Хар чо ки расид, пойи Махмуд…

Мусохон Мухаммадчонов, Казокистон

(Баргардон аз забони русй)

Дар намоиши “Точикони Казокистон”, ки ба анчумани нахустини марказхои миллй ва фархангии точикон дар Чумхурии Казокистон (22 июли соли равон) бахшида шуда, шаби гузашта Шабакаи Якум  пахш намуд, хакикат берахмона поймол гардид. Агар паёмнигори телевизиони хусусии Асадулло Рахмонов хакикати холро нишон медод, мебоист, бахси вакилони анчуман дар бораи интихоби раёсати Созмони Точикони Казокистон ва раиси онро низ фаро мегирифт. Аммо ин намоиш намакоби болои сухта гардид.

Паёми асосй намоиши тамаллуккоронаи ин буд, ки сафири нави Точикистон дар Казокистон Бахром Холназаров, домоди бародари президенти Точикистон Нуриддин Рахмонов, ки худашро камтар аз президент намехисобад, тавонист, точиконро дар марказхои фархангй муттахид кунад ва акнун хамаи ин марказхоро дар як танзими ягона ба хам овард. Гуё хабарнигор намедонист, ки даххо маркази точикон дар Казокистон хануз пеш аз ба Вазорати умури хоричии Точикистон ба кор омадани чаноби Холназаров вучуд доштанд ва фаъол буданд.

Холназаров баракс, айнан мисли он ки Абдулмачид Достиев дар Русия точиконро ба навъи аввалу дуввум чудо кард, точикони то ин анчуман бо хам тифоку муттахидро ба гуруххо таксим намуд. Акнун дар Казокистон точикони барои сафир ва хукумат худй хастанд ва хам точикони бегона ва бесохибу бекас. Оё ба касе чунин хукук дода шудааст, ки намояндагони як миллатро ба ватани аслияшон худй ва бегона гардонад. Магар вазифаи як сафири хукумат хамин аст?

Бадбахтона, маълум мешавад, ки ин сиёсати давлати имрузаи Точикистон аст, ки миллати точикро ба навъхои пасту баланд ва худиву бегона чудо кунад. Чй тавре ки дар дохили кишвар одамон навъи гуногун доранд ва хизбхои сиёсй бо дахолати давлат ба гуруху чиноххо чудо шудаанд, акнун дасти давлати Точикистон ба хорича хам дароз шудааст ва дар хама чо бо усулхои санчидашуда точиконро ба хам мукобил мегузоранд, то хукумати худро дароз кунанд.

Холо дигар сахт аст гуфтани ин ки шиъори “Тафрика андозу хокимият рон” ба мустамликадорони ачнабй хос аст. Замоне шудааст, ки хукуматхои заьифу нотавон барои бокй мондан дар сари кудрат на ба бехбуди вазъи мардум, на ба окилу доно ва муттахиду тифок кардани халк, балки бо чудоиандозй камбудихо худро рупуш мекунанд.

То ин анчуман точикони Казокистон вакт ва хуши инро надоштанд, ки зодгохи хамдигарро бипурсанду бидонанд ва ба хамдигар на аз руи точик будан, балки аз кадом махали Точикистон будан бахо диханд. Дар анчумане, ки мебоист, махаки иттиход ва миллатдустй мешуд, махалгарой ва гурхбозй ба авчи худ расид. То ба дарачае ки точикони тахчоии Казокистон, ки садсолахо пеш дар ин чо мезистанд, ангушти хайрат газиданд.

Одатан, точикон дар берун аз марзхои Точикистон бо хам тифоку муттахиданд ва медонанд, ки дар лахзаи душвор на каси дигар, балки точики худашон метавонад, ба онхо дасти ёрмандй дароз кунад. Акнун ба шарофати сиёсати “хирадмандона” ва худбинонаи давлатмардони Точикистон ин хис аз байн меравад ва одамон ба хамдигар на аз руи точик будан, балки аз кадом махал будан муносибат мекунанд. 

Авчи тамаллук ва дуруги Шабакаи Аввал ин буд, ки дар намоиши он шахсе чашм аз замин набардошта, тутивор мегуфт, аз гамхорихои падаронаи чаноби олй миннатдор аст ва ин гамхориро дар хар кучо ки бошад, хис мекунаду медонад. Факат инро нагуфт, ки чаро аз Точикистон ба Казокистон кучидааст. Магар дар ватан мемонд ва ба чаноби олй наздиктар мебуд, гамхории он касро хубтар хис намекард?

5 Responses

  1. “Факат инро нагуфт, ки чаро аз Точикистон ба Казокистон кучидааст. Магар дар ватан мемонд ва ба чаноби олй наздиктар мебуд, гамхории он касро хубтар хис намекард?” -Офарин хеле хуб гуфтед!!!! Барномахои яктарафа ва хокпошии ТВТ таъгирнопазир аст. Бар ивази ин хама онхо гули сари сабади хукуматдоронанд. Барои тахия барнма ки пул пардохта шуд боз чи хам мехостед? хабарнигорони ТВТ барои тахияи як хабари 1 дакикаинаи барномахои ичтимоии созмонхои байнулмилали 600 доллар кам анмегиранд. Чи хам мехостед, гузориши фармоиши айнан хамимн мешавад, мусикиро касе мефармояд ки пул медихад.

    Боз аз як чи ман хайронам, чаро барои Сафир, Вазир, Кабир, Додситон, Догустар хулоса хатто посбон бояд ё аз Хатлон боши аникаш аз кулобу Дангара ва е хеши мансабдор? аз ин шарм намедошта бошанд?

  2. Brodari Aziz,

    vahdat va yagonagii millati Tojik dar yagon vaktu soat ormoni Rahmon va rohsanoni u nabud. In ahrimanon dar pai justujui Vahdat ham nestand, chun millati yagona ruzi siyohi onhost va as in lihoz tukhmi judoi va nafratro dar dili mardum mekorand.

    Dur nest on ruz, ki hamai onhoro dar ba dar va yo dar sindonhoi pusida va namnok khohem did.

    Samak

  3. Бигзор дар зиндонхои пусидаву намнок хам набинемашон. Факат даст аз сари миллат бардоранд ва гуму гур шаванд, ачаб неъмате хохад буд.

  4. Барои чи вазифа барои кулобихо будааст инро ки гуфт шахсан худи ман аз кулоб
    мархамат ба кулоб ва бубинед ки дар кулоб кихо мансаб доранд баъд харф занед.Мархамат ки гуфта метавонад ки ман халкамро горат намекунам ва даст ба хаки мардум намезанам мархамат бо халк кор баред ва сохиби вазхифа хохед шуд.Дар аввал хама чунин суханхо мегуем вакте ки сохиби вазифа шудед дар фикри сохтани касру чамъ кардани млрдхо мешавед монед ин савсатахоро забон устугон надорад хар чизе ки хохед мегуед.Агар мо акл медоштем бародаркуши намекардем. узбак хам точик кушт русхам точик кушт мо аз беаклии худамон хамаро аз даст додему имруз хама доно шудем мархамат ки мегуяд бо кадом рох аз бухрони иктисоди бароем.додани 1млрд 300млн долл ин осон нест.хар як шахрванди точикистон аз гавхора то пири барчомонда ба микдори 145000долл агар хато накунам карздор шудааст ман бо ин маоши 30 хазораам агар то охири умрам кор кунам карзи худамро канда наметавонам то охири умр дар руссия аз зану фарзанд дур мемонем мархамат окилони аз май

  5. Барои чи вазифа барои кулобихо будааст инро ки гуфт шахсан худи ман аз кулоб
    мархамат ба кулоб ва бубинед ки дар кулоб кихо мансаб доранд баъд харф занед.Мархамат ки гуфта метавонад ки ман халкамро горат намекунам ва даст ба хаки мардум намезанам мархамат бо халк кор баред ва сохиби вазхифа хохед шуд.Дар аввал хама чунин суханхо мегуем вакте ки сохиби вазифа шудед дар фикри сохтани касру чамъ кардани млрдхо мешавед монед ин савсатахоро забон устугон надорад хар чизе ки хохед мегуед.Агар мо акл медоштем бародаркуши намекардем. узбак хам точик кушт русхам точик кушт мо аз беаклии худамон хамаро аз даст додему имруз хама доно шудем мархамат ки мегуяд бо кадом рох аз бухрони иктисоди бароем.додани 1млрд 300млн долл ин осон нест.хар як шахрванди точикистон аз гавхора то пири барчомонда ба микдори 145000долл агар хато накунам карздор шудааст ман бо ин маоши 30 хазораам агар то охири умрам кор кунам карзи худамро канда наметавонам то охири умр дар руссия аз зану фарзанд дур мемонем мархамат окилони аз майдон дур кани бубинем ки бо кадом рох точиконро аз рохгумзадаги мебарорад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: