Агар калонсолони мо дар касби худ устувору тачрибадидаанд бигузор камбудии чавононро ислох намоянд. Бонг мезанем, ки чавонон аз фонограма истифода мебаранд. Чаро устодони варзидаи мо чавононро аз нозукии касби худ вокиф намекунанд. Ва ё чавонон намехоханд? Фикр мекунам, ки мушкилии тарбияи кадрхои чавон дар хама сохаи хаёти чомае вучуд дошта барои хамаи сохахо баробар дахл дорад. Чи дар сохаи илму маданият, чи кишоварзию санъат тарбияи насли наврас бояд ба зиммаи насли калонсол бошад. Хулласи калон гуфтаниям: «Чавононро дастгири мебояд, аз камбуди чустанхову маломати бехуда манфиате нест!!!»

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: