Дӯстон ва душманони забону хатти мо

Ариёрам

Ниёкони мо дар куҳантарин замонҳо хат надоштаанд ва онро аз бумиёне ёд гирифтанд, ки сарзаминашонро ситонда буданд. Ин воқеъияти таърихӣ дар “Шоҳнома” ҳам ёд шудааст.

Нахустин хатте ки ариёҳо худ офариданд, хатти мехӣ буд ки дар замони подшоҳии Дориюши Ҳахоманишӣ (522 – 486 пеш аз милод) сохта шуд ва ҳамроҳ бо хаттҳои эломӣ ва оромӣ яке аз се хатти расмии Ариёно буд.

Дар замони фармонравоии юнониён (330 – 250 пеш аз милод) хатти расмии Ариёно хатти юнонӣ буд ва забони балхӣ ҳам ба ҳамин хатт навишта мешуд. Ин нахустин хатти аврупоии забонҳои эронӣ аст.

Дар замони фаромнравоии Ашкониён (250 пеш аз милод — 224 милодӣ) бар Эрон хатти расмӣ хатти паҳлавӣ шуд ки ҳамчун дигар алифбоҳои куҳани забони порсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ ва балхии ғайриюнонӣ, баргирифта аз хатти идорӣ ва расмии оромии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ буд.

Хатти авестоӣ низ баргирифта аз ҳамин хатти паҳлавист ки худ баргирфта аз хатти оромӣ аст.

Дар замони фармонравоии Сосониён (224 – 651 милодӣ) бар Эрон забони идорӣ ва расмӣ, яъне забони дарӣ, забони порсӣ буд ки мо онро имрӯз порсии мёна меномем ва он яке аз забонҳои эронист ки аз порсии бостон (забони рӯзгори Ҳахоманишиён) падид омадааст ва порсии нав (ҳамоне ки мо имрӯз онро форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меномем) дунболаи он аст. Хатте ки ин забон бад-он навишта мешуд боз ҳам баргирифта аз хатти оромӣ буд ва ин хаттро имрӯз нодуруст хатти паҳлавӣ меноманд.

Ин забонҳо ки ёд кардем ҳама забони мардуме буданд ки дар сарзаминҳои ғарби Ариёно ё Эрони имрӯза мезистанд ва азбаски пойтахти ҳама подшоҳиҳои эронӣ дар сарзаминҳои куҳани эломӣ ва оромӣ ҷой дошт, хатти забонҳои расмии ин подшоҳиҳо низ аз хатти ҳамон мардуми бумӣ баргирифта мешуд.

Аз онҷо ки сарзаминҳои шарқи Ариёно ё Турон – ҳамон Суғду Балху Хоразм – низ ҳамвора ё фармонбардори шоҳони Эрон буданд ва ё ҳамеша дар густараи фарҳангии Эрон ҷой доштанд, хатти забонҳои суғдӣ, балхӣ ва хоразмӣ ҳам дар кулл аз ҳамон хатти оромӣ пайравӣ мекард.

Хатти забони порсии нав баргирифта аз хатти арабист ки боз ҳам реша дар ҳамон хатти оромӣ дорад. Пеш аз омадани арабҳо ба Тоҷикзамин мардум ба забонҳои суғдӣ, балхӣ, хоразмӣ ва сакоӣ сухан мегуфт ва менавишт (номаҳои Деваштичро ба ёд оварем) аммо забони порсиро низ медонист. Забони порсии корбурдӣ дар Тоҷикзамин яке аз муҳимтарин ниҳодҳо ва намодҳои фарҳангии тоҷикон ба шумор мерафт ва мардум барои посдошти он дар баробари забони арабӣ сахт кӯшидаанд.

Дар густариши забон ва хатти порсии нав саҳми амирони Сомонӣ басе бузург аст. Амирони Сомонӣ ба хубӣ дарёфтанд ки агар забони форсӣ пойгоҳе дар дини Ислом надошта бошад ё пайдо накунад, ба сарнавишти дигар забонҳое дучор хоҳад шуд ки гарчӣ куҳантар аз забони арабӣ буданд, рафта-рафта фаромӯш шуданд. Аз ин рӯ бо диққат ва ҳушёрии тамом дар садади касби муҷҷавизе баромаданд ки бар асоси он битавон осори муҳимми эътиқодиро ба ин забон навишт. Пас аз уламои Мовароуннаҳр хостанд ки тақозои онҳоро на ба сурати дархосте маъмулӣ ё сиёсӣ балки ба унвони зарурате динӣ баррасӣ кунанд.

Уламои Мовароуннаҳр фатво доданд ки: “Раво бошад хондану навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар-он касро ки ӯ тозӣ надонад аз қавли Худои аззаву ҷалла ки фармуд: «و ما اَرسلنا مِن رَسولٍ اِلا بِلِسانِ قـَومِه»؛ Фармуд: “Ман ҳеч пайғамбареро нафиристодам магар ба забони қавми Ӯ ва он забоне ки эшон донистанд”.

Ва дигар он бувад ки ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд, аз рӯзгори Одам то замони Исмоъили пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони заминӣ порсӣ сухан гуфтандӣ ва аввал касе ки сухан гуфт ба забони тозӣ Исмоъили пайғамбар (а) буд ва пайғамбари мо сали Аллоҳи алайҳ аз Араб берун омад ва ин Қуръон ба забони арабӣ бар Ӯ фиристоданд ва инҷо бад-ин ноҳият забон порсӣ аст ва мулукони ин ҷониб мулки Аҷаманд” (Муҳаммад бинни Ҷарири Табарӣ, “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Ҳабиб Яғмоӣ, чопи 2, Теҳрон, “Тус”. саҳ. 5).

Ин фатвои уламои Мовароуннаҳрро метавон ва бояд нахустин Қонуни забон номид.

Порсии варазрӯдӣ дар асл омехтае аз забони суғдӣ, забони порсии дарӣ, ки дунболаи паҳлавӣ ва порсии сосонӣ ба шумор меравад ва забону хатти арабист.

Аз ин ҷост, ки дар забони гуфтории тоҷикон вожаҳои суғдиву бохтариву сакоӣ бисёранд. Барои намуна номи шаҳру рустову деҳаҳои куҳанро метавон овард, ки решаашонро дар забонҳои шарқии эронӣ пайдо мекунем. Матнҳои бозмонда аз адабиёти Варазрӯд нишон медиҳад, ки ин гунаи забонӣ то садаҳои 14 – 15 м. ба шакли қавӣ ба ҳаракати худ идома додааст, аммо пас аз гирифтани Шайбониён Варазрӯдро аз оғози садаи 16 м. густасте фарҳангӣ миёни Эрон ва Варазрӯд пеш омад, ки дигаргуниҳое дар гунаи забонии Варазрӯд падид овард. Ин раванд то поёни садаи 19 м. идома дошт. Пас аз инқилоби соли 1920 дар Бухоро ва рўи кор омадани ҳукумати пантуркистӣ нахуст забони порсӣ аз низоми коргузории расмӣ дур карда шуд ва сипас дар соли 1928 милодӣ ҷои хатти форсиро лотинӣ гирифт.

Дере нагузашт ки дар соли 1940 хатти кирилики русӣ бар дўши забони форсӣ бор карда шуд. Дар солҳои 1920 – 1980 забони форсиро ончунон содда ва “гуфторӣ” карданд ки «тоҷикӣ» ном гирифт ва рафта-рафта рў ба нестӣ ниҳод.

Бархе аз тоҷикдўстон бар ин шуданд ки миллату забону фарҳанги тоҷикро аз чанги бегонагон раҳо кунанд ва дар паи муборизаи онҳо 22 июли 1989 қонуне тасвиб шуд ки забони тоҷикиро забони расмӣ эълом кард ва «Қонуни забон» ном гирифт…

Аммо ин дувумин Қонуни забон ҷавонмарг шуд.

Дар ин бора устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст ин ҷо” (Душанбе, Оли Сомон, 1997) чунин мегӯяд: «20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад».

Намояндаи халқ Шӯҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни Асосӣ калимаи «форсӣ» фурӯгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ ва забони мо тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: «Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам. Мо ба миллат ва забони худ бояд фахр кунем». Вай ва баъзе касони дигар гумон доранд ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад.

Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳон»-аш ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рӯз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.

Ҳамон рӯзи 20 июли 1994, ки порлумони Тоҷикистон аз номи забони мо – аз таъбири «забони тоҷикӣ (форсӣ)» калимаи «форсӣ»-ро берун андохт, нисбат ба забони модарӣ боз як тасмими нораво гирифт: ҳангоми баррасии матни лоиҳаи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳотеро чун додгоҳ, додгустар, додситон, раиси ҷумҳур рад карда, ба ҷои онҳо вожаҳоеро аз қабили суд, судья, адвокат, прокурор қабул намуданд. Он аъзои порлумон, ки намояндаи халқ ном дошта, вале аз андешаи миллӣ ориву барӣ буданд, ҳеҷ мулоҳиза накарданд, ки агар аз номи забони миллӣ калимаи «форсӣ»-ро кӯр кунем, агар аз дод, додхоҳ, додгоҳ, додгустар ва ғайра, аз чунин калимаҳои асили тоҷикӣ даст кашем, қисман аз асли худ даст хоҳем кашид.

Наметавонам аз чунин эзоҳе худдорӣ кунам: калимаи дод ба маънои қонун ва адолат дар Авасто ба кор рафтааст, яъне 3 ҳазор сол аст, ки дар забони мо вуҷуд дорад. Онҳое, ки дар айёми мо, дар даврони истиқлоли миллӣ онро аз Қонуни Асосӣ, аз миёни истилоҳоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоъиву сиёсии он берун андохтанд, хилофи таърихи се ҳазор сол рафтанд…

Порлумони мо аз нишони миллӣ як рамзи анъанавии маънавии мо – сурати шерро берун андохта, ба ҷои он ниҳоли пахтаро, ки ҳеҷ гоҳ ба қатори рамзҳои маънавии мардуми мо дохил нашуда буд ва аз моддиёт гирифта шудааст, дохил кард, яъне моддиётро аз маънавиёт афзалтар донист.

Ин тарз бар зидди аломатҳои миллияту маънавияти мардум овоз додани аъзои порлумон дигар мисолҳо ҳам дорад. Инҳо ҳама намунае аз миллиятзудоӣ ва маънавиятпарҳезист… Миллатҳаросӣ, миллиятпарҳезӣ ва маънавиятгурезӣ ҳама як маъно доранд, аз ҳам дур нестанд. Ҳама аз инкори арзиши фардияти инсон ва моҳияти инсонии шахс cap задаанд. Ҳама дар замони шӯравӣ аз кӯшишҳои саркӯбии миллатҳо, аз саркӯбии ҳуввиятҷӯӣ ва вежагии нотакрори ҳар шахсу ҳар ҷомеа, аз моддигароӣ ва маънавиятбезорӣ ба ҳосил омада буданд ва мероси он замонанд. Ин ҳам маълум аст, ки аксари мероси шӯравӣ зоғи бадмур аст ва заҳри он дер гоҳ аз сиришти мо нахоҳад рафт».

Устод Шакурӣ инро даҳ сол пеш навишта буд аммо барои имрўз ҳам росту дурустанд. Ҳукумати Тоҷикистон имсолро соли забони тоҷикӣ эълом карда ва барномаҳое баргузор мекунад. Бехабар аз он ки он қонунро кушта ва забонро ҳам «рузбакӣ» гардонда аст. Забоне ки имрӯз дар Тоҷикистон бад-он сухан мегӯянду расона менигоранд, сахт олуда ва носуфта аст. Забонест нимарусӣ ва нимаузбакӣ ва аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӣ» мондаву бас…

——————————-

Дар бораи дизайни хатти мо ва пайванди он ба фарханг лутфан ба ин торнигор ручуъ кунед:

http://about-some.blogspot.com/

39 Responses

  1. Ориёроми гиромй,

    Сипос аз тавсифи муфассали сарнавишти дабира дар сарзаминхои мо. Ба ростй, нахустин дабираи забони порсии навин, ки мо имруз ба он такаллум мекунем, хамин хатти порсии арабй буд ва бо даст кашидани мо аз он ханчори забонй ва баёнй ба хам хурд. Чаро ва чи гуна?

    Пеш аз хама, бо гузор ба дабира (хатт)-и лотин дар соли 1930 (ба таври комил) забони порсй, ки бештари мусаввитхо ё садодорхоро нишон намедихад, дар колиби гуиши хоссе рехта шуд. Ва ин нахустин мархилаи уфти шевоии забон буд. Чун то он замон хар касе метавонист порсиро ба хатти порсй ба лахчаи худ бихонад.

    Барои намуна, як шерозй «мекунам»-ро “mikonom” талаффуз мекард, як хатлонй “mek’n’m”, як кобулй “mekonom” ва як техронй “mikonam”. Аммо тарзи навишти хамаи онхо хамон می کنم буд ва дар хеч гуише тагйир намекард. Яъне хатти порсй зомини ягонагии ин забон бо хифзи танаввуъи зебои лахчахои он буд ва хаст.

    Пиллаи дуввуми сукут ё уфти забони порсии варорудй носозгории бисёре аз харфхои лотин ва пас аз 1940 – сириллик бо садохои порсй буд. Намунахое аз онро каблан гуфтаам ва ин чо яке-ду намунаи дигар меоварам.

    Вожахои «ситора» (sitora) ва «ситор» (sitor) чи дар лотини варорудй ва чи дар сириллик хар ду бо як навъ «и» навишта мешаванд. Дар холе ки «ситора» баромада аз “stara”-и порсии бостон «и»-и кутох дорад ва дар гузашта он «и» хатто талаффуз намешуд. Аммо «ситор» вожаи мураккабест иборат аз шумораи «сй» ва исми «тор». Пас дар ин вожа садои «и» ба вузух ба сурати дароз талаффуз мешавад. Якрангии ин ду садои мутафовит дар навиштори лотин ва сириллик боъис шуд, ки хар ду ба шакли иштибох талаффуз шаванд. Гузашта аз ин, садои «о»-и русй, ки гирдтар аз «о»-и порсист, ба нахви адои вожахо латмаи чиддии дигаре ворид кард. Дар натича, Laala ба шакли хандадори Lola (баъзан бо о-и кашида) ва Baabaa ба сурати Bobo навишта ва талаффуз шуд. Ин тарзи талаффуз ба гуши хамсояхои девор ба девори мо дар Афгонистон хам ноошност, бо ин ки бархе аз хешовандони онхо дар Точикистон ба сар мебаранд ва мавзуъи асолати тафовути чугрофиёйи дар талаффуз матрах нест. Яъне танхо бо омадани ин ду дабираи бегонаи лотин ва сириллик буд, ки талаффузи вожахо дар забони мо махдуш шуд.

    Пиллаи севвуми кохиши хусну манзалати забони мо хучуми вожахои бегонаи фаровон ба он буд, ки бо хадафи ошкори дархам шикастани забонхои махаллй ва даромехтани он бо забони русй ва дар нихоят, сайтараи як забони вохиди шуравй (русй) анчом мегирифт. Зимнан, ин фароянд забони порсии моро аз гуишхои порсигуёни бурунмарзй хар чи дуртар мекард.

    Ва саранчом пиллаи чахоруми ин раванд, ки аз маргбортарин осебхоро мутаваччехи забони мо кард: тагйири амдии дастур ё сарфу нахви забони порсй ва интибок ё созгорсозии он бо дастури забони русй ва нуфузи сохторхои узбакй ба чумлахои порсй: Нагз-мй шумо? тарчумаи тахтуллафзии «Яхшй-мй сиз?» аст ва «Китоб хондан мехохам» баргардони сохтори чумлаи русии «Хочу читать книгу»-и русй ба порсист, ки хеч кадом бо равони забони мо намесозад. Дар порсии роич ин таркиб хамвора ба шакли “Мехохам китоб бихонам” омадааст.

    Аммо хамаи ин вайронгарихои баёнй аз тахмили дабирахои бегона ва дурии мо аз хатти порсй огоз гирифтааст.

  2. Баъд аз ташкили Тоқикистони имруза маълум шуд ки марказҳои аслии фарҳангии тамаддуни бузурги мо берун аз марзҳои он мондаанд. Чи қадар ки зиёиёни тоҷик кушиш накарданд ба онҳо муяссар нашуд дар тули 70 соли вуҷди Тоҷикистон дар дохили Шуравӣ сатҳи маърифати аҳолии аксаран деҳотиро бардоранд. Илова бар он ки марказҳо аз даст рафта буданд, зиёиенеро ки ба давлатчаи навтаъсис омада буданд марвиди таъқибу фишор қарор доданд. Бо ин ё он баҳона нависандагон, равшанфикрон, адибон, олимон аз он ҷумла уламои маъруфро бадарғаву, зиндон карда мардуми бомаърифату фарҳангии зиёдеро ба қатл расонданд. Китобҳои моро сузонданд ва бо таъғири алифбо аз гузаштагонамон ҷудо карданд.
    Дар ивази зиёиёни ҳақиқи зиёиёни тоҷикии сунъи аз собиқ чупону, музадузу деҳқон сохтанд ки аз таърихи худ ва гузаштаи бузургашон бехабар буданд. Бо вуҷуди он ки маркази Шурави дар Маскав буд, марказе ки сиёсати Осиёи Марказиро ҳамоҳанг мекард дар Тошканд буд ки чашми дидани ҷумҳураки ғайритуркиро надошт. Халқ ятиму сағира монд ва ин ятимонро таълим дода мегуфтанд ки додгоҳ нагу суд гу, сарбоз нагу солдат гу, тахмон нагу шкаф гу. Ҳуруфи араби, мегуфтан онҳо исломист ва душворфаҳм аст ва халқатон то андозае беақл мебошад ки онро ёд намегираду куллан бемаърифат мемонед.
    Ин ба ном зиёиёни навбромад чунин ақидаҳоро ба бачаҳоашон ёд медоданд ва инак замоне ки мо имкон доштем ба алифбои ниёгон баргардем маҳз ҳамин ноогаҳон ташвиқ мекарданд ки ин бозгашт ба асрҳои тираи миёна аст ва кушиши бозсозии сохтори исломист.
    Дар нишасти парлумон як зани тотор Валентина ба руи толори пур аз мардони тоҷик нигоҳ карда савол кард ки : Чаро мо рамзи миллии худро шер интихоб кардем? Оё мо тоҷикон шерем? Мо мурғҳои партарем!
    Ягон марди тоҷик сар баланд накард ва он шери болдори тоҷикро, ки ёде аз шодравон Исҳокиву Отахон Латифист, аз ҳама ҷо ронда шуд.
    Мушкил аст албатта ба хати ниёгон баргашт ва гарон ҳам хоҳад буд. Аммо ба фикри шахсии худи ман агар тоҷикон дар зарфи чанд соли оянда ин гомро набардоранд рукуди фарҳанги ва маънавиамон идома ёфта дар оқибат ҷомеъаи тоҷикон ба ҷомеъаи Равшану Ҷамшудҳо мубаддал мегардад.

  3. Дӯстони арҷмандам Дориюш ва Бебок.
    Аз ҳамандешиятон сипосгузорам. Шумо манзурамро дуруст дарёфтед.
    Дуруст аст ки имрӯз ҷомеъаи мо бештар дар ғами нону ҷон аст то дар андешаи ному забон. Ман бар ин боварам ки мушкилоти илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеъаи мо пайомади тағйири хатт аст. Соддасозӣ забони моро аз авҷи Зуҳал бар қаъри гили сиёҳ кашонд.
    Хатти порсӣ воқеан хатти аслии забони мост. Забони порсии замони Сосониёнро ба 7 дабира менавиштанд аммо аз он ҳафт хатт якеш ҳам ба замони мо нарасид. Он чиро ки адабиёти порсӣ меноманд ва ҷаҳонгир ҳам будааст ба ҳамин хатти арабиасос офарида шудааст. Хатти порсӣ бо ҳама камбудаш вижагиҳои забони моро дақиқан мерасонад зеро дар ин хатт муҳим навишти вожа аст на талаффузи он. Чунон ки Дориюш намуна оварда, агар шерозие «мекунам»-ро “mikonom” талаффуз кунад ва хатлоние “mek’n’m” гӯяду кобулие “mekonom” ва техроние “mikonam” аммо тарзи навишти хамаи онхо хамон می کنم буд ва дар ҳеч гӯише тағйир намекунад.
    Дориюш дуруст дарёфтааст ки ҳамин хатти порсӣ буда ки аз гӯишҳои парешону парокандаи мо забоне ягона ва навишторӣ офарида ки имрӯз онро забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меноманд аммо дар асл ЗАБОНИ ПОРСӢ аст.
    Аз ҳамин рӯ мо бояд дубора ин хаттро ба кор гирем то забонамон тоҷикӣ ва пиндору кирдору рафторамон тоҷикона шавад. Аммо бозгашт ба хатти порсӣ бояд барномарезишуда ва замонбандишуда сурат гирад. Бозгашт ба хатти порсӣ барои мо “бозгашт ба оянда” хоҳад буд.

  4. Дустони азиз! Хафа нашаведу агар хамин шумо баринхо худо накарда Президент шавад аз ин чаноби ноухдабарои мо хам ноухдабаротар мешаведу Точикистони мо аз будааш хам кашшоктар мешаду хаммачо бадбахти мешавад!
    Шумо мехохед ки хохиши шахсии шумо хохиши дигарон хам шавад барои ин шумо тайёред соатхои дароз сафсатахои зебою одамро ба вачд меовардаги занед!
    Миллат барои Шумо лабаратория нест ки чи хеле ки хохед тачриба гузаронед факат бо халво гуфта шиштан дахон ширин намешавад!
    Хамин шумон “забондонхо” бояд мардонавор икрор шавед ки аз ноухдабароиатна ин гапхоро мегуед чунки медонедки аксарият инро кабул намекунад оянда барои “страховка” бахона доред! Мана ман гуфтаму шумо кабул накардед! Шумоба монад гап кати кайхонба сафар мекунед!
    факат бо гуфтани ивази алифбо “бозгашт ба оянда” гуфтан кати намешавад! Бояд инро исбот кард на ин ки 2- 3 лаккихо як чо чамъ шаведу гуфторхои якдигарро тасдик карда лаззат карда шинед! Фикр накунед ки бо ин гапхоятон шумо худро миллатдуст нишон медихед балки шумо хоини миллат мешавед чунки агар ин пешниходи шуморо кабул кунем давлату миллати моро заиф мегардонед вакте ки чиз заиф шуд охиста охиста ба нести мерад!

  5. Дӯсти азиз Патриот!
    Аз сарзанишат сипосгузорам.
    Бидон ва огоҳ бош ки ман дар сар ҳавои президент шуданро надорам ва аз раҳбариву раисӣ ҳам безорам. Бар ин боварам ки:
    На ҳар кӣ тунд нишасту кулаҳ каҷ ниҳод
    Кулаҳдориву оини сарварӣ донад.

    Шояд ҳам барои мардумам то кунун коре накардаам аммо чаҳор – панҷ вожаеро сохтаам ки дар бархе аз навиштор ба кор мераванд. Ин ки шумо ин вожаҳоро нашунидаед ва ё ҷое нахондаед далел намешавад ки онҳоро “эронӣ” ё “афғонӣ” шуморед. Инак он вожаҳо:
    1. Абарканд – сифате номвор барои Душанбе ки дар ҳамин торнома пешниҳод шуда ва ҳамандешон хушаш пазируфтанд.
    2. Хутталканд – номе барои Қӯрғонтеппа ки бархе пешниҳод доранд номаш дигар гардонда шавад.
    3. Кайҳонгард – муодили вожаи русии “космический турист” ки ҳамзамон бо парвози Ануша Ансорӣ – нахустин зани кайҳонгард – сохта шуда ва дар хабаргузории расмии Эрон “ИРНА” ва дигар расонаҳо низ ба кор рафтааст.
    4. Чанбаринроҳ – муодили истилоҳи “кольцевая автомобильная дорога” ки дар “Китоби сафеду сабзи Тоҷикистон” навиштаи Бӯрӣ Карим ба кор рафтааст.
    5. Кадозар – муодили вожаи русии “камин” ки баргирифта аз вожаи шуғнии “кицор” аст ва оташдонеро гӯянд ки андаруни девори хона сохта шуда бошад.

    Боре ман чандон “забондон” ҳам нестам аммо мардонавор иқрор мекунам ки то ман ҳастаму ин забон ҳаст, кӯшиш хоҳам кард то на пиндорам, на кирдорам ва на гуфторам вобаста аз ҳаргуна бегонагон бошад.
    Ман дар Донишгоҳи Маскав (МГУ) дониш омӯхтаям ва риштаам ҳам иқтисод буда ва дар ҳамин замина ҳам кор мекунам аммо як даме ҳам тоҷик буданамро аз ёд набурдаям ва забонамро ҳам чунон ки мехонӣ фаромӯш накардаям. Лоф намезанам, чун шиносонам мешиносандам ва донистагон ҳам медонанд ки ман кистам ва чи коре аз дастам меояд.

  6. Ориёроми гиромй.

    Вожаи “кадозар” зебост. Намедонам, то кучо чоуфтода хохад шуд. Аммо дар мавриди пайванди “камин”-и русй бо “кицор”-и бадахшй мутмаин нестам. Агар шуданист, сайри этимулужики ин вожаро тавзех бидех. Сипос.

    Хатман муъодили роичи он дар Эронро хам шунидайи: “шумине” баргирифта аз вожаи фаронсавии “cheminée”, ки “камин”-и русй хам аз он бармеояд. Оё ба ростй пайванде миёни cheminée ва кицор вучуд дорад?

  7. Дориюши арҷманд,
    Бо салом ва сипос аз ҳамандешият
    Вожаи “кадозар” баргирифта аз вожаи шуғнии «кицор» аст ки аз назари решашинохтӣ воқеан ҳеҷ пайванде бо “камин” ва “cheminée” надорад. Кицор ё кидзор оташдон ва ё танўрест ки андаруни суфае аз хонаи помирӣ – чид – сохта шудааст. Ҳар помирие медонад ки «кицор» чист.
    Вожаи «кадозар» бозсозишудаи ҳамон «кидзор» (кицор) аст ки аз ду бахш падид омадааст: «кад» ки ҳамон «када» бошад ва «озар» ки ҳамон «оташ» аст ва дар кул маънояш «оташдон» ё «оташкада» аст. Аз диди сохторӣ ва маъноӣ ин вожа бо «озаркада» ва «оташкада» яксон аст.
    Дар Шуғнон ин оташдонро «кидзор» ё «кицор» мегўянд ва дар Рўшон «ардон» мехонанд ки боз ҳам баргирифта аз «озардон» аст. Муҳим ин аст ки оташдоне ки дар хонаҳои помирӣ мавҷуд аст, аз назари корбурдӣ бо ҳамон “камин” ва “cheminée” ё ба гуфти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон «ҳимасўз» монанд аст. Аз дигар сў «камин» дар забони тоҷикӣ ба маънои «кам» ва «камтарин» (аз вожаи тоҷикии «кам») ва «сангар» ва « ҷои пинҳон шудан» (вожаи арабӣ) аст (ниг. Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ. 1).
    Бино бар ин мо метавонем каминро «кадозар» гўем. Ҳамчунин «кадозар» метавонад номи муносибе барои фурўшгоҳи чунин оташафзорҳо бошад.

    Вожаи «кайҳонгард» ҳам дар қолаби «ҷаҳонгард» сохта шуда ва маънояш «касест ки кайҳоннаварди ҳирфаӣ набошад ва барои гардиш ба кайҳон парвоз кунад». Дар Эрон «гардишгари фазоӣ» менавиштанд аммо пас аз он ки ман «кайҳонгард»-ро дар «ИРНА» ба кор бурдам кам-кам дигар расонаҳо низ онро пазируфтанд.

    Вожаи «чанбаринроҳ» ки муодили истилоҳи «кольцевая автомобильная дорога» аст дар қолаби «шоҳроҳ» ва «бузургроҳ» сохта шуда ва таркибест аз сифати «чанбарин» (аз «чанбар» ба маънои «ҳалқа») ва исми «роҳ» ки маъруф аст.

    Ин вожаҳоро бояд ба Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кард. Дареғо ки дар Абарканд нестам ва аз инҷо дастам ба домани ин созмон намерасад. Шояд шумо иқдом кунед?

  8. Ориёроми гиромй,

    Сипос аз тавзехат. Зохиран суитафохуме беш набуд.

    Ман вожаи “кицор”-ро ба маънии оташгох медонистам. Аммо тасаввурам аз изхори назари каблиат ин буд, ки “кицор” ва “камин” хамрешаанд. Аммо тавзехат дар бораи пайванди “кицор” бо “кадозар” казияро равшан кард.

    Зимнан, дар Эрон касе аз истилохи “химасуз” дар забони рузмарра кор намегирад ва ба кадозар хамон “шумине” мегуянд.

    “Чанбаринрох” кашанг аст, аммо метавон онро ба шакли кутохтари “чанбаррох” низ ба кор бурд.

    Торнамои Кумитаи истилохот гуёи вокеъияти талхи имрузи он аст.

    Комгору сарбаланд

  9. Патриоти мўҳтарам!
    Пас ту низ ҳамон лаққиҳоеро мемонӣ, ки ба миллати тоҷик ғайр аз зарар дигар чизе намеоваранд. Мардум дар ин ҷо намегўянд, ки забон ва хатти тоҷикиро иваз кардан лозим аст. Онҳо мегўянд, ки «хуб мебуд агар…». Ин гуна мавзўъ барои ту баринҳо нест.
    Маро вожаи «кадозар» хуш омад. Фикр мекунам, ки мо бояд бештари калимаҳои туркиву арабии забонамонро ба калимаҳое иваз кунем, ки дар забонҳои помирӣ мавҷуд ҳастанд. Зеро дар он баландиҳо, чуноне, ки ҳавояш ноолуда аст, забонаш низ чунин мондааст.
    Бо эҳтиром Гударз

  10. Ба назарам як кори усули бояд кард. Шояд дар шакли фарханги истилохот ва калимахо.

  11. Гударз ва student арҷманд.
    Сипос аз ҳамандешиятон. Воқеан забонҳои помирӣ метавонанд дар поксозии забони тоҷикӣ аз бархе вомвожаҳои нодаркор моро ёрӣ расонанд. Аммо ин корро бояд усулӣ ва барномарезишуда анҷом дод.
    Бояд гуфт ки як замоне мардуми Вахиёву Дарвозу Ванҷ ба забоне монанди забонҳои помирӣ сухан мегуфтаанд ва гувоҳи ин иддаъо садҳо вожаест ки дар гӯишҳои тоҷикии ин манотиқ бар сари забони мардум аст. Барои мисол вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он – «шарв», «шорв» ва «шор» – ро меоварам ки ба маънои “чашма”, “чашмасор” ва “рӯди кӯҳӣ” аст ва дар номҷойҳои Дарбанд (Муҷихарв), Дарвоз (Сабзихарв, Ушхарв, Пунишор, Пажхарво, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв), Ванҷ (Пошхарв, Рохарв, Техарв), Рӯшон (Рошорв, Ҳидошарв), Шуғнон (Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор) ва Вахон (Абхарв, Шитхарв, Харв) ба чашм мерасад.
    Ин вожа ва гунаҳои он дар дигар гўишҳои забони тоҷикӣ дучор намешавад ва бозмонда аз забони пешини мардуми ин сарзамин аст.
    Ё бигирем вожаи «лозур»-ро ки дарвозиён, ванҷиён, рўшониён ва шуғниён ба маънии «пирях» ба кор мебаранд. Ин вожа ҳам тоҷикӣ нест ва бозмонда аз забонҳои бостонии ин мардум аст. Мо метавонем ин вожаро дар номгузории пиряхе, масалан ҳамон пиряхи Федченко, ба кор барем ва онро «пиряхи Лозур» номем.
    Бад-ин сон ҳам забонамонро зояндатар мегардонем ва ҳам номгузориямон тоҷиконатар хоҳад шуд.
    Хуш бошед!

  12. Ориёроми гиромй.

    Боз хам сипос аз татбику мукоисаи вожахои тоза. Аммо дар мавриди “харв” мехостам бигуям, ки он ба шакли “шор” дар забони порсй (точикй) мавчуд аст. Ва рустои “Абхарв”-ро метавон хамон “Обшор” тарчума кард. Хатман огохй, ки садохои “ш” ва “х” ба якдигар табдил мешаванд. Хатто “х”-и як вожаи “фурухтан” дар бархе аз холот табдил ба “ш” мешавад (фуруш, фурушанда). Дар забони русй хам ин холат вучуд дорад, ки “х” ва “ш” ба якдигар табдил мешаванд: ухо-уши, слух-слушать, уходи -ушел… Ба хамин гуна, вожаи “харв”-и бостонй дар забони порсии муъосир табил ба “шор” шудааст. Мукоисаи “шиндоу”-и бадахшй ва “ханда”-и порсй (ё “чахма”-и бадахшй ва “чашма”-и порсй) хам пайванди танготанги миёни онхоро нишон медихад. Ин холат миёни пашту ва порсй хам вучуд дорад, чун хамагй забонхои эронй хастанд, ки замоне аз як реша баромадаанд.

  13. Чаноби Ориёром! Агар пайхас карда бошед ман хам тарафдори инкишофи забони точикиам! Лекин на бо рохи ивази алифбо! Хайр омухтани алифбои форси аз ахамият холи нест лекин барои ин шуда алифборо иваз кардан ин худ як ахмакист!
    Вожахои пешниход кардаатон хеле зебоанд ва бояд чунин корхоро бисёр кунем! Ман чанд бор гуфта будам ки ин шоиру нависандахо хушомадгую ноухдабароямон ба чои лакидану сафсатаю пешниходхои ахмакона бояд асархои баландмазмун таълиф кунанду чомеъаро тарбия кунанд!
    Ба ман “Чанбаринрох” хеле хуш омад! Вакте ки бахс мекунем баъзе бесаводхои тангназар ба монанди калимахои ватандусту хоинро истифода бурда гапро ба дигар тараф мебаранду ба чашми мардум хок пошиданианд! Барои хамин ба чунин чондорон гуфтаниам ки ба максадотон хеч гох намерасед!

  14. Саранчом, боз хам ба натичае расидем, ки хеч мухолифу муъониди хатти модарии мо – дабираи порсй харфе барои гуфтан надорад. Дар нихоят хам барои мо равшан нашуд, ки далели онхо барои нигох доштани сириллик ва аз ин рох бакои бесаводии точикон чист. Лутфан, хаводорони сириллик, бо далелхои вазину мантикии худ вориди бахс шавед. Вагарна бахсе дигар дар миён нест ва бояд хар кадом талош кунем, ки хар чи зудтар заминаи бозгашт ба порсй фарохам шавад. Пеш аз хама ин корро бояд аз худ огоз кард ва мутмаин шуд, ки 100 дарсад бар дабираи порсй тасаллут дорем.

    Зимнан, ба хангоми додани посух ёди дустон бошад, ки “Магу нохуш, ки посух нохуш ояд.”

    Сипос

  15. Дуруди бепоён ба хама бародарони Хамандеш ва нихоят гиромикадр. Дориюш Точвар Рустам ва дигарон. Ман хатман тарафдори хатти Порси хастам ва хамеша дар хизмати ВАТАН МИЛЛАТ ва ЗАБОН тайёрам… Сарбаланд бошем дар панохи ОЛЛОХИ бузург….

  16. Ҳамандеши арҷмандам Дориюш
    Сипосгузорам барои тавзеҳотат. Ман аз хурдсолӣ дузабона ҳастам ва тоҷикиву шуғниро баробар хуб медонам ва монандиву дигаргунияшонро низ аз кўдакӣ пай мебурдаму акнун дар ин замина пажўҳиш мекунам. Дар ин бора гуфтанӣ бисёр дорам аммо тарсам ки навишторам ба дарозо кашонад.
    Забонҳои помирӣ ки шуғнӣ яке аз онҳост, бо забони порсии тоҷикӣ решапайванд ва ҳамаашон шохаҳои як дарахти тануманди забони эронии бостон ҳастанд. Забонҳои суғдӣ ва балхӣ ва хоразмӣ ки ҷояшонро забони порсӣ гирифт, бо забонҳои помирӣ бисёр монанд будаанд. Ҳануз ҳам дар гуфтори тоҷикон вожаҳое аз ин забонҳо ба кор мераванд. Ончиро ки пештар оварда будам чанд намунае буд аз номи ҷойҳое ки бештарашонро худам рафта ва дидаам ва яқин дорам ки ном бо ҷой созгор аст, яъне ҳар ҷое ки дар номаш «харв» аст росторост чашмае ё рўде дорад. Ин ҳам дуруст аст ки ҳамин вожаи «харв» дар бархе аз номҷойҳо «шор» ва «шорв» гаштааст. Масалан, номи аслии маркази шаҳристони Ванҷ Рохарв аст ва дар шаҳристони Рўшон деҳе Рошорв ном дорад ки ҳарду аз як решаанд.
    Аммо «шор» дар «Обшор» аз решаи дигарест ки дар эронии бостон «xšar-» ва дар авестоӣ «γžar» ва «žgar-» буда ва «шоридан» ва «шаршара» аз он баромадааст.
    Ин вожа дар номи рустои Хшартоб (Хшортоб) дар Яғноб бозмондааст ва он деҳест ки наздикаш шаршараи баландест.
    Сирдарё дар куҳантарин замонаҳо Ахшарт ном доштааст ва юнониён ин номро «Iaksartes» ва румиён «Iaxarte» менавиштаанд. Дар нусхае аз «Бундаҳишн» ки дар соли 1078 рўбардор шудааст омада ки «Хуҷандрўд ба миёни Самарканду Фарғона бишавад ва онро рўди Хшарт хонанд».
    Ин ном дар «Китоб ул-масолик вал мамолик» аз ибни Хурдодбеҳ, «Ҳудуд ул-олам» (982 м.) ва «Қонуни Масъудӣ» аз Абу-Райҳон Берунӣ низ омадааст.
    Гуфтанист ки «чахма», яъне чашма, дар забонҳои помирӣ вомгирифта аз забони порсӣ-тоҷикӣ аст. Зеро «чашма» дар забонҳои помирӣ «кӣк» (дар Вахон), «хех» (Хехак деҳест дар Язгулом) ва «хек» (Хек деҳест дар Дарвоз) буда ки бозмонда аз решаи эронии бостони «*kā-na-» = «*kāka-» аст ки вожаҳои порсии «xān», суғдии «xāх», яғнобии ««xāk»» ба маънои «чашма» низ аз ҳамин решаанд. Ин реша дар номҷойҳои «Оби кӣк», «Даҳанакӣк» ва «Баландкӣк» низ омадааст ки маънояшон «Оби чашма», «Саргаҳи чашма» ва «чашмае дар баландӣ» мебошад.
    Аз дигар сў ин вожаҳо ҳама гувоҳе радднопазир бар ҳамхунӣ ва ҳамтабории мардуми помиризабон ва порсизабони Тоҷикзамин мебошанд.

    Бо сипос аз ҳамандешон

  17. Сипос, Ориёроми гиромй. Аз ин мукоисот хар чи бештар бояд анчом дод, чун шинохти моро аз худй афзоиш медихад. Забонхои помирй бахши мухимме аз хуввияти мо хастанд.

    Аммо хамчунон бар ин назарам, ки пайванде бояд миёни “харв” ва “хшар” мавчуд буда бошад, ки дар нихоят хар ду табдил ба “шор” шудаанд ва маъонии бисёр наздике доранд. Ин мавзуъ пажухише чудогона мехохад, то масири хар дуро аз бун то ба имруз бишавад дарнавардид ва натичагирие кард.

    Ба хар руй, бисёр сипосгузорам. Комгор бошй.

  18. Дуруду сипос бар Аличони гиромй. Худованд пушту панохи сарзамину миллати мо бод.

  19. FootballTJ bar ivazi “Supercub” (Superkubok), ki kablan dar tojiki “Superjom” gufta meshud, ‘Abarjom”-ro istifoda burd.

    Vokean, “Superman”-e ki meguyand, hazor sol pesh in kalimaro tojikho guftaand “Abarmard”..

    Ammo “Abarkand”… Baroi aksari kulli in mardum vojai “Dushanbe” dilnishin ast, va fikr mekunam, “Abarkand” baroyashon begona ast, va in shahrro niz baroyashon begona mekunad…

  20. Дариюш!
    Баръакс тарафдорони хати араби далелхои кави пешниход накардаед балки аз руи эхсосот фикр меронед на аз руи вокеъият!
    Агар максади шумоён инкишоф додани забон бошад инро бе ивази алифбо хам кардан мумкин аст! Ивази алифбо бошад ин як чизи нодаркори буда мардумро ба мушкилихои нолозими дучор мегардонад ва давлату миллатро ба окиб мекашад! Агар алифбои форси барои як ду кас маъкул бошад, пас ин маънои онро надорад ки бояд дигарон хам мачбури онро кабул кунанд!

  21. Дариюш!
    Хам тарафдорони хати араби аник накардед ки барои чи мо бояд ин алифборо кабул кунем! Факат бо ояндагонамон ин хатро истифода мебурданд гуфтан намешавад! Мо бояд ояндаро бинему гузаштаро дар ёд дошта бошем ки инро беивази алифбо хам кардан мумкин аст!
    Пешравии чамъият ин танхо дар хушруй баёни нест!
    Пешравии давлат асосан аз пешравии илмхои дакик вобаста аст ивази алифбо бошад ин илмхоро боз хам хароб мекунад! Агар бо гуфти шумоён кунем дар натича он захираи илмие ки то хозир дорем аз байн мераваду шумо бошед сафсатахони карда мешинед! Сафсатахонии шумо ба гайр аз худотон ба касе лозим нест!

  22. Патриот,

    Забони худи ту баёнгари мусибатест, ки хатти сириллик бар миллат тахмил кардааст. Кундии даркат намунаи дигаре аз бадбахтии ношй аз тахмили хатхои бегона аст.

    Борхо гуфта шуда ва боз таъкид мешавад, ки ту агар барои баёни як мафхум дунболи вожаи муносиб мегардй ва онро пайдо намекунй, чи гуна мехохй мафхумхои тоза тавлид кунй? Илм, ки бештар бо тавлиди андешахо ва мафхумхои тоза сарукор дорад. Бо забони, ба исилох, чалла-порсии ту ин корро наметавон анчом дод. Аз ин ру пешрафти илм ба пешрафти забон бастагй дорад.

    Бозгашт ба дабираи порсй ба маънии бозгашт ба гузашта нест, балки руйкард ба оянда аст. Гузаштаи мо сириллик ва гузаштатар аз он лотин хохад буд. Он чи пеш аз лотин буд, хатти модарии забони мо буд, ки заминаи рушди табиъии онро фарохам мекунад. Пас руйкарди мо ба оянда ба маънии бозгашт ба худй аст.

    Пойбандии мо ба хатхои бегона ба монанди коштани дарахти нахл (палма) дар Сибир аст. Оё, ба назари ту, дарахти нахл дар Сибир рушд хохад кард? Забони порсй хам ки дар бистари хатти лотин ва сипас русй кошта шуд, аз рушду нумувв бозмонд. Бистари муносиби рушди он хатти модарии порсист. Хамон гуна ки мебинем, хамзабононамон бо хамин хат ба пешрафтхои бештаре дар хар замина даст ёфтаанд.

    Пас тамоми “далелхоят” чизе чуз такрори чарандиёти пешин набуд, ки хамааш мардуд аст. Дигар чй далеле дорй?

    Зимнан, дар ин бахс мебинем, ки ту дар акаллият хастй. Аз ин ру таъйини теъдоди тарафдорони порсй коре нест, ки ба души ту бигзорем. Хамраъйи ва хамрохй бо Рахмон барои хама авлотар аз суду пешрафти чомеъа нест.

  23. Дориюш!🙂
    Биё хамин афсонаи бузаки чингилапоатро як тараф гузору ба шахсият нарас вагарна хаминхел мекунам ки ба шеъргуию сафсата гуи медарои!
    Ман сад бор такрор ба такрор мегуям ки мумкин ман монанди ту хушруй лакида натонам аз дигар тараф максади ман хам дар ин дунё хушруй лакидан хам нест! Бузургии одам хам дар ин нест! Лекин ту бузургии одамро дар ин мебини ва сабаби туро беакл хисобидани ман хам дар ин аст!

    Сабаби акибмондагии мо ин хат нест балки ноухдабароии рохбарону ту барин сафсатахонхо мебошад!
    Агар хамзабонони мо исбот карда бошанд ки бо ин хат ба дастовардхои назаррасро пайдо кардан мумкин бошад дигарон нишон доданд ки бе ин хам ба дастовардхои аз он назаррастар ноил шудан мумкин аст!
    Ман такрор ба такрор мегуям ки ин алифбои араби хам барои мо модари нест ва аз кадом алифбо истифода бурдани мо он кадар масъалаи мухим нест балки асоси он аст ки мо чи хел фикр мекунем! Ба фикрам ягона сабаби аз алифбои крилики дилмонда шуданат ин бад дидани русхо мебошад! Ман хам он кадар тарафдори русхо нестам ва аз бисёри амалхояшон норозиам лекин барои ин алифбо чи дахл дорад? Эхсосот дигар чизу вокеъият ин дигар чиз аст!

    Дар масъалаи Рахмонат ман миллионхо бор мавкеъамро баён кардам! Баръкс ту баринхо то дируза хушомадгуи Рахмон будеду баъди зид баромадани У ба ивази алифбо дарав ба танкиди у даромадед! Яъне шумоён факат манфиати худро мебинед ман бошам манфиати миллатро мегуям!
    Дар масъалаи аккалият ту агар камтар акл дошта боши ба куча барою дар байни мардум пурсише гузарон баъд мебини ки аккалият кисту аксарият кист! Чи дар байни мардуми зиёи чи дар байни мардуми одди аксарият тарафдори ивази алифбо нестанд!
    Боз мегуям худат медони ки ту дар аксарият илмхо он кадар дониши казои надори барои хамин он кадар бехуда зур назан ва ба дигарон хам маслихати ахмакона надех! Гуш намекунанд!🙂

  24. Чаноби Патриот,

    шумо талаб мекунед, ки ба шахсияти чолиби шумо касе нарасад, аммо ба худ хакку хукук медихед, ки дигаронро беакл ва сафсаттахон номед.

    Дар омади гап, калимаи “сафсатта” бо ду харфи “т” навишта мешавад. Худ аз хамин маълум аст, ки хатти русй то кучо шуморо босаводу боакл кардааст.

    Пируз бошеду боандеша сухан нависед.

  25. Дуруд бар анбозон ва ҳамандешон!
    Замоне ки он навиштаро менавиштам гумон надоштам ки чунин баҳсу мунозираро дар пай хоҳад дошт. Дуруст аст ки дар бораи як падида дар миёни афроди як ҷомеа ду назари гуногун бояд вуҷуд дошта бошад. Дидгоҳҳо ҳамеша яксон нестанд ва ҷомеа низ бе баҳс пеш намеравад. Мо бояд баҳс кунем то ҳақиқате ошкорамон шавад аммо ҳангоми баҳс набояд аз чорчўби одамгарӣ берун равем ва ҳамдигарро душному носазо гўем.
    Ман барои бозгаштан ба хатти порсӣ чанд далел дорам:
    Яке ин ки хатти порсӣ ҳазор сол навиштафзори забонамон будааст ва ҳарчӣ мояи нозу сарафрозӣ дар заминаи адабиёту маънавиёту илму фарҳангу дин дорем ба ҳамин хатт навишта шудааст.
    Дигар ин ки ин хатт дар ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабонамон, яъне Эрон ва Афғонистон, ба кор меравад ва ҳамакнун навиштафзори забони порсӣ дар ҳама ниҳодҳои омўзишӣ ва пажўҳишии Эрон – аз дабистону дабиристон то донишгоҳу фарҳангистону донишистон (академия наук) – аст. Эрон бо ҳамин хатти порсӣ ва бо ҳамин забони тоҷикӣ дар заминаи донишу фанноварӣ аз мўшикофӣ ба ҳасташикофӣ расидааст. Мо ин гуна пешрафтро дар хоби шабамон ҳам нахоҳем дид зеро худкушии солҳои «ҳазору нўҳсаду наваду ҷанг» низоми омўзишу парваришро дар кишварамон ба даҳсолаҳо пас афканд ва имрўз насле падид омадааст ки номашро навишта наметавонад чи расад ки ҳаста бишкофад. Парерўз яке аз кордорони сафорати Тоҷикистон дар Масков ба ман гуфт, ки аз 10 тоҷикҷавони 18 – 25-солае ки ба башхи консулӣ меояд, 8 касашон хондану навиштан наметавонанд. Яъне як насли миллат саросар бесавод аст. Дар ингуна шароит хаттро дигар кардан бо накарданаш якест. Агар хаттро дигар кунем мардум бесаводтар аз ин намешавад вагар накунем ҳам босаводтар намешавад.
    Яке аз роҳҳо ин аст ки як тасмими усулӣ барои гузаштан ба хатте ягона барои ҳама порсизабонон (Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон) гирифта шавад ва барномае таҳия ва марҳила ба марҳила иҷро шавад. Бад-ин роҳ пайванд миёни наслҳои имрўза ва оянда гусаста намешавад ва донишомўхтагони имрўзӣ хоҳад тавонист барои донишҷўёни оянда китобу донишнома таҳия кунанд. Яъне илму дониши имрўзаро ба хатти ояндаамон баргардонанд. Дигар ин ки мо бояд низоми омўзишу парваришамонро бо низоми омўзишу парвариши Эрон ҳамоҳанг созем ва аз тавоноиҳои ин кишвар баҳра барем. Зеро «ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, омўхтани сад забонаш осон гардад». Ҳамзамон «рози донишро ба ҳар гуна забон» бояд гирд кард ва «зи гаҳвора то гўр» низ дониш бояд ҷуст. Аслан дар баҳси донишомўзӣ масъалаи хатт муҳим нест зеро барои донишҷўе, ки воқеан ташнаи илм аст, омўхтани дониш ба ҳар забоне осон аст хоҳ русӣ бошад, хоҳ англисӣ ва хоҳ форсӣ.
    Худо ёру ёваратон бошад!

  26. Патриот,

    Аз бас иборати “бузаки чингалапо”-ро такрор кардй (то кунун, фикр кунам, беш аз дах бор), то номатро мебинам ба ёди он афсонаи кадимй ва ба вижа кахрамононаш меуфтам, ки аз ноогохй туъмаи гург шуданд. Шабохатро миёни худат ва Алулак эхсос намекунй?;)

    Гузашта аз шухй, хамон гуна ки каблан таъкид шуд, забонатро бишуй, фаровези дахонатро танзим кун ва сипас вориди бахси бузургсолон шав, то носазо нашнавй.

    “Хушруй лаккидан” яъне чй? Аслан “лаккидан” аз кадом лакка бармеояд? Ва оё сухан хушрую бадруй мешавад? Бузургии одам чи рабте ба лаккидан ва лаккахои дигар дорад?

    Ту дар ин чамъ танхо касе хастй, ки забонатро ба хубй намедонй. Ва танхо касе хастй, ки мухолифи хатти модарии порсист. Пайванди миёни ин дуто бояд бароят то кунун равшан мешуд. Аммо дарег, ки кувваи идрокат заъиф аст. Далели кундии идрокат хам хамон надонистани забон аст. Далели надонистани забони модариат дур будан аз бистари забони модариат аст. Бистари забони модариат хатти модариат аст. Хатти модариат нахустин хаттест, ки ин забон ба шакли кунуниаш ба он навишта шуда буд. Холо хам нафазмидй?

    Ман аз ту пурсидам: Оё нахл (пальма) дар Сибир меруяд? Посухатро аммо нашунидам.

    Намояндагони забонхои дигар мусалламан ба дастовардхои бузурге даст ёфтанд, аммо сухбати мо дар бораи забони модаримон аст, ки порсист. Ё ту боз хам мехохй рус ё узбак шавй?

    Ман бар хилофи ту, ки эътироф кардайи аз русхо бадат меояд, аз русхо мутанаффир нестам. Аз хеч мардуме мутанаффир нестам. Ба вижа ба адабиёти рус арч мегузорам ва навиштаи ахирам дар бораи яке аз бузургмардони хамин адабиёт буд:
    http://www.asiaplus.tj/articles/84/2319.html

    Аммо боз хам, ин чй рабте дорад, ба бозгашт ба худй? Сухбат аз хуввият ва худшиносии точикхост. Чаро дар ин маврид бояд аз русхо бадат ояд ё хушат ояд? Худат кй хастй? Чй хастй? Аз кучо омадайи? Ба кучо меравй? Чи гуна меравй? Ба ин пурсишхо бояд посух бидихй. Ба маротиб бехтар аз музахрафгуйию ёванависихои бехудаат аст, ки ба чуз аз химоят аз давлати Рахмон дигар хеч хадафе надорад.

    Рахмон агар худ порсиро балад буд, мушкилеро намедид. Аммо танхо бесаводоне чун ту ва у мухолифи порсй будеду хастед. Яъне худситезед ва азхудбегона. Ва аслан, касе мисли Рахмон танхо бо истифода аз магзхои обшуста метавонист руи кор ояд, ки худат (Патриот) намунаи он магзро ба хубй намоиш гузоштй.

    Ман хушдор дода будам, ки далел дар мавриди забону хатт овар, на бадгуйи дар мавриди ман. Ва чун бад гуфтй, бад шунуфтй.

    Холо бирав андаке дам бигир.

    Агар хамзабонони мо исбот карда бошанд ки бо ин хат ба дастовардхои назаррасро пайдо кардан мумкин бошад дигарон нишон доданд ки бе ин хам ба дастовардхои аз он назаррастар ноил шудан мумкин аст!
    Ман такрор ба такрор мегуям ки ин алифбои араби хам барои мо модари нест ва аз кадом алифбо истифода бурдани мо он кадар масъалаи мухим нест балки асоси он аст ки мо чи хел фикр мекунем! Ба фикрам ягона сабаби аз алифбои крилики дилмонда шуданат ин бад дидани русхо мебошад! Ман хам он кадар тарафдори русхо нестам ва аз бисёри амалхояшон норозиам лекин барои ин алифбо чи дахл дорад? Эхсосот дигар чизу вокеъият ин дигар чиз аст!

    Дар масъалаи Рахмонат ман миллионхо бор мавкеъамро баён кардам! Баръкс ту баринхо то дируза хушомадгуи Рахмон будеду баъди зид баромадани У ба ивази алифбо дарав ба танкиди у даромадед! Яъне шумоён факат манфиати худро мебинед ман бошам манфиати миллатро мегуям!
    Дар масъалаи аккалият ту агар камтар акл дошта боши ба куча барою дар байни мардум пурсише гузарон баъд мебини ки аккалият кисту аксарият кист! Чи дар байни мардуми зиёи чи дар байни мардуми одди аксарият тарафдори ивази алифбо нестанд!
    Боз мегуям худат медони ки ту дар аксарият илмхо он кадар дониши казои надори барои хамин он кадар бехуда зур назан ва ба дигарон хам маслихати ахмакона надех! Гуш намекунанд!

  27. Ду банди охири номаи пешини ман аз “Патриот” аст.

  28. Дусти азиз Шариф!
    Мумкин гапхои ман сернамактар бошад лекин бояд хакикати гапро гуему аз ин хел миллаттарошони бесаводро ба чояшон шинонем!
    Хайр дар масъалаи калимаи сафсатта рахмат! Дар ин дунё ягон каси хато намекардаги нест ва намешавад!
    Дариюш! Хафа нашаву аз хамин гапхои пучат безор шудам! Ба хаммаи гапхоят чавобхои пурра додам ту боши такрор ба такрор бозгашт ба худию русшавию узбакшави гуфта мешини! Ман аз узбакатам безору аз русатам лекин гап дар бораи дигар чиз меравад! Барои хамин гапро дигар су набар! Гуфтамку бехуда зур назан! Дар бораи забон ман гуфтамки бе хамин хатам забонро такмил додан мумкин аст! Чи хеле ки Точвар мегуяд барои донишомуз фарк надорад кадом хатро истифода мебарад! Лекин дар масъалаи хамоханг кардани мо бо Эронихо комилан зидам!
    Хамин шумо баринхо худро миллатдуст меномеду худ худшинос нестед! Агар шумо худшинос мешудед ба Эронишавии мо хидоят мекардед?
    Баръакс ту ягон далели кави пешниход накарди ки сабаби ивази алифбо шуда тавонад! Дар пеши назарат факат фикрхои хому Эронихою афгоно метобаду халос! Ту босаводиро танхо дар сафсаттахони набин камтар чашмро кушою ба атроф назар кун ки ки хасту ту худат кисти? Айнак ба чашм мондану галстук кардану либосхои зебо пушидану лакиданхои зебо босаводии касро нишон намедихад!

  29. Патриот,

    Хамон касе, ки ту бо нафрину хакорат “эронию афгон” меномй, хамкавмони мананд. Чун забони модарй миллати ман аст. Забони ту ба ман хиссеро медихад, ки дорам бо як хоричй сухбат мекунам, ки як сол пеш порсиро фаро гирифтааст. Эхсоси худй бо ту надорам. Сониян, худат хам мегуйи, ки як гапро хазор бор такрор кардайи, аммо касе мутаваччех намешавад. Шояд далел он аст, ки забонро хуб фаро нагирифтайи ва тавони баёни андешаро надорй. Дар холе ки хеч фарде, ки хатти порсиро ба хубй балад аст, монанди ту дар баёни андеша дармонда нест. Бо хазор баён назарашро матрах мекунад. Ва дар хар заминаи дигаре хам, дар сурати тамоюл, метавонад пешрафт кунад. Аз ин ру гуфтаанд, “забони мо худуди чахони моро таъйин мекунад”. Худат кабул дорй, ки забонат махдуд аст. Далелашро бароят гуфтам: ноогохй аз хатти модарй. Аз ин ру чахонат хам махдуд хохад монд.

    Барои бори севвум ин пурсишро такрор мекунам: оё дарахти нахл (пальма) дар Сибир меруяд?

  30. Патриот, бо дуруди дубора.

    Дусти азиз. Бехтар аст худатро зиёдй дарди сар надихй. То кунун хар чи гуфтй, накш бар об шуд. Афсонаи “Бузаки чингилапо”-ят хам ба худат баргашту хадиси дилнишине шуд. Химоятат аз Рахмон ва об зери кох буданат хам (харчанд сахт пинхон доштй) бармало шуд. Мехостй аз рохи хусумат алайхи русхо мавзеъи зеддиточикиатро тавчех кунй. Он хам нашуд. Чун дидй, ки метавон хуввияти порсии худро шинохт ва аз русхо хам мутанаффир набуд. Мехостй далеле барои зарурати тагйири дабира дода шавад: дустони хубу босаводамон даххо далелро бароят баршумурданд. Ту хануз дунболи як далел мегардй, чои ин ки дар бораи далелхои додаи мо бахс кунй. Ин хам гуёи гирифтории ту дар ин бахс аст.

    Укдае дар дил надорам ва аз Худо мехохам, ки диди фарохтаре бароят ато кунад. Бо ин ки Хофизи Шерозй фармуда:

    Чу мустаъидди назар нестй, висол мачуй
    Ки Чоми Чам накунад суд вакти бебасарй

  31. Салом Дариюш!
    Нафахмидам ту дар зери кох гуфта чиро дар назар дори! Агар мавкеъим маро дар хакки хукумати хозира то холо нафахмида боши боз мефахмонам!

    Чаноби олиатро ман ноухдабаро мехисобаму хукумати имрузаро непрофессионалию авлоди мехисобам! Ё хаминам нофахмо?

    Дар масъалаи алифбо бошад катъиян зиди ивази алифбоам чунки ин чуз ахмакие беш нест!
    Дар масъалаи такмили забон ман бо ду дасти боло тарафдори онам ки он бояд аз хаматарафа инкишоф дода шавад ва инро бе ивази алифбо хам кардан мумкин аст ивази алифбо бошад на танхо забонро инкишоф намедихад балки ба дигар сохахо зарбаи сахт мерасонад!

    Гуфтамку ту барои дигаронро ба худ чалб кардан одамонро зиддиточик мехонию хамин тавр гапро аз хакикат ба дигар суй мекаши!
    Дар кучо диди ки ман русхоро бад гуфта бошам? Ман гуфтам ки аз баъзе амалхои русхо(яъне аниктараш хукуматдорони рус) рози нестам. Ин маънои зидди халки рус буданамро надорад!

    Ту бехуда худро хубу босавод нашумор чунким мебинам ки худ кундзехнию танхо далелхои чузъиро мебинию халос ва эхсосоти худро ба вокеъият кабул менамои ва чи хеле ки гуфтам бузургии касро танхо хушруй гуфтан мебини!
    🙂 Хайр агар дар диди ту ман бесавод бошам ман аз ин бесаводи фахр мекунам! Максади ман хам худро босавод нишон додан нест ва касе ки маро мешиносад медонадки ман кистаму чи кадар савод дорам! Барои хамин аз паи бахси аблахонаи “ман босаводу ту бесавод” намешавам!

    Боки панохат ба худо!

  32. Дар бораи пурсишат! Максадатро нафахмидам дар чист?

  33. Патриоти гиромй,

    Манзур намоиши савод нест, балки таъйини мизони манкуртй аст, зохиран. Ман ба суханони ту чизеро изофа накардам. Хар чи дар бораи русхо гуфта будй, хамонро бозгу кардам. Хуб аст, ки харфи галататро пас гирифтй.

    Пурсиши манро нафахмидй? Шояд мушкили забонию баёнй дошта бошем бо хам? Пурсиш сода аст: Оё дарахти нахл (пальма) дар Сибир меруяд?

    Дар бораи иддаъоят: чи гуна метавон забонро бехбуд бахшид, хангоми ки хатти сириллик талаффузи садохоро иваз карда ва дар чорчуб рехтааст? Чи гуна метавон забонро бехтар кард, хангоме ки хатти сириллик хамаи садохои забони порсии точикиро баён намекунад?

    Мамнун мешавам агар пешниходатро мушаххастар кунй.

    Сипос

  34. Салом Дориюш!
    1. Дар бораи саволат!🙂 Мазмуни саволро фахмидам лекин нафахмидам барои чи чунин саволро медихи?
    Ман умуман аз паи чунин чизхо хам нашудаам ва намедонам ки чунин дарахт дар кучо меруяд!🙂 Номи дарахтро хам бори аввал мешунавам!

    2. Ман гуфтахоямро бозпас нагирифтам балки барои ту аниктар карда фахмонидам.

    3. Аник фахмон ки кадом садохоро мо наметавонем бо воситаи хати крилики ифода намоем?
    Дар чунин холат хам ман зидди ивази алифбоам! Агар ягон овозе ки бо хати хозира ифода кард нашавад бигзор харфи даркориро илова намоянд на ин ки хамма чизро вайрону валангор кунанд! Мо бояд рохи прогресивии тараккиётро пеш гирифта ин хел корхои беаклонаро як суй гузорем!
    Вакте ки ягон чизро пешниход мекунем, на танхо манфиати худро(ё сохаи худро) балки вокеъияту манфиати дигар сохахоро низ бояд ба назар гирем! То аз чунин пешниходхои беаклона дигар чизхо хам зарари гушношунид набинанд!

  35. Дуруд, Патриот.

    Нахл дарахтест, ки дар минтакахои гармсер меруяд. Масалан, хурмо (финики, на хурмои точикй) дар нахл меруяд. Нихоли онро агар дар минтакаи сардсере чун Сибир бикорй, он бедиранг мехушкад ва аз он баре нахохй дошт.

    Манзур таъкид бар ин хакикат буд, ки хар чизе барои рушду нумувв ба бистари муносиби худ ниёз дорад. Забони порсии мо хам ба монанди хамон нахл дар Сибири хатти русй наруиду хушкид. Чун он хат бо забони мо созгор нест.

    Агар хатти порсиро балад набошй, сахт аст бароят тавзех бидихам, ки чи садохоеро мо дар хатти сириллик надорем. Масалан, дар вожаи “суруд” “у”-и нахуст аз “у”-и дуввум кутохтар аст ва дар хатти порсй ба шакли “замма” меояд. Аммо дар хатти сириллик хар ду ба шакли “у” омадааст. Дар натича, талаффузи точикхо хам хадшадор шудааст. Ё намунаи дигар, дар вожахои “пируз” ва “имруз” хар ду “и” як чур навишта мешавад, дар холе ки “и”-и вожаи нахуст дароз ва дуввумй кутох аст. Аз ин намунахо фаровон метавон овард. Ва таъсири бади онро руи забон ва шеъру адаби точикй ба вуфур метавон мушохида кард. Ин мушкилоти забониро хамзабонони мо, ки ба хатти порсй мехонанду менависанд, надоранд. Яъне забони модарии мо дар он сарзаминхо ривол ва сайри табиъии худашро тай мекунад.

    Бо тагйири хат ту хам номи он дарахт (нахл)-ро барои бори аввал нахохй шунид, балки бароят як чизи маълум ва одй хохад шуд. Яъне бар донистахои ту дар бораи гиёхшиносй хам афзуда хохад шуд. Пас танхо забонат нест, ки бехбуд меёбад, балки дарку фахмишат аз ашё ва мафхумхои дигар низ бехтар мешавад ва сайкал меёбад.

    Пас бо дарбех кардани чомаи ориятии русй мушкили мо хал нахохад шуд. Бехтар аст хамон чомаи худро бар тан кунем.

  36. Зимнан, “аник” яъне чй?

  37. Салом Дориюш!

    Ту бояд дони ки забон чизи шахшуда монда нест! Ин чизхое ки ту мегуи ин мушкилотхои чузъианд ва онхо ягон зарра сабаби ивази алифбо шуда наметавонанд! ягон бор надидам ки ягон кас калимаи “суруд”-ро “суурууд хонда бошад” ин чизхоро дар вакти таълиму тарбия ба рох мондан мумкин аст!
    Хайр агар ба ин хам токат накуни забондонони мо дар алифбо якто у-и кутоху якто у-и дароз илова карданошон мумкин лекин ба фикри ман ин он кадар мухим нест!
    Чи хамин донистани дарахти нахл хам аз алифбо вобаста аст?🙂
    Бо дарахти нахла медонам гуфта дигар чизхоро аз ёд набарорем?🙂
    Дар мавриди донистан ё надонистани дарахти нахл ту гами маро нахур, ман чизи ба худам даркориро аз таги замин бошад хам кофтаю ёфта мехонам!🙂
    Боз мегуям тозагии забон на аз алифбо балки аз забондонону шоирону нависандагону рузноманигорон вобаста аст!

    “Аник” гуфта ман “Aniq”-ро дар назар доштам!🙂

  38. Бародар, “аник” хам галат аст ва “aniq” хам ба он мазмуне ки ту менависй!

    Метавонй бигуй, ки ба кадом мазмун ин вожаро ба кор бурдай?

  39. Дуруд, Патриот,

    Чумлаи нахустат бисёр дуруст аст: забон рокид ё исто (шахшуда мондагй) нест, балки пуёст. Ва пуёии забони моро бозгашт ба бистари худй таъмин хохад кард. Чунки, хамон гуна ки умедворам мутаваччех шуда бошй, нахли мо дар Сибир наруид.

    “Нахл” танхо як намуна буд. Муште намунаи хирвор. Ва мутмаиннан, ононе, ки хатти порсиро баладанд, ин вожа ва хазорон вожаву мафхуми дигарро медонанд, ки афроди бигона бо хатти порсй харгиз нашунидаанд. Ва чун харгиз нашунидаанд, он мафхум барояшон гунг аст. Ва чун мафхум гунг аст, хеч мафхуми тозае бар пояи мафхуми кухна тавлид нахохад шуд. Дар натича, илми мо дар хамин холате хохад буд, ки хаст. Сарчашмаи хамаи мушкилот, дар хар заминае, дармондагии забонии мост. Пойбандй ба хатти сириллик гунгии кавмро тазмин мекунад.

    Аз нахваи навиштат комилан хувайдост, ки то чи андоза хатти сириллик метавонад забони порсиро дарбу догону валангор кунад. Барои намуна, лутфан вожаи “аник”-ро дар Фарханги Забони Точикй (хамон фарханги дучилда) пайдо бикун (агар метавонй) ва бибин, ки манзурат аз aniq чи метавонад буда бошад.

    Агар кавми мо хамзабони дигаре надошт ва пешинаи порсй бо мо набуд, харфи ту метавонист сидк дошта бошад, яъне ба тагйири алифбо ниёзе набуд. Аммо сохибони ин забон танхо мо нестем. Ва пешинаи гании ин забон ба хатти порсй ба мо ичоза намедихад, ки онро дар бистаре бегона рахо кунем. Ва имрузи он ба хатти порсй пуррангтар аст. Забони порсй ба хатти сириллик ба дарди холаи касе намехурад ва ба зудй аз байн хохад рафт. Ту чи онро бихохй ва чи нахохй, сарнавишти ин забони маснуъй хамин аст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: