ГАРАЗ, КИНА, АДОВАТ…

Дуруд бар Точвар ва Рустам Субхонии гиромй. Ин парешонгуфтори маро, ки бароятон мефиристам, агар метавонед, интишор кунед.

Вакте ба ин се калима меандешам, як навиштаи Рахими Мусулмониён, ки холо дар кучахои гарибии Эрон ба сар мебарад, ба ёдам мерасад: “агар душман набошад, форигбол мешавем ва форигболй марг аст”. Фикр мекунам, ин ҷо оқои Мусулмониён рақобатро ҳам дар назар дорад, ки дар натиҷаи солим будани он мумкин аст, одам ба пешрафтхо ноил шавад. Аммо, дарего, ин мавзӯъи бахси мо нест.

Холо адоват ва душманй миёни точикон авч гирифтааст. Хатто дар Русия хам, ки сарзамини бобоии мо нест, точикон миёни хам душманй мекунанд. Мо бо ду дасти адаб барои хамшахриёни худ, хаммиллатони худ чох меканем ва бо ду дасти адаб ба чох тела медихем. Решаи хамаи ин душманихо гараз аст, кина аст, адоват аст. Мо аз хам гуиё интиком мегирем. Вале, бадбахтона, ин интикоми мо гохо ночавонмардона сурат мегирад.

Ва ин мараз дар баробари махалгарой, ба нашрияхои махаллии Точикистон хам, ки шуморашон хамагй хафт ё хаштост, асар кардааст. Хар матлабе, ки менависанд, ба дунболаш гараз доира менавозаду адоват рубоб ва кина каф мекубад.

Акнун на факат пайвандхои хаммиллатй гусаста мешаванд, балки ойинхои хамрайъии хамкасбон низ шикаста шуданд.

Ин хафта нашрияи “Нигох” аризаи даъвогии собик хамкори Радиои Озодй Сайёфи Мизробро, ки аз руйи барномахои ин радио ба додгох шикоят бурдааст, хабаре навиштааст. Ин хабар саропо якчонибааст. Чумлаи аввали он ки бо ибораи “журналисти маъруф” шуруъ мешавад, албатта, вуҷуди маро намесузонад, аммо аз руйи одоби журналистй нест. Ба ин маънй, «Нигох» гувохй медихад, ки таблиггари акидахои зидди Радиои Озодист. Ин як зарра кина дар дили муассиси он то хануз бокй мондааст. То чое огахй дорам, муассиси «Нигох» ба далели он ки як хабарнигори он замоне барои Озодй мекард, дигар бо радиои Озодй сухбат намекунад. Пас, маълум мешавад, ки ин як зарра кина то хануз дар дили у бокист ва у хамин тавр “касос” мегирад.

Чизи чолиби дигар ин аст, ки ин дафъа даъвои Сайёфи Мизроб руйи пурсишномахои Радиои Озоди сурат гирифтаанд. Вале танхо баъд аз як сол. Баъд аз як соле, ки ин пурсишнома дар сайти Радиои Озоди нашр шуд ва ду маротиба нашрияи расмии “Чумхурият” он ва муаллифи онро “сиёх” кард. Ин мисли ин аст, ки Сайёф дигар ба стейж баромадааст ва бояд ба хар навъ бираксад. Ва у дигар наметавонад, ки ором бимонад ва панча ба хар барномахои Радиои Озодӣ мезанад, то кутохие дар он пайдо бикунад. Ин хам мояи гараз, кина ва адоват аст, на чизе бештар аз он. Аз руйи хамкасби худ ба додситон ариза навиштан монанди хампешаи худро ба КГБ фурухтан аст. Чун максад ин чо на ислохи кори хамкасб аст, балки сиёх кардани у. Гараз холо тинати туро месузонад. Гараз хоби туро харом кардааст…

Кина интихобист. Ба тарафи шахс ё шахсони муайян нигаронида мешавад. Кина одамонро ба худию бегона таксим мекунад ва ба дунболаш хазор бадбахтй меорад. Ин бадбахтиро мешавад баъд аз чанд соли дигар фахмид. Вале он вакт тибки як масали точикй “мушти баъд аз чангро бар сари худат куб!”

Чаро мо барои хамдигар гараз дошта бошем? Ханузам шимолй будани баъзехо, чигари баъзе чанубихоро реза-реза мекунад ва баракс. Мо хамаги хафт милюн нафарем. Бадбахтии мо дар он аст, ки ба хамдигар наздикем ва аз руйи лахчаву симо якдигарро зуд мешиносем. Аз ин ру, барои мо сахл аст, ки ба хамдигар чи гуна ва бо чи рохе пешпо дихем. Ин хама кинаандузии мо дар замонест, ки косаи сабри мо аз ваъдахои раисчумхурй ва бебаркиву беобй ва бегазй пур шудааст. Кимматй хар руз ба суи мо тахдид мекунад. Офтоби сузони тобистон заминхои гандуми моро месузонад. Ин мушкил хотироти моро мушавваш намесозад. Аммо мо хануз сари худро бо ин мавзуъ гич мекунем, ки чй тавр пешрафти фалониро боздорем ва касеро аз муваффакияташ махрум намоем? Мо ба чойи он ки роххои дигари пешрафти худро биёбем, хатман каси пешрафтаро пешпо медихем.

Бубинед, кушодани силсилафурушгоххои Орима дар маркази Душанбе ду сол пеш дар хотири хич кадоме аз мо набуд. Зеро барои мо фарк надошт, ки маводи гизоиро аз Орима мехарем, ё бозори Шомансур ва ё аз бозори Баракат ё аз Саховат. Вале одамоне пайдо шуданд, ки мехостанд барои мо шароити хубу боэътимоди хариди молро нишон диханд. Онхо силсилафуршгохи Оримаро боз карданд. Вакте дидем, ки мардум пайваста аз он харидорй мекунанд ва ба махсулоташ бовар доранд, сохиби ин силсилфурушгоххоро ба зиндон кашидем. Аммо як бор фикр накардем, ки бо ин шеваи кори худ, дили сармоягузорон ба кишварро сард месозем.

Бовар кунед, ханузам дили мо барои ин се вожаи Гараз, Кина ва Адоват дук- дук мезанад. Мо барои он муваффак намешавем, ки замирамон пок нест. Ин се калима дар дили мо солҳост, ки чой дорад ва мисли кирме вичдони моро хурдааст, обруямонро бурдааст ва ин кадар пасту касиф кардааст.

Мо шабхо дар пайи фикри пулу мол ин се калимаро дар вучудамон парвариш мекунем. Мо охири охирон дар пойи ин се калима чон медихем, нафахмида, ки барои чй ба дунё омада будем. 

2 Responses

  1. Хар хафта нашрияхоро аз “а” то “я” варак мезанам. Бехтар аз навиштахои хафтномаи “Нигох” хондание намеёбаму чолибтар аз гуфтахои Сайёф.
    Ин намефахмам, ин чаноб чи даъвое доранд???
    Хммммммммммм
    Рушодтар гап занед, майдон аз далер аст!!!

  2. Салом ба муаллифи номаълум!
    Аслан мухим нест, ки ин матлабро ки навиштааст. Вале фикр мекунам у файласуфест, ки бо навиштааш ба мо аввал пайдо шудани мург баъд тухм ва ё шояд баракси онро фахмонданист.
    Махаки асосии матлаб чи бошад? Агар “гараз, кина, адоват “, шояд ин дарди худи муаллиф аст, ки мегуяд:
    “Мо шабхо дар пайи фикри пулу мол ин се калимаро дар вучудамон парвариш мекунем. Мо охири охирон дар пойи ин се калима чон медихем, нафахмида, ки барои чй ба дунё омада будем.”
    Илтимос, аз номи хамагон харф зада, мардумро ба вабо напечед.
    Масалан, дар мавриди як андешаи ин номаи парешону “хазору як”афкори махлут, ки оид ба он бародар Рашод ибрози назар кардааст…
    Гумон надорам, ки дар нашрияи “Нигох” матлабе яктарафа барраси шавад. Рости ин шумора ба дастам нарасид. Аммо агар хофизаам кунди накунад, дар шумораи кабли катори изхороти Сайёфи Мизроб андешахои мудири бахши точикии радиои “Озоди” Кудрат Шахиди хам чой дошт. Пас чи гуна “яктарафа”!?
    Вокеан, сари ифодаи “журналисти маъруф”. Чаро не? Чаро мо нуфузи радиои “Озоди”-ро эътироф дошта бошему аз маъруф хондани рузноманигоре сахмдор ор!?Шахсан гохе хафтаномаи “Нигох”-ро дастрас намоям, хондани онро аз Интригаи Сайёфи Мизроб огоз мекунам.
    Доир ба фалсафафурушихои дигаратон, чи гуям, ки нагуфтан бехтар.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: