Латтарангкунии масъулин

Абдулазими Абдулваххоб

ё ман шуморо ба Рўзи забон табрик намекунам!!! (ба чои памфлет)

Ин тасмими ман аст, хохед хамрайъй кунед, нахохед ихтиёр доред! Ба хар хол, як бор биандешед, ки мо ба кадом хотир хамдигарро шодбош мегўем? Одатан дар ин рўз касоне хамдигарашонро табрик мегўянд, ки гўё ифтихори миллиашон баланд бошад.

Дар холе, ки барои он нафаре, ки забонашро эхтиром мекунад, хар рўз иди забон аст. Аммо дар мо «иди забон» рўзи амалдорону раисхо аст. Инхо танхо дар хамин рўз аз забон ёд мекунанд. Аз раиси чамоат сар карда, то вазирони кабир. Вазифаашон хам маълум: дар ин чову он чо навиштачотеро овезону мех кардан. 

Шояд латтапораву он шиоре, ки онњо менависанд, баробар бо латтаи сари мазори кампири Зарнигор дар дехаи Рарз арзише надошта бошад. Вале онхо бо хамин амалашон худро МАСЪУЛОНИ ДАВЛАТИИ ЧАШН (МДЧ) медонанд. Соли оянда боз хамон латтапорахояшонро бо навиштахои «Забон хастии миллат аст», «Забонро пос дорем» ва монанди ин овезон мекунанд.

Раисони нохияву шахру шахрчахо низ худро шарик медонанд. Онхо аз болои кори раиси чамоатхо назорат мекунанд, ки кадом латтаро дар кучо овехтаанд. Ин як намоишномаи нонавиштаест, ки хар сол дар амал татбик мегардад.

Вазирон барои хамин латтапорахо бо ифтихор маблаг чудо мекунанд, зеро тобеонашон бехуда захмат накашида, фармон омода насохтаанд. Маблаггузории латтарангкунй кори осон нест, он садокати вазиронро ба ватану миллат  нишон медихад.

Вакилони мардумии мо бошанд, дар тамоми сатх ба такдири забон дилсўзона менигаранд. Дар рўзи Иди Забон онхо ба таътил мебароянд, то касе лахнашонро нашунавад.  Онхо медонанд, ки Конуни забонамон мероси шўравист ва муносибат бо мерос бояд эхтиёткорона ва зиёдтар аз он, хирадмандона сурат бигирад. Мо ба чуз аз сиёсати хирадмандонаи вакилони мардумй чизеро интизор нестем. Офарин бар химмататон, вакилони  номардумии ман!

Онхо то хадде дилсўзанд, ки хатто фарзандони худро акнун англисиву туркй ва арабй меомўзанд. «Хай!» ва «бай-бай» азизакони дилсўзони мардуми ман!

 Акнун точикона мепурсам: 

  • Дар додситонии ин кишвар, ки номаш Точикистон асту забонаш точикист, додситонхояш ягон чаримаи маъмурие дар ин бора ба гардани касе дайн кардаанд?

Айх! Ба ёд овардам: ба истиснои як бор дар Бадахшон. Эй мардуми бадахшони ман! Дўст дорам шуморо!  Рузи забўн муборак тамард вид Бадахшон!!!

  • Дар низоми судии кишвар шахсеро ба додгох кашидаанд, ки дар фаъолияташ беэхтиромие нисбат ба забон карда бошад?

Гумони голиб дорам, ки не!

Хамин рўзхо бо супориши идора дар мурофиаи судии айбдоршавандагони катли журналист Илёс Шурпоев иштирок дорам. Харчанд на айбдоршавандагон, на айбдоркунандаи давлатй, на судя рус нестанд, мурофиа бо забони русй мегузарад.

Чаро? Чаро латишхову озархо метавонистаанд нисбат ба забонашон конунхои дахлдор кабул намоянду мо точикон не?!

Ба ахволи ин миллат ва худам  дилам месўзад, афгор мегардад. Зиёиёнаш бечораву факиранд, ба чуз заъифинолй дар назди сарвари кишвар амалеро пиёда карданашон аз имкон берун аст. Дардашон, дарди чопи китобашон, талабашон як порча замин аст, то гулкориву писташинонй кунанд. Магар инхо аз раисони чамоатхо фарки зиёд доранд?

Инхо хам МАСЪУЛОНИ ЧАШНанд! Хазорхо нафарашон барои ин маош хам мегиранд.  Ба хотири инхо низ забон махз ба муносибати хамин рўз мерасад. Аз чунин зиёигарй чўпонй авлотар нест? То хол имлои забонашонро муайян накардаанду дод аз зиёигарй мезананд. Дар миёни ду дар мондаанд, ки харфи «й»-ро дар кучо истифода баранд. Вой бар холатон!  Набуданатон чоеро холй нахохад кард! Умедворам, ки насли сарлучу пойлучи ман асло ба Шумо инро нахохад бахшид. Мо холо танхо 43 дар сади  ин чомеаем, иншооллох дар чор-панч сол 50 дар сад хохем шуд!!!

Дур нест он рўз, ки худатон аз зиёй буданатон шарм хохед кард. Ба хунархои баъзеи инхо ангушти хайрат газидан камй мекунад. Зиёй Иброхим УСМОНОВ он кадар ба акидааш устувор аст, ки дар як нишаст дар мавзўи баргаштан ба хатти ниёкон дар баробари кариб 40 ракибаш дастболо шуд. Ахсант мехонам ба ин хунар, вале ман хамчун як фарди чавони миллат бадбахтии дар оянда аз ин самт меомадаро аз ин чаноб медонам. Шояд ин насли гумрохшудаи мо, ки аз дасти шумо зиёихо ба хамин хол аст, баъди 40-50 сол хохад фахмид, ки Усмонов хизмате барои ин миллат кардааст, ки болшевикони истилогари рус накардаанд. Зиёиёни мо бо хамин харфе, ки Усмонов аз он пуштибонй дорад ва беш аз 70 сол аст, ки бо он кор мекунанд, дар шабакаи умумичахонии Интернет намедонанд «шўъба» нависанд, ё «шуба». Хафт солро дар карни иттиллоот аз даст дода, интизори Билл Гейтс буданд, ки кай кўмакашон мекунад.

Эй онхое, ки бо кўтахназарй танхо дарду дог ба мерос мегузоред! Ман шуморо табрик намекунам!

Айб аст шуморо аз забону миллат ва давлатдорй гуфтан! Хайф аст, вакте фазои иттилоотиятонро бегонагон идора мекунанд ва шумо саргарми таърифи якдигар хастеду хар бегох обчой менўшед!

Дилам ба шумо месўзад!

Ба умед бошед, ки масъалаи забонатонро хам дар Маскав ё Тошканд хал мекунанд!!!

«Мушкилоти хатти арабй дар Точикистон» хам моли хамонхост, ки аз тарики идеологхояшон ин чо пиёда мешавад. Мутмаинам, ки «идеолог»-хояшон, ки ин шабу рўз дар хидмати сиёсатмадорони дилашон ба русхо холо хам кашол хастанд, махз барои хамин як-як овоз баланд мекунанд. Акнун, ки вохўрии сарони Созмони Шанхай наздик омад, боз фаъол шудаанду ба Фахриддини Холбек чавобхои махфй менависанд. Рўзатон аз ин бад бод, бо ин ватандориятон!

Ман шуморо табрик намекунам !!! 

Чун пойтахтатон тахти забон надорад,

                                                    забон забони шумо нест. (Лоик)

4 Responses

  1. Салом ва дуруди бепоён бародари азиз Абдулазими Абдулваххоб пеш аз хама бароятон саломати аз чониби Аллох мехохам. Баъдан хело хуб кайд кардед ки иди Забон дар Точикистони Азизи мо иди амалдорону раисхо ва махфили латтарангкуни аст. Боиси таъассуф аст ки сардор ва вазирону кабирони ин кивар фикрашонро ба забони Модариашон пурра фахмонида наметавонанд ва бисёртар аз ин калима истифода мекунанд «Вайро гирифта вай кун, ки вай нашавад»… Пеши рохи ин бадбахтиро бояд гирифт то ки дар назди ояндагон шарманда набошем. Сарбаланд бошем дар панохи Аллох хамандешони гироми…..

  2. Офарин ба шумо бародар Абдулазим.
    Ба саволхое, ки дар боло навиштаед, хамин гуна чавоб додан мумкин аст, ки сараввал барои риоя накардани забон бояд додситони кулл Бобочон Бобохонов , ки як харфи дурустро бо забони модари гуфта наметавонад, ба чавобгари кашида шавад. То даме ки чунин ашхос ба чавобгари кашида нашаванд, ба чуз овехтани латтапорахо дар рузи забон аз мансабдорон чизеро интизор шудан мумкин нест…

    Саломат бошед!!!

  3. Дуруст мегуи бародар. Чуз тасдики ин навиштахот дигар чизе намегум. Марги точик ба чунин забондориву ба чунин забондони.

  4. Салом бародар Абдулазим!
    Ба чанде андешахову навиштореат ихтилофи назар доштам. Вале чун ин матлабро хондам…
    Чони гапа навиштаи, бародар. Боши!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: