Хатти ниёкон дигарбора аз мо ранчид…

Рустами Субхонй

Президенти кишвар аз забони модарии мо химояти зиёд кард ва дар бораи он суханони хуб гуфт. Багумон аст, ки як рахбари дигар давлат ва ё кишваре дар бораи мукаддасии забони миллй ин гуна бо гамхории бехадду худуд сухбат кунад. Вай вазъияти забонро аз руи ростй ва ба дурустй шарх дод ва аз хамагон хохиш кард, ки ба покиза доштани забони точикй кушиш намоянд. Ин суханони президент метавонанд, танхо мояи хушнудй бошанд.

Аммо дар нутки идонааш раисичумхури Точикистон хамчун сиёсатмадори дурандеш рафтор накард. Вай таъкид намуд, ки мардуми точик хеч гуна зарурате барои гузаштан ба алифбои арабиасоси точикй надоранд. У инро хилофи манфиатхои миллат ва дасисаи хоричиён унвон намуд. Дастиаввал бояд гуфт, вакте ки ин пешниход, яъне бозгашт ба хуруфи форсй ба миён омад, ягон неруи хоричй дар Точикистон нуфуз надошт ва ин андеша аз умки дили рушанфикрон ва фархангиёни кишвар бархоста буд. Сониян, бозгашт ба алифбои падарон на танхо бозгашт ба асолати худ аст, балки рохи пайванд ба хаммиллатон ва хамзабонони мо дар сартосари чахон мебошад.

Агар президенти мо дар акидахои миллияш хакикатан фарзанди асили миллат ва гамхори миллат мебуд, мебоист, мегуфт, ягона рохи мо ба эхёи худшиносии миллй ва риштахои хешовандй бо хамкавмони худ ин бозгаштан ба алифбои гузаштагон аст. Ва агар вай сиёсатмадори асил ва хирадманд мебуд, алалакал мегуфт, имруз мо зарурати дарачаи аввал ба бозгашти ин алифбо надорем, аммо зина ба зина онро рушд медихем, шояд фарзандони мо дар оянда тасмими нихой бигиранд.

Холо шумо, хамандешони азиз, бигуед, ки рахбари мо дар хакикат миллатдуст ва миллатпараст аст ва дар вокеъ сиёсатмадори пухтааст?

Advertisements

78 Responses

  1. Салом ба хама. БА назари ман хам имруз зарурати баргаштан ба хатти форси нест, зеро ин амал савияи дониши мардумро чандин сол ба акиб мебарад. Имруз бо хамин хатти кирили ки дахсолахо мавриди истифодаа ст чавонони мо навишта ва хонда наметавонанд, ое бо хатти ниегон дониш хоханд андухт. Бо баргашатн ба хатти ниегон мо шумори бесаводхоро дар чомеъа афзун мекунем…ба назари ман имруз барои аз нав омузонидани марудм зарурат ва вакт нест. бояд хар чи зудтар ба пеш харакат кард.

  2. Нигаронихо аз бесавод мондани чомеа баъд аз гузаштан ба алифбои ниёкон аз вохимае беш нестанд. Ба Чин ва Чопон бингаред. Чандхазор иероглифро аз худ мекунанд. Дар Чопон баъди чанги дуввуми чахони амрикоихо кушиши зиед карда буданд, ки ба кишвар алифбои лотиниро бор кунанд, вале мардум инро кабул накард.

  3. Ба назари ман, мардуми мо — чи рахбарон ва чи авом хануз боре дакикан дарк накардаанд, ки зарурати бозгашт ба алифбои ниёкон дар чист.

    Агар олимони мо як бор бо далелхои ошкору рушан ин заруратро исбот мекарданд, шояд хеч кас ё касони андаке ба он мухолифат меварзиданд.

    Ман ин заруратро дар эхёи руху равони сухан ва забони миллиамон мебинам.

  4. Салом ва дуруди бепоён бародар Точвари гироми, Рустами Субхони ва хамаи Хамандешон… БА назари бародар Tojik имруз зарурати баргаштан ба хатти форси набудааст, зеро ин амал савияи дониши мардумро чандин сол ба акиб мебарад.
    Тавре мегуяд ки гуё мардуми Точикистон имруз хама босаводанд аммо бехабар аз он ки агар дохили мактобхои Точикистон шавем ва аз онхо суол кунем хама (талабагон) хаёл мекунанд ки мо (суолдиханда) аз он дунё омада бошем
    Ба забони форси гаштан ва шинохтани аслу насаб ва гузаштагони пешин маънои акибмонданро надорад баракс пешрафтанро ифода мекунад Ман тарафдори суханхои чоболи нестам ман тарафдори ВАТАНДОРОНЕ хастам ки хатти Форсиро мехоханд ва барои пешрафти ВАТАН ва МИЛЛАТ кушиш мекунанд. Дар панохи Худованди Таборак ва Таъоло бошем Хамандешони гироми…

  5. Дар ин мархила танхо зиед кардани соатхои дарсии хати форси дар макотиб мувофики матлаб хохад буд. Замони бахси гузаштан е нагузаштан нест.

  6. Фаридуни азиз,

    яъне дигар набояд бахси гузаштан ё нагузаштан кард, балки тадричан даст ба амал зад. Ман дуруст фахмидам?

  7. Рустамчон,

    Мегуйи, у аз забони мо химояти зиёд кард, аммо афсус, ки бо бозгашти мо ба хатти ниёкон инод варзид.

    Ин ки нашуд химоят. Шояд хуруфро иштибох чидайи. Ин кор чизе чуз хиёнат нест.

    Мухолифат бо бозгашти забони мо ба худии худ хамсанги хиёнат аст.

  8. Дуруд бар ҳамАндешон!
    Рӯзи забонро аз дер боз мунтазир будам то бинам ки кишвардори Тоҷикистон дар ин рӯз чи хоҳад гуфт. Дареғо ки хости диламро нагуфт. Гумон доштам ки дар Соли забон ҳам алифбоямон форсӣ хоҳад шуд ва ҳам забонамон форсӣ ном хоҳад гирифт. На ин шуду на он. Хаттамон русӣ монду забонамон рузбакӣ.
    Солҳо пеш ҳукумати Тоҷикистонро «ҳукумати нимкора» номида будам, зеро ҳама коршаро никора мегузорад. Бинед ки аз як сӯ бо кишварҳои ҳамзабон телевизиони муштарак таъсис медиҳад ва аз сӯи дигар мухолифи гузаштан ба хатти форсӣ ҳаст. Охир ку мантиқе дар ин кор? Агар ҳадаф аз таъсиси «Ариёнамо» (ҳамон ҷаҳоннамои порсигӯён) падид овардани густараи ягонаи фарҳангӣ ва иттилоъист, пас форсӣ шудани забону хатти тоҷикон корест ногузир. Чуну чарояшро худатон беҳтар медонед.
    Акнун бояд мунтазир буд ки раиси ин ҳукумати никора дар ҷашни Рӯдакӣ чӣ хоҳад гуфт. Ростӣ дилам бар Рӯдакӣ месӯзад. Порсол зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Балхиро ҷашн гирифтанду бадномаш карданд. Мавлоно беҳуда нагуфта буд:

    З-ин ҳамраҳони сустирода дилам гирифт,
    Шери Худову Рустами Дастонам орзуст…

    Худо биёмурзад Рӯдакиву Мавлоно ва забони онҳоро.
    Худо биёмурзад Қонуни забонро ки гарчанде дар соли 1994 шаҳид шуд, аммо то кунун рӯзи тасвибашро «қайд мекунанд».

  9. Salom duston!

    Agar shumo oyandai zaboni moro bo khatti niyogon bined, durust ast. Afsus, ki hukumati fasodu zaifi imruza holo qudrati durust jori namudani guzarishi muhimi ta’rikhii moro ba alifboi niyogon ta’min karda nametavonad. Bovar doram, ki in guzarish hatman ba amal meoyad va on faqat intizori vaqt va vaziyati zaruri ast.

    Firk mekunam, ki mardumi mo tundravi islomigaro nest va bo alifboi arabiasos ham tundrav nameshavad, chun Islom baroi mo Tojikon bo farhangu arzishhoi milli khudamon omekhta qabul karda meshavad. Albatta, sathi donishomuziro baland bardoshtan dar hama holat az
    vositai asosii peshgiri az hama guna tundravi khohad bud. Daleli ehtimoli extremism ovardan bo alifboi niyogon poya nadorad.

    Inchunin, bo aqidai professor Ibrohim Usmon, ki in khat talaboti zaboni moro qone’ namekunad meguyad, posukh
    rasonidan darkor ast, ki dar aksi hol mo buzurgoni khud va
    dastovardhoi ilmivu farhangii onhoro, ki imruz az on fakhr mekunem, be in alifbo shoyad nadoshta budem. Beshak, nazar ba cyrillic in alifbo ba zabonu millati mo nazdiktar ast va dar shakl va maqom yoftani in alifbo niz mardumi forsizabon zahmathoi ziyode kashidaand.

    Man faqat guftani hastam, ki 1300 solu 130 millon bo forsi az 70 solu 7 million bo cyrrilic hatman bartari dorad va mo boyad ohista, tadrijan, qadam-ba-qadam ba asli khud bargardem. In korro az hozir metavonem niz shuru’ kard to 10-20 soli oyanda purra ba maqsad rasem.

    Bo ehtirom va siposi ziyod,

    — Botur Kosimi
    az Vermont, IMA

  10. Салом Бародарон! Ман хайрон мешавам ки ин хел фикрхои ахмаконаро чи хел ин олимчахо шарм надошта пешниход мекарда бошанд? Хайр майлаш хамин алифборо дигар кардем! Баъд чи? Точикистон давлати пешрафта мешавад? Рогунро буд мекунем ва ё проблемаи аз хама нанговари Точикистон «Хукмронии Рахмонов» завол меёбад? :))))))))))))))
    Ин хел фикрхо танхо ба сари одамони бекорхучаи аз дастошон ягон чи намеомадаги меояд!
    Биёед барои хамин точиконро дар зери хандаи дигархо намонда ин хел фикрхои ахмаконаро ба як тараф гузошта аз паи пешрафти Точикистон шавем!
    Пешравии Точикистон аз чи хел алифбо истифода бурданамон вобаста нест, балки аз тайёр кардани мутахассисони пуркувату истеъфо додани хукумати имрузаи алоди ва ба чои он омадани Хукумати профессионали вобаста аст!

  11. Salom Patriot!

    Nakhust, az peshnihodi fikrhoi khud kase sharm naboyad doshta boshad. Man khursand, ki shumo ham sharm nadoshta, fikri khudro injo bayon karded, ki kori durust ast.

    Duyum, injo hama mefahmand, ki guzarish ba alifboi niyogon holo mas’alai favrie nest, on ham az doirai tavonoii hukumati zaifi imruza berun ast va albatta, tanho tagh’iri alifbo yagon millatro zud ba peshrafti nazarras narasonidaast. Balki fikrhoi barodaron injo az nigohi durandeshona hastand, ki ta’kid mekunam, baroi boqi mondan hamchun yak millat va bartaraf kardani sathi pasti farhangii jomeai kishvar, millati mo boyad ba dabirai khud bargardad va bo barodaroni hamzaboni khud az nav bipayvandad. In alifbo farhangu donishi moro bo imkonoti merosi guzashtagon va zakhoiri ziyodi hamzabonon baland khohad bardosht. Farhangi baland ba’dan takondihandai behbudii vaz’iyati siyosi, iqtisodi va ijtimoi dar Tojikiston metavonad gardad.

    Khulosa, hama boyad bifahmand, ki mo boyad ba alifboi niyogon biguzarem, vale dar vaqtu sharoiti durust va muvofiq. Afsus, ki tai solhoi okhir sharoiti Tojikistoni azizi mo bad shuda istodaastu beh ne. Az rohbariyati pur az fasodu shinosbozi digar chiro intizor shudan mumkin ast? Khiyonat va dushmani ba millati khud!

    Bo umedi oyandai behtari hamai mo!

    Botur Kosimi (Istaravshan)
    Vermont, IMA

  12. Салом bkosimi!
    Ташаккур барои фикрхои чолибатон! Лекин ба фикри ман на имруз на ягон вакти дигар гузаштан аз як алифбо ба алифбои дигар зарурат надорад хатто дар замони таракки кардани чумхуриамон! Шумо чи хел намефахмед ки хамин алифбои форсиро кабул карда худро точик нишон додани мо ба чуз ахмакие беш нест чунки
    1. Ин алифбои мо нест балки алифбои араби
    2. Бо алифбо дигар куни хеч вакт мо давлатхои форси наздик намешавем(Умуман миёни ягон давлат бо давлати дигар дустии абади нест балки манфиатхо мавчуд аст ва агар манфиат аз байн равад дусти хам аз байн меравад)
    3. Иваз намудани алифбо ба пастрафтани илмхо ва душворихои нодаркориро ба миён меорад!

    Масалан хамин ракамхои 0,1,2,3,4.5.6.7.8.9 асоси араби доранд лекин хаминро чи дар Амрико чи дар Аврупо ва ё чи дар Осиё хамма истифода мебаранд ва ягон кас ба фикри дохил кардани ракамхои миллии худ нест!

  13. Durud, Patriot!

    Albatta, har kas ba fikri khud haq dorad. Inshoolloh, mebinem, ki oyanda fikri kadome az mo durust khohad baromad. Ba «ahmaqie» ki shumo qaid karded, bori digar nazar kuned, shoyad durustar fahmed:

    1. alifboi cyrilic ham azoni mo nest, balki on az dabirai forsii arabiasos ham beshtar begonatar ast.
    2. zabon hastii har yak millat va zaboni umumi omili muhimi hamgiroi mardumhoi hamzabon ast. difo az zaboni milli va rushdi on ham juz’e az manfiathoi milli hastand. zabon nazdik boshad, manfiathoi milli ham nazdiktar meshavadn. joi shak nest, barodar.
    3. ivaz namudani alifbo sathi pasti ilmu donishi Tojikistoni imruzai moro ba sathi ilmu donishhoi mardumi forsizaboni dunyo balandtar mebarad.
    4. in raqamhoro avrupoiyon «arabi» nomidaand, lekin on aslan raqamhoi mardumi Ironinajod sokhta ast, ki misli aksar digar dastovardhoi ilmivu farhangii mo dar asrhoi qadim va miyona az hududi Ironzamin tavasuti arabho ba avrupoiyon shinos karda shudand. Tadqiqot bared va bubined, ki khudi avrupoiyonu amrikoiyon chi meguyand dar in bobat.

    Mahz bo chunin tafakkuri kuhnai shuravizada, bejur’yat va nomustaqqil bubined, ki holo in hukumatdoron millati moro ba kujoho ovardand.

    Az khobi garon, khobi garon khezed mardum!

    — Botur Kosimi

  14. Ман аз чаноби Патриот як пурсиш дорам. Чаро вакте ки аз табдили алифбо сухан меравад, мо онро чунин мефахмем, ки дар як шаб бояд аз як расмулхат ба расмулхатти дигар бигзарем?

    Ин як рохи дароз ва зина ба зина бояд бошад. Валекин барои ичрои он бояд аз холо накша сохт ва бо хамин хадаф пеш рафт.

    Аз суи дигар касе фикр мекунад, ки алифбо ва забон накше дар пешрафти чомеа надоранд, комилан галат мекунад. Яке аз решахои вазъи имрузаи мо хамин забони дархаму бархам ва алифбои бесару хисоби мост. Пеш аз он ки як кудак ё шахси хурдсол ба коре даст занад, аввал бояд онро фикр кунад ва ин фикр бояд хеле рушан ва дакик бошад.

    Холо хатти вазирони мо унгур-мунгур мекунанд ва намедонй, чй гуфтан мехоханд. Вакте онхо чй гуфтанашонро намедонанд, оё чй карданашонро медонанд?

  15. Бисёр фикр ва пешниходи чолиб Бародири фарзона Шариф. Вазирони мо чи гуфтанашонро намеднанд ва чи кор карданашонро аз кучо донанд! «Вайя вай кун ки вай нашавад» ё ки «Мо вайя вай кардем»… Дар панохи Худо Сарбаланд бошем хамАндешони гироми

  16. Салом чаноби bkosimi!
    1. Шумо алифбои бегонатару наздиктарро дар чи мефахмед? Танхо аз руи истифодабарии алифбои араби аз тарафи чанобони Эронию афгонию мусулмонзабон?
    2. Оё ягон кас гуфт ки забонро ташаккул надихем? Забонро бо воситаи алифбо дигаркуни ташаккул намедихем! Агар мо алифборо дигар накнем мардуми форсизабон бо мо хамкори намекунанду агар дигар кунем моро бо огуши гарм пешвоз мегиранд! :)))
    Ин фикри мутлако хато аст!
    3. Кани гуед ки чи хел мо алифборо иваз карда сатхи илмро аз аз сатхи илмхои давлатхои форсизабон боло мебардорем! :))))
    4. Бигзор ин ракамхоро мардуми форсизабон бароварда бошанд лекин максади ман дар он аст ки оё дар ягон чо шунидаед ки мардумони Аврупо гуфта бошандки ин ракамхо моли мо нест барои хамин мо бояд тарзи дигари навишти ракамхоро дошта бошем? Гап дар сари он нестки мо чи хел менависем бо кадом алифбо гап дар сари он аст ки мо чи хел фикр мекунем!
    Хайр гуед ки алифбои кирилики аз араби чи камбуди дорад?
    Кани хар як тарафхои манфию мусбаташро нишон дихед чи?

    Умуман бояд хар як чи оддию соддафахм ва ба забони харрузаи мардум наздик бошад! Агар аз забонхои барномасози бохабар бошед вакте ки ягон забони барномасозиро мебароранд харакат мекунанд ки ба хаёти харрузаи мардум наздик бошад на ин ки мушкил! Масалан ба монанди аломати «$»-у дигару дигархо!
    Чи акнун велосипедро дигархо ихтироъ каданд гуфта мо бояд «Ду чархаи «(бо намедонам боз чи гуфтан мумкин)-и точикиро барорем? ё телефон азони дигархо гуфта «гушакдори гапмезадагии» точикиро барорем? Мардуми олам кайхонро кашф кардан кати машгулу мо бошем алифборо иваз кардан кати!

  17. Шариф!
    Хеч кас фикр чуни фикр накардааст ки ин кори як ду руза! Максади асосии ман он ки ин кори бефоидаю нодаркорист! ЧИ акнун гузаштагони мо пиёда рох мегаштанд гуфта пиёда рох гардем? Фаранчи доштанд гуфта ба занхо мачбури фаранчиро пушонем? Чи шумо фикр мекунед ки алифборо дигар карда сатхи фахмиши талабагонро боло бардоштан мумкин аст? Бояд вакте ки хар як чиро пешниход мекунем бахонахо бо хамон ахмаконаро 🙂 яктараф гузошта далелхои катъи овардан лозим аст!

  18. Далели катъии ман ин аст, ки бозгашт ба хатти ниёкон ин бозгашт ба асли худ ва рохе ба суи худшиносист. Мо холо худношиносона амал мекунем ва решаи бисёре аз бадбахтихои мо ин чост. Махсусан махалгароии мо.

    Замоне ки худро шинохтем, сидкан муттахид мешавем ва рохи пешрафту ифтихорро мечуем.

    Аммо далел мехохй матлаби Дориюши Рачабиёнро дар Азия-Плюс бихон ва агар зурй ба далелхои у чавоб бидех:

    http://www.asiaplus.tj/tj/articles/96/2266.html

  19. Зарурати асосии бозгашт ба хатти форсй:

    1. Пайванд бо гузаштаи точикии худ, на русизада.

    2. Пайванд бо чахони пешрафтаи форсизабонони дунё.

    3. Хисси миллатпарастй, фархандустй ва ватанхохй.

    4. Дониши кавй барои рушди чомеъа.

    Кофист ё кам?

  20. Чаноби tojvar!
    Хаммаи далелхое ки овардед ягон зарра барои иваз кардани алифбо сабаб шуда наметавонад чунки бори ман чанд бор такрор ба такрор мегуям ки аз кадом алифбо истифода бурдани мо он кадар мухим нест! Чи магар ман харфхои кирилиро истифода бурда бо руси харф зада истодаам? Чи лозим ба ин хел корхои нодаркори бехуда вакти худро сарф намудан? Аллакай аксарияти мардум ба харфи крилики одат кардан ва бигзор чунин монад ва бояд мо аз пушти чустучуй намудани чизхои нав машгул бошем!
    Хайр бигзор русхо бад бошанд лекин барои ин алифбо чи дахл дорад?

  21. Дусти азиз Шариф!
    Афсонаи Дориюшата хондам! Он далелхоеки дар ончо овардааст барои алифбо ягон зарра алокаманд надорад!
    Дар маколааш аз чумла дар бораи инкишофи забон сухан меронад! Хуб чи филологхо чи кор мекунанд бигзор роххои инкишофи забонро пешниход кунанд! На ин ки салларо биёр гуянд калларо биёранд!
    Боз дар як ои дигар чунин мегуяд:
    «Як кӯдаки панҷсолаи эронӣ метавонад бо сад баён ба забони мо эҳсоси худро дар мавриди якояки ин саҳнахо баён кунад, аммо мо бо «ким-чӣ хел» иктифо мекунем ва ғофил аз хатаре ҳастем, ки бунияи миллати Тоҷикистонро таҳдид мекунад.»
    Э хаааааааааа чунин бахонаи хубе барои иваз кардани алифбо! Масалан мегирем дар россия як ба як кудаки рус як манзараро нишон дихед баъд мебинед ки чи хел фикрхояшро баён мекунад ки мо точикон наметавонем! Чи хелеки ба монанди маколи «Гап дар ислом нест гап дар мусулмонии мост» дар ин маврид чунин гуфтан мумкин аст ки «Гап дар алифбо нест гап дар беаклии мост!»
    Хамин филолог мардум хаминки бекор монданд чи гапхои подархавоеро пешниход мекунандки кас дар хайрат меояд!
    Мо точикон бояд ба ягон тараф на ба тарафи Руссия ва на ба тарафи Эрон харакат накунем балки хам аз ину хам аз он бехтарин чизхояшро кабул карда гирему худ пеш равем! Ба мо на Эронаш дуст мешаваду на Руссияш! ЧИ шумо фикр мекунед, ки сатхи илми Руссия аз сатхи илми Эрон паст аст? Албатта Эрон давлати пешрфта лекин Руссия давлати аз он хам илман пешрафта мебошад!
    Боз дар як чои дигар Дориюш мегуяд:
    » Дар Эрон ҳамарӯза даҳҳо унвон китоб чоп мешавад, ки бархе тарҷума аз забонҳои ғайранд ва шуморе аз осори худӣ. Надонистани забони модарӣ (порсӣ) ба наҳви аҳсант монеъ аз хондан ва дарки мазмуни он китобҳо мешавад.»
    Эх содда дар дунё хамаруза миллионхо китоб чоп мешавад акнун мардуми Эрон бояд аз паи кадом алифбо раваду кадомаша хонад? Вакте ки барои Эронихо лозим шавад хам аз русию хм аз хитоию хам дигару дигараш тарчума карда мегиранд бояд барои мо низ чунин бошад акнун китобхои дар Эрон чо мешудагиро хонем гуфта алифборо иваз кунем?
    Барои чи худи Эронихо барои китобхои точикиро хондан алифбоашонро дигар намекунад? Барои он ки боакланду аз паи корхои фоиданоканд!
    Дориюши Рачабиён мегуяд:»Ҳанӯз иддае ба ин пиндори ботиланд, ки фикри бозгашт ба хатти порсии арабӣ зоидаи тафаккури дасисаҷӯён аст. »
    Дассисачуён не Бекорхучахо! 🙂

  22. Патриоти азиз,

    Дар авчи бахс гохе худ ба суханони худ мухолиф мебарой. Магар омухтани алифбои форсй ва таваччухи бештар ба он бо максади бозгашти як замоне ба ин расмулхат, ки сарвати забону илму адабиёти гузаштаи мо бо он навишта шудааст, барои мо ворисони бекасмонда як чизи нав ва яке аз воситахои харакат ба суи пешрафти кишвар нест?

    Чаро пешрафт танхо дар омузиши фанноварихои нав бошад ва аммо омухтани забони худ ва бо ин забон бехатову дакик сухбат кардан ё навиштан, тавре Дориюш мегуяд, аз нигохи ту чизи нав ва нест ва ба пешрафт ёрмандй намекунад.

    Ба назари ман, илм замоне пеш меравад, ки мо забони худро бо тамоми нозукихояш бидонем. Он гох олимони мо намегуянд, ки точикй забони илм нест. Чаро Хайём ва Сино асархоио илмии худро ба точикй навиштанду акнун олимчахои мо ин забонро барои илм номуносиб медонанд.

    Бовар кун, агар худат забонро то як дарача намедонистй, ин гуна бахс карда наметавонистй ва аз забонат мебинам, ки гуфтанихои хуби зиёде дорй, аммо онхоро ба пуррагй баён карда наметавонй.

    Хуб, пас пешрафте ки ту мегуй бо кадом воситахо ба даст омада метавонад? Як бифахмон, мо хам бахраманд шавем.

  23. Patriot!

    Ajib, ki yagon daleli durust ovarda nemtavoned, vale boz bahsro bema’nivu fach davom dodan megired. Shoyad, ki bekorchi khudi shumo hasted. :-)) ha-ha-ha.

    Mo injo hama korhoi ziyodi muhim dorem, az payi zindagii khud hastem, vale boz vaqt judo mekunem, ki az manfiathoi millati khud difo namoem va bar rui beadolatiho khomush naboshem!

    Bori digar kutoh va fahmo posukh mediham, ki hatto maktabkhon ham onro fahmida metavonad:

    1. dabirai forsi, ki 1300 sol mo bo on kor kardem ba mo nazdiktar ast va cirrilic begona. Onro shuraviho makhsus baroi begona va judo kardani mo az forsizabononi digar jori namudand. muttahidshavii forsizabonon baroi onho khatar bud.

    2. zaboni mo bo forsi misli «voridi bahr» shuda, tashakkul meyobad, vale bo cirrilic misli «kulchai botloqzor» boqi memonad. Alifboro digar nakunem ham forsizabononi dunyo bo mo hamkori kardan megirand misli sathi imruza, vale ba dabirai khud guzarem in hamkori bamarotib behtar va ziyodtar khohad shud.

    3. man allakai oid ba peshravii ilm fahmonidam. faromushkhotir boshed, muttaasifam, vale bori digar posukhhoi qabliro az nazar guzaroned.

    4. mahz bo hamin ta’siri alifboi cirrilic imruz mo mebinem, ki fikrronii shumo chi qadar kutoh va tang ast. afsus.

    5. cirrilic kambudi nadoshta boshad ham mo boyad hatman ba dabirai khud bargardem, bahri behbudii zabon va farhangi khud, najot dodani on az kostashavii imruza, ki yake az sababhoi on mazh hamin doshtani chunin alifboi cirrilic ast. 😉

    6. man az zaboni barnomasozii komputeri ogah hastam, lekin chunin sharhi «olijanobro» bori avval meshunavam – «zaboni barnomasozi ba hayoti harruzai mardumi oddi nazdik boshad». alomati $ in az zaboni barnomasozi nest, balki alomati shartie baroi puli milli kishvari Amrikost va zodai ilmi moliyot, iqtisod. eh, ofarin. hayron karded ku 😉

    7. bale, hamon ducharkhai «forsi»-ro savor shudan lozim ast va ducharkhai nodarkoriro zur zada bo harfhoi cirrilic sokhtan shart nest. inashro durust qaid karded, qand zaned. qarib ba rohi durust omaded.

    Umedvoram, ki bahsro boz ham az andozaash ziyodtar kashol nadoda, ba khud khulosahoi zaruri mebaroed va ba peshrafti ilmu donishi Tojik, shoyad bakhshi kayhonshinosi ham, sahmguzoriro oghoz mekuned.

    Muvaffaq boshed!

    — Botur Kosimi

  24. Патриоти гиромй,

    Агар бахси ту илмист, лутфан сухбатхои илмй дар миён овар, бидуни чарандиёту музахрафоти очизона, ки саропои навиштахоятро дарнавардидааст.

    Лутфан бо чумлаи зери худ нигохе андоз:

    «Афсонаи Дориюшата хондам! Он далелхоеки дар ончо овардааст барои алифбо ягон зарра алокаманд надорад!»

    Нахуст, Дориюш на моли туст ва на моли касе дигар. Ду ин ки «Дориюшата» як баёни куча-бозорист, ки метавонад танхо аз дахони одамони куча-бозорй бипарад. Се ин ки «ягон зарра алокаманд надорад» аз лихози баёни порсй (точикй) галат аст. Он метавонад ё алокаманд набошад ё алокамандй надошта бошад. Ин танхо як чумла аз навиштаи охират буд, ки гуёи вазъи бади забонй ва баёнии чаноби олист.

    Мегуйи: «Масалан мегирем дар россия як ба як кудаки рус як манзараро нишон дихед баъд мебинед ки чи хел фикрхояшро баён мекунад ки мо точикон наметавонем!»

    Дигар ба иштибоххои баёниат ишора намекунам, чун умедворам фахмида бошй, ки ба чи андоза ба тармими баёнй ниёз дорй. Аммо мазмуни бахсат хам пур аз хатост. Кудаки рус ба чи забоне он манзараро тавсиф мекунад? Ба забони точикии ту ё забони русии худаш? Магар хатти русхо арабист ё хатте ба чуз аз он дабирае, ки аз огози торихи китобати русй доштанд? Яъне хатти сириллик? Русхо харгиз аз хатти худ бегона нашудаанд. Балки туро аз хатти ниёгон бегона кардаанд. Пас далеле вучуд надорад, ки як кудаки рус дар баёни манзарахо мушкил дошта бошад. Хат ва забони у бо хам созгоранд ва гусастагии торихй байни онхо иттифок науфтодааст. Магар хатти ачдоди ту хам худуди 80 сол пеш аз ин сириллик буд? На. Оё хатти ачдоди он кудаки рус аз хамон огоз сириллики русй буд? Оре. Пас бикуш мутаваччехи ин гусастагй миёни дабира (хат)-у забон бошй.

    Дар як поя гузоштани Русия ва Эрон хам камоли ноогохист. Эрон кишварест, ки ба забони мо сухбат мекунад. Оё метавон ин суханро дар бораи Русия хам гуфт? Сириллик навиштану хондани ту чи таъсири точикиеро бар Русия гузоштааст? Оё ин танхо таъсирпазирии яктарафа нест?

    Ту агар вокеъан Механдуст (Патриот) бошй, хидматхои Рудакй, Фирдавсй, Сино ва дигар бузургонро кабул дорй? Оё онхо хам вопасмонда буданд? Бузургони имрузи порсигуро мешиносй, ки туву саробононатро бо ду калом бар сари чоятон менишонанд? Харгиз аз худ пурсидайи, ки чаро ту ба ин хад гунгу очизй ва дар баёни фикрат мушкил дорй, дар холе ки дигарон надоранд?

    Посух ин аст, ки дигарон пайванди торихии худро бо забонашон хифз кардаанд, аммо ту аз торих ва решаат дур уфтодайи.

    Чизе, ки мо мехохем, бозгашт ба гузашта нест, балки бозгашт ба худй ва сохтани оянда бар пояи худист. Агар аз бахсхои фалсафй огох хастй, хатман бояд назарияи «текст» ва «контекст»-ро бидонй. «Текст»-и русхо бо «контекст»-и точикхо созгор набуд ва боъис шуд афроде чун ту дар миён оянд, ки аз худй бегонаанд, аз забони худ ноогоху безоранд ва то хадди зиёде гунганд. Забони мо акнун дар он суи марзхо рушд мекунад ва аммо дар хостгохи он – Осиёи Миёна – вомондаву бечора аст. Чун афроде мисли Рахмон ва ту хамчунон дар холи кандани гури жарфе барои порсии Осиёи Миёна хастанд. Хеч Механдуст ва Некхохи точикон ба худ ичоза намедихад, ки ин тавхину тахкир дар мавриди забону миллати у сурат бигирад.

    Як зарра аз хирадат кор бигир ва биандеш, ки оё харгиз русхо хатти порсии моро ба унвони хатти худашон хоханд пазируфт? Пас чаро туи бечора бояд ин бочро ба русхо бидихй ва ба хатти ночуру носозгори онхо бинависй ва саранчом гунг шавй, ки зохиран шудайи?

    Чашмбарохи посух
    Дориюш

  25. «Патриот» мегуяд:

    «ЧИ акнун гузаштагони мо пиёда рох мегаштанд гуфта пиёда рох гардем? Фаранчи доштанд гуфта ба занхо мачбури фаранчиро пушонем?»

    Азизчон. Беду бодро дар хам ноёмез. Мавзуъи хат чи рабте ба пои пиёдаи ту дорад ё ба фаранчии нигорат? Як зарра мантики бахс бар мазмуни сухбатат хохад афзуд. Кучо дидй эрониеро, ки ба фикри «хифзи пешинаи худ» пиёда рох равад? Фаровонанд бонувоне, ки дар Гарб бидуни русарй ва дар озодии тамому комил ба сар мебаранд, аммо порсй менависанду мехонанд. Ин чи балохате буд, ки ба забон овардй?

    «Патриот» мепурсад:

    «Чи шумо фикр мекунед ки алифборо дигар карда сатхи фахмиши талабагонро боло бардоштан мумкин аст?»

    Оре. Чаро? Нахуст, ба хотири созгории он бо рухи забони модарии мо, то фардо ту ба чои вожаи «дарк» вожаи чаълии «фахмиш»-ро ба кор набарй (ки он маъниро намедихад) ва корбурди вожаи бегонаи «талаба»-ро, ки ба торих пайвастааст, бар истифода аз «донишомуз» тарчех надихй.

    Забони порсй забони мурда нест ва як забони пуё ва дар холи тагйир аст. Ба монанди хамаи забонхои бузурги чахон. Агар ту порсй балад набошй, дар кухнаободи садсола барои хамеша хохй монд. Бо хамон баёни ачибу гариби норавшанфикрона ва куча-бозорй. Пас бояд хатти порсиро бидонй, ки ба ин корвон бипайвандй.

    Ба чумлаи зери худат таваччух кун:

    «Бояд вакте ки хар як чиро пешниход мекунем бахонахо бо хамон ахмаконаро яктараф гузошта далелхои катъи овардан лозим аст!»

    Оё як кудаки порсигуи хафтсола «бояд» ва «лозим аст»-ро канори хам мегузорад? На. Аммо ту гузоштй. Пас мутаваччех бош, ки надонистани хатти порсй боъис шудааст, то дониши забони модарии ту ба ин андоза поин биравад. Бокии чумлаатро бихон ва бибин, ки то чи андоза бебору банд аст. Чаро? Чун ту хатти модариатро намедонй. Агар медонистй, ба ин холи низори баёнй намерасидй.

    Пас бехтар аст чи кор бикунй?

    Хуб дарёфтй. Порсиро бояд пос дошт ва дабираи модариро бояд фаро гирифт, то фардо бо наберахоят бо имову ишора харф назанй.

  26. «Патриот» мегуяд:

    «Ин (хатти порсй) алифбои мо нест балки алифбои араби»

    Ин алифбоест, ки бо он гузаштагони мо осори чахонгир офаридаанд ва кидмати он беш аз хазор сол аст. Алифбои ту (сириллик), ки 68 сол дорад, оё метавонад чойгузини Шохномаи Фирдавсй, Донишномаи Сино, Матник-ут-тайри Аттор, Маснавии Мавлавй, Хамсаи Низомй ва Гуломони Айнй шавад? Чун медонй, ки Садриддин Айнй хам харгиз ба алифбои ту нанавишта буд.

    Холо аз алифбои худат бигу. Кучои он точикй аст ва то кучо он вижагихои забони моро баён мекунад? Мутмаиннам медонй, ки алифбои ту хам точикй нест. Гузашта аз ачзе нотавоние, ки он дар баробари порсй дорад, алифбои сириллик русист ва кучактарин рабте ба порсй надорад. Дар холе ки нахустин дастури забону хатти арабиро як порсии зартуштй бо номи Сабивейх тартиб дода буд. Аммо алифбои туро русхо дар магзи мову шумо куфтанд.

    «Патриот» мегуяд:

    «Бо алифбо дигар куни хеч вакт мо давлатхои форси наздик намешавем.»

    Пас чаро шумо ба ин фикри иштибохед, ки бо хифзи алифбои русй Русия аз Точикистон хушнуд хохад буд? Чаро хамаи кишвархои хамсоя чуръат карданд алифбои худро иваз кунанд ва аз Русия натарсиданд, аммо шумо хароси кушандаеро аз Русия дар калби мардум чо кардаед? Такрор: бозгашти мо ба порсй бозгашт ба худй аст. Аз локи андешахои судчуёна агар берун ойи, ин гуфтаро дар хохй ёфт.

    «Патриот» мегуяд:

    «Иваз намудани алифбо ба пастрафтани илмхо ва душворихои нодаркориро ба миён меорад!»

    Хифзи алифбои сириллик илму улумро ба нобудй хохад кашонд. Чун пайванди он бо манбаъи тагзия ва рушдаш гусаста шудааст. Улуми Точикистон дар поинтарин раддаи улуми Шуравии пешин карор дорад. Магар намебинй, ки Фархангистони улуми мо дорад ба торих мепайвандад? Чаро? Чун он бо як забони мурда дасту панча нарм мекунад. Танхо бо бозгашт ба хатти порсй забони модарии мо дубора неру хохад гирифт ва зинда хохад шуд.

    «Патриот» мегуяд:

    «Масалан хамин ракамхои 0,1,2,3,4.5.6.7.8.9 асоси араби доранд лекин хаминро чи дар Амрико чи дар Аврупо ва ё чи дар Осиё хамма истифода мебаранд ва ягон кас ба фикри дохил кардани ракамхои миллии худ нест!»

    Посухи bkosimi ба ин сухани ту дурусту басанда аст. Аммо фаромуш накун, ки ин шуморахо дар канори аломате, ки доранд, дорои тарзи талаффуз ва навиштор хам хастанд. Ва хар миллате онро ба нахви худ ва ба хатти худ метависад. Сухбати мо дар бораи хат аст, на шумора. Пас агар ин шуморахоро бихохй ба сириллик бинависй, бидон, ки аз диди талаффуз ба забони модариат галат аст. Чун, масалан, «нух» «у»-и дароз надорад. Аммо шумо дар хатти сириллик онро бо «у»-и дароз баён мекунед. Ва «и»-и вожаи «сифр» хам кутох аст. Вале дар сириллик кутохии онро чи гуна бояд хадс зад?

    Пас ин намуна хам, ки овардайи, собит мекунад, ки мо бояд ба дабираи худии порсй баргардем. Охиста ва тадричан. Аммо бегумон.

  27. Дуруд ба хамАндешон.

    Далелхои Дориюшро бо камоли майл кабул дорам ва аз онхо пуштибонй мекунам.

    Суханони Патриот, харчанд аз баъзе нукоти муфид орй нестанд, ба сурати умум асоси кавй надоранд.

    Хангоме ки конуни забон кабул мешуд, хамин гуна бахсе мерафт ва мегуфтанд, забони мо бо компютер созгор нахохад буд ва ба пешрафт хидмат нахохад кард.

    Дар нихояти амр масъалаи хат санги махаки муносибати мо ба таърих ва миллати худ аст, ба дируз, имруз ва ояндаи он.

  28. ХАХАХАХААХ гурухи филлологхо ба ман хучум кардандку! Хайр нагз!
    Точвари мухтарам кани бигуй ки ман дар кадом фикрам мухолиф баромадам? Ман тайёрам ки хар як харфи худро ба таври возеху равшан фахмонам!
    Ту бояд фахми ки Забон ин мавзуи алохидаасту алифбо мавзуи алохида! Хамин вакте ки дигар илоч наёфтед дарав зуротон ба алифбо мерасад! Хеч кас дар мавзуи омузиши асархои ниёгонамон зид нест бигзор омузанд лекин барои ин шуда дарав алифборо дигар кардаю аз дигар чизхо акиб мондан ин ахмакист!
    Дар масъалаи пешрави ман хаминро гуфтаниам ки бо алифборо дигар кардан мо ба пешрави ноил намегардем бьалки бо 50 70 сол акиб мемонем!
    Агар мо то хозира агар алифбои форси истифода мебурдему ягон кас ба алифбои крилики гузаштанро мекард ман айнан хамин гапхоро мегуфтам!
    Дар як сахифаи хамин блог касе навиштааст, ки аз алифбои форси мо ба крилики гузашта чанд сол акиб мондем! Шояд кисман гапаш рост бошад! Чи шумо мехохед ки боз хамин кори нодаркориро карда боз чанд соли дигар акиб монем!
    Медонам ки гузаштагони мо ба алифбои форси асархо эчод карданд ва омухтани онхо бисёр фоидаовар аст лекин боз мегуям ки ин бахона нест!

  29. Чаноби bkosimi!
    Шояд шумо гапхои маро нафахмида истодаед! Хамин чои нафахмидагиатонро пурсед ман бо таври возеху равшан ба шумо мефахмонам! Барои фахмидани ин хел чизхо вундеркинд шудан шарт нест!
    1. Аввалан максади ман дар инчо ситоиши русхо нест! Чи магар барои муттахидшавии форсизабонон хамин хат халал мерасонад? Агар ха чи тавр?
    2. Биёед хамин афсонаи бузаки чингилапоро ба як тараф гузоред дигар давлатхо бо мо хамон вакт хамкори мекунанд, ки агар барои онхо манфиатовар бошад! Мо хамон вакт бурд мекунем ки аз ин хамкорихоро хар кадар зиёд ба манфиати худ истифода барем!\
    3. Ман хам дар дохили навиштахоям дар бораи пеширавии илм гуфтам ва бигзор шумо низ хонеду хулоса бароред!
    4. Шояд фикрронии мо танг бошад! Хайр мумкин ман ба монанди шумо ин кадар хушруй гуфта натавонам! Лекин пешравии мо дар хушруй гуфтан нест балки пешравии мо дар хушруй кор кардан аст!
    5. Ба косташавии забон алифбо не балки ин ландахури олимчахои забоншиноси мою шоирону нависандагони хозираи мо гунахкоранд! Онхо ба чои нагз кор кардан гунохро ба дигар чиз партофта худро халос карданианд!
    6. Офарииииииииииин ки аломати пули Амрикоро шинохтед? ЧИ фикр кардед ки одамо хамин хел аблаханду гапхои подархаворо мегуянд? Хайр агар аз забонхои барномасози бохабар бошед бодиккат кобед чунин аломатхоро истифода мебаранд! Медонед барои чи? Оё ба таври тасодуфи дохил карданд? Албатта не! Барои онки ин аломатхо дар хаёти харрузаи мардум истифода мешаваду дар хотир нигох доштанаш осон шавад!
    7. Мо дар рохи дурустем агар гузаштагони мо иероглифхои хитоиро истифода мебурданду мо ба он хам мегузаштему агар рафторамо чунин бошад на танхо дучарха балки 1 гугирд хам сохта наметавонистем!
    Ман умуман бо Шумо бахс кардани хам нестам аз ин дида корхои заруртар дорам лекин фикрхои соддалавхонаи шуморо дида дар канор истода натавонистам!

  30. ,Дориюши гироми! Он кадар вакти зиёди хондани сафсатахои туро надорам!
    Аз ту пурсиданиам ки дар кучои навиштахои ман дидаи ки ман аз харфи криликии мо Руссия хушнуд мешавад навишта бошам? Агар мо ба алифбои форси гузарем на Эрон хушнуд мешаваду агар нагузарем на Руссия! Фахмо? Ё бо алохида фахмонида додан даркор?
    Хуб бо як бори дигар мегуям ки аз ман ранги худотон хушруй гапзаниро талаб накарда фикрхои окилона пешниход кунед! Албатта кудаки рус бо забони худаш ба манзара бахо медихад ин тахо аз фикррони у вобаста аст на ин ки аз алифбо!
    Навиштахои маро бодиккат хону хулоса барор ки гап дар бораи чи рафта истодааст!
    Хар як фикрхои подархавои туро шарх додани нестам чунки аксарияти онхо асоси илми надоранду танхо бо васфкунии Эрони хамзабону эхсосот дода шудаанд!
    Албатта Фирдавсию Синою дигар гузаштагони мо шахсони бузург буданду бояд онхоро омухт лекин на ба он тарзи ахмаконае ки шумо пешниход мекунед!
    Пешравии Точикистонро дар афсонахунию сафсатахони ба даст нахохи овард! Хайр барои одами доно як ишора кифоя барои одами ахмки нодон як дунё гап хам хайф аст!
    Боз як бори дигар таъкид мекунам ки ба «Касодии забони мо» хамин ту барин олимчахою шоирону нависандагону забонщиносони ландахури мо гунахкоранд!
    Умед дорам бахси мо бо хамин поён меёбад!

  31. Патриот!

    Бароят ин маколаро мефиристам. Бубин, ки чаро туркхо аз алифбои кириллй мехоханд, ба алифбои лотинй бигзаранд. Шояд сабаке бардорй.

    http://www.centrasia.ru/news.php?st=1217230200

    Бо эхтироми тамом.
    Точвар

  32. Точвар! Оё худат ба хамин сурогаи додагиат ягон бор зер карди? Ба фикрам дигар сурогаро ба ман равон карди!

  33. Патриот,

    Ту ки бо кафки дахон дорй чор мезанй, ки навиштахои маро нахондайи (дар холе ки мухотаби аслии он манкуртоне чун ту хастанд), чи гуна ба худат хак медихй изхори назар кунй? Ё шояд гунгии ту боъис шудааст, ки аз хайру шарри навиштахои порсй бигзарй? Ба хар руй, бароят мутаассифам.

    Хар ойина, посухи ту гуёи сатхи фархангу шуъурат аст ва сипосгузорам, ки ин корро кардй. Такрори ин мавзуъи хандаовар, ки «кудаки рус ба забони русй ба хубй сухан меронад», нихояти бесаводй аст. Он кудаки рус ба хатту забони худ менависад ва мехонад ва пайванди торихии забонашро хифз кардааст. У манкурт нашуда ва аз хатти худ безор нест. Он хат, ки барои забони русй офарида шудааст, созгортарин дабира барои русхост. Пас чи гуна метавон ин ду мавзуъи мутафовитро бо хам мукоиса кард? Агар хатти мо хам хатти худй буд, кудакони мо бехтар аз хамтоёни русашон метавонистанд хар манзараеро бароят тавсиф кунанд. Далели он кудакони хамзабонамон дар берун аз Осиёи Миёнаанд. Чаро? Чун хатту забони онхо дучори масхараи бесаводони ноогох нашудааст.

    Зимнан, фаровези дахонатро чамъ кун, то шахсан бароят чамъашон накардам. Аз корбурди вожахои аблахона худдорй кун, бечора, ки сахт дармондайи.

    Агар толиби бахсй, бахсатро пеш овар, бо далелхои илмй. На бо ёвагуихои кудакона ба забони качу муъаввачи гунгй.

    Бароят гушоиши гирехи забонатро мехохам.

  34. Точвари гиромй,

    Зохиран пайванде, ки додаед, иштибохист.

    Аммо касонеро, ки сахт магзшуйи шудаанд, бо хеч пайванду панду андарзе наметавон иваз кард. Худбохтагон хурмати худиро дарк намекунанд ва талоши мо барои таълими бечорае чун Патриот суде нахохад дошт.

    Поянда бошед

  35. Патриот,

    Кучои сурогаро «зер кардй»? Ту аслан ба чй забоне дорй харф мезанй?

  36. Маъзарат, дарвокеъ пайванди маколаи дигаре насб шудаст.

    Пайванди дуруст ин чост:

    http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1217065140

  37. Точвари гиромй,

    Сипос аз пайванди чолиб. Ин матлаб ба хубй нишон додааст, ки далели аслии тагйири хат хамоно талош барои гусастагии мо аз решахои торихиион буд (отрыв от исторических корней), ки албатта, аксарият шакке дар ин мавзуъ надоранд.

    Ин навишта хамчунин ангезаи аслии кумунистхо барои тагйири хатро хам тавзех додааст, ки баъдан тавассути Столин пардапуш шуд:

    «Вопрос об отмирании национальных языков и слиянии их в один общий язык есть не вопрос внутригосударственный, не вопрос победы социализма в одной стране, а вопрос международный, вопрос победы социализма в международном масштабе».

    Яъне забонхои миллию махаллй, ба чуз русй, амдан ва касдан дар холате карор дода шуда буданд, ки охиста-охиста бимиранд ва дар таркиби забони русй тахлил бираванд. Русхо ба ин хадафи худ то хадди зиёде даст ёфтанд.

    Ва бардошти турктаборхо аз тарки дабираи русй хам кобили таваччух аст:

    «такой переход является символом выхода государства из зоны преобладающего влияния России и русской культуры.»

    Рушди худшиносй ва дарки хуввияти миллй боъис мешавад, ки аз худ бипурсй: Чаро ман ба гузаштагонам хиёнат кардам ва дабираи онхоро канор гузоштам ва ба хатте ачнабй менависам? ки бисёр пурсиши мантикист.

  38. Dariush, ух бесаводеееееееееееееееееееееее! Аввал ту б мазмуни гуфтахои ман сарфахм рву баъд дооод зан! Ман ба тарзи руси харф задаи кудаки русро тавсиф накардам!
    Чи агар мо алифборо дигар кунем нона нан мегуфтаги мешем? :))))))))))
    Ту худат манкурту ту худат худобохта! Ту чи акнун хамин пешниходи ахмаконааткати худшинохта шудими?
    Ман дар инчо гуфта истодаамки Точикистон на аз Руссияю на аз Эрон вобаста бошад балки Точикистон бо рохи худаш равад, ту боши ким чи хел гапхои подархаворо гуфта мешини ва дар кучое тасдики фикри туро кунанд онро оличаноб меномию касе ки рад кунад онро бесавод!
    Чи акнун ту афсонаи кабилаи ким кихоро баён карда онро далели илми меноми? Вой бар холи ту барин олимчахо!
    Ту бояд барои худат афсус хурики дорои фикр шахсии худ нести!
    Мантик надори лекин аз худ олим метароши!

  39. Лутфан одоби бахсро муроот кунед. Бояд на хамдигар, балки мавзуъро баррасй кард.

  40. Ин акаи Патроит, ки хатто номаш точикй нест, ба фикри ман говзурй мекунад ва танхо як чизро батакрор мегуяд, ки ин фоида нест.

    Пас фоида чи аст, хамин хел урус мондан?

    Ту як бор дар интернет бин, ки чй кадар асари илмй ё адабии точикй ба хатти кириллй дар он чо гузошта шудаасту чи кадар ба хатти форсии точикй!

  41. Патриоти гирифтори ман, ки нафасат зохиран аз сурохе дигар дармеояд. Чегу вовайлои ту балохат, хамокат, гумрохй, бесаводй, худбохтагй, русиёхй, гунгй ва кудакии туро пинхон намекунад. Аз ин ру, аз харат пиёда шав, то бо хам биравему бибинем, ки манзурат аз ин гапхои бозории гайбатчихои сари куча чист.

    Ман гуфтам ту манкуртй, чун маънии манкурт фаромуш кардани гузаштаи худ аст. Ман гузаштаамро фаромуш кардаам ё ту?

    Мегуйи, Точикистон набояд вобаста ба Русия бошад, аммо аз хатти русй мисли ин ки аз номуси модари миллат бо чангу дандон дорй дифоъ мекунй. Фаромуш кардайи, ки номусат чои дигар аст. Бозгашт ба хатти порсй вобастагй ба Рудакй, Фирдавсй, Сино ва дигар бузургон хохад буд. Яъне вобастагй ба худй. Чи рабте ба чегхои хурусонаи ту дар бораи вобастагии сиёсй дорад? Ин забони модариест, ки мо бо он сухбат мекунем ва ту бо он минг-минг мекунй. Пас забони модарй бояд хатти модарй дошта бошад, на хатти номодарй (угай).

    Достони он кабила афсона нест. Он достони туст ва вокеъияти ноб аст. Як бор ба навиштаат нигох кун ва бигу, ки чанд бор то кунун «ким-чи» гуфтй. «Ким-чй» туро шабехи яке аз хамон одамони кабилаи Пирохо мекунад. Забони носуфта андешаи носуфтаро дар пай дорад. Ва фарханги нокисро, ки ту ба хубй хамаи инхоро ба намоиш гузоштй.

    Ман ба ту афсус мехурам, ки магзатро бод бурдааст. Боди замони кутохи шуравй. Бодбурдаи манкубу бегонапараст чои хазор афсус дорад.

  42. tojvar ман рози! Лекин баъзе олимчахо худ аз мавзуъ дур рафта истодааст!
    Рустам, хеч кас говзури накардааст балки далелхои катъи талаб доранд на ин ки афсонахои подархавою далелхои пуч!
    Дариюш! Ман ба ту фикрхоямро гуфтам ва бехуда онхоро такрор кардани хам нестам! Ту аввал мантикатро ба чо биёр баъд ба ту бахсро давом медихем!

  43. «Патриот», ки акнун мункири суханони дирузи худ аст, гуфта буд:

    «Масалан мегирем дар россия як ба як кудаки рус як манзараро нишон дихед баъд мебинед ки чи хел фикрхояшро баён мекунад ки мо точикон наметавонем!»

    Бояд хам дахонат аз сухбати рус хочу воч бимонад. Чун у бо сари баланд тавонистааст дар тули торих хатти худро хифз кунад ва ба хамон як дабира бинависаду бихонад. Дар натича, ба холи ту хам механдад ва аз ту Чамшуду Равшан месозад, ки ачабо! забони уро балад нестй.

    Манзур ислохи хамин комплекси «Чамшуду Равшан» аст, ки ту ба он дил бохтайи. Ин комплекс замоне ба вучуд омад, ки зехнхо хобиданд ва сангвора шуданд, танбал шуданд, ёвасаро шуданд. Чаро? Чун забонашон забон нест. Як мушт рихи торих аст. Мисли забони «Патриот»-и мо.

  44. «Патриот»,

    Сухбат аз мантик дар чорчуби дахонат намегунчад. Чун барои он дар шуъури ту чое нест. пас калонгуфториро барои бузургтархо бигзор ва бирав паи бозихои кудаконаат.

    Аммо агар мехохй бахси дуруст-хисобй бикунй, бифармо. Пеш аз хама инсон шав ва кампирвор «аааа»-ву «эээээ» сар надех.

    Ба ман бигу, ки ба чи далеле хатти русй бояд дар забони мо хифз шавад?

    Бигу, ки оё китобхои 68 соли ахир боарзиштаранд ё китобхои беш аз хазор соли гузашта ва имруз, ки ба порсй нигошта мешаванд?

    Пас аз посухи орому ботамкинат ба ин пурсишхо метавонам бо риъояти одоби бахс, ки ту догону поймолаш кардй, сухбатро идома дихем. Агар аз паси ин кор барнамеойи, бароят давраи хуши дармону муъолича мехохам.

  45. Патриот дар як маврид хак ба чониб аст, ки ин гузариш кори саросемавор нест. Аммо комилан нохак аст, ки гузариш ба мо фоидае надорад.

    Агар хислату хосияти миллии мо, точикон тагйир ёфтааст, 90 дарсад айби хамин алифбои кириллист, ки ба таври мачбурй ба гардани мо бор карда шуд. Ин алифбо тарзи тафаккури дакику аникро аз мо гирифт. Шумо фикр кунед, олиме ки як чумлаи дуруст гуфта наметавонад, чиро ихтироъ хохад кард. Охир ихтироъ аз фикр бармеояд, на аз чои холй.

    Аз тарафи дигар бигзор Патриот ва вай баринхо лаккидан бигиранд. Халк худаш охиста-охиста ба ин хат мегузарад хар вакте ки омода шуд.

    Холо кудакон ин харфро мехонанд ва ба ин харф менависанд. Оянда аз онхост.

  46. Дориюш: “Патриот”, ки акнун мункири суханони дирузи худ аст, гуфта буд:

    “Масалан мегирем дар россия як ба як кудаки рус як манзараро нишон дихед баъд мебинед ки чи хел фикрхояшро баён мекунад ки мо точикон наметавонем!”

    Нафахмидам дар ин чо ту чи чизеро пайхас кардаи? Дахони хеч кас пеши тарзи суханронии русхо во намондааст баръакс дахони ту пеши суханронии Эронихои бо Арабхо омехташуда воз шуда истодааст! Тарзи баёни фикр на аз алифбо балки аз чи хел омузонидани забон ва таълиму тарбия вобаста аст! Агар хохед ки забон нагз бошад сиёсати забонро дуруст ба роз монед на ин ки алифборо дигар кунед! Хайр мехохед ки халки мо аз осорхои гузаштагон бохабар бошад онхоро ба харфи крилики гардонед! Хайр ин кадар филологи бекор чи кор мекунед?
    Хандаовараш хамин ки ба чои он ки баъзе шоиру нависандагону забондонони мо ба тарбияи чомеъа машгул шаванд ин хел сафсатахои бемантикро гуфта мегарданд!
    Ин таклиф хам танхо азони хамин тоифа мардум буда аксарияти намояндагони дигар илмхо зидди ин пешниходанд! Чи Шумо фикр мекунед, ки танхо шумо боакледу дигархо ландахуранд?

    Ту забони дигархоро бахо надех! Шояд ман ба тарзи услуби бадеи сухан наронда истода бошам лекин гап дар бораи он нест ки ман чи хел баён мекунам гап дар бораи он ки хамин ивази алифбо зарур аст ё нест! Ман мегуям ки ин чизи нодаркорист!Ту боши ба чои далелхо ба мо дар бораи ватандустиат гап мезанию дар бораи худшиносиат!
    Ту мегуи ки «забони модарй бояд хатти модарй дошта бошад, на хатти номодарй (угай).»
    Барои чи барои мо алифбои араби ба фикри ту модари будааст? Ту худшинос вакте ки дар бораи русхо мегуи барои чи дар бораи арабхо ин гапхоятро намегуи? Русхо ба мо чи кадар хукмрони карданду арабхо чи кадар? Вакте ки гап дар бораи алифбои модари меравад барои чи мо ба алифбои то араби(ба фикрам пахлави буд мумкин каме сахв кунам чун ки номашро аник дар ёд надорам) барнагардем?
    Ту дар бораи боарзишии асархои гузаштагонамон харф мезани лекин ту беакл як чиро намефахми ки факат бо халво гуфтан дахон ширин намешавад! Шумол филологхо вакте ки дар бораи иваз намудани забон мегуед факат манфиати худро дар назар дореду халос! Ту мегуи ки агар мо ба алифбои форси гузарем дигар илмхо низ пеш мераванд лекин намефахмони ки чи хел?
    Ту чи хел кафолат медихики мо алифборо иваз намуда дигар илмхоро ба пастноки намеорем? Ту пешравии чамъиятро танхо дар шеърхони набин! Ту зебо фикрхои худатро баён намоию лекин аз дастат ягон кор наояд ба хамон Эронихо хам лозим нести!

    Ту мегуи ки: Бигу, ки оё китобхои 68 соли ахир боарзиштаранд ё китобхои беш аз хазор соли гузашта ва имруз, ки ба порсй нигошта мешаванд?

    Кани ту ба як саволи ман чавоб дех: Саъдии Шерози шоири зур буд ё Абуабдуллохи Рудаки? 🙂 Саволи ночо? Мегуи ки хар яке дар замони худ зур буданд!
    Ба ин саволи ту низ чунин чавоб додан мумкин аст! Хар яке аз асархои чопшуда чи асархои таи 68 соли охир чопшудаю чи асархои аз ин пеш чопшуда дар мавриди худ дар алохидаги арзишноканд ва инхоро бо хам мукоиса кардан ин худ як ахмакист!
    Ман алифборо иваз накунем гуфта Русхоро ситоиш кардани хам нестам!
    Ту ивази алифборо бо ватандустию худшиноси омехта накуну ба чашми одамхо хам дар хакки ватаднустию худшиноси суханхои зебо гуфта хок напош!

    Илова:
    Агар хамин гапхои маро фахмида боши нагз 2 -3 руз дар амбулатория муолича куни мешавад агар не пас туро дар шуъбаи беморихои СПИД чой кардан даркор аст ки бемории ту аз Спид хам дида бадвохиматар аст! ВАХАХАХАХАХХАХАХАХАХАХА

  47. Шариф! Дар мавриди бор кардани алифбои мачбури чи хеле ки гуфтам араби хам барои мо мачурист!

    Дар бораи олими ту албатта хато мекуни! Гуфта фахмонидану Фахмида кардан ин тамоман мафхумхои аз якдигар фарккунандаанд!

    Бигзор дигар гапхои игвоангезат беруни шарх карор гиранд! 🙂

  48. Хар сари чанд вакт олимони риштахои гуногун — риёзиёт, табиатшиносй, тиб, фалсафа ва забон аз се кишвар — Точикистон, Эрон ва Афгонистон семинару конфаронсхо барпо мекунанд ва хангоме ки мехоханд, натичахои ин чаласахоро дар шакли китоб чоп кунанд, дар як чо дармемонанд, зеро бо вучуди он ки суханронии якдигарро бе тарчумон мефахманд, бо сабаби дигар будани хат, танхо осори муаллифон аз Эрон ва Афгонистон чоп шуда, ба зудй аз руи ин китоб ба забони англисй хам нашр мешаванд.

    Аммо осори олимони точик муаллак мемонанд, зеро хатти онхоро на эронихо хонда метавонанд ва на афгонистонихо. Эронихо наздик ба 80 миллион нафаранд ва форсизабонони Афгонистон мумкин кариб 20 миллион нафар бошанд. Ба сурати умум дар чахон наздик ба 150 миллион форсизабон будагист ва дар байни онхо танхо точикони Точикистон бо хатти дигар менавсанд. Ин яке аз сабабхо ва заруратхои гузаштан ба хатти форсист.

    Хамонгунае ки туркхо хама ба хатти лотинй мегузаранд.

  49. Patriot!

    Bahs bo shumo mazmun nadorad. Chi khele ki meguyand «khuni shuravizada»-i shumo misli AIDS (SPID) muolija nadorad. Shumoro ba khudo mesuporem.

    Inshoolloh, oyanda nishon medihad, ki kadome haq budem. Bidoned, ki oyanda dar dasti javononi rushanfikri imruza ast!

    Khudo nigahdoraton!

    — Botur Kosimi

  50. Дуруд ба чаноби Косимй.

    Ба фикрам, ба афроде монанди Патриот набояд эътибор дод. Инхо касоне хастанд, ки Э.Рахмон ба онхо такия карда, ормонхои миллии точиконро паст мезанад.

    Шумо хак хастед, ки вакт нишон хохад дод, гапи кй дуруст аст.

  51. Чаноби bkosimi! Албатта ман ба он фикратон рози хастам ки ки хак ё нохак, равшанфикр будан ва ё набуданашро вакт нишон медихад!
    Бахс дар мавриди он ки хуни ки шуравизадаю хуни ки эронии арабиолуда низ бефоида аст чунки хеч кас дуги худашро шур намегуяд! Зинда бошед!
    Дусти азиз Шариф! Ту чи фикр мекуни ки ман тарафдори чаноби холии ту хастам? Албатта не! Ман аз аввал ин «чанобро» танкид карда истодаам! Яке аз сабабхои паст рафтани мо хам ноухдабароии хамин чаноб мебошад! 🙂
    Хеч кас ормонхои миллиамонро паст назадаст бараъкс мо тарафдори рохи прогресивии тараккиётем ва мо пешрафти Точикистонро дар кур курона ба огуши Эрон партофтан намебинем!

  52. «Патриот»,

    Бори дигар ба такрор мегуям, намунае, ки дар мавриди кудакони рус ва мукоисаи онхо бо кудакони точик овардй, бемаврид аст ва хилофи гуфтахои туро собит мекунад. Чи кудаки рус ва чи кудаки эронй назари худро бехтар аз ту баён мекунанд. Чаро? Чун пайванди торихии худ бо забонашонро хифз кардаанд, ки ба хатти модаришон нигошта мешавад.

    Дуруст аст, ки пеш аз хатти арабй мо ба дабирахои пахлавй (бо решаи оромй) ва сугдй (бо решаи уйгурй) хам менигоштем. Боз хам, он тавре ки мебинй, хеч кадом асил набуданд ва он чо хам бо мушкили асолат бармехурй. Аммо он чи мо мегуем, бартар аз мавзуъи асолат аст ва ба арзиш бармегардад. Мусалламан, осори 68 соли ахир ба хатти сириллик аз осори беш аз 1000 сол ба хатти порсй камарзиштар аст, чун ба нудрат харфи тозае дорад ва гузашта аз он, баёни шоъиронй нависандагони ахир бидуни истисно дорои галатхои фохише хаст. Хар шоъири шуравиро, ки мехохй, метавонй барои намуна баррасй кунй (албатта, агар забони порсиро ба дурустй балад бошй) ва хохй дид, ки хеч кадом орй аз наксу камбуд нест. Танхо далели он надонистани дабираи худии порсист. Ва хамин гуна, осори мо ба хатти порсй (арабй) ба маротиб боарзиштар аз осори бозмондаи мо ба хатти пахлавию сугдист. Ва мухимтар он ки пайванди шумори зиёде аз порсигуён бо хатти порсии арабй хануз побарчост, дар холе ки бо хатхои мурда дигар пайванде бокй нест. Мантик хукм мекунад, ки мо хам (хафт милюн тан) ба чамъи саду панчох милюннафараи порсигуён бипайвандем ва сохиби забони худ шавем. Сухбати бешерозаи ту далели ин зарурат аст. Мо намехохем, ки фарзандонамон хам ба монанди ту дар баёни андешаи худ мушкил дошта бошанд ва аз ночорию нотавонй ба тавхину тахкиру душном тавассул чуянд.

    Дигар ин ки хеч як аз дабирахои пешин хатти модарии забони феълии мо нест. Чун ба хатти пахлавй забони пахлавй нигошта мешуд ва ба хатти сугдй – забони сугдй. Ва аммо нахустин хатти забони порсии навин, ки хамин забони мову шумост, арабист. Пас хатти модарии он хам порсии арабист.

    Дар маколае, ки нахондй, тавзех дода шудааст, ки миёни дониш ва забон чи пайванде хаст. Агар ту барои хар мавхуме дар зехнат як ё чанд баён надошта бошй, чи гуна мехохй он мафхумро биомузй? Он мафхум метавонад марбут ба физик, шимй, табиъатшиносй, чомеъашиносй ва гайра бошад. Аммо забон аст пойбаст (фундамент)-и он мафхумхоро шакл медихад ва бидуни забони пешрафта хеч як аз онхо пешрафт нахохад кард. Хамон кабилаи бразилиро ба ёд биёр. Ту бояд аз мафхумхои роич шинохти хубе дошта бошй, ки бар мабнои он мафхумхои тоза бисозй. Пас илму забон бо хам пайванди ногусастанй доранд.

    Дар нишастхои илмии порсизабонон маъмулан намояндагони Эрону Афгонистон суханони намояндагони Точикистонро ба хубй намефахманд, чун таркибхои илмй хама аз забони русй гартабардорй (купй) шудаанд. Донишмандони точик ба далели ноошнойи бо забону хатти модарии худ баёни ачибу гарибе доранд, ки бо руху равони забони модарии мо созгорй надорад. Дунболи рохи хал мегардй? Рохи халли он борхо пешниход шудааст: бозгашт ба хатти модарии порсй.
    Худовандгорони ту дар ин бахс чор мезананд, ки то кунун 80 дарсади осори порсй ба сириллик баргардон шудааст. Дар вокеъ, чамъи он осори баргардонуда шояд 8 дарсад хам набошад. Он дарёи бекаронро дар хафт умрат хам наметавонй баргардон бикунй. Гузашта аз он, хамаруза даххо асари ноби хонданй ба хамин хатти порсй навишта ва чоп мешавад. Онхоро чи гуна мехохй баргардонй? Бо бунияи молии низори имрузи кишвар чи гуна мешавад ин корро кард? Ва аслан, умри мо оё бояд бо баргардони осор ба сириллик бигзарад? Кай фикри худамонро ба чахониён хохем гуфт? Ё мехохй точикон як умр тутивор гуфтахои дигаронро такрор кунанд? Тасвири чолибе нест.
    Агар хатти мо хам порсй бошад, навиштахои точикон хам дар нахустин рузи интишор метавонад ба гуши чахониён бирасад. Чун осори эронист, ки фавран ба инглисй тарчума мешавад, на точикй, ки дар чахон матрах нест. Ё мехохй забондонхои хоричиро хам ба «бекорхучагй» муттахам кунй?

    Бехтар аст худат аз чанги «бекорхучагй» дарбиёйи, магзатро ба кор андозй ва хатти порсиро ёд бигирй, то бифахмй, ки чи таъассуби бехудае дорй, ки чизе чуз хиёнат ба миллатат нест.

    Зимнан, касе, ки наметавонад ба забони модариаш ба дурустй сухан биронад, хакки маънавии изхори назар дар бораи ояндаи онро надорад. Чун имрузи ту ва забонат чй хаст, ки фардои онро ракам бизанй? Ту ки кабул дорй, ки забонат ворехтаву вомонда аст, чи гуна ба худ хак медихй фардои онро бо хамин хатту баёни бегонаат тарсим кунй?

    Ба ростй, вакте ки Идиот хам Патриот мешавад, Иблис хам дар кори у мот мешавад.

    Сабри чамил мехохам бароят.

  53. Бигзар зи касби илм ки олуда кардаанд,
    Як матлаби тамом ба чандин хазор бахс!

  54. Дустони гиромй!

    Ба назар мерасад, ки дар ин бахс барои мархалаи феълй хама чиз гуфта шуд ва тарафхо натавонистанд, бо далелхои кобили фахми якдигар мунозираро яктарафа кунанд.

    Чанд номаи ахири бахс, муттассифона, хамлаи руйирост ба шахси хамдигар буд, на талоши дарки мавкеъи чониби дигар ва дарёфти далелу санади мухолиф.

    Биноан бехтар аст, барои холо дар ин пайти бахс нукта гузорем ва дертар, дар як холати дигаре ба идомаи он баргардем.

    Лутфан номае ба ин гуфтугу зам накунед, зеро хатман аз байн бурда хохад шуд. Агар як зарра хисси миллй доред ва агар ба андозаи кофй чавонмард хастед, онхое ки якдигарро ранчондаанд, узр бихоханд ва нагузоранд, ки оташи бахсу талоши дарк ба кинаву адоват табдил биёбад.

    Сарбаланд бошем!

  55. Хар ки моро ёд кард, эзид мар уро ёр бод
    Хар ки моро хор кард, аз умр бархурдор бод

  56. Чаноби Точвар барои чи шумо навиштахои маро аз байн бурдеду навиштаи охирони тахкир омези Дариюшро аз байн набурдед?
    Ман ба навиштаи July 29th, 2008 at 9:17 am Said: -и Дариюш чавоби аник дода будаму ин чондор чавоб дода натавониста илхоми сафсатахониаш омад! Вакте ки чавобияи маро аз байн бурдед бояд азони инро хам аз байн мебурдед!

    Зинда бошед!

  57. Патриот,

    Шояд Точвари гиромй дар хифзи обруят кушидаанд.

    Хуш бошй.

  58. Чавоби тахриршуда ба навиштаи July 29th, 2008 at 9:17!

    Эх Дориюши бечора! Медони ин афсонахои бузаки чингилапоатро кучо партои? Ту бехуда зур назан мебинам ки то ин дарачая акли ту намерасад! Ту ким кадом афсонаро менависию онро далели илми меноми!
    Ту бехтар аввал гапхои худато хону баъд гап зан! Ту хамин хел гап мезаники гуё Олимони бехтарини чахон танхо дар Эронанду мо аз онхо бахраманд нашуда истодаем! Ту мехохи чи чизеки дар Эрон хаст бояд нусхабардори карда гирем! Бубин дигар милатхо хангоме ки бо мо сухбат мекунанд он кадар харакат намекунанд ки бо забони ба мо фахмо гап зананд мо бошем харакат мекунем ки Эрониаш биёяд бо забони вай наздик шавему русаш биёяд ба русаш ин хам бошад хизмати ту барин хирс-олимчахои мост!
    Дахони ту дар пеши суханронии Эронихо воз шуда истодаасту лекин намефахми ки забони Эронихо хам идеали нест! Хозира тарзи суханронии Эронихоро бубину шеърхои гузаштагони моро бин! Фаркият аз замин то осмон! Ту барин бесаводчахои «саводнок» аз беилочия намедонед чи кор кунед ва хамин хел пешниходхои подархаворо карда мегардед! Бехуда зур назан дар хама холат гапи ту барин донишмандони хасакиро ба гайр аз ду се филологхои тангназарат дигар хеч кас гуш нахохад кард!

    Ту худат илми русиро нах зада истодаию оё худ аз илми русхо бохабар хасти? Ки гуфт ки илми русхо бад аст? шахсияти русхо ин дигар тарафи масъала! Масалан хамин сол дар олимпиадаи чахони аз фанни химия аз 4 нафар иштирокчии Русия хар чо нафарашон медали тилло гирифтанд аз Эрон бошад хамаги 1 тилло! Аз фанни математика низ хамаи талабагони Русия(6 нафар) тилло гирифтанду танхо 1 нафар иштирокчии Эрони медали тилло гирифт!

    Ман чанд бор такрор кардам ки агар Эрон чизхои нагз дошта бошад бояд онхоро омузем лекин на ин ки онхоро омузем гуфта тамоман хамма чиро вайрону валангор кунем! Барои ту баринхо вайрон кардан осон, вале вакте ки мархилаи чобачо кардан меояд дума хода карда мегурезед!

    Ба тутивор гуфтани точикон ин ту хидоят карда истодаи ку? Бояд Эронихо барин шавем! Бояд ин хел кунем! Гуфтамку ту ба гайр аз шеърхонию сафсатахони дигар корро намедони ва аз осори илмии ниёгонамон хам дуруст бохабар нести факат камтар алифбои форсиро медонию халос ва мехохи ки дигарон низ онро кабул кунанду ба ту осон шавад!

    Илтимос вакте ки дигар далел ёфта натони дарав аз одамон хиёнаткор натарош! Мардонавор икрор шав ки ба гайр аз далелхои пуч дигар чизе надори ва ё акалан чим шин ки худро дар байни мардум шармсор накуни!
    Аз худат точикидон метарошию хамин калимаи Идиоти русхоро тарчумаша наёфта истифода бурда истодаи ку!

    Бо хамин бахси мо тамом!

  59. Патриот,

    Гуфтам, ки рахоят кунаму ханда фиристам,
    Боз хам ба таманно бари душном расидй.

    Бечорагии туву моро бигзор мухотабони бахс казоват кунанд.

    Чизе, ки ту афсона мехонй, мухимтарин мавзуъи омухиш барои забондонону файласуфони гарбист, яъне онхое, ки забоне доранд, то бар мабнои он андешае тоза биофаранд.

    Ту боз хам Эронро бо Русия мукоиса мекунй ва дар сарат намеравад, ки ин мукоиса бемантик аст. Аввал кудаки русро бо кудаки точик мукоиса кардй. Холо илму дониши русро бартар аз Эрон медонй. Шояд хам хаст. Аммо ин чи рабте ба бахси забон дорад? Эрон хамзабони мост ва мардуми он чо ба забони мо менависанду мегуянд. Русия хамзабони мо нест ё хаст, ба назари ту? Оё пешниходи ту ин аст, ки мо порсиро рахо кунем ва ба русй бигаравем? Бо ин тарзи тафаккур чи гуна номи «Патриот»-ро барои худ писандидй, бечора?

    Хуш бошй, бародар ва номи нав хучаста бод.

  60. Ва зимнан, агар дубора хостй, лантаронй бинависй, саъй кун ба пурсишхои ман посух бидихй. Ва ба ин мавзуъ, ки хатти модарии мо (порсии навин) танхо хатти порсии арабист, чун он нахустин хатти забони мост. Ба хатти пахлавй забони порсии миёна (пахлавй) нигошта мешуд ва ба сугдй – забони сугдй. Ба хатти порсй хам порсии навин навишта мешавад, ки агар аз он безорй, пас аз худат ва худиат безорй. Дуруст аст?

    Холо сирилликро чи гуна мехохй ба ин перохани фохир дарбех кунй?

  61. Bahs kaiho tamom shuda bud, Patriot! Shumo haqqi ma’navii davom dodani in bahro nadored vaqte ki chunin ghalati buzurge mekuned, ki zaboni forsiro ba zaboni Ironi (in khel zabon nest!) va digaron taqsim karda shishted.

    Zabon hama yak forsi ast! Lahjaho ziyodand, az jumla Sugdi, Khatloni, Rashti, Badakhshi, Kirmoni, Tehroni va ghaira.

    Albatta, Iron ideal nest, Tojikistonu Afghoniston ham az ideal dur hastand. Maghzi gap dar on ast, ki mo dar asl yak millati buzurgi forsizabon, Ironinajod, barodaru barobar hastem va boyad beshtar hamgoroi bikunem va hamroh boshem, ki purquvvat khohem bud. Vagarna bozichai dasti digar millathoi kalon hamchunin sustu benavovu besado khohem mond.

    Hamzabonu hamrozu hamroh boshem, duston!

    — Botur

  62. Ин чо хам нишон додй, ки як тутии паршикастае беш нестй. Тамоми умр хамин гуна такрор кардайи. Чаро кодир нестй худат чизе биофарй? Чун дар мархилаи нахусти гунгй карор дорй. Ва чорае чуз такрори гуфтахои дигарон нест.

    Холо бароят равшан шуд, ки рохи халл ва дармони гунгии физояндаат чист, бародари Пирохоии ман?

  63. Дариюш ту бояд дони ки илм ягон миллат надорад!
    Ту чи алифборо аз забон фарке намекуни?

    Хайр Эронихо хамзабонони моанд! Баъд чи? Бигзор бошанд! Лекин мо хеч вакт набояд аз пушти эронихо бидавем! Мо бояд рохи худро дошта бошем!

    Хандаовараш ин ки ту аз кучаи бисёре илмхо хеле дурию лекин мехохи ба онхо маслихат дихи! Аз дур истода хамма хуштак кашида метавонад лекин наздик омада сарфахм рафтанро на хама кас!

    bkosimi, хайр мумкин ман дар масъалаи забон каме иштибох карда бошам албатта забон якест ва лахчахо гуногунанд лекин барои чи мо ба монанди ин ватандустони навбаромад лахчахои Эронихоро боло шуморему кур курона аз бисёр чизхо руй гардонем?

    Саломат бошед!

  64. Бо сипос аз Ботур Косимии гиромй барои зикри нуктае дакик, ки забоне бо номи «забони эронй» вучуд надорад. Ин ба монанди он аст, ки дар бораи як «забони точикистонй» сухбат кунем. ЗабонХОи эронй хастанд, ки порсй хам яке аз онхост. Дигар забонхои эронй гуишхои бадахшй, забонхои сугдй, пашту, курдй, усетиёйи (иристонй), лурй, балучй ва гайра хастанд.

    Руи ин хисоб, бештари мардум дар кишвархои Точикистону Эрону Афгонистон ва бахши азиме дар Узбакистон ба забони порсй (форсй) сухбат мекунанд, ки дар торихи орй сиёсат танхо бо хамин ном омадааст. Аз замоне ки ин забон мактуб (навишта) шуд, дабира ё хатти он порсии арабй будааст. Аз ин ру ман аз истилохи «дабираи модарй» дар бораи хатти порсй кор гирифтам.

    Пас чоиз аст, ки дабираи модарии худро хор бидонем ва ба хатти ачнабие, ки барои забони модарии мо бегона аст ва пур аз галат, бинависем?

  65. Dariush, гуфтамку акли он кадар ба дарачаи одами одди намерасад! Ту намефахмики максади ман шеър нависи набуд балки хамин дохили шеърхоятба Дариюш нависемам хамин хел мемонад! Хайр дигар ба ман нанавис! Дигар чавоб нахохам дод!

  66. Илм миллат надорад, аммо миллат аст, ки илм меофарад ва он илмро миллат тавассути забон меофарад. Забони ту вомондааст, чун ту хатти модариатро фаромуш кардайи ва хатту забонат аз ханчор (систем)-и худ берун уфтодааст. Ин амр руи рафтору маниши ту хам таъсири бисёр нобахинчоре гузоштааст, хамон гуна ки худат хам шохидй. Пас надонистани забон боъис мешавад, ки махлукоти манкурте чун ту чомеъаро ба бозор табдил кунанд.

    Медонам, ки ба шиддат дорй аз Худовандгорат Эмомъалии Рахмон химоят мекунй. Аммо агар виждонатро козй кунй, мутаваччех мешавй, ки ин сухбатхо ба хотири як мардумозор чизе чуз хиёнат ба миллат нест.

    Лахчахои порсй хам гуногунанд. Мо лахчаи «эронй» надорем. Дар Эрон садхо лахча вучуд дорад. Хамон гуна ки дар Точикистони кучаки мо гуишхои ба шиддат мутафовите хаст. Тафовути миёни бархе аз ин гуишхо бештар аз тафовути миёни, масалан, лахчаи Техрон ва Гарм аст. Пас ин харфат хам хато буд. Пасаш мегирй?

  67. Пас агар химмати бахсро надорй, чй мекунй ин чо?

    Дубора агар майли бахс кардй, андаке мутолеъа дошта бош. Албатта, бо ин забони ту ва тафаккури тутивор ва чунин рафтор наметавон мутолеъае дошт.

    Хуш бигзарад.

  68. Чи хуш буд агар на кудакон, балки инсонхои варзидае хам, ки нигохе мутафовит аз дидгохи мо доранд, ин чо меомаданд, то битавонем бар мабнои мантик ва ба дур аз хандаву шухй бо хам сухбате чиддй дошта бошем.

    То кунун чунин фарде бо дидгохи мухолифи дабираи порсй дар Андешасаро зохир нашудааст.

  69. Медони таъриф шавад фарки байни ману ту дар кучост? Ту дуто шеърхонда худро босавод нагир ба атроф нигар ки байни ману ту чи кадар одам чойгир шудааст! Барои хамин ман майли бо ту бахс кардан надорам! ЧИ хеле ки дар боло дидем да бахс ту бохти ва ман дуюмбора бо ту бахс кардани нестам!

    Дар охир як гапи туро мазмунан барои оянда латифабаророн пешниход мекунам:

    «Русхо хамзабонони мо нестанд ва мо бояд ба илми Эронихо руй орем чунки онхо хамзабонони мананд» Ахсан барои чунин аклат!

  70. Хулфи ваъда кардй, Пирохоии азиз. Гуфтй, рафтй, ки рафтй. Боз нашуд тахаммул бикунй ин хиффату хориро?:)

    Чумлае, ки аз ман «накл кардайи», метавонад танхо аз накли Кавдане берун ояд. Ва он ту хастй. Чун бо мантики ту шояд созгорй дошта бошад.

    Ин чо сухбат аз ру овардан ба ин ё он кишвар нест. Чаро танхо номи Эронро меовариву Афгонистонро на? Ё дар баробари Эрон укдаи хакорат (комплекс неполноценности) дорй?

    Сухбат ба бозгашт ба асли хеш ва риъояти яке аз бадехиёти рузгор аст, ки Мавлавй ба зебойи онро баён карда ва ту харгиз даркаш нахохй кард.

    Ба Худовандгорат Эмомъалии Рахмон бигу, ки натарсад. Метавонад то охир ба хамин хат бинависад. Аммо ба миллати худ хиёнат накунад ва чилави бозгашти он ба худиро нагирад.

    Косалесони Русия метавонанд дар магоки зуболадони торих бипусанд.

    Пусидан ба хайр.

  71. Берун аз дунёи сиёсат миёни порсигуён хеч тафовуте нест, магар ин ки кавданоне ба амд ва аз руи гараз ё ноогохй он тафовутхоро бисозанд. Ман ба хамон андоза точикистонй хастам, ки афгонистонию эронй хастам ва мардумони он кишвархо танхо хамзабонони ман нестанд, балки хамдиланд. Хоинакхое хамеша дар миёни точикхо буданд. Дарвозаи Бухороро чй касе ба руи мугулхо боз кард? Ва имруз чи касе аз хатти бегона дар Точикистон химоят мекунад? Оё харгиз шунидаед, ки як рус аз бакои хатти сириллик дар Точикистон сухан гуфта бошад? На. Аз мост, ки бар мост.

    Аммо обхо аз осиёб хохад уфтод ва чирку ганди чомеъаро бо худ хохад бурд. Саранчом хар чи хоинаке буд, бо хамин ном бар сафхаи торих сабт хохад шуд.

  72. Ту бехуда бо ин гапхоят маро мачбур карда наметавони ки ба бахс огоз кунам!
    Чавоби ту сукут! Чавоби саволхоятро пурра дар навиштахоям додам ва онхоро такрор кардани нестам!
    Ту фикр накун ки ман аз ту метарсам балки ман бо ту давом додани бахсро ор медонаму ва аз он шарм медорам!

  73. Холо вазифаи Мункару Накарро хам ба душ гирифтайи, дусти ман.

    Аммо чаро метарсй ба пурсишхо посух бидихй? Ту ки чуз душному носазои кудакона ин чо дигар чизе нанавиштй. Харфи хисобат чист? Ту мехохй точикхо ба куллй рус шаванд? Бигу. Натарс.

  74. Мубохисони гиромй!

    Мехостам, хама номахои баъд аз чамъбастро махв кунам, аммо рохи дигареро дар пеш гирифтам. Тамоми дашномхоро аз миён бардоштам, ту рушан шавад, ки дакикан далоили тарафхо чист.

    Бокй, ёрон худ казоват кунед.

  75. Ниёкони мо дар куҳантарин замонҳо хатт надоштаанд ва онро аз бумиёне ёд гирифтанд ки сарзаминашонро ситонда буданд. Ин воқеъияти таърихӣ дар “Шоҳнома” ҳам ёд шудааст.
    Нахустин хатте ки ариёҳо худ офариданд, хатти мехӣ буд ки дар замони подшоҳии Дориюши Ҳахоманишӣ (522 – 486 пеш аз милод) сохта шуд ва ҳамроҳ бо хаттҳои эломӣ ва оромӣ яке аз се хатти расмии Ариёно буд.
    Дар замони фармонравоии юнониён (330 – 250 пеш аз милод) хатти расмии Ариёно хатти юнонӣ буд ва забони балхӣ ҳам ба ҳамин хатт навишта мешуд. Ин нахустин хатти аврупоии забонҳои эронӣ аст.
    Дар замони фаромнравоии Ашкониён (250 пеш аз милод — 224 милодӣ) бар Эрон хатти расмӣ хатти паҳлавӣ шуд ки ҳамчун дигар алифбоҳои куҳани забони порсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ ва балхии ғайриюнонӣ, баргирифта аз хатти идорӣ ва расмии оромии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ буд.
    Хатти авестоӣ низ баргирифта аз ҳамин хатти паҳлавист ки худ баргирфта аз хатти оромӣ аст.
    Дар замони фармонравоии Сосониён (224 – 651 милодӣ) бар Эрон забони идорӣ ва расмӣ, яъне забони дарӣ, забони порсӣ буд ки мо онро имрӯз порсии мёна меномем ва он яке аз забонҳои эронист ки аз порсии бостон (забони рӯзгори Ҳахоманишиён) падид омадааст ва порсии нав (ҳамоне ки мо имрӯз онро форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меномем) дунболаи он аст. Хатте ки ин забон бад-он навишта мешуд боз ҳам баргирифта аз хатти оромӣ буд ва ин хаттро имрӯз нодуруст хатти паҳлавӣ меноманд.
    Ин забонҳо ки ёд кардем ҳама забони мардуме буданд ки дар сарзаминҳои ғарби Ариёно ё Эрони имрӯза мезистанд ва азбаски пойтахти ҳама подшоҳиҳои эронӣ дар сарзаминҳои куҳани эломӣ ва оромӣ ҷой дошт, хатти забонҳои расмии ин подшоҳиҳо низ аз хатти ҳамон мардуми бумӣ баргирифта мешуд.
    Аз онҷо ки сарзаминҳои шарқи Ариёно ё Турон – ҳамон Суғду Балху Хоразм – низ ҳамвора ё фармонбардои шоҳони Эрон буданд ва ё ҳамеша дар густараи фарҳангии Эрон ҷой доштанд, хатти забонҳои суғдӣ, балхӣ ва хоразмӣ ҳам дар кулл аз ҳамон хатти оромӣ пайравӣ мекард.
    Хатти забони порсии нав баргирифта аз хатти арабист ки боз ҳам реша дар ҳамон хатти оромӣ дорад.
    Пеш аз омадани арабҳо ба Тоҷикзамин мардум ба забонҳои суғдӣ, балхӣ, хоразмӣ ва сакоӣ сухан мегуфт ва менавишт (номаҳои Деваштичро ба ёд оварем) аммо забони порсиро низ медонист.
    Забони порсии корбурдӣ дар Тоҷикзамин яке аз муҳимтарин ниҳодҳо ва намодҳои фарҳангии тоҷикон ба шумор мерафт ва мардум барои посдошти он дар баробари забони арабӣ сахт кӯшидаанд.
    Дар густариши забон ва хатти порсии нав саҳми амирони Сомонӣ басе бузург аст. Амирони Сомонӣ ба хубӣ дарёфтанд ки агар забони форсӣ пойгоҳе дар дини Ислом надошта бошад ё пайдо накунад, ба сарнавишти дигар забонҳое дучор хоҳад шуд ки гарчӣ куҳантар аз забони арабӣ буданд, рафта-рафта фаромӯш шуданд. Аз ин рӯ бо диққат ва ҳушёрии тамом дар садади касби муҷҷавизе баромаданд ки бар асоси он битавон осори муҳимми эътиқодиро ба ин забон навишт. Пас аз уламои Мовароуннаҳр хостанд ки тақозои онҳоро на ба сурати дархосте маъмулӣ ё сиёсӣ балки ба унвони зарурате динӣ баррасӣ кунанд. Уламои Мовароуннаҳр фатво доданд ки: “Раво бошад хондану навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар-он касро ки ӯ тозӣ надонад аз қавли Худои аззаву ҷалла ки фармуд:
    «و ما اَرسلنا مِن رَسولٍ اِلا بِلِسانِ قـَومِه»؛
    Фармуд: “Ман ҳеч пайғамбареро нафиристодам магар ба забони қавми Ӯ ва он забоне ки эшон донистанд”. Ва дигар он бувад ки ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд, аз рӯзгори Одам то замони Исмоъили пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони заминӣ порсӣ сухан гуфтандӣ ва аввал касе ки сухан гуфт ба забони тозӣ Исмоъили пайғамбар (а) буд ва пайғамбари мо сали Аллоҳи алайҳ аз Араб берун омад ва ин Қуръон ба забони арабӣ бар Ӯ фиристоданд ва инҷо бад-ин ноҳият забон порсӣ аст ва мулукони ин ҷониб мулки Аҷаманд” (Муҳаммад бинни Ҷарири Табарӣ, “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Ҳабиб Яғмоӣ, чопи 2, Теҳрон, “Тус”. саҳ. 5).
    Ин фатвои уламои Мовароуннаҳрро метавон ва бояд нахустин Қонуни забон номид.
    Порсии варазрӯдӣ дар асл омехтае аз забони суғдӣ, забони порсии дарӣ, ки дунболаи паҳлавӣ ва порсии сосонӣ ба шумор меравад ва забону хатти арабист.
    Аз ин ҷост, ки дар забони гуфтории тоҷикон вожаҳои суғдиву бохтариву сакоӣ бисёранд. Барои намуна номи шаҳру рустову деҳаҳои куҳанро метавон овард, ки решаашонро дар забонҳои шарқии эронӣ пайдо мекунем. Матнҳои бозмонда аз адабиёти Варазрӯд нишон медиҳад, ки ин гунаи забонӣ то садаҳои 14 – 15 м. ба шакли қавӣ ба ҳаракати худ идома додааст, аммо пас аз гирифтани Шайбониён Варазрӯдро аз оғози садаи 16 м. густасте фарҳангӣ миёни Эрон ва Варазрӯд пеш омад, ки дигаргуниҳое дар гунаи забонии Варазрӯд падид овард. Ин раванд то поёни садаи 19 м. идома дошт. Пас аз инқилоби соли 1920 дар Бухоро ва рўи кор омадани ҳукумати пантуркистӣ нахуст забони порсӣ аз низоми коргузории расмӣ дур карда шуд ва сипас дар соли 1928 милодӣ ҷои хатти форсиро лотинӣ гирифт.
    Дере нагузашт ки дар соли 1940 хатти кирилики русӣ бар дўши забони форсӣ бор карда шуд. Дар солҳои 1920 – 1980 забони форсиро ончунон содда ва “гуфторӣ” карданд ки «тоҷикӣ» ном гирифт ва рафта-рафта рў ба нестӣ ниҳод.
    Бархе аз тоҷикдўстон бар ин шуданд ки миллату забону фарҳанги тоҷикро аз чанги бегонагон раҳо кунанд ва дар паи муборизаи онҳо 22 июли 1989 қонуне тасвиб шуд ки забони тоҷикиро забони расмӣ эълом кард ва «Қонуни забон» ном гирифт…

  76. … Аммо ин дувумин Қонуни забон ҷавонмарг шуд. Дар ин бора устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст ин ҷо” (Душанбе, Оли Сомон, 1997) чунин мегӯяд:
    «20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шӯҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни Асосӣ калимаи «форсӣ» фурӯгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин даел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ ва забони мо тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: «Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам. Мо ба миллат ва забони худ бояд фахр кунем». Вай ва баъзе касони дигар гумон доранд ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад.
    Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳон»-аш ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рӯз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.
    Ҳамон рӯзи 20 июли 1994, ки порлумони Тоҷикистон аз номи забони мо – аз таъбири «забони тоҷикӣ (форсӣ)» калимаи «форсӣ»-ро берун андохт, нисбат ба забони модарӣ боз як тасмими нораво гирифт: ҳангоми баррасии матни лоиҳаи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳотеро чун додгоҳ, додгустар, додситон, раиси ҷумҳур рад карда, ба ҷои онҳо вожаҳоеро аз қабили суд, судья, адвокат, прокурор қабул намуданд. Он аъзоҳои порлумон, ки намояндаи халқ ном дошта, вале аз андешаи миллӣ ориву барӣ буданд, ҳеҷ мулоҳиза накарданд, ки агар аз номи забони миллӣ калимаи «форсӣ»-ро кӯр кунем, агар аз дод, додхоҳ, додгоҳ, додгустар ва ғайра, аз чунин калимаҳои асили тоҷикӣ даст кашем, қисман аз асли худ даст хоҳем кашид.
    Наметавонам аз чунин эзоҳе худдорӣ кунам: калимаи дод ба маънои қонун ва адолат дар Авасто ба кор рафтааст, яъне 3 ҳазор сол аст, ки дар забони мо вуҷуд дорад. Онҳое, ки дар айёми мо, дар даврони истиқлоли миллӣ онро аз Қонуни Асосӣ, аз миёни истилоҳоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоъиву сиёсии он берун андохтанд, хилофи таърихи се ҳазор сол рафтанд…
    Порлумони мо аз нишони миллӣ як рамзи анъанавии маънавии мо – сурати шерро берун андохта, ба ҷои он ниҳоли пахтаро, ки ҳеҷ гоҳ ба қатори рамзҳои маънавии мардуми мо дохил нашуда буд ва аз моддиёт гирифта шудааст, дохил кард, яъне моддиётро аз маънавиёт афзалтар донист.
    Ин тарз бар зидди аломатҳои миллияту маънавияти мардум овоз додани аъзои порлумон дигар мисолҳо ҳам дорад. Инҳо ҳама намунае аз миллиятзудоӣ ва маънавиятпарҳезист…
    Миллатҳаросӣ, миллиятпарҳезӣ ва маънавиятгурезӣ ҳама як маъно доранд, аз ҳам дур нестанд. Ҳама аз инкори арзиши фардияти инсон ва моҳияти инсонии шахс cap задаанд. Ҳама дар замони шӯравӣ аз кӯшишҳои саркӯбии миллатҳо, аз саркӯбии ҳуввиятҷӯӣ ва вежагии нотакрори ҳар шахсу ҳар ҷомеа, аз моддигароӣ ва маънавиятбезорӣ ба ҳосил омада буданд ва мероси он замонанд. Ин ҳам маълум аст, ки аксари мероси шӯравӣ зоғи бадмур аст ва заҳри он дер гоҳ аз сиришти мо нахоҳад рафт».
    Устод Шакурӣ инро даҳ сол пеш навишта буд аммо барои имрўз ҳам росту дурустанд. Ҳукумати Тоҷикистон имсолро соли забони тоҷикӣ эълом карда ва барномаҳое баргузор мекунад. Бехабар аз он ки он қонунро кушта ва забонро ҳам «рузбакӣ» гардонда аст. Забоне ки имрӯз дар Тоҷикистон бад-он сухан мегӯянду расона менигоранд, сахт олуда ва носуфта аст. Забонест нимарусӣ ва нимаузбакӣ ва аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӣ» мондаву бас…

  77. Ориёроми гиромй,

    Сипос аз тавсифи муфассали сарнавишти дабира дар сарзаминхои мо. Ба ростй, нахустин дабираи забони порсии навин, ки мо имруз ба он такаллум мекунем, хамин хатти порсии арабй буд ва бо даст кашидани мо аз он ханчори забонй ва баёнй ба хам хурд. Чаро ва чи гуна?

    Пеш аз хама, бо гузор ба дабираи лотин дар соли 1930 забони порсй, ки бештари мусаввитхо ё садодорхоро нишон намедихад, дар колиби гуиши хоссе рехта шуд. Ва ин нахустин мархилаи уфти шевоии забон буд. Чун то он замон хар касе метавонист порсиро ба хатти порсй ба лахчаи худ бихонад. Барои намуна, як шерозй «мекунам»-ро “mikonom” талаффуз мекард, як хатлонй “mek’n’m”, як кобулй “mekonom” ва як техронй “mikonam”. Аммо тарзи навишти хамаи онхо хамон می کنم буд ва дар хеч гуише тагйир намекард. Яъне хатти порсй зомини ягонагии ин забон бо хифзи танаввуъи зебои лахчахои он буд ва хаст.

    Пиллаи дуввуми сукут ё уфти забони порсии варорудй носозгории бисёре аз харфхои лотин ва пас аз 1940 – сириллик бо садохои порсй буд. Намунахое аз онро каблан гуфтаам ва ин чо яке-ду намунаи дигар меоварам. Вожахои «ситора» (sitora) ва «ситор» (sitor) чи дар лотини варорудй ва чи дар сириллик хар ду бо як навъ «и» навишта мешаванд. Дар холе ки «ситора» баромада аз “stara”-и порсии бостон «и»-и кутох дорад ва дар гузашта он «и» хатто талаффуз намешуд. Аммо «ситор» вожаи мураккабест иборат аз шумораи «сй» ва исми «тор». Пас дар ин вожа садои «и» ба вузух ба сурати дароз талаффуз мешавад. Якрангии ин ду садои мутафовит дар навиштори лотин ва сириллик боъис шуд, ки хар ду ба шакли иштибох талаффуз шаванд. Гузашта аз ин, садои «о»-и русй, ки гирдтар аз «о»-и порсист, ба нахви адои вожахо латмаи чиддии дигаре ворид кард. Дар натича, Laala ба шакли хандадори Lola (баъзан бо о-и кашида) ва Baabaa ба сурати Bobo навишта ва талаффуз шуд. Ин тарзи талаффуз ба гуши дигар хамояхои девор ба девори мо дар Афгонистон хам ноошност, бо ин ки бархе аз хешовандони онхо дар Точикистон ба сар мебаранд ва мавзуъи асолати тафовути чугрофиёйи дар талаффуз матрах нест. Яъне танхо бо омадани ин ду дабираи бегонаи лотин ва сириллик буд, ки талаффузи вожахо дар забони мо махдуш шуд.

    Пиллаи севвуми кохиши хусну манзалати забони мо хучуми вожахои бегонаи фаровон ба он буд, ки бо хадафи ошкори дархам шикастани забонхои махаллй ва даромехтани он бо забони русй ва дар нихоят, сайтараи як забони вохиди шуравй (русй) анчом мегирифт. Зимнан, ин фароянд забони порсии моро аз гуишхои порсигуёни бурунмарзй хар чи дуртар мекард.

    Ва саранчом пиллаи чахоруми ин раванд, ки аз маргбортарин осебхоро мутаваччехи забони мо кард: тагйири амдии дастур ё сарфу нахви забони порсй ва татобук ё созгорсозии он бо дастури забони русй ва нуфузи сохторхои узбакй ба чумлахои порсй: Нагз-мй шумо? тарчумаи тахтуллафзии «Яхшй-мй сиз?» аст ва «Китоб хондан мехохам» баргардони сохтори чумлаи русии «Хочу читать книгу»-и русй ба порсист, ки хеч кадом бо равони забони мо намесозад.

    Аммо хамаи ин вайронгарихои баёнй аз тахмили дабирахои бегона ва дурии мо аз хатти порсй огоз гирифт.

  78. Барои чи Гурчихо хати худро доранд,Узбакхо хати худро доранд чаро мо хати расмии худро надошта бошем ё аз фишори руссхо метарсем гуед намешавад.Хати ниёгонамон ба мо зарар дорад имруз аз худ накунем кайаз худ мекунем.Як руз пешаш пеш аст

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: