Мушкили аввалиндарачаи Точикистон чист?

Ботур Косимй (Иёлоти Муттахидаи Амрико)

Хамаи мо самимона мехохем, ки Точикистони азизамон пешрафт кунад. Аммо чй сон? Садди рох чист? Мушкилихои мо халшавандаанд ё халнашаванда?

Бешак, чомеаи имрузаи мо мушкилихои зиёд дорад, ки баъзеашон вазнин ва дигарашон сабуктаранд. Албатта, ягон кор бе мушкили намешавад, вале мухим он аст, ки ба мушкилии аввалиндарача дар чомеа бояд диккати аввалиндарачаро дод ва он пеш аз хама онро баррасй ва хал кард.

Пажухишхои иктисодй ва ичтимоии охир нишон медиханд, ки фасоду ришва дар чомеаи Точикистон яке аз чунин мушкилихои асоси ва аввалиндарача ба хисоб меравад. Мохият ва зиёни фасодро инчо шарх додан зарур нест ва факат шабохате назаррас овардан мумкин, ки фасод ба мисли кирмест, ки дарахтро (давлат) мехурад, ба инкишофи он (тараккиёт) имкон намедихад, шоху меваи (чомеа) онро мепусонад ва агар он пешгирй карда нашавад тадричан худи дарахтро низ нобуд мекунад.

Биноан, агар мо нахохем, ки давлатамонро аз даст дихем бояд пеш аз хама бо фасод муборизаи шадид бибарем. Аз тарафи дигар, пушида нест, ки холо фасод махсусан дар хукумат ва идорахои он хеле зиёд шудааст ва ин бузургтарин садди рохи пешрафти кишвари мо гаштааст. Фасод бовари мардумро ба давлат ва хукумат аз байн мебарад ва дар навбати худ набуди эътимоди халк барои давлатдории мо чиддитарин хатар аст.

Хуб, фасод чизи бад аст, бахусус густариши фасод дар идорахои хукумати ва бо он бояд мубориза бурд. Хама рози, хама фахмо. Вале, чи тавр? Чи кор бояд кард?

Нахуст, барои халли хама гуна мушкил бояд сабабхои онро омухт ва донист. Ба хама фахмост, ки сабабхои асосии фасод, махсусан дар хукумат, ин паст будани маоши кормандон ва печида будани коидаву конунхо, яъне когазбозй, бюрократия аст. Маоши паст корманди давлатиро мачбур мекунад, ки барои таъмини зиндагии худ аз муштариён “хакки хизмат”, яъне ришва талаб намояд ва печида будани коидаву конунхо дар навбати худ мардумро аз когазбозихо дилгир намуда, водор месозад, ки барои барохат ва зуд хал шудани кори худ ба корманди расмй ришва пешкаш кунад. Ин сабабхо агар аз байн бурда шаванд, сатхи фасод бешак хеле паст хохад рафт ва яке аз мушкилихои рушди Точикистон бартараф ё кам карда хохад шуд.

Хуб, маоши пасти кормандонро чи гуна метавон баланд кард? Албатта, мо захирахои бучаи кишварро, ки аз он маоши кормандон пардохта мешавад, якбора бамаротиб зиёд карда наметавонем. Вале, мо метавонем, ки шумораи кормандонро кам намоем ва факат бехтаринхоро ба таври санчиш дар кор монем. Дар натича, масалан, ба чои 10 корманди бо маоши миёнаи 100 сомонй, факат 3 корманди бо маоши 333 сомонй дошта метавонем. Ин худ аллакай даромади кормандонро 3 маротиба зиёд мекунад, ки он метавонад, эхтимолан ба 3 маротиба кам кардани зарурияти ришваситонии онхо овара расонад!

Дар навбати худ доштани танхо 3 корманд ба чои 10 талаб мекунад, ки коидаву тартибот соддатар ва когазбозй (бюрократия) камтар карда шаванд. Ин холат хам кори мардумро осонтар мекунад, хам корманд маоши зиёдтар мегирад ва хам давлат сатхи сатхи фасодро поинтар меорад.

Бар замми ин, шумораи камтари кормандон таъмини лавозимоти зарурии кор ва такмили ихтисоси онхоро осонтар мекунад. Инчунин, назорат ба кори онхо, пайгирии холатхои ришваситонй ва мучозоти фасодкор сабук мешавад. Яъне, ки “Бо як тир се нишон” ва ба кавли Фирдавсии бузургвор “Дусад марди чанги бех аз сад хазор”?Магaр ин хама ба манфиати кор нест?

Хулоса, хукумати беандоза ва бехуда калон душмани худи он аст. Чунин хукумат мисли сангбардорест, ки аз меъёр зиёд вазн бардоштанй шуда, миёнашро мешиканад. Хукумати маркази агар ин маслихатро сари кор бигирад ва ичро намояд, худро аз бори гароне озод мекунад. Аввал, кормандони худро маоши баландтар медихад. Дуюм, кору зиндагии мардумро осонтар менамояд. Сеюм, сатхи фасодро паст мекунад. Чорум, обруи худро дар чомеа бехтар мегардонад. Аз ин бехтар боз чи метавонад бошад? Бинобарин, аз чаноби президент Рахмон даъват мекунам, ки масъалаи бамаротиб кам кардани шумораи кормандони идорахои хукуматхои марказй ва махаллиро дида бароянд ва як чахиши мухимеро аз микдор ба сифат анчом бидиханд. Мушкилии №1 агар хал шуд, дигар мушкилу бандхо хам ба осонй кушода хоханд шуд.

7 Responses

  1. Boturi muhtaram, ba fikri man sababi fasod na dar maoshi pasti korgaroni Hukmat ast. Maoshro az 100 somoni 400 somon kardan mumkin, ammo ki kafolat medihad ki in maosh rohi fasodro peshgiri mekunad? Ba’ze vaziru mansabdoron chand million dollar rishva megirand, hamon ham kofi nest. Ba fikram, sababi fasod dar nabudani mas’uliyati Hukumat dar nazdi khalk ast. Yagona vositai barkaror namudani masuliyat – jori kardani intikhoboti ozod dar hama sathhoi hikumat – az raisi jamoat to raisi jumhur, ozodii sukhan, khususan bahri vasoili ahbori umum, va bunedi sistemai begarazi sud. Ammo mushkili asosi on ast ki Hukumati hozira az samimi kalb ziddi in chorabinihost, zero dar on zamon hokimiyatro ba zudi az dast medihad. Afsus, dar jomeai mo yagon kuvvae nest, ki bahri in tagyirot muboriza barad, na baroi manfiati khud.

  2. Donishjui aziz!

    Sipos baroi ibrozi fikraton. Albatta, fasodro purra nest kardan mumkin nest, vale kam kardani on imkon dorad, shart va zarur ast va rohhoi ba in maqsad rasidan ziyodand. Pehnihodhoi shumo ham baroi kam kardani fasod durust va khub hastand, ammo ba nazaram mo boyad avval rohhoi voqei (realisti), sodda va osonro peshnihod namoem, ki hukumat tavonad onro ijro namoyad.

    Bale, vazironu mansabdoroni kishvar khele mablaghoi ziyodro ghairiqonuni az bujai davlat va mardum ba kissai khud zadandu mezanand, chun mas’uliyat his namekunand va yagon zarra hissi millatdustivu vatandori nadorand. Lekin chi guna mo umed karda metavonem, ki in hukumati zaif intikhoboti ozodro dar hama sathoi hokimiyat ba roh memonad vaqte ki khud har daf’a bo intikhoboti ghairiozod va beadolatona (ba ghair az soli 1992) ba sari qudrat omada nishastaast? Ba ghair az in baroi ba roh mondani sistemai intikhoboti raisoni jamoatu, shahru viloyatho, ki mo tarafdori on hastem, omodagi omuzish kushish va mablaghi bisyor talab meshavad.

    Dar muqoisa bo in, kam kardani kormandoni hukumat dar hama sathho kori khele osontar va ta’sirbakhshtar khohad bud. Az tarafi digar, omili past budani maoshi korgaroni davlatiro, ki onhoro ba fasodu rishvagiri dast zadan majbur mekunad, mo hej goh nodida girifta nametavonem. Aksari kormandoni davlati chi dar vazoratu, kumitavu, shu’bavu chi dar hukumathoi mahalli mansaboroni kalon nestand va mahz maoshi kamashon onhoro ba fasod tela medihad. Yo khudashon inro didavu donista ba umedi rishva, daromadi rustii ilovagi, ba bakhshohi hukumat ba kor meravand. Dar hama kishvarhoi fasodzada chunin ast.

    Binobarin, kam kardani kormandoni davlati dar hama sath va bo in vasila ziyod namudani maoshi bokimondagon rohi oson va khubi muboriza bo fasod shuda metavonad. Albatta, in ham fahmish, khohish va kushish talab mekunad, vale mablagh zarur nest! 😉

    Obod boshed!

    — Botur Kosimi

  3. Ба назари банда имруз дар Точикистон хукумат = фасод аст. Бинобар ин рохи халлхое, ки мухтарам Ботур Косими пешниход кардаанд, монанди бо сузан кофтани чох аст. Ин рохи халлхоро дар он вакт мешавад ба миён гузошт, ки ЭШР тамоми вазирхояш ва раисонашро иваз кунад ва дар тамоми сохахо ислохот гузаронад, ки дар 100 сол хам ин корро намекунад.

  4. Худо аз ин хам мушкилтар нашавад гуйем хато мекарда бошем? Вале ба фикри банда баъд аз сари ЭШР боз хам рузхои бадтар моро интизор аст. Мо гуфта точиконро дар назар дорам!!! Такрибан 60-70 барсади ахолии маркази Душанбе, ки асосан точикони урусшудаанд хечгох худро бой намедиханд ва дар кучое, ки набошад зиндагиашонро меебанд.Вале афсус, ки халки камбагали дехоти дар кучое ки набошанд дар азобанд. Харифию бесаводи моро ба гори бетаге бурда истодааст ва мо мусикизадаю ракскунон ба самти он гор майл карда истодаем…

  5. Mark Twain-и азиз!

    Парво накун баъд аз сари ЭШР аз ин мушкилтар намешавад. Дар ин 17 сол аз дасти ин Чингизи Дангараги ва хешу табори у на точик монду на давлаташ хамаашро талаву тороч кард. Аз ин боз мушкилтар мешавад?
    Баъд аз сари ЭШР Точикистон дар муддати хеле кутох эхё мешавад ва подаи пароканда боз миллат мешавад.

  6. …пода ба фикрам тудаи хайвонхои хонагиро мегуянд, ба хусус хайвонхои чорпои шохдорро, ки номашон гов аст. Говхо асосан баъд аз чаридан дар пода ба хонахои сохибашон чорхез медаванд, чунки дар ончо намак ва хошоки хурдани махфуз аст. Точики бечораи мо аз хонахояшон хам безор шудагию аз хамин зиндаги хам… Бо намак гуфтан дахон шур намешавад ва бо ширин гуфтан хам ширин намешавад. Ба Шумо George ташакур.

  7. Зиёд кардани маоши коргарон барои халли масъалаи ришвагири кофи нест. Ин омил дар хуни вазифадорон шиштааст. Ба ман кори кардаи Саакашвили писанд омад. У дар сохтори вазорати корхои дохила реформа ба миён овард: 75000 коргари дар сохтор фаъолияткунандаро дар як руз аз вазифа озод намуда, ба чои онхо 25000 коргар гирифт, китамоман дар сохтор умуман кор накардаанд ва байни якдигар умуман шиносои надоранд. Ва ин коргарон метавонанд дар сохтор хамаги 5 сол фаъолият намоянд. маоши онхо имруз 2000 дол мебошад. Ичроиши конун низ суст аст. Хукми катл бояд чори карда шавад. Зинда бод Адольф Висарионович Пиночет.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: