Даричаи cабзи Худованд

Агар аз сад дар ронда шудаед, ба дари Худованд ручуъ кунед. Хазор дарро куфтеду боз нашуд, дари Худоро бикубед. Парвардигори мо хамеша бедор ва дари у ба руи шумо хамеша боз аст. Дар аввалин садои халка ба дар посухе хохед шунид. Худованди мо интизор аст, ки бо У харф бизанем.

Ин суханони дусти чавониям, ки акнун мехмони азизи ман, точи сари ману нури чашми ман аст, маро такон дод. Хоби деринаам ба ёдам омад. Дар он хоб ба кучое мешитофтам, харб мекардам, медавидам, метапидам, мепаридам, мечахидам ва сари хар сония медонистам, ки набояд дер бимонам ва медонистам, ки расидани ман бисёру бисёру бисёру бисёр мухим аст ва ин аст сабаби шитобзадагии ман. Пиёда будам ё савора дар хотир надорам, аммо дар ин рохи пуршитобу осемасар дареро дида будам, ин кадар дилнишину дилгудозу дилнавозу дилхурушу дилангезу дилрабову дилчаспу дилпазир ва садоеро шунида будам, ин кадар гушнавозу, мехрубону самимй, садоеро, ки меомад аз гайб ва мегуфт, ки холо бояд аз хама чиз даргузарам, бозистам, бифуроям, биафтам, бинишинам, биандешам ва бубинам ин дари умедро ва боз кунаму ворид шавам ба боги сарсабзе, ки хамаи умри чавонии ман дар орзуи он гузаштааст.

Дари Худованд куфле надорад. Ин ягона даре дар тамоми олам аст, ки фарк надорад, ман кай ба пойи он меоям, имруз ё солхо баъд, бо нахустин садо он боз хохад шуд ва боги мухаббати Худованд маро ба канори худ хохад гирифт. Мани гариб, саргашта, саргардон, бесохиб, бесаробон, бесарпараст, дастнигар, дилмурда, афтода, гандида, худбохта, пургунох, осй, егй, хечбуда ва хечшударо Худованд хохад бахшид ва ба огуш хохад гирифт. Ин суханони дусти чавонии ман мурдаеро дар ман зинда мекард.

Дар он хоби бади хеш ман, бадбахтона, пиёда нашудаам, бознаистодаам, наандешидаам, итоъат накардаам, балки рафтаам шитобону осемасар ба дунболи кадом чизи ночизи гузаранда ва фиребо. Ба худ гуфтаам, бармегардам ва сипас он даричаи сабзро пайдо мекунам, боз мекунам ва асрори бузургеро барои худ кашф.

Аммо вакте бозгаштам, дидам, ки рахгум задаам ва махалли он даричаи азизро гум кардаам. Солхо дар як пай чархидам, аз хазорон нафар нишона пурсидам, лекин он дарро дигар пайдо накардам. Ман бехтариин фурсатро аз даст дода будам. 

Чаро ман бознаистодам, то он дари сабзро боз кунам? Зеро ман шитоб доштам. Аммо шитоб барои чй чизхое? Чизхои бехуда, даргузар ва фонй. Солхо гузашт, то ман дубора ба назди он дарича баргардам.

Холо фурсатест барои бозистодан ва боз кардани дари сабзи Парвардигор. Ин рохи нуронии ман аст. Агар шумо хам дареро дидаед, дилнишину дилнавозу дилгудозу дилрабо, аз бахри хама чизи дигар бигзаред, бозистед ва он дарро боз кунед. Даричаи Худовандро. У интизори шумост.

75 Responses

  1. Ин навишта моли Точвар аст? Навиштаи хеле хуб. Кош хама мардум пайи чустучуи он дари сабз мебуданд, то ки дари сиех. Бехабар аз он ки «ин аруси бевафо сад хонаи домодро сухтааст»

  2. Чи навшитаи зебо, вокеъан як чахон лаззат бурдам…. Кош расидан ба дари дилгудозу, дилпазиру, дилнишину, далангезу дилрабо ба мо хам насиб шавад.. Худо нигахбонатон Точвари азиз…Зимнан ташаккур барои суханони тару тоза, хушбуй ва нерубахш…

  3. Зихй Точвар бо ин порчаи шурангезат. Ба шумори ман ту ин сатрхоро айнан дар лахзахое навиштй, ки дар осмони шахри Душанбе номи Оллох падидор гашт ва садхо хазор нафар онро диданд.

    Фикр накунам, ки ин як тасодуф буд. Шояд он лахзахо ту дари сабзи Офаридгорро боз карда будй.

    Бо сипосхои беканор!

  4. Ассалому алайкум Точвари гироми сад чахон ташакур бо суханони зебою рухнавозат. Вокеъан Суханонатон тасхиркунанда ва дилнишин буданд. Фикр мекунам агар онхое ки ин суханхоро дарбиёбанд хатман ба зиндагониву Худопарасти аз диди дигар нигох меунанд. Ман хамеша аз ПАРВАРДИГОР саломатии шуморо мехохам бигузор хамеша нектарин суханхоро бигед ва росттарин рохро барои кулли мардуми ВАТАНи азиз нишон дихед. Дар панохи ОЛЛОХ сарбаланду пируз бошем.

  5. Ман дар ин навиштаи нагзи Точвари гиромй Худованди Чону Хирадро мебинам. Навиштаест, ки хар кас метавонад аз равзанаи Хиради худ дар он бингарад ва Парвардигорашро бибинад, ки бениёз аз мост ва мо ниёзманди нимнигохи уем, ки дар пастуе гум кардаем ва пайваста сурогашро мегирем ва дар хини чустучу ба домхое меуфтему рахо мешавем. Ёфтани он нимнигох фархунда бод.

  6. Мухтарам Точвар!
    Ман ва дигар хонандагони блоги Шумо аз маколахое, ки дар Андеша чоп кардаед, шуморо хамчун як фарди пешрафтаи муосир шинохта будем.
    Шумо мегуед, ки дари сабзи худоро куфтани хастед…
    Хазору чорсад сол аст, ки мусулмонон он дари сабзро мекубанд ва чавоб ин аст, ки кашшок буданду кашшоктар шуданд. Баъди 20-30 сол захираи нафти араб тамом шавад, баъд хохед дид, ки холи онхо чи мешавад.
    Агар Аллох бандагони муъмини худро дуст дорад, чаро илму технологияву саноати пешрафтаро ба номусулмонон дод? Аз кишвархои исломи танхо Малайзия пешрафт кардааст ва заминааш дар илму амали аз Чапону Куриёву Тайван кучонидашуда мебошад.
    Агар арабхо кишвари моро истило намекарданд ва мо бо хамон мафкураи авестоию зардуштии худ мемондем, бешак имруз дар катори кишвархои Аврупои мебудем. Бубинед, ки зардуштихои Хиндустон сарватманданд, аммо мусулмононаш камбизоат.
    Арабистони Сауди бо 36 миллиард тонна ва Эрон бо 18 миллиард тонна нафти худ чи пешрафти иктисодиву техникиву илми доранд? Аммо Русия бо 9 миллиард тонна нафт чи авче иктисоди дорад!
    Эрон наметавонад хатто аз нафти худ бензин берун кунад ва то хол бензинро аз хорич мехарад. Хавопаймохояшро русхо идора мекунанд.
    Мухтарам Точвар! Агар дари сабзи худоро бикубед, аз у бипурсед, чаро мусулмонхо ба чунин хол афтодаанд.

  7. Вой бар холи Афшини Истаравшани. Кафомондагии мусалмононро айби Худову дин накунед Аллох таъоло муназах асту ори аз хама айбхо. Аллома Икболи Лохури мефармояд: Ислом ба зоти поки худ надорад хеч айбе,
    Хар айбе ки хаст дар мусалмонии мост.
    Афсус ки имонат кави нест. Вагрна…
    Давом дорад

  8. Точвари фарзона. Бозгашти туро ба ин сафхаи азиз табаррук мебинам. Зинда бошй.

    Вокеан, матлаби олй. Як лахза бошад хам рухи пурайшони маро дар фазои оромиву малакутй ба сайр бурдй.

    Бо умеди хамкорй Vatandor

  9. Дустони арчманд,

    Вакте мо Худованд ва расули уро ба хотир меорем, мардуми арабро дар назар надорем. Ва Худо танхои Худои арабхо нест. Ва хамчунин, ёде аз Худованд маънии одами кадими ва бефархангро надорад. Мо, хох зардушти ва хох масехиву яхуди ва хох мусулмон дар чустучуи худои худем. Дар ин бора бехтарин сухан аз Дориюши арчманд буд, ки навиштааст, «Ман дар ин навиштаи нагзи Точвари гиромй Худованди Чону Хирадро мебинам». Аммо чун Шумо бо ду – се чумлаи худ ба хисси ранчиши мисли ман мусулмонхо нохун задаед, як матлаби каблан навиштаамро барои Шумо дубора дар ин чо меорам:

    Оё Шумо боре андешидаед, ки рузе марг дари умри шуморо хам хохад куфт?

    Оё фикр кардаед, ки аз марг чи кадр метарсед?

    Оё медонед, ки ин дунё барои як инсон на бештар аз 100 соли умр аст?

    Оё бахои худро медонед, ки дар оташи дузах хохед сухт ё дар боги бихишт хохед буд?

    Оё медонед, ки дунёи охират на дустиву хотирбини ва хешу авлодиву тарафгири надорад?

    Чанд рузест, хама аз МАРГ меандешам ва ин чор харф маро азият медихад.

    Медонам, ки мемирам, аз марг наметарсам. Аммо намехохам холо дар чавони бимирам. Бовар мекунед?

  10. Ёрони азиз, чаро бояд хама чизро сода фахмид?

    Ба акидаи банда Точвари арчуманд ин чо ба таври куллй рухонияти як инсонро ёдовар шудааст. Ин кадом дин аст, заррае ахамият надорад.

    Шумо фикр мекунед, дар осмони Душанбешахр дар хакикат калимаи Оллох ба намоиш омад? Хатто Мухайиддин Кабирй гуфтааст, ки ин ба як ходисаи сохта монанд буд.

    Валокин чаро мардум ин кадар ангехта шуд? Сабаб ба акидаи банда ин аст, ки мардум аз дасти бандагон ба дод омадаанд ва умед ба худованди бузург доранд, ба нируе ки битавонад, мушкили онхоро осон кунад.

    Ин хукумати рахмоновиро дигар агар худо худаш ба мо рахм кардаву ба асфасофилин нафиристад, мо музтар мондаем, ки чй кор бикунем.

    Сиёсат ба дасти касони хатост,
    Ки аз дастшон дастхо суйи Худост.

    Точвар хам чун як точики асил дили халки худро хис мекунад ва барои хамин чунин порчаи дилрасу зебоеро ин чо чой додааст. Фахмидаи ман хамин мебошад.

  11. Арабситезии баъзеҳоро сарчашма танҳо нафрат ба Ислом аст. Вагарна, агар ҳарф сари он ҳаводиси таърихӣ бошад, бояд ки на камтар аз арабҳо юнониҳо (Искандар), русҳо (асрҳои 19-20), муғулҳо (Чингизхон), эронҳо (Кадоме аз Дороҳо), ва қабоили зиёди туркҳо, ба вижа бояд узбакҳоро низ барои Самарқанду Бухоро бад дид. Шояд боз фарзандони онҳоро ҳам кушт, занҳояшонро таҷовуз кард, хонаҳояшон сӯхт ба хотири интиқом, а, ҷанобони арабситез?

  12. Ҷаноби Афшини Истаравшанӣ! «Нерӯманди»-и бани башар ва фанноварияшро оё дар зилзила ва тӯфоне, ки 2-3 сол пеш чанд кишвари осиёвиро шуста бурд, мушоҳида карда будед?

  13. Ба Тоҷвари гиромӣ!

    Ин навиштаатон беҳтарин ва тоҷи тамомии навиштаҳо тӯли мавҷудияти Андеша буд. Зиҳӣ, қалами Шумо!

  14. Дуруд бар хамАндешони фарзона!

    Манзури ман он чизе буд ва он чизест, ки хар кадоми Шумо аз ин навишта дарёфт кардед.

    Сипосгузорам аз лутфу карами якояки шумо ва умедворам, ин бехтарин навишта на, яке аз бехтаринхо бошад ва навиштахои нав хануз дар рох бошанд.

    Бори дигар самимона дархост мекунам, ки дар ин торнигор ба сухани сахту пурситезе нисбати хамдигар ва ё касони дигар рох надихед. Бовар кунед, хама чиро гуфтан мумкин аст, аммо бо лахни нарм ва дустона.

    Сарбаланд бошем!

  15. Footballtj-и гиромй,

    Дар миёни арабу мугулу турку… номи «эронихо» ва Дориюшро овардан камоли беэхтиромй ба худу гузаштагони худ аст. Нахуст ин ки мо хам дар он давра ба монанди худи Курушу Дориюш эронй будем ва хамчунон хастем. Тафовут ин буд, ки миллати эронй якпорча набуд: онхо порс буданду мо бохтарию сугдию мосожету хоразмию гайра. Холо чои онро махалхои бешуморе гирифтаанд ва хануз хам якпорча нестем.

    Агар аз Афшини Истаравшанй озурда шудй, ки бар арабу ислом тохтааст, лутфан дар талофии он бар Эрону хиради бостонии Эрон натоз, ки ба маънии нафрини гузаштагони худи мову шумост. Ман тафовуте миёни ин хамлахо намебинам, аммо хамлаи туро шахсан тавхиномезтар дарёфтам.

    Бо арч

  16. Footballtj!

    Din mas’alai shakhsi ast, vale difo az manfiathoi millati khud kori har yaki mo boyad boshad. Kurushu Doro Ardasheru Ismoli Somoni hama boboyoni mo budand, ki bo shohanshohi va davlatdorii khud Ironzaminro dar davrahoi khud shukufon karda budand. Mo ba onho siposguzor boyad boshem va duo bikunem, ki khudovand peshvoi digari bokhiradu durandeshu dalere misli yake az onho dar baini mo paydo bikunad. Millati mo ba peshvoi asil holo sakht niyoz dorad, ki sarzamini Ironi Qadimro boz eh’yo bikunad va dar in duyno obruiy mardumi forsizabonro baland bardorad.

    Aryanam!

    — Botur
    footballtj, on July 25th, 2008 at 10:33 pm Said:

    Арабситезии баъзеҳоро сарчашма танҳо нафрат ба Ислом аст. Вагарна, агар ҳарф сари он ҳаводиси таърихӣ бошад, бояд ки на камтар аз арабҳо юнониҳо (Искандар), русҳо (асрҳои 19-20), муғулҳо (Чингизхон), эронҳо (Кадоме аз Дороҳо), ва қабоили зиёди туркҳо, ба вижа бояд узбакҳоро низ барои Самарқанду Бухоро бад дид. Шояд боз фарзандони онҳоро ҳам кушт, занҳояшонро таҷовуз кард, хонаҳояшон сӯхт ба хотири интиқом, а, ҷанобони арабситез?

  17. Ва чи далеле дар даст хаст, ки мо фарзандони душманонамонро кушта бошем, ба занхояшон тачовуз карда бошем ва хонахояшонро сузонда бошем? Хар чи далел хаст воруна (баръакс) аст. Чанобони эронситез шояд ин мавзуъро бехтар дар хофизаи торихии худ дошта бошанд.

    Пас ниёзе ба бод додани кохи кухна нест. Имрузамонро бидонему ба фикри фардои равшантар бошем. Ба дур аз хурофот ва худситезй, ки аз далелхои асли вомондагии кавми мост.

  18. hjhj

  19. «Нахуст ин ки мо хам дар он давра ба монанди худи Курушу Дориюш эронй будем ва хамчунон хастем.»

    On zamon oyo mo bo yak zabon harf mezadem? Va oyo on ki mo hama az yak reshai eroni budem, ba onho hak medod, ki ba sari mo hujum kunand? Pas kahramonii Sherakro faromush bikunem? Yo shoyad Sherakro dushman ham binomem?

    «бар Эрону хиради бостонии Эрон натоз»

    Man mekhoham, ki vakte ba havodisi ta’rikhi baho medihem, boyad ba hama barobar baho dihem. Pas boyad on hamlahoro harduro barobar mahkum kunem, va ammo hamzabon boyad yod doshta boshem, ki eorniho imruz porae az kavmi mostand, va Islomr chun dini besh az 90 darsadi tojikon arj bigzorem.

    «Ман тафовуте миёни ин хамлахо намебинам, аммо хамлаи туро шахсан тавхиномезтар дарёфтам.»

    Rozi hastam, ki tafovute dar on du hamla nest, ammo man hamla nakardaam, bar’aks har lahza ba dini khud hamla mebinam, man tanho khostam onro bugiyam, ki hamlai arabhoro bo yak chashmu hamlai eronihoro bo digar chashm nabinand.

  20. «Din mas’alai shakhsi ast, vale difo az manfiathoi millati khud kori har yaki mo boyad boshad.»

    Difo’ az din ham naboyad mas’alai khurdat az difo’ az millat boshad. Nomusi milli va dini ba ham tav’amand. Kase agar dinashro andak megirad, pas millatashro ham ruze andak khohad girift.

    «Mo ba onho siposguzor boyad boshem»

    Pas charo ba musalmonhoi tojik hak doda nameshavad, ki ba arabho siposguzor boshand, zero baroyashon Dini ba bovarashon rostinro ovardaast? Charo in siposguzori hamon lahza ba hamla muvojeh meshavad va ba raabzadagi muttaham meshavand?

  21. «Пас ниёзе ба бод додани кохи кухна нест»

    Komilan roziyam! Man namekhoham, ki mardumamonro mo ba «arabzada» va «arabsitez» taksim bikunem. Har chi budu nabud, guzasht va ammo imruz agar mardumo tojikro ehtirom mekhohem bikunem, boyad bovarashonro niz arj bigzorem.

  22. Дуруст аст. Ва дар тахмили хеч боваре хам набояд пешдастй кард.

  23. Footballtj мегуяд:

    «Pas charo ba musalmonhoi tojik hak doda nameshavad, ki ba arabho siposguzor boshand, zero baroyashon Dini ba bovarashon rostinro ovardaast? Charo in siposguzori hamon lahza ba hamla muvojeh meshavad va ba raabzadagi muttaham meshavand?»

    Дар Конуни Асосии Точикистон чое гуфта нашудааст, ки мардум барои сипосгузорй аз арабхо хак доранд ё надоранд. Ин хам мавзуъи шахсист ва ба тахмилу итоб намеарзад. Аммо, хатто агар аз диди мазхабй ба ин мавзуъ бингарем, дини ту чи рабте ба шахси арабхо дорад? Барои шарафёб шудан ба он дин бояд аз Аллох сипосгузор бошй ё араб, ки кушту хурду заду бурду оташ зад ва хар чи китоб доштем, накши бар бод кард? Ва оё хеч арабе ба монанди шокирони точик ба эронихо (точикхо) сипос мегуяд, ки онхоро бо неъмати дониш ошно карданд? Нахустин дастури забони арабиро як эронии зартуштй бо номи Сабивейх навишт. Нахустин осори илмй ба забони тозй (арабй) тавассути эронихо навишта шуданд. Нахустин меъморони исломй эронй буданд.

    Зимнан, туркхоро хам эронихо мусалмон карданд. Дар ачабам, ки чаро онхо аз мо сипосгузор нестанд ва ин хакикатро хатто ба ёд намеоваранд. Дар холе ки шеваи мо ба дур аз хушунат буд, аммо шеваи арабхо саршор аз хушунати барбарона.

  24. Footballtj:

    On zamon oyo mo (ва Курушу Дориюш – Д) bo yak zabon harf mezadem? Va oyo on ki mo hama az yak reshai eroni budem, ba onho hak medod, ki ba sari mo hujum kunand? Pas kahramonii Sherakro faromush bikunem? Yo shoyad Sherakro dushman ham binomem?

    «На, он замон мо ба забонхои эронй харф мезадем. Ба монанди точикхои порсигу ва точикхои бадахшй ё ягнобии имруз, ки бо ин ки ба забонхои мухталифи эронй сухан мегуянд, хамчунон точик ё эронианд. Пас он хамларо наметавон бо хамлаи бегонагоне чун арабу мугулу араб дар як радиф гузошт. Он бештар ба чанги дохилй мемонд, то тасарруфи мулки бегона. Талоше буд барои якпорча кардани сарзаминхои эронй.»

    «Man mekhoham, ki vakte ba havodisi ta’rikhi baho medihem, boyad ba hama barobar baho dihem. Pas boyad on hamlahoro harduro barobar mahkum kunem, va ammo hamzabon boyad yod doshta boshem, ki eorniho imruz porae az kavmi mostand, va Islomr chun dini besh az 90 darsadi tojikon arj bigzorem.»

    Бино бар нукоте, ки арз шуд, ман хамлаи арабу турку гайраро бо хамлаи Дориюш дар як радиф намебинам. Дар мавриди дарсади мусалмонхо хам зомини мизони эътикоди хафт милюн чамъияти Точикистон нестам.

    «Rozi hastam, ki tafovute dar on du hamla nest»

    Манзури ман аз он ду хамла радду бадали миёни шумову Афшин буд. Вагарна хамлаи араб бо хамлаи Дориюш аз замин то осмон фарк мекунад ва паёмадхои он ду хамла низ аслан кобили мукоиса нест.

  25. Фарк дар он аст ки агар аз дасти турку араб кушта шуди ба дуззах меравию агар аз дасти бародари эрони ба катл раси рост ба фирдавс!
    Бо ин гуна мафкура мешавад катли оми гармиву, вахёчиву бадахшихоро замони чанги шахрванди амали хуб номид. Охир он хам зери парчами якпорчагии миллат ва кишвар анчом шуд?

  26. «Манзури ман аз он ду хамла радду бадали миёни шумову Афшин буд. Вагарна хамлаи араб бо хамлаи Дориюш аз замин то осмон фарк мекунад ва паёмадхои он ду хамла низ аслан кобили мукоиса нест.»

    Puzish, ki nazaratonro ishtiboh fahmidam, tab’an shumo hak dored, ki dar mavridi on havodis nazari infirodii khudro doshta boshed, vale ayni chunin hakro ba man niz boyad koil boshed.

    Va nazari man in ast, ki har dui on hamalot sarfi nazar az payomadhoyash va huvviyati muhojimon tanho yak hadaf doshtand: Ghasb. Va on ki payomadhoi hamlai duvvumiho beshtar budaast, sabab in ast, ki hamlaashon muvaffaktar anjom yoftaast. Va man bar in andeshaam, ki Sherak niz naboyad kamtar az Spitamen arj guzoshta shavad. Yo na?

  27. Бебок,

    Сухбат аз дузаху бихишт нест, балки аз хуввияти фарди туст. Оё хамлаи бегона бароят нангбортар аст ё хамлаи худй?

    Footballtj,

    Сипос аз посух. Паёмади хамлаи дуввумй бузургтар набуд, балки вайронгартар буд. Чун дору надори моро ба бод дод ва замоне тул кашид, то дубора ба худ оем ва мухочимонро хам дар канори худамон вориди тамаддуни башарй созем.

  28. Ба ман фарке нест ки хуввияти хучумкунанда чист. Туркай, арабай, эрониай, русай ё точик. Дар холи хамла хамааш сазовори посухи муносибанд.

  29. Дар холи хозир хам забони мо порсист ва хам ирки мо эронй. Оё ин хам навъе аз махалгаройи дар абъоди васеътари он нест?

  30. Мусалламан, хамла кори одамони нобихрад аст. Аммо вокеъан оё миёни хамлаи Сангак ба бархе аз нукоти Точикистон ва хамлаи Саъд ибни Ваккос ба порахое аз Эрони он замон хеч тафовуте коил нестед?

  31. Man az Darius-i giromi posukh ba suol dar mavridi Sheraku Spitamenro nashunidam, 🙂

  32. Footballtj-и гиромй.

    Посух ба ин пурсиш илми рамлу устурлоб намехохад. Шераку Спитаменро наметавон канори хам гузошт. Шеракро метавонй такрибан хамтои Мирзо Чага бидонй ва Спитаменро хамтои худаш. Чун яке дар баробари худй аз махалле дигар муковимат кардааст ва дигарй дар баробари бегона.

  33. Ман хам ба ду пурсиши пешинам аз footballtj-и гиромй посухе нашнидам:

    1. Дар холи хозир хам забони мо порсист ва хам ирки мо эронй. Оё ин киёсу татбикхо хам навъе аз махалгаройи дар абъоди васеътари он нест?

    2. Мусалламан, хамла кори одамони нобихрад аст. Аммо вокеъан оё миёни хамлаи Сангак ба бархе аз нукоти Точикистон ва хамлаи Саъд ибни Ваккос ба порахое аз Эрони он замон хеч тафовуте коил нестед?

  34. Man dar mavridi Sheraku Spitamen komilan nazari digar doram, va ba suolhoi shumo niz posukh khoham guft, inshoalloh, bo avvalin fursate ki dast khohad dod

  35. Умедворам хамрох бо посухат ба пурсишхо хамчунин лутф кунй ва далели мухолифатат бо назари ман дар бораи Шераку Спитаменро тавзех дихй. Аз пеш сипосгузорам.

  36. Посух ба суоли якуми Дориюш дар мавриди он ки мегуяд, киесу татбикхо бо хамнажодони эронии дигари мо ғ навъе аз махалгарои дар абъоди васеътари он аст.

    Аз нуктаи забон агар бингарем, пас забони бадахшихоро ман намефахмам, ое аз ин бармеояд, ки мардуми Систону Мозандарону кум барои ман азизтару наздиктар аз Бадахшон бошанд?

    Аз нуктаи ирк агар бингарем, ое ман барои паштухо, ки шумори кобили мулохизаашон форсзабонхоро на он кадар дуст медоранд, ое огуш боз бикунам?

    Аз нуктаи ирк бингарем агар, дар сурате ки осетинхову курдхо (мисол мегуям), ба сари мо хамла бикунанд, ое инро низ тахаммул бикунем?

    Забони мо порсист, иркамон эрони, ва аммо миллатамон точик аст. Ба вокеияти имруз бояд бингарем, он ки мо точик хастем ва барои он забонамонро порси ном бидихем ва ба ин хакк дошта бошем, хатми нест, ки мо миллатамонро хам порс е порси е эрони бигуем.

    Агар бо ин чашм ба ин масъала бингарем, ое ориепарасти ва эронпарасти навъе аз нажодпарасти нест? Бо ин ки ирку нажодамонро аз дигарон боло мегзорем, ое наметавон инро чун расизм унвон дод?

  37. Саъд ибни Ваккос ва Сангак.

    Кадоме дардноктар аст барои шумо: он ки бародаратон ояд ва синаатон бо ханчар бидарад, сари падари мусафедатонро бибурад ва хонаатон андар оташ бидихад е хамин корро як узбак бикунад?

    Кадом бехтар аст? Он ки аз тарси хамзабони худ ба троллейбус савор намешави, зеро холо туро хоханд фароварду кушт, е ин ки хар чо сиеху е чашмтанге бубини ва бидони ки дар касди хуни туст?

  38. Шерак ва Спитамен.

    Замоне, ки Шерак буд, Доро барои у низ бегона буд. У низ барои дифоъи хохару додарон ва падару модараш, барои шахраш ва хамватанонаш чони худро курбон кардааст ва ин кахрамонии уро бояд ки пос дошт. У на камтар, балки бештар аз Спитамен кардааст, зеро талошхои Спитамен ки натичае наоварданд, баръакси Шерак, ки ба танхои лашкареро нобуд кард.

  39. Дар бораи он ки мепурсед, ое хамлаи бегона нангбортар аст е худи, мегуям: Худи.

    Аз хурдии худ ед биоваред, ки агар бо писари хамсоя ва бо бародари худ муштзани бикунед, барои кадоме аз ин ду чанг бештар сарзаниш хохед шунид?

    Агар дар оилае бародарони бузургсол сари хамдигар бикафонанд, ое падарашон ба чашми хамсояхо хохад тавонист ки бингарад?

  40. Дар бораи хамалоти бегонахо:

    Аз барои Худо бигуед, окибати хамлаи арабхо вайронабортар буд е мугулхову туркхову юнонихо? Бо мисолхои мушаххас агар имкон бошад ва бо сарфи назар аз ДИН.

    Манзурам, ин ки бигуед, кадом шахрхоро онхо оташ заданд, ба пурраги бисухтанд, мусафедонро бикуштанд, занхоро тачовуз карданд, ба пойи мардон завлона заданду бибурданд?

    Ин гуна вайронкорихоро ки бештар кард: Арабхо, мугулхо, кабоили бешумори турк…???

    Пас чаро факат арабхоро ин кадар чашми дидан надорем? Чавоб яктост: Сарчашмаи ин арабситези – нафрат ба Ислом мебошад ва хол он ки имруз ин дин барои эҳтимолан 90 дар сади мардумони форсизабон азиз аст.

  41. Footballtj мегуяд:

    «Забони мо порсист, иркамон эрони, ва аммо миллатамон точик аст. Ба вокеияти имруз бояд бингарем, он ки мо точик хастем ва барои он забонамонро порси ном бидихем ва ба ин хакк дошта бошем, хатми нест, ки мо миллатамонро хам порс е порси е эрони бигуем.»

    Дусти гиромй. Дуруст аст, ки моро турку мугул «точик» номиданд. Холо лутфан бифармо, ки «точик» яъне чи.

    Сипос.

  42. Вале ман бар онам, ки тамоми мардумони ин сайера баробаранд ва хамаи забонхову нажодхову миллатхову динхо шоистаи эҳтиром.

    Дар хар як фард бояд инсонияти у бахо дода шавад, на ранги пусташ, асли иркаш ва е харфхои забону тарикаи ибодаташ ва гунаи бовараш.

    Метавон арабхоеро ефт, ки хазор бор инсонтар аз точикони хамдехаамон бошанд, накукортар бошанд, ерирасонтар бошанд, мутамаддинтар бошанд ва дили нек дошта бошанд. Дар ин чумла ба чойи араб метавон рус хам истифода бурду амрикоиро хам, хабаш ва мачору чиноиро хам.

    Бояд аз аспи манишхои иркиву забониву диниву таърихиямон фуруд оем ва ба дигарон низ бо чашми баробари бингарем. Онхо хам ки мисли мо инсонанд…. Ман на шох дидам дар сарашону на дум дар пасашон.

  43. Ачиб аст. То чойе хабар дорам, шуарои клоссики форсизабон низ аз истилохи точик ба маънои зиди турк фаровон истифода бурдаанд. е на???

    Вале таърихи пайдоиши «точик» ин бахси дигар аст,

  44. Footballtj мегуяд:

    «Саъд ибни Ваккос ва Сангак.

    Кадоме дардноктар аст барои шумо: он ки бародаратон ояд ва синаатон бо ханчар бидарад, сари падари мусафедатонро бибурад ва хонаатон андар оташ бидихад е хамин корро як узбак бикунад?

    Кадом бехтар аст? Он ки аз тарси хамзабони худ ба троллейбус савор намешави, зеро холо туро хоханд фароварду кушт, е ин ки хар чо сиеху е чашмтанге бубини ва бидони ки дар касди хуни туст?»

    Сухбат аз бехтару бадтар будани хамлахо нест. Хамла хамла аст. Аммо метавонад хамлаи худй ё бегона бошад. Хар ду метавонад бароянди хамсон дошта бошад. Аммо тафовут дар он аст, ки гиларо аз худй мекунй ё аз бегона. Саъд ибн Ваккос як бегонаи хунхор буд, ки ба номуси миллати мо тачовуз кард. Сангак фарзанди нохалафи хамин миллат буд, Тафовут хануз равшан ва махсус нест?

  45. Footballtj:

    «Дар бораи он ки мепурсед, ое хамлаи бегона нангбортар аст е худи, мегуям: Худи.»

    Пас таслими душман шудан ва хар бор андешае тоза аз душмани фотехро пазируфтан бояд мояи ифтихор бошад?

  46. «Саъд ибн Ваккос як бегонаи хунхор буд, ки ба номуси миллати мо тачовуз кард. Сангак фарзанди нохалафи хамин миллат буд, Тафовут хануз равшан ва махсус нест?»

    Тафовут равшан аст. Он ки Саъд барои миллати худаш талош карду, миллати бегонаеро ба дами куштан дод. Ва он ки Сангак сари миллати худашро зери ханчар гузошту хамзабонони худашро кушт

  47. «Пас таслими душман шудан ва хар бор андешае тоза аз душмани фотехро пазируфтан бояд мояи ифтихор бошад?»

    Бо назардошти андеша. Набояд хамеша бар он буд, ки назари ачдодат дуруст аст, агарчанде ки бигуяд, «ин замин болойи шохи як гов аст…». Агар ба он андешаи тоза бо андеша бингари бингари ва бар дуруст буданаш итминон дошта боши, чаро танхо ба он хотир ки аз бегона аст, онро напазири?

  48. Footballtj:

    «Ачиб аст. То чойе хабар дорам, шуарои клоссики форсизабон низ аз истилохи точик ба маънои зиди турк фаровон истифода бурдаанд. е на???»

    Дуруст аст. Чун он вожаро туркхо барои тафовут гузоштан миёни худ ва эрониён сунъ карда буданд. «Точик», дар вокеъ, ба маънии «арабшуда» аст ва туркхои номусалмон эрониёни мусалмонро «арабшуда» медонистанд, чун дини онхо асолати арабй дошт. Саранчом, «точик» ба мутародиф ё синоними вожаи «порс» ва «эронй» табдил шуд, тавре ки Саъдй дар Шероз (калби Порс) мегуяд:

    Шояд ки ба подшах бигуянд
    Турки ту бирехт хуни точик.

    Манзур аз «точик» худаш буд. Инро касе мегуфт, ки зодаи минтакаи Курушу Дориюш аст. Руи ин хисоб наводахои Курушу Дориюш хам «точиканд». Магар нест?

  49. «Бо назардошти андеша. Набояд хамеша бар он буд, ки назари ачдодат дуруст аст, агарчанде ки бигуяд, “ин замин болойи шохи як гов аст…”. Агар ба он андешаи тоза бо андеша бингари бингари ва бар дуруст буданаш итминон дошта боши, чаро танхо ба он хотир ки аз бегона аст, онро напазири?»

    Чи касе итминон медихад, ки так-таки мо имонамонро бар махаки дониш санчидаем? Магар барои аксарият хамин кофй

  50. «Бо назардошти андеша. Набояд хамеша бар он буд, ки назари ачдодат дуруст аст, агарчанде ки бигуяд, “ин замин болойи шохи як гов аст…”. Агар ба он андешаи тоза бо андеша бингари бингари ва бар дуруст буданаш итминон дошта боши, чаро танхо ба он хотир ки аз бегона аст, онро напазири?”

    Чи касе итминон медихад, ки так-таки мо имонамонро бар махаки дониш санчидаем? Магар барои аксарият хамин кофй нест, ки бо хамин андеша ва чахонбинй ба дунё омадаанд? Чи касе дар ин замина кандукове кардааст? Чи касе китоби мукаддасашро то ба тах ба тахкик пажухидааст?

    Дар гузашта ба хамин шакл афроде дини Буддо ва Осириси Мисру Диониси Юнонро хам пазируфта буданд.

  51. Ман забони Саъдиро мефахмам ва забони уро падару модари ман, тамоми шахри ман мефахманд. У бо забоне шеър гуфтааст, ки он имруз забони давлати ман аст. Аммо фикр накунам, ки забони Курушу Дориюш низ хамин буд.

    Хамчун як эронинажод албатта муфтахир аз онам, ки нахустин эъломияи хукуки башарро як хамнажоди ман эълом кардааст. Вале чаро ба хотири ахдофи геополотикии он замон ачдодои ман кушта шаванду ман инро чун як амри табиии лозим кабул намоям?

    Шумо ки назаратон дар мавриди Шерак ва иркпарасти (расизм) нагуфтед

  52. «Чи касе итминон медихад, ки так-таки мо имонамонро бар махаки дониш санчидаем?»

    Ин аллакай кори инфиродии хар нафар аст, магар не?

  53. Пурсиш:

    «Аз барои Худо бигуед, окибати хамлаи арабхо вайронабортар буд е мугулхову туркхову юнонихо? Бо мисолхои мушаххас агар имкон бошад ва бо сарфи назар аз ДИН.

    Манзурам, ин ки бигуед, кадом шахрхоро онхо оташ заданд, ба пурраги бисухтанд, мусафедонро бикуштанд, занхоро тачовуз карданд, ба пойи мардон завлона заданду бибурданд?

    Ин гуна вайронкорихоро ки бештар кард: Арабхо, мугулхо, кабоили бешумори турк…???

    Пас чаро факат арабхоро ин кадар чашми дидан надорем? Чавоб яктост: Сарчашмаи ин арабситези – нафрат ба Ислом мебошад ва хол он ки имруз ин дин барои эҳтимолан 90 дар сади мардумони форсизабон азиз аст.»

    Посух:

    Сухбат аз дарсадро бехтар аст канор бигзорем, чун хеч кадом дастгохи «имонсанч» дар ихтиёр надорем, то дарсади мушаххаси муъминон ба бовареро таъйин кунем.

    Чаро арабхо ин кадр дар фарханги мо манкубу хакиранд? Дар ин бора дар National Geographic маколае чоп шуда, ки дорам андак-андак бар мегардонамаш ва достони дарозест. Шояд посухи кутохаш ин бошад, ки бо хамлаи юнонию гайра хуввияти эронии мо тагйир накард, аммо бо хамлаи араб мо дучори сардаргумй дар таъйини хуввияти худ шудем. Бо ин ки мухочими мо аз лихози фарханг ба маротиб надортару бадбахттар буд, фасод дар режими муъбадсолори зартуштй, туфон ва дар паи он хушксол кишварро ба по нишонда буд ва дарбаст дар ихтиёри арабхо карор дод. Арабхое, ки як шахри Эрон (Тисфун) барояшон ба шакли Шахрхо (Мадоин) чилва мекард. Ин дард дар рухи миллат барои хамеша бокй хохад монд. Чи мо бихохему чи на. Таслими як кудрати кавитар шудан барои миллатхо осонтар будааст, то таслими як кавми заъифтар шудан. Як чизи табиъии равоншинохтист.

  54. «Шояд посухи кутохаш ин бошад, ки бо хамлаи юнонию гайра хуввияти эронии мо тагйир накард, аммо бо хамлаи араб мо дучори сардаргумй дар таъйини хуввияти худ шудем»

    Хуввият, фарханг ва динро канор бигзорем ва аз катлу тачовузу оташсузи харф бизанем. Ое арабхо аз каллахо манора сохта буданд е хуни мардумро ба ба бучулаки пойи аспашон баобар карда буданд?

  55. «Ман забони Саъдиро мефахмам ва забони уро падару модари ман, тамоми шахри ман мефахманд. У бо забоне шеър гуфтааст, ки он имруз забони давлати ман аст. Аммо фикр накунам, ки забони Курушу Дориюш низ хамин буд.

    Хамчун як эронинажод албатта муфтахир аз онам, ки нахустин эъломияи хукуки башарро як хамнажоди ман эълом кардааст. Вале чаро ба хотири ахдофи геополотикии он замон ачдодои ман кушта шаванду ман инро чун як амри табиии лозим кабул намоям?

    Шумо ки назаратон дар мавриди Шерак ва иркпарасти (расизм) нагуфтед»

    Дориюш хам забони Саъдиро намефахмид. Пас метавон гуфт, ки онхо ба хам рабте надоранд? Аммо мо бо андаке мутолеъа метавонем забони Дориюшро бифахмем. Ё хар бегонае метавонад ин корро бикунад. Пас он бегона ба Дориюш наздиктар аз мост? Зохиран буъди замониро бо буъди маконй дархам омехтайи. Курушу Дориюш ба хамон андоза бо мо пайванд доранд, ки бо Саъдй доштанд ва ба хамон андоза, ки мо бо Саъдй пайванд дорем. Танхо тафовут тули замон аст.

    Чаро бояд ангушт руи номи Курушу Дориюш бигзорй, дар холе ки бо хамлаи онхо сарзаминхои мо дучори накбате хазоронсола нашуданд? Балки якпорчагии сарзамини порсй таъмин шуд? Чаро бароят катли оми мардуми Бухоро тавассути Кутайба ибни Муслим дар се навбат як амри одй аст, аммо бурида шудани гушу бинии Шерак ба дасти худи у бояд як вахшигарии бехамтои торих ба шумор ояд? Лутфан пас аз мукоисаи ин ду руйдод бигу, ки ин ду вокеъа чи чизхое дар пай доштанд.

  56. «Чаро бароят катли оми мардуми Бухоро тавассути Кутайба ибни Муслим дар се навбат як амри одй аст, аммо бурида шудани гушу бинии Шерак ба дасти худи у бояд як вахшигарии бехамтои торих ба шумор ояд? Лутфан пас аз мукоисаи ин ду руйдод бигу, ки ин ду вокеъа чи чизхое дар пай доштанд.»

    Агар Шерак гушу бинии худ намебурид, ки замонати онро медихад, ки мардуми шахри у хам катли ом намешуанд?

  57. Footballtj: “Чи касе итминон медихад, ки так-таки мо имонамонро бар махаки дониш санчидаем?”

    Ин аллакай кори инфиродии хар нафар аст, магар не?»

    Хамин гуна дар гузашта хам хар нафаре тахти фишори бегонагон бовареро мепазируфт ва фарзандони он нафар бо имони комилтар ба он бовар мечаспиданд ва фарзандони он фарзандон бо шиддате бештар, то коса догтар аз ош мешуд. Пас дар ин сурат дониш рабте надорад? Агар кори хар нафар аст ва касе дар татбики он бо дониш ухдадор нест, чи гуна метавон иддаъо кард, ки «онхо ба он андешаи тоза бо андеша нигаристаанд ва бар дуруст буданаш итминон хосил кардаанд?» Оё ин дар вокеъ як урф ва одат нест, то бовар? Бовар бояд мубтанй бар далеле бошад. Ё на?

  58. Ба назар мерасад, ин бахси мо беохир хохад буд. Ва хеч касе аз ману шумо тағёири назар нахоҳем кард. Метавонед факат ба ду суол бидуни ташрехоти тулони посух бидихем ва ба ин бахс хотима бидихем?

    1) Ое Шеракро кахрамон хисоб мекнуед е на? Ха е не?

    2) Ое барои шумо дар инсон ирки у, забони у, дини у мухимтаранд е инсонияти у?

  59. «Агар Шерак гушу бинии худ намебурид, ки замонати онро медихад, ки мардуми шахри у хам катли ом намешуанд?»

    Агар Столин то холо зинда буд, кй замонати онро медихад, ки ман бо ту сухбат мекардам? «Агар»-у «магар» бо торих пайванде надорад. Агар ин «агар»-хоро бихохй дар мавриди хар чизе ба кор бибарй, мавзуъ дардноктар мешавад. Масалан, «агар Мухаммад духтари ноболигеро ба хамсарй намепаризуфт, кй замонати онро медихад, ки шумори мусалмонони ростин бештар намешуд?» Ё «агар Салмони Порсй ёри Мухаммад намешуд, кй замонати онро медихад, ки ислом ба холати варзидагй мерасид?»

    Пас бехтар аст «агар»-у «магар»-хоро канор бигзорем. Он чи дорем, ин аст, ки Курушу Дориюш ба катли ом дар сарзамини мо даст назадаанд, чун аз ин навъ фарханг набуданд ва худй буданд. Аммо арабхо хисобй ин корро карданд. Китобхои моро барои моххои тулонй дар гармобахо сузонданду охиранш хам гуфтанд: «Инхо пеш аз ислом китобе надоштанд. Хар чи доранд, пас аз ислом доранд». Кадом мухочими дигаре ин номардумиро бо мо карда буд, ки дар хонахо як маъмури араб бигзоранд, то нозири панч вакт намозу рузаат бошад? Истилохи «табармусалмон» алакй нест ва далел дорад. Миллате будем, ки ичоза надоштем ба забони худ сухан бигуем ва забони халкии ачиб-гарибе бар мо тахмил шуда буд. Сипос мар Саффориёну Тохириёну Сомониёнро, ки дасти араб аз домони миллат кутох карданд.

  60. Дусти гиромй,

    Пурсишхои туро бемаврид медонам. Ба вижа агар то кунун мутаваччехи манзури ман нашуда бошй, ниёзе ба идомаи бахс нест. Бо фикри худ хуш бош ва даст аз сари Эрони Бостону бузургонаш бар дор, то касе даст бар сари аъроб нагзорад.

    Поянда бош.

  61. Дар мавриди китобсузи:

    http://www.millat.tj/?menu=tarih&page=122

    Дар мавриди набуди катли ом аз чониби Курушу Дориюш. Барои пешгири аз ин кор Шеракро бояд сипос гуфт.

    Ман ханузам нтизори посух ба ду суоли худам хастам, око. Нисфи шаб аст ин чо, 🙂

  62. Footballtj,

    Аз ту интизор ин нест, ки ба ёвахои касе чун Хайрижжин Косимй бар мабнои навиштаи Муртазо Мутаххарй эхтироми бештаре коил бошй, то ба навиштаи Абурайхони Берунй дар «Осор-ул-бокия», ки ба он рузгор аз мову Косимиву Мутаххарй наздиктар буд. Оё хираде дар ин бовари худ мебинй? Достони китобсузии арабхоро на танхо эрониён, балки мисрихо ва худи арабхо хам таъриф кардаанд. Манзур нависандагони даврони кадим аст.

    Посух ба пурсишхоят борхо дода шудааст, азиз. Дарёб;)

  63. ба он ду суоли охирам посуххое гайримустаким гирифтам, ки намехохам ба он бовар кунам, ки он назари шумо бошад ака.

    Намехохам бовар кунам, ки Шумо Шеракро кахрамон надонед танхо ба он хотир ки аз хамлаи эрониен ба шахрихуд чилавгири кардааст ва намехохам бовар кунам, ки барои шумо дар як инчон дину забону нажоди у мухимтар бошад то инсоният ва калби у.

  64. Мутмаиннам, ин забони бегона бароят ошност:

    Ibn Khaldun, in the chapter «On the Rational Sciences and their Kinds» (al-`ulum al-‘aqliyyah wa asnafuha) of his Muqaddimah, says: «At the time of the conquest of Iran many books of that country fell into the hands of the Arabs. Sa’d ibn Abi al-Waqqas wrote to `Umar ibn al-Khattab asking his permission to have them translated for Muslims. ‘Umar wrote to him in reply that he should cast them into water, «for if what is written in those books is guidance, God has given us a better guide; and if that which is in those books is misleading, God has saved us from their evil.»

    http://www.al-islam.org/al-tawhid/library/burn.htm

  65. Ман хам намехохам бовар кунам, ки андешае куруни вустойи ба андозае дар зехни бародари ман русух кардааст, ки у гузаштагони худро рад мекунад ва арабхоро шафику хабиби худ медонад, то Курушу Дориюшро. Намехохам бовар кунам, ки худситезии мо ба ин хадду худуд расидааст, ки мо точи иззатро бар сари бегонагон бигзорему худихоро тард кунем. Агар бароят ирк мухим нест, имруз, дар сурати хамлаи Арабистони Саъудй (ки аз пешвоёни исломи кунунист) ба Точикистон, жар чи суе хохй буд?

  66. Ман гузаштагони худро рад накардаам, худситези надорам, аммо намехохам худситоиямон ба хадди фанатизм бошад.

    Дар сурати чи хамлаи Сауди ва чи Эрон то чон дорам аз точикистон дифоъ хохам кард.

  67. пузиш барои бархе аз иштибохоти орфграфи. Сафхакалидам руси нест

  68. Вакте ки Ибни Халдуни араб мегуяд, ки «арабхо китобхои эрониёнро нобуд карданд» ва як (дастикам) эронинажод ин хакикатро тахриф мекунад, номи ин чи чизе метавонад бошад, ба чуз аз худситезй ва азхудбегонагй ва бегонапарастй? Ин нихояти парастиш аст, ки руи гунохони як кавми мухочимро барои андешае, ки ба зур аз суи у бар гузаштагон тахмил шудааст, сарпуш бигзорй. Арабхо дар он давра аз вахшитарин аквоме буданд, ки мурги Хумо бар шонаашон нишаст ва нисфи чахонро, аз чумла Эрони Бузургро барои садсолахо бадбахт кард. Ин хеч рабте ба нажод надорад, балки мавзуъи фархангу тамаддун аст. Ман дар сухбатхои ту бештар буи нажоду иркро мешунавам, ки бо бовар ачин шудааст.

  69. «Дар сурати чи хамлаи Сауди ва чи Эрон то чон дорам аз точикистон дифоъ хохам кард.»

    Хуб, пас мавзуъи ирк бароят матрах аст? Ба хамин гуна гузаштагони мо барояшон ин мавзуъ мухим буда ва то дами марг барои дифоъ аз пораи хокашон чангидаанд.

    Аммо латмае, ки чангхои арабхо вориди пайкари сарзаминхои мо кард, бо чангхои миёни эрониён кобили мукоиса нест. Бештари бадбахтихои имрузи мо реша дар хамлаи араб ва дасткорй дар зехни мо дорад, ки он замон пешрафтатар аз имруз буд.

    Сухбат бокй. Бояд биравам сари кор.

    Замона ба ком ва шабу рузат хуш бод.

  70. «Ман гузаштагони худро рад накардаам, худситези надорам, аммо намехохам худситоиямон ба хадди фанатизм бошад.»

    Худситойи захри каттоли хар фарду миллатест ва ба монанди худситезй аз бехирадонатарин корхои мумкин аст. Хар чизе, ки аз хадди эътидол фаротар рафт, мояи бадбахтист. Таъассуб дар бовар хам.

    Аммо он чи ман гуфтам, худситойии миллй набуд, балки тафовути миёни худию бегона буд чихати ташаккули худшиносй ва хуввияти миллй.

  71. Одамо аз одамо зуд сер мешанд,
    Одамо аз ишки хам дилгир мешанд.
    Одамо ру ишкашон по мегзоранд,
    Одамо одаму танхо мегзоранд.

    Одамо, о одамои рузгор
    Чи мемоне аз Шумо ёдгор?

  72. ХУДОРО ФАРОМУШ НАКУНЕД!!!

    Агар ибодати ман аз бахри Чаннатат бошад,
    Маро аз он Чаннатат махрум бикун, Худоё.
    Ва ё гиряхои ман аз тарси Дузахат бошад,
    Маро ба он Дузахат махкум бикун, Худоё!

    Аммо ба Рузи Махшар, Ту эй холики Акбар,
    Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!

    Ба хаждах хазор олам ягона подшох туи,
    Зи холи бандагони худ хамеша огох туи,
    Ба банда пушту паноху хамеша хамрох туи,
    Дигар хама гунахкорем, факат бегунох туи.

    Худат магфираткунанда, худат рахнишондиханда,
    Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!

    Чи хуш, ки ошикат шудам, илохи, ошиктарам кун,
    Дар оташи ишки покат, бисузу хокистарам кун,
    Ман умри бокимондаро фидои номат мекунам,
    Туро факат мепарасатам, ба ту ибодат мекунам.

    Пагох рузи Киёмат, Ту эй сохиби каромат,
    Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!

  73. Ассалому алейкум ба хамаи бародароне, ки дар ин махфили адаби иштирок доранд, аз Худованд хохони онам ки дусторони ин махфилро боз хам зиёд гардонад.

  74. аввалан маъзарат мехохам аз хамаи шумо баъдан гуфтаниам, ки чи фики 1100 -1500-ро мекунед фикри хозиру ояндаро кунемм хуб мешуд. устод лоик низ дар ин маврид хело хуб гуфтааст! то кай ту ба гузаштагон менози,

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: