Латтарангкунии масъулин

Абдулазими Абдулваххоб

ё ман шуморо ба Рўзи забон табрик намекунам!!! (ба чои памфлет)

Ин тасмими ман аст, хохед хамрайъй кунед, нахохед ихтиёр доред! Ба хар хол, як бор биандешед, ки мо ба кадом хотир хамдигарро шодбош мегўем? Одатан дар ин рўз касоне хамдигарашонро табрик мегўянд, ки гўё ифтихори миллиашон баланд бошад.

Дар холе, ки барои он нафаре, ки забонашро эхтиром мекунад, хар рўз иди забон аст. Аммо дар мо «иди забон» рўзи амалдорону раисхо аст. Инхо танхо дар хамин рўз аз забон ёд мекунанд. Аз раиси чамоат сар карда, то вазирони кабир. Вазифаашон хам маълум: дар ин чову он чо навиштачотеро овезону мех кардан. 

Шояд латтапораву он шиоре, ки онњо менависанд, баробар бо латтаи сари мазори кампири Зарнигор дар дехаи Рарз арзише надошта бошад. Вале онхо бо хамин амалашон худро МАСЪУЛОНИ ДАВЛАТИИ ЧАШН (МДЧ) медонанд. Соли оянда боз хамон латтапорахояшонро бо навиштахои «Забон хастии миллат аст», «Забонро пос дорем» ва монанди ин овезон мекунанд.

Раисони нохияву шахру шахрчахо низ худро шарик медонанд. Онхо аз болои кори раиси чамоатхо назорат мекунанд, ки кадом латтаро дар кучо овехтаанд. Ин як намоишномаи нонавиштаест, ки хар сол дар амал татбик мегардад.

Вазирон барои хамин латтапорахо бо ифтихор маблаг чудо мекунанд, зеро тобеонашон бехуда захмат накашида, фармон омода насохтаанд. Маблаггузории латтарангкунй кори осон нест, он садокати вазиронро ба ватану миллат  нишон медихад.

Вакилони мардумии мо бошанд, дар тамоми сатх ба такдири забон дилсўзона менигаранд. Дар рўзи Иди Забон онхо ба таътил мебароянд, то касе лахнашонро нашунавад.  Онхо медонанд, ки Конуни забонамон мероси шўравист ва муносибат бо мерос бояд эхтиёткорона ва зиёдтар аз он, хирадмандона сурат бигирад. Мо ба чуз аз сиёсати хирадмандонаи вакилони мардумй чизеро интизор нестем. Офарин бар химмататон, вакилони  номардумии ман!

Онхо то хадде дилсўзанд, ки хатто фарзандони худро акнун англисиву туркй ва арабй меомўзанд. «Хай!» ва «бай-бай» азизакони дилсўзони мардуми ман!

 Акнун точикона мепурсам: 

  • Дар додситонии ин кишвар, ки номаш Точикистон асту забонаш точикист, додситонхояш ягон чаримаи маъмурие дар ин бора ба гардани касе дайн кардаанд?

Айх! Ба ёд овардам: ба истиснои як бор дар Бадахшон. Эй мардуми бадахшони ман! Дўст дорам шуморо!  Рузи забўн муборак тамард вид Бадахшон!!!

  • Дар низоми судии кишвар шахсеро ба додгох кашидаанд, ки дар фаъолияташ беэхтиромие нисбат ба забон карда бошад?

Гумони голиб дорам, ки не!

Хамин рўзхо бо супориши идора дар мурофиаи судии айбдоршавандагони катли журналист Илёс Шурпоев иштирок дорам. Харчанд на айбдоршавандагон, на айбдоркунандаи давлатй, на судя рус нестанд, мурофиа бо забони русй мегузарад.

Чаро? Чаро латишхову озархо метавонистаанд нисбат ба забонашон конунхои дахлдор кабул намоянду мо точикон не?!

Ба ахволи ин миллат ва худам  дилам месўзад, афгор мегардад. Зиёиёнаш бечораву факиранд, ба чуз заъифинолй дар назди сарвари кишвар амалеро пиёда карданашон аз имкон берун аст. Дардашон, дарди чопи китобашон, талабашон як порча замин аст, то гулкориву писташинонй кунанд. Магар инхо аз раисони чамоатхо фарки зиёд доранд?

Инхо хам МАСЪУЛОНИ ЧАШНанд! Хазорхо нафарашон барои ин маош хам мегиранд.  Ба хотири инхо низ забон махз ба муносибати хамин рўз мерасад. Аз чунин зиёигарй чўпонй авлотар нест? То хол имлои забонашонро муайян накардаанду дод аз зиёигарй мезананд. Дар миёни ду дар мондаанд, ки харфи «й»-ро дар кучо истифода баранд. Вой бар холатон!  Набуданатон чоеро холй нахохад кард! Умедворам, ки насли сарлучу пойлучи ман асло ба Шумо инро нахохад бахшид. Мо холо танхо 43 дар сади  ин чомеаем, иншооллох дар чор-панч сол 50 дар сад хохем шуд!!!

Дур нест он рўз, ки худатон аз зиёй буданатон шарм хохед кард. Ба хунархои баъзеи инхо ангушти хайрат газидан камй мекунад. Зиёй Иброхим УСМОНОВ он кадар ба акидааш устувор аст, ки дар як нишаст дар мавзўи баргаштан ба хатти ниёкон дар баробари кариб 40 ракибаш дастболо шуд. Ахсант мехонам ба ин хунар, вале ман хамчун як фарди чавони миллат бадбахтии дар оянда аз ин самт меомадаро аз ин чаноб медонам. Шояд ин насли гумрохшудаи мо, ки аз дасти шумо зиёихо ба хамин хол аст, баъди 40-50 сол хохад фахмид, ки Усмонов хизмате барои ин миллат кардааст, ки болшевикони истилогари рус накардаанд. Зиёиёни мо бо хамин харфе, ки Усмонов аз он пуштибонй дорад ва беш аз 70 сол аст, ки бо он кор мекунанд, дар шабакаи умумичахонии Интернет намедонанд «шўъба» нависанд, ё «шуба». Хафт солро дар карни иттиллоот аз даст дода, интизори Билл Гейтс буданд, ки кай кўмакашон мекунад.

Эй онхое, ки бо кўтахназарй танхо дарду дог ба мерос мегузоред! Ман шуморо табрик намекунам!

Айб аст шуморо аз забону миллат ва давлатдорй гуфтан! Хайф аст, вакте фазои иттилоотиятонро бегонагон идора мекунанд ва шумо саргарми таърифи якдигар хастеду хар бегох обчой менўшед!

Дилам ба шумо месўзад!

Ба умед бошед, ки масъалаи забонатонро хам дар Маскав ё Тошканд хал мекунанд!!!

«Мушкилоти хатти арабй дар Точикистон» хам моли хамонхост, ки аз тарики идеологхояшон ин чо пиёда мешавад. Мутмаинам, ки «идеолог»-хояшон, ки ин шабу рўз дар хидмати сиёсатмадорони дилашон ба русхо холо хам кашол хастанд, махз барои хамин як-як овоз баланд мекунанд. Акнун, ки вохўрии сарони Созмони Шанхай наздик омад, боз фаъол шудаанду ба Фахриддини Холбек чавобхои махфй менависанд. Рўзатон аз ин бад бод, бо ин ватандориятон!

Ман шуморо табрик намекунам !!! 

Чун пойтахтатон тахти забон надорад,

                                                    забон забони шумо нест. (Лоик)

Advertisements

Даричаи cабзи Худованд

Агар аз сад дар ронда шудаед, ба дари Худованд ручуъ кунед. Хазор дарро куфтеду боз нашуд, дари Худоро бикубед. Парвардигори мо хамеша бедор ва дари у ба руи шумо хамеша боз аст. Дар аввалин садои халка ба дар посухе хохед шунид. Худованди мо интизор аст, ки бо У харф бизанем.

Ин суханони дусти чавониям, ки акнун мехмони азизи ман, точи сари ману нури чашми ман аст, маро такон дод. Хоби деринаам ба ёдам омад. Дар он хоб ба кучое мешитофтам, харб мекардам, медавидам, метапидам, мепаридам, мечахидам ва сари хар сония медонистам, ки набояд дер бимонам ва медонистам, ки расидани ман бисёру бисёру бисёру бисёр мухим аст ва ин аст сабаби шитобзадагии ман. Пиёда будам ё савора дар хотир надорам, аммо дар ин рохи пуршитобу осемасар дареро дида будам, ин кадар дилнишину дилгудозу дилнавозу дилхурушу дилангезу дилрабову дилчаспу дилпазир ва садоеро шунида будам, ин кадар гушнавозу, мехрубону самимй, садоеро, ки меомад аз гайб ва мегуфт, ки холо бояд аз хама чиз даргузарам, бозистам, бифуроям, биафтам, бинишинам, биандешам ва бубинам ин дари умедро ва боз кунаму ворид шавам ба боги сарсабзе, ки хамаи умри чавонии ман дар орзуи он гузаштааст.

Дари Худованд куфле надорад. Ин ягона даре дар тамоми олам аст, ки фарк надорад, ман кай ба пойи он меоям, имруз ё солхо баъд, бо нахустин садо он боз хохад шуд ва боги мухаббати Худованд маро ба канори худ хохад гирифт. Мани гариб, саргашта, саргардон, бесохиб, бесаробон, бесарпараст, дастнигар, дилмурда, афтода, гандида, худбохта, пургунох, осй, егй, хечбуда ва хечшударо Худованд хохад бахшид ва ба огуш хохад гирифт. Ин суханони дусти чавонии ман мурдаеро дар ман зинда мекард.

Дар он хоби бади хеш ман, бадбахтона, пиёда нашудаам, бознаистодаам, наандешидаам, итоъат накардаам, балки рафтаам шитобону осемасар ба дунболи кадом чизи ночизи гузаранда ва фиребо. Ба худ гуфтаам, бармегардам ва сипас он даричаи сабзро пайдо мекунам, боз мекунам ва асрори бузургеро барои худ кашф.

Аммо вакте бозгаштам, дидам, ки рахгум задаам ва махалли он даричаи азизро гум кардаам. Солхо дар як пай чархидам, аз хазорон нафар нишона пурсидам, лекин он дарро дигар пайдо накардам. Ман бехтариин фурсатро аз даст дода будам. 

Чаро ман бознаистодам, то он дари сабзро боз кунам? Зеро ман шитоб доштам. Аммо шитоб барои чй чизхое? Чизхои бехуда, даргузар ва фонй. Солхо гузашт, то ман дубора ба назди он дарича баргардам.

Холо фурсатест барои бозистодан ва боз кардани дари сабзи Парвардигор. Ин рохи нуронии ман аст. Агар шумо хам дареро дидаед, дилнишину дилнавозу дилгудозу дилрабо, аз бахри хама чизи дигар бигзаред, бозистед ва он дарро боз кунед. Даричаи Худовандро. У интизори шумост.

Хатти ниёкон дигарбора аз мо ранчид…

Рустами Субхонй

Президенти кишвар аз забони модарии мо химояти зиёд кард ва дар бораи он суханони хуб гуфт. Багумон аст, ки як рахбари дигар давлат ва ё кишваре дар бораи мукаддасии забони миллй ин гуна бо гамхории бехадду худуд сухбат кунад. Вай вазъияти забонро аз руи ростй ва ба дурустй шарх дод ва аз хамагон хохиш кард, ки ба покиза доштани забони точикй кушиш намоянд. Ин суханони президент метавонанд, танхо мояи хушнудй бошанд.

Аммо дар нутки идонааш раисичумхури Точикистон хамчун сиёсатмадори дурандеш рафтор накард. Вай таъкид намуд, ки мардуми точик хеч гуна зарурате барои гузаштан ба алифбои арабиасоси точикй надоранд. У инро хилофи манфиатхои миллат ва дасисаи хоричиён унвон намуд. Дастиаввал бояд гуфт, вакте ки ин пешниход, яъне бозгашт ба хуруфи форсй ба миён омад, ягон неруи хоричй дар Точикистон нуфуз надошт ва ин андеша аз умки дили рушанфикрон ва фархангиёни кишвар бархоста буд. Сониян, бозгашт ба алифбои падарон на танхо бозгашт ба асолати худ аст, балки рохи пайванд ба хаммиллатон ва хамзабонони мо дар сартосари чахон мебошад.

Агар президенти мо дар акидахои миллияш хакикатан фарзанди асили миллат ва гамхори миллат мебуд, мебоист, мегуфт, ягона рохи мо ба эхёи худшиносии миллй ва риштахои хешовандй бо хамкавмони худ ин бозгаштан ба алифбои гузаштагон аст. Ва агар вай сиёсатмадори асил ва хирадманд мебуд, алалакал мегуфт, имруз мо зарурати дарачаи аввал ба бозгашти ин алифбо надорем, аммо зина ба зина онро рушд медихем, шояд фарзандони мо дар оянда тасмими нихой бигиранд.

Холо шумо, хамандешони азиз, бигуед, ки рахбари мо дар хакикат миллатдуст ва миллатпараст аст ва дар вокеъ сиёсатмадори пухтааст?

Чаро Неъматзода сокит аст?

Рустамчон Рустамов, шахри Душанбе

ЧОЙНАМОЗХОИ ХУКУМАТЙ

Низоми хоким бар Точикистон муддатхост, кўшиш дорад, эшони Нуриддинро мисли дигар рухониёни кишвар зери контроли худ бигирад, то аз хатти кашидаи хукумат берун набарояд. Зеро тавре медонем, рухониёни Точикистон, онхое ки минбари масчидхои чомеъро дар ихтиёр доранд, фармонбардори дастгоххои хукумат мебошанд ва дастури онхоро бечуну чаро ичро мекунанд.

Ва хатто агар чунин дастуру фармонхо хилофи фармудахои шариъат хам бошад, онхо кўшиш мекунанд, ки бо содир кардани фатво хукуматдоронро аз худ розй кунанд. Идораи рухониён барои химояти хукуки диндорон на танхо кўшише намекунад, балки супоришхои хукуматдоронро барои манъи рафтани занхо ба масчид, манъи истифодаи баландгўяк хангоми азон, манъи чавонони наврас аз масчид… бо истифода аз минбархои дар ихтиёрдошта чонибдорй мекунанд. Ба кавле, хокимро фамонбардорй мекунанд ва Холикро нофармонй.

ЯК НАМУНАИ БОРИЗ

Вакте ки Вазорати маъориф пушидани рўсариро барои толибахо ва донишчўёни макотиби олй манъ кард, лозим буд ки Идораи динии мусалмонон, хамчуни макоми расмии динй аз хукуки динии онхо химоят мекард, садои эътирозии худро баланд месохт. Зеро сатри занону духтарон як масъалаи чузъй набуд, ки дар баробари он мусалмони дорои номуси динй хомуш биншинад. Вале маъаласаф ходимони расмии дин нахостанд, хукумтдоронро аз худ норизо кунанд.

ЧУДО ВА ДАР ЗЕР

Мегуянд, дин аз давлат чудост, аммо дар кишвари мо ин чудой ба маънии дар хидмати давлат будани дин аст, на истиклолият ва озодии он. Дар холе ки дар Точикистон олимони дин кам нестанд, сарварии Идораи расмии мусалмонон ба дасти касест, ки саводи ибтидоии динй надорад. Оё бехтар нест, ки барои баланд кардани обрўйи Точикистон дар хоричи кишвар шахсияти шинохта ва олимеро ба ин маком баргузида шавад?

Аз истиклоли давлатии Точикистон 17 сол мегузарад, наход то имрўз мо шахсе надошта бошем, ки дар ин бахши мухим обрўйи кишвари моро дар чамъомадхои байналмилалй муаррифй карда битавонад. Шояд Неъматзодаро ба хайси шахси камсавод ва фармонбардор ва барои хукуматдорони давр муносиб ба ин маком ихтиёр карда бошанд, вале ин сиёсати галат ва барои симои Точикистон манфй аст.

САЛАФИХО СИЛОХИ КИСТАНД?

Хамин табиъати Эшони Нуриддин сабаб шудааст, ки барои заиф сохтани мавкеъи ў дар чомеъа аз тамоми васоил истифода баранд. Вакте фишори макомоти амниятй ва кудратй ба ў таъсир накард ва ў зери бори ин фишор таслим ва сархам нашуд, акнун роххои дигар озмуда мешаванд.

Гурўхи навзухури салафихо харбаи хубест барои макомот чихати заъифсозии чойгохи Эшони Нуриддин ва беобрў кардани ў дар чомеъа. Зеро домулло Нуриддин аз хонаводаи рухонии машхур ва сохиби маком ва чойгохи олист, аз тарафи дигар ў яке аз воъизони мухтарам ва олими шинохтаи дин дар миёни мусалмонхо мебошад.

Чанд соли охир ў бо мавъизахои чаззобу матрах кардани масоили доги рўз тавонистааст мухлисон ва афроди мутадайинро аз сартосари чумхурй ба худ чалб созад. Эшони Нуриддин бар хилофи дигар имомони масчидхо рафтани занхоро ба масчид манъ намекунад.

ШУХРАТ ОФАТ АСТ

Макомоти мухталифи давлат аз шухрату нуфузи рў ба афзоиши Эшони Нуриддин норохат гаштаанд. Аз ин ки мухлисони ў аз сартосари чумхурй барои адои намози чумъа ва шунидани мавъизахои балигаш ба масчиди ў меоянд, нохуш хастанд, зеро ин ба шухрати рў ба афзоиши ў далолат мекунад.

Тибки дастури макомот кормандони умури дохилй рўзхои чумъа мошинхои мусофиркашро, ки мардумро ба он чо мебаранд азият медиханд ва гохо мегўянд, ки чаро одамон дар масчидхои мавчуда дар минтакахои худашон намозро адо намекунанду аз масофахои дур ба масчиди Эшони Нуриддин меоянд? Макомот бо ин дахолаташон озодии интихоби афродро махдуд карда, хукукхои онхоро поймол мекунанд. Хар шахс хукук дорад дар масчиди дилхохаш адои намоз кунад, магар ин амал хилофи сиёсати давлат аст?

НАКЗИ ХУКУКИ ЗАНОН

Барои пеши шухрати домулло Нуриддинро гирифтан хама корро мекунанд. Тахти фишор ва имлои хукуматдорон Шурои уламоро водор карданд, то фатвои манъи рафтани занхоро ба масчид содир кунанд.

Ин корро бидуни хичолат анчом доданд ва эълом карданд, ки рафтани занхо ба масчид мухолифи мазхаби ханафист. Зеро медонистанд, ки ягона масчиде ки занхо барои адои намоз ба он мерафтанд ин масчиди Эшони Нуриддин буд.

Баъди судури чунин фатвои фармоишй ва поймолкунандаи хукуки занхо ва тамйизи чинсй болои Эшони Нуриддин фишороварй шуруъ гашт. Аз ў талаб карданд, ки омадани занхоро аз масчидаш манъ кунад.

Хузури занон дар масчид магар ба амниятии давлат халал меорад? Магар баракс ин эхтиром ба хукуки занон нест, ки гохе Исломро хилофи хукуки зан меноманд. Магар бад аст, ки модарон мояи тарбияи ахлокии фарзандони худро на танхо аз чомеа, балки аз масчид низ бигиранд? Амалкарди давлат далел аст, ки шиъорхои он дар бораи хукуки зан пучанд. Он омодааст, ба хотири чилавгирй аз эътибори Домулло шиъорхои худро низ зери по кунад.

ЭШОНИ НУРИДДИН ЯКРУСТ

Барои аиммаи масочид, ки минбар дар ихтиёр доранд казоёи доги рўз ва мушкилоти мусалмонхо ахаммияте надорад, танхо касе ки дар баробари онхо хомуш наменишинад Эшони Нуриддин аст. Хангоме ки бо бахонаи набуди сабтиноми расмй дастури бастан ва тахриб кардани масчидхо дода шуд, раиси Шурои уламо, чаноби Неъматзода ин фармони макомоти хукуматиро таъйид кард. Аммо Эшони Нуриддин этироз намуд ва ин икдоми макомотро махкум кард.

Дар бахси духтарони донишчу, ки барои пушидани рўсарй аз тахсил махрум гаштанд, хама сокит буданд ва танхоЭшони Нуриддин буд, ки дар хама чо алайхи ин икдоми хукуматдорон харфхои тунд гуфт, ки боъиси укда гирифтани давлатдорон алайхи ў гардид. Хулоса, Эшони Нуриддин суханронй ва мавъизахои зинда, бо матрах кардани масъалахои уммати исломй ва мушкилоти мусалмонхои Точикистон мекушад рисолати худро адо кунад, дар холе ки дигар рухонихо аз хатти муайянкардаи макомот берун намераванд. Харчанд ки бархе аз онхо дар сухбатхои хос аз фишори давлат ба дин бехгушй мекунанд. Ин магар риё ва дуруягй нест? Ва домулло Нуриддин оё аз якру будани худ обруи бештар намегирад?

САЛАФИХО ВАСИЛАИ ХУБЕ БАРОИ ИН МАКСАД

Дар аввали зухури cалафихо Эшони Нуриддин дар хама чо аз онхо пуштибонй мекард ва дар нисбаташон харфхои хуб мегуфт ва мардумро насихат мекард ва хар гуна шоеъаро дар хакки онхо беасос мехонд. Вале ин вазъ дер давом накард, зеро баъди чойгох ва чонибдор пайдо карданашон таваччухи макомоти амнияй ва кудратии кишвар болои онхо бештар гардид. Баъди маълумоти пурра хосил кардани макомоти амниятй ва кудратии хукумат аз хадаф ва барномаи амалашон мутмаъин гашта, барои онхо чароги сабз дода шуд.

Онхо эълом карданд, ки мо мухолифи сиёсат ва хизби сиёсии исломй хастем, хеч барномаи сиёсй надорем, рохбари давлатро подшохи доимулумри вочиб-ул-тоат медонем ва итоат аз ўро итоат аз Худо ва Расул медонем, дар хама чорабинихои сиёсй ба хизби Нахзат мухолафат мекунем ва рохбарони ин хизбро барои таъсис додани хизб мухолиф ба асосхои Ислом мехисобем…ва г.

Илова ба мухолафаташон ба хизби Нахзат барояшон дастури дигар низ дода шуд, ки он заъиф сохтани чойгохи Эшони Нуриддин буд. Яъне агар онхо мувофики ин дастур амал кунанд, макомоти амниятй ва кудратии Точикистон онхоро пуштибонй хоханд кард. Майдон барояшон кушода шуд, хучум ва тохтутоз шуруъ гашт.

МАКОМОТИ АМНИЯТЙ ЗИДДИ ТАВОФУК

Чанд мох кабл баъд аз шиддат гирифтани хучум ва акси хучум аз тарафи ин гурўх бо Турачонзодахо нафаре хост, то дар халли мушкил миёнчигарй кунад.

Ба ин максад хар ду гурўхро чамъ кард, то созиш хосил шавад ва мухолафатхо аз байн биравад, ки ин кори хайр ва ислохи зот-ул-байн ва аз вочиботи Ислом аст. Вале баъд аз нишасти мазкур макомоти амниятии Точиистон шахсеро, ки ин икдомро карда, тарафхоро дар манзилаш чамъ овард даъват карда, мавриди пурсучў карор доданд ва ўро барои ин кораш хушдор доданд, ки чаро чунин икдом кардй.

Ин ба чй далолат мекунад? Агар далолат кунад, албатта ба он, ки хама кор тибки накша сурат мегирифтааст ва ин гурўх ичрокунандаи тархи супоришй хастанд. Ва хар гуна созишу тавофук халалдоршавии накша мебошад.

САЛАФИЯТ — ЧАТРИ ХИМОЯТ

Домулло Сирочиддин, ки вактхои охир ба ин гурўх пайвастаст, сабабаш он буд, ки ў баъд аз мавъизахои тунду тахкиромезаш дар чамъомадхо, аз тарафи макомоти амниятй ва кудратии Точикистон мавриди истинток ва таъкиб карор гирифт.

Аз ў як талаб карданд, ки ба гурўхи салафихо пайваста, алайхи Эшони Нуриддин фаъолият намояд. Агар ў ин корро бикунад, метавонад дар амн ва химоят бигардад.

Домулло Сирочиддин баъд аз пайвастан ба ин гурўх сохиби карру фар гашта, бебокона супоришхои ба зиммаш гузошташударо сарбаландона ичро карда истодааст. Шояд ў мутакоид шуда бошад, ки салафият хам дахли хуб ва хам химояти давлатиро барояш таъмин кардааст.

Тавре имрўзхо мушохида мекунем, Сирочиддин озодона наворхои тавхину хакоратомезашро нисбати Эшони Нуриддин пахш мекунад ва дастёрони чавонаш онхоро сабт ва мачонй тавзиъ мекунанд ва худаш дар амнияти комил карор дошта, макомоти амниятй ўро пурра хиомят мекунанд.

ЗАР ВАСИЛАИ ХУБ БАРОИ ЧАЛБ КАРДАН

Аз сабаби он ки тавассути зар дар тамоми асру замон метавон одамони бехадаф ва беиродаро ба худ чалб кард, имрўз мушохада мешавад, ки бисёр рухонихои ихтиёчманд ба ин васила дар халкаи салафихо ворид карда шудаанд.

Рахбарияти салафихо дар хорич барои амалй сохтани ин барнома маблагхои зиёде ихтисос медиханд, зеро хуб огоханд, ки дар шароити мушкили иктисодй дар Точикистон мардумони камбизоати точик барои дарёфт кардани маблаги ночиз аз дини ачдодиаш рў гардонда адёни ботили дигарро мепазиранд, пас чаро онхо аз ин васила истифода набаранд?

Зеро ин як василаи хуб аст, ки метавон аз он барои хадафхои худ истифода кард. Аммо шумо, мардум, боре фикр кардаед, ки ин хадафхо ва максади нихой чист?

Чомеъаи джумшудии Точикистон

Хуршеди Хикматулло

Дустони хамандешро набояд аз тахаввулот дар Точикистон изхори хайрат кард, зеро афкор ва пиндори мардуми мо дар 17 соли охир айни чизе шудааст, ки Михоил Галустян ва ТНТ дар сериали «Равшан и Джумшуд»-и «Наша Раша» намоиш медиханд. Банда онро чашми дидан надорам, аммо акнун ба хулосае мерасам, ки аз ин намоишнома низ набояд озурда гашт, чунки аз сухани хак чои гурез нест.

Маълум нест ё ошкор аст, ки чаро мо ба ин рузи сиёх гирифтор шудем. Аз мост, ки бар мост. Чаро хайрон мешавем ва аз чй эътироз мекунем? Ба куча бароед ва ба рахгузарон нигох кунед. Ба гайр аз Рустам ва Джумшудхои бешумору бехисоб дигар киро мебинед? Вазирону кабирону сафирони мо, харчанд тавки заррин ба гардан доранд, аз кадом Джумшуд каманд. Нишасту бархост ва лахчаи додситони куллро зехн монед. Магар як Джумшуди тамом айёр нест? Аслан дар хамаи сутух касеро мебинед, ки аз Джумшуд фарке дошта бошад? Пас чаро озурда мешавед?

Як джумшудсифате бо такон додани пуз ва заболесихои гурусначашмонаи кучагияш эътироз мекунад, ки расонахои хоричй кишвар, миллат ва марзу бумашро тавхин кардаанд. Инро Шабакаи Якум нишон медихад ва ба думолаш рекломи «Агроинвестбонк»-ро нашр мекунад, ки дар он чо Рустам мехохад ба дасти Джумшуд ба хонааш пул фиристад. Айни нусхабардорие аз Михоил Галустян. Хатто холи зери чашмашро купй кардаанд. Бозигарони точик худро медаронанд, то харакот ва башараи Галустянро такрор кунанд. Ин рекламаро ё касоне сохтаанд, ки аз камаклй ба маънии тамасхури Галустян сарфахм намераванд ва хатто аз он ифтихор мекунанд ва ё касони доное барои тахкир ва тавхини мардуми точик.

Магар тахкири дигарон кофй нест, ки Шабакаи Якуми тилвизюни Точикистон низ ин мардумро хадафи масхара карор медихад? 

Агар бовар намекунед, хамин шаб намоишхои Шабакаи Якумро тамошо кунед. Ин ролик гаштаю баргашта намоиш меёбад ва харчанд зохиран хадамоти «Агроинвестбонк»-ро таблиг мекунад, дар амал точиконро мутмаъин месозад, ки онхо дар хакикат як кабилаи джумшудиянд.

Дар хамин огахй баъдан ба забони джумшудй ин иборахои гализ саф мекашанд: «Икдоми пайвасти бепул», «Алокаи конфаронсй», «Махфият»…

Халки джумшудй ва забони джумшудй — зодахои афкор ва рафтори джумшудиянд. Ишора ба ин ки давр даври джумшудхои биёбонист. Апс хам аз онхо тозиёна хам ва майдон хам. Аммо то чанд, то кай ва то кучо?

Гуши точик — билети хизбй!

Рузномаи «Независимая газета» (24.06.2008 ) шевахои кабул ба ахзоби сиёсии Русияро якояк баррасй кардааст. Маълум мешавад, хар яке аз хизбхои русй ба тарзи муайяне хохишмандонро ба суфуфи худ мепазирад. Аммо гуши точикон ба ин казия чй рабт дорад? Рабти бевосита!

Пас аз посухи рахбарон ва намояндагони хизбҳои гуногун рузнома суханони раиси Чунбиши Алайхи Мухочирати Гайриконунй, Александр Беловро чоп кардааст, ки мегуяд, узвият дар ин хизб хеле осон аст:

Достаточно принести одно ухо таджика — и можно вступать.»

Яъне барои узвият дар ин харакат хамин кофист, ки як гуши як точик оварда шавад. Пас хар точик дар Русия метавонад, ду нафарро ба узвияти ин хизб шомил намояд, зеро хар гуна ки хайратовар набошад: точикхо хам монанди дигарон ду гуш доштаанд.

Рузномаи «мухтарам» бе хеч гуна тахрир ин суханони сиёсатмаъоби русро нашр кардааст. Дар зимн Белов низ монанди Юрий Лужков ва Евгений Ройзман борхо мехмони азизи рахбарони аввали Точикистон буда, аз мехмондустии макомоти точик фаровон истифода кардааст.

Бо ин ки аз чопи ин макола дар рузнома се хафта мегузарад, ягон макоми расмй, хизби сиёсй ё созмони мадании Точикистон ба он эътироз нанамудааст. Агар дар Русия чунин тарзи истифода аз гуши точикро ёфта бошанд, оё дар мавриди дигар аъзои бадани точик низ ба хулосае расида бошанд? Ва оё барои сарварони Точикистон ин нукта дорои паёме буда метавонад? Ё Белов гуши онхову насли онхоро дар назар надорад?

Маърака бар зидди радиои «Озодй»

Низомиддин Мусоев, аз шахри Душанбе

Ман аз шунавандагон ва мухлисони деринаи Радиои Озодй хастам ва гавгои машхаре, ки имруз дар расонахои мо зимни конфаронси хабарии Сайёфи Мизроб бапо шудааст, маро хеле асабонй мекунад. Ин ого то ин вакт дар ин радио кор кардаву нон хурдааст ва имруз ба дастархони он туф мекунад, зеро дар масъалаи маоши худ бо сардораш гапаш нагузаштааст.

Агар ин кадар ватандусту хукуматдуст мебуд, чаро ин кадар сол кор кард? Чаро аслан ба чунин расонаи ба гуфтаи худаш, мугриз ба кор омад ва 11 сол кор кард? Бо вучуди ин хамчун шунаванда ман ягон хабари чолиб ё барномаи хуб тахиякардаи ин шахсро дар ёд надорам. Пас рахмат ба сардоронаш, ки чунин касеро ба хайси хабарнигор ин кадар сол нигох доштаанд.

Боз аз он дар хайратам, ки прокурори Точикистон Бобочон Бобохонов ба химояти Мизроб садо баланд кард. Ман акнун фахмидам, ки прокурори мо то чй андоза тарафдори журналистон ва озодии баён будааст. Лекин то имруз ягон бор дар химоят аз ягон журналист ё корманди матбуот ин ого садо баланд накарда буд. Ба фикри ман, ин чо шояд гапхои дигаре хаст ва ого Мизроб бо дастури макомоти давлати Точикистон амал мекунад. Вагарна, хеч хабаре дар бораи корманди Радиои Озодй наметавонист, дар телевизиону радиои давлатй ин кадар пропаганда шавад, ки фикр кунед, ин хабари асосии кишвар аст.

Аслан, максади ман навиштани ин чизхо нест. Огои Мизроб бо ин кораш худро ба катори пасттарин пуштибонхо ва тамаллуккорони ин хукумати номардумй гузошт ва «заказ»-и онхоро ичро кард. Вагарна, хар руз садхо кас ба чое ба кор медароянд ва садхо кас аз кор мераванд ва хеч кас аз кор рафтани худро обуранги сиёсй намедихад то аз зери каноти як хучаин баромада ба зери каноти дигараш равад ва фоидаи бештаре ба даст орад. Ин чо ба фикри банда статуси Радиои Озодй накш дорад, ки ба чунин огоён чунин имкониятро медихад. Он як расонаи хоричист, ки барои мардуми Точикистон хабару гузоришхо медихад. Бо назардошти гузаштаи радио, ки махсули чанги сарди Амрико бо СССР буд, тухмат кардани он осон аст. Локин боз хам суол, ки чаро ин шахс ин кадар сол дар он чо кор кардаасту танхо акнун эътироз мекунад. Яъне агар гапаш рост аст, чаро виждонаш замоне бедор шуд, ки пули маошаш ба дилхохаш нашудааст?

Максади ман аз навиштан ин буда, ки бигуям, агар мушкил дар миёни ого Сайёф ва сардори уст, набояд Радиои Озодиро сиёх кард. Ман ин расонаро бисёр дуст медорам, ба хотири журналистони забардасти он Салими Аюбзод, Сочидаи Мирзо, Саидкосими Киёмпур, Мирзои Салимпур, Нурмухаммади Холзода, Холидаи Кодир, Рахматкарими Давлат, Абдукаюми Каюмзод ва дигарон хамеша онро гуш мекунам. Ба фикри ман, ин инсонхо ба воситаи Радиои Озодй ба ватани худ бисёр хизматхои чолиб кардаанду мекунанд ва инро садхо хазорон нафар медонанд. Барои мисол, хизмати онхо дар расидан ба сулху оштии миллии Точикистон бисёр арзанда аст. Ман харгиз фаромуш намекунам, ки онхо аз расидан ба сулх макола медоданд ва имзо шудани сулхро вакте мешунидам дар чашмонам ашк мерехт.

Як миёна ман аз шунидани радио дур мондам, зеро расонахои худи Точикистон бисёр фаъол шуданд, локин баъд аз чанд вакт дидам, ки онхо бисёр хабару матолибхои мухимро намедиханд ва аз расонахои давлатй дида кам фарк доранд, ва ман дубора ба Радиои Озодй пайвастам. Имруз хам ин расона бехтарин манбаъи хабарии ман мебошад.

Аз бозе ки хамин хукумат сари мансаб омадааст, мо точикон, одамоне шудем, ки нонро хурда ба дастахон туф мекунем. Бо Нурй сулх кардему ба худаш туф. Огои Мизроб фарзанди хамин хукумат аст ва гап дар сари он аст, ки бо тамоми пастхолатии худамон мо фикр мекунем, ки тамоми чахон дар фикри мост ва талош ба он мекунад, ки чй тавр зидди мо коре кунад. Дар амал Радиои Озодй некии Амрико барои мост ва агар онро баста партояд, худи Амрико ягон зараре намебинад, мо зарар мебинем, ки аз як манбаъи хабару ахбор махрум мешавем. Ва журналистони мо хам бекор мемонанд, зеро на хукумати Точикистон ва на прокурор Бобохонов ба хамаи онхо кор ёфта наметавонанд.

——————

Ба иттилоъи манобеъи мухталифи наздик ба давлат, ба огои Сайфиддин Мизробович Достиев (Сайёфи Мизроб – зодгоҳаш шаҳри Кулоб) дар ивази ин «корнома» курсии муъовини раиси тилвизюни «Сафина» ваъда шудааст.