Чаро Неъматзода сокит аст?

Рустамчон Рустамов, шахри Душанбе

ЧОЙНАМОЗХОИ ХУКУМАТЙ

Низоми хоким бар Точикистон муддатхост, кўшиш дорад, эшони Нуриддинро мисли дигар рухониёни кишвар зери контроли худ бигирад, то аз хатти кашидаи хукумат берун набарояд. Зеро тавре медонем, рухониёни Точикистон, онхое ки минбари масчидхои чомеъро дар ихтиёр доранд, фармонбардори дастгоххои хукумат мебошанд ва дастури онхоро бечуну чаро ичро мекунанд.

Ва хатто агар чунин дастуру фармонхо хилофи фармудахои шариъат хам бошад, онхо кўшиш мекунанд, ки бо содир кардани фатво хукуматдоронро аз худ розй кунанд. Идораи рухониён барои химояти хукуки диндорон на танхо кўшише намекунад, балки супоришхои хукуматдоронро барои манъи рафтани занхо ба масчид, манъи истифодаи баландгўяк хангоми азон, манъи чавонони наврас аз масчид… бо истифода аз минбархои дар ихтиёрдошта чонибдорй мекунанд. Ба кавле, хокимро фамонбардорй мекунанд ва Холикро нофармонй.

ЯК НАМУНАИ БОРИЗ

Вакте ки Вазорати маъориф пушидани рўсариро барои толибахо ва донишчўёни макотиби олй манъ кард, лозим буд ки Идораи динии мусалмонон, хамчуни макоми расмии динй аз хукуки динии онхо химоят мекард, садои эътирозии худро баланд месохт. Зеро сатри занону духтарон як масъалаи чузъй набуд, ки дар баробари он мусалмони дорои номуси динй хомуш биншинад. Вале маъаласаф ходимони расмии дин нахостанд, хукумтдоронро аз худ норизо кунанд.

ЧУДО ВА ДАР ЗЕР

Мегуянд, дин аз давлат чудост, аммо дар кишвари мо ин чудой ба маънии дар хидмати давлат будани дин аст, на истиклолият ва озодии он. Дар холе ки дар Точикистон олимони дин кам нестанд, сарварии Идораи расмии мусалмонон ба дасти касест, ки саводи ибтидоии динй надорад. Оё бехтар нест, ки барои баланд кардани обрўйи Точикистон дар хоричи кишвар шахсияти шинохта ва олимеро ба ин маком баргузида шавад?

Аз истиклоли давлатии Точикистон 17 сол мегузарад, наход то имрўз мо шахсе надошта бошем, ки дар ин бахши мухим обрўйи кишвари моро дар чамъомадхои байналмилалй муаррифй карда битавонад. Шояд Неъматзодаро ба хайси шахси камсавод ва фармонбардор ва барои хукуматдорони давр муносиб ба ин маком ихтиёр карда бошанд, вале ин сиёсати галат ва барои симои Точикистон манфй аст.

САЛАФИХО СИЛОХИ КИСТАНД?

Хамин табиъати Эшони Нуриддин сабаб шудааст, ки барои заиф сохтани мавкеъи ў дар чомеъа аз тамоми васоил истифода баранд. Вакте фишори макомоти амниятй ва кудратй ба ў таъсир накард ва ў зери бори ин фишор таслим ва сархам нашуд, акнун роххои дигар озмуда мешаванд.

Гурўхи навзухури салафихо харбаи хубест барои макомот чихати заъифсозии чойгохи Эшони Нуриддин ва беобрў кардани ў дар чомеъа. Зеро домулло Нуриддин аз хонаводаи рухонии машхур ва сохиби маком ва чойгохи олист, аз тарафи дигар ў яке аз воъизони мухтарам ва олими шинохтаи дин дар миёни мусалмонхо мебошад.

Чанд соли охир ў бо мавъизахои чаззобу матрах кардани масоили доги рўз тавонистааст мухлисон ва афроди мутадайинро аз сартосари чумхурй ба худ чалб созад. Эшони Нуриддин бар хилофи дигар имомони масчидхо рафтани занхоро ба масчид манъ намекунад.

ШУХРАТ ОФАТ АСТ

Макомоти мухталифи давлат аз шухрату нуфузи рў ба афзоиши Эшони Нуриддин норохат гаштаанд. Аз ин ки мухлисони ў аз сартосари чумхурй барои адои намози чумъа ва шунидани мавъизахои балигаш ба масчиди ў меоянд, нохуш хастанд, зеро ин ба шухрати рў ба афзоиши ў далолат мекунад.

Тибки дастури макомот кормандони умури дохилй рўзхои чумъа мошинхои мусофиркашро, ки мардумро ба он чо мебаранд азият медиханд ва гохо мегўянд, ки чаро одамон дар масчидхои мавчуда дар минтакахои худашон намозро адо намекунанду аз масофахои дур ба масчиди Эшони Нуриддин меоянд? Макомот бо ин дахолаташон озодии интихоби афродро махдуд карда, хукукхои онхоро поймол мекунанд. Хар шахс хукук дорад дар масчиди дилхохаш адои намоз кунад, магар ин амал хилофи сиёсати давлат аст?

НАКЗИ ХУКУКИ ЗАНОН

Барои пеши шухрати домулло Нуриддинро гирифтан хама корро мекунанд. Тахти фишор ва имлои хукуматдорон Шурои уламоро водор карданд, то фатвои манъи рафтани занхоро ба масчид содир кунанд.

Ин корро бидуни хичолат анчом доданд ва эълом карданд, ки рафтани занхо ба масчид мухолифи мазхаби ханафист. Зеро медонистанд, ки ягона масчиде ки занхо барои адои намоз ба он мерафтанд ин масчиди Эшони Нуриддин буд.

Баъди судури чунин фатвои фармоишй ва поймолкунандаи хукуки занхо ва тамйизи чинсй болои Эшони Нуриддин фишороварй шуруъ гашт. Аз ў талаб карданд, ки омадани занхоро аз масчидаш манъ кунад.

Хузури занон дар масчид магар ба амниятии давлат халал меорад? Магар баракс ин эхтиром ба хукуки занон нест, ки гохе Исломро хилофи хукуки зан меноманд. Магар бад аст, ки модарон мояи тарбияи ахлокии фарзандони худро на танхо аз чомеа, балки аз масчид низ бигиранд? Амалкарди давлат далел аст, ки шиъорхои он дар бораи хукуки зан пучанд. Он омодааст, ба хотири чилавгирй аз эътибори Домулло шиъорхои худро низ зери по кунад.

ЭШОНИ НУРИДДИН ЯКРУСТ

Барои аиммаи масочид, ки минбар дар ихтиёр доранд казоёи доги рўз ва мушкилоти мусалмонхо ахаммияте надорад, танхо касе ки дар баробари онхо хомуш наменишинад Эшони Нуриддин аст. Хангоме ки бо бахонаи набуди сабтиноми расмй дастури бастан ва тахриб кардани масчидхо дода шуд, раиси Шурои уламо, чаноби Неъматзода ин фармони макомоти хукуматиро таъйид кард. Аммо Эшони Нуриддин этироз намуд ва ин икдоми макомотро махкум кард.

Дар бахси духтарони донишчу, ки барои пушидани рўсарй аз тахсил махрум гаштанд, хама сокит буданд ва танхоЭшони Нуриддин буд, ки дар хама чо алайхи ин икдоми хукуматдорон харфхои тунд гуфт, ки боъиси укда гирифтани давлатдорон алайхи ў гардид. Хулоса, Эшони Нуриддин суханронй ва мавъизахои зинда, бо матрах кардани масъалахои уммати исломй ва мушкилоти мусалмонхои Точикистон мекушад рисолати худро адо кунад, дар холе ки дигар рухонихо аз хатти муайянкардаи макомот берун намераванд. Харчанд ки бархе аз онхо дар сухбатхои хос аз фишори давлат ба дин бехгушй мекунанд. Ин магар риё ва дуруягй нест? Ва домулло Нуриддин оё аз якру будани худ обруи бештар намегирад?

САЛАФИХО ВАСИЛАИ ХУБЕ БАРОИ ИН МАКСАД

Дар аввали зухури cалафихо Эшони Нуриддин дар хама чо аз онхо пуштибонй мекард ва дар нисбаташон харфхои хуб мегуфт ва мардумро насихат мекард ва хар гуна шоеъаро дар хакки онхо беасос мехонд. Вале ин вазъ дер давом накард, зеро баъди чойгох ва чонибдор пайдо карданашон таваччухи макомоти амнияй ва кудратии кишвар болои онхо бештар гардид. Баъди маълумоти пурра хосил кардани макомоти амниятй ва кудратии хукумат аз хадаф ва барномаи амалашон мутмаъин гашта, барои онхо чароги сабз дода шуд.

Онхо эълом карданд, ки мо мухолифи сиёсат ва хизби сиёсии исломй хастем, хеч барномаи сиёсй надорем, рохбари давлатро подшохи доимулумри вочиб-ул-тоат медонем ва итоат аз ўро итоат аз Худо ва Расул медонем, дар хама чорабинихои сиёсй ба хизби Нахзат мухолафат мекунем ва рохбарони ин хизбро барои таъсис додани хизб мухолиф ба асосхои Ислом мехисобем…ва г.

Илова ба мухолафаташон ба хизби Нахзат барояшон дастури дигар низ дода шуд, ки он заъиф сохтани чойгохи Эшони Нуриддин буд. Яъне агар онхо мувофики ин дастур амал кунанд, макомоти амниятй ва кудратии Точикистон онхоро пуштибонй хоханд кард. Майдон барояшон кушода шуд, хучум ва тохтутоз шуруъ гашт.

МАКОМОТИ АМНИЯТЙ ЗИДДИ ТАВОФУК

Чанд мох кабл баъд аз шиддат гирифтани хучум ва акси хучум аз тарафи ин гурўх бо Турачонзодахо нафаре хост, то дар халли мушкил миёнчигарй кунад.

Ба ин максад хар ду гурўхро чамъ кард, то созиш хосил шавад ва мухолафатхо аз байн биравад, ки ин кори хайр ва ислохи зот-ул-байн ва аз вочиботи Ислом аст. Вале баъд аз нишасти мазкур макомоти амниятии Точиистон шахсеро, ки ин икдомро карда, тарафхоро дар манзилаш чамъ овард даъват карда, мавриди пурсучў карор доданд ва ўро барои ин кораш хушдор доданд, ки чаро чунин икдом кардй.

Ин ба чй далолат мекунад? Агар далолат кунад, албатта ба он, ки хама кор тибки накша сурат мегирифтааст ва ин гурўх ичрокунандаи тархи супоришй хастанд. Ва хар гуна созишу тавофук халалдоршавии накша мебошад.

САЛАФИЯТ — ЧАТРИ ХИМОЯТ

Домулло Сирочиддин, ки вактхои охир ба ин гурўх пайвастаст, сабабаш он буд, ки ў баъд аз мавъизахои тунду тахкиромезаш дар чамъомадхо, аз тарафи макомоти амниятй ва кудратии Точикистон мавриди истинток ва таъкиб карор гирифт.

Аз ў як талаб карданд, ки ба гурўхи салафихо пайваста, алайхи Эшони Нуриддин фаъолият намояд. Агар ў ин корро бикунад, метавонад дар амн ва химоят бигардад.

Домулло Сирочиддин баъд аз пайвастан ба ин гурўх сохиби карру фар гашта, бебокона супоришхои ба зиммаш гузошташударо сарбаландона ичро карда истодааст. Шояд ў мутакоид шуда бошад, ки салафият хам дахли хуб ва хам химояти давлатиро барояш таъмин кардааст.

Тавре имрўзхо мушохида мекунем, Сирочиддин озодона наворхои тавхину хакоратомезашро нисбати Эшони Нуриддин пахш мекунад ва дастёрони чавонаш онхоро сабт ва мачонй тавзиъ мекунанд ва худаш дар амнияти комил карор дошта, макомоти амниятй ўро пурра хиомят мекунанд.

ЗАР ВАСИЛАИ ХУБ БАРОИ ЧАЛБ КАРДАН

Аз сабаби он ки тавассути зар дар тамоми асру замон метавон одамони бехадаф ва беиродаро ба худ чалб кард, имрўз мушохада мешавад, ки бисёр рухонихои ихтиёчманд ба ин васила дар халкаи салафихо ворид карда шудаанд.

Рахбарияти салафихо дар хорич барои амалй сохтани ин барнома маблагхои зиёде ихтисос медиханд, зеро хуб огоханд, ки дар шароити мушкили иктисодй дар Точикистон мардумони камбизоати точик барои дарёфт кардани маблаги ночиз аз дини ачдодиаш рў гардонда адёни ботили дигарро мепазиранд, пас чаро онхо аз ин васила истифода набаранд?

Зеро ин як василаи хуб аст, ки метавон аз он барои хадафхои худ истифода кард. Аммо шумо, мардум, боре фикр кардаед, ки ин хадафхо ва максади нихой чист?

17 Responses

  1. Rustami aziz,

    baroi chi dar tornoma adadi tafsirho kam shuda istodaand? Har ruz chand nafar sar ba tornoma mesanand?

    Samak

  2. Самаки чун, ба фигрум, масъалахои вазнинда халк гав намезана. Мумкин барои хами боша.

    Лекин хамирузо дар Точикистон дар хама чо гапи салафияй, ба дарачае ки одамо меган, ин кори хукуматай то фигри мардума ба тарафи дига бкаша.

    Чум, мо хам ба хамин кор ёрдам кардестем ё не, хичиша намефахмум.

    Иёра навиштум ба хами лахча ва фигр кардум, лахчахои мо — ай хар кчои кишвар ки бошан, чи када базебанд.

    Мешава ба забони адабй киёс кнем, ки ба ин лахчахо чи кадар пайванд дора?

  3. Дустони арчманд,

    Шояд Шурои уламои исломии Точикистон аз нахустинхое буд, ки китоби зиддисалафихоро нашр ва аз мавчудияти онхо ибрози нигаронй кард.

    Аммо ба далели он ки онхо барои хамеша тахти контрол ва химояи давлату хукумати Рахмон карор доранд, ба хич вачх наметавонанд холо зидди тасмимхои у кор бигиранд. Давлати рахмон, ки то хануз салафихоро ба зарар нахондааст, Неъматзода хам кулух дар дахан мондааст.

    Эшони Нуриддин ва мисли у барин афроде, ки як зарра дилашон ба ин ватан ва насли баъдии он месузад, гоху бегох сар боло мекунанд ва овоз баланд менамоянд. Фикр мекунам, пайдоиши салафихо кори хамон хукумат аст барои рузи мабодо. Вагарна, инхое, ки аз ному нишони Ислом метарсанд, дархол пеши онхоро мегирифтанд.

    Аммо мухим ин аст, мисли шумо барин инсонхо кулух бар дахон нанишастаанд. Вагарна, ин чамъият дар як руз хароб мегардад. Мо бояд барои бехбудии имрузу фардои Точикистон дар хар кучое бошад, кор бикунем.

  4. Bo in harakathoi dayusonai hukumat jangi mashabi dar tojikiston dur nest. Khudoyo as sharri beakl, bekhudo va bedin moro nigoh dor.

  5. shmo megen ki salafihora ay khorij dastgiri meknan, agar medonen sponsoroshona ku akalan yaktasha nombar kune?

  6. ba’zei navzuhurho ablahan vale hammash ne

  7. salafi ba ma’nii asilash ne, chunki yagon toifai mardum ba salafi asil hejgoh barobar shida nametavonad, inro hama medonan va onone ki khudro salafi meguyand gunahkori azimand

  8. Е мардми точик ика бе акл нашен гапора хавои гуш накнен камтар сравнит кнен гапора, Эшони Нурдин ШИЪА шидагиаи причом здес Салафи мазхаби емомиАзамда каси сахобира акорат мекна вай шиъа хаст Эшони Нурдин сахобира акорат мекна руи рост (мовиара) акорат мекна ки Хазрати Мовиа котиби Пайгамбар (с) буд, дискош праи бгирен гуш кнен, Шиъа бародари ахли сунат шида наметона чунки сахобёра акорат мекнан шияхо ва оятеки барои Оиша модармон нозил шидаи кабул надоранд вайхо Оиша модармона Зония меган (Зинокор) хдован хамаи мора хидоят бифармояд

  9. биё мон эшони Нуриддината то солхои 92 -93 хама мардум аз кудаки 5 сола сар карда намозхон будаанд баъди сар баровардани муллохо чанги бародаркуши сар зад боз мехохед хамон чанги лаънатиро боз мехохед ки бокимондаи халк аз точикистон фирор кунанд хар як шахсро худо худаш инсоф дихад боз мегуям ки мо бо ном мусулмонем дар асл аз кофар бадем дар хар як кадам мардумфиреби горатгари фохишагари ман худ дар руссия таи 8 сол шуд аз100% 99% занхои точикистон бо фоишагари машгул бо турку русу умуман ба хамма миллат кани у мусулмонии мо мардум .Аз муллохои мухтарам хохиш дорам ки мардумро ба рохи рост хидоят кунанд на ба чабру ситам агар он кадар дилашон ба миллат сузад на ба пулу мол .Аз хамаи боаклони чумхури хохиши онро дорем ки нагз фикр кунанду баъд сухан гуянд якеро бо дигаре душман насозанд бас аст
    5 вакт намозата хон рафта монанди мардум кор кун
    бо араки чаббин пул ёб аз сахар то бегох дар майдони пахта акалан як мох кор кун баъд мефахми ки бо 40ё50 сомон зиндаги куни ё давомаша намегуям аз тангдастии зиндаги ба кадом рох рафтем модарону хохарон кариб хама бо рохи фохишаги зиндаги мекунанд ана пеши ин рохро гирифтан лозим мардумро бо рохи рост хидоят кардан даркор на ба суи чанг дар тамоми дунё шармандаем ки 7 млн халкро хуронда наметовонемхай он тарафшро шумоён гуфта дихед сар вайрон шуд дигар гап надорам .
    Тамоми халки бузургворамро ба омадани мохи шарифиРАМАЗОН табрик мегуям ваба хама сабру токат орзу дорам МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН ба хама муборак ва савдогарони мухтара аз хамаи Шумоён илтичои онро дорам ки ба мардуми кашоки точикистон рахмкунеду аз мусулмонии худ фаромуш накунед пул ин чирки дастаст меояду меравад лекин инсоф боки хохад монд
    Худованди Кариму мушфик аз Шумо талаби онро дорам ки ба мардуми шарифи точикистон рахм кун инро факт Шумо метавонеду бас худованди Карим илтичои онро дорам ки ба арзам бирасию онро кабул фармои

  10. salatiyoi muttaham kusfisf mekunan ki eshoni nuriddinjona fa har bahona sang zanan

  11. Dar in bora boyad ki har odami solimfikr fikr kunad ki raviyae ki ba jomeai mo sozgor nest chi khel metona mora nasihat kuna . Ba har roh mehohand ki mardume ,ki 1300 sol dar mazhabi Hanafi budand ba dicar maxhab. ki heg asos nadora vorid knan . Famara ba andak kor mushrik megan lekin khudshon chi khel kaiho mushrik shudagiyan namefahman.masalan jashni mavludi paighamar ki qarib chansadsolaho shud dar sarosri jahon jashn megiran harom medonand (iyozu billoh) .biyoed dar in masala kame rushani andozem, Yake az mashurtarini jarayoni ba nom salafiya Abubakri aljazoiri meguyad ,ki agar molero dar mavludi payambar kushta shavad gushti u az gusfti khukda harom meboshad nauzu billoh , hol onki in amra yagon nafar az mugtahidin harom nagufyiyan bar aksi hol hudi ibni Taimiya ,ki padari salafiyo yo inki aniktarash Vahhobiyoyai dar kitobi اقتضاء الصراط المستقيمchopi Beirut dor ul fikr 1421 hijri sahifai 69 فتعظيم المولد و إتخاذه موسما قد يفعله بعض الناس و يكون فيه أجر عظيم لحسن قصده و لتعظيمه لرسول الله صلي الله عليه و سلم ya’ne buzurg dofhtani mavludi nabiy ki ba’zei mardum onro anjom medihand baroi in amali khair ajru podoshi ziyodast faroi on ki makomu martabai rasulullohro takdir mekunand .Pas biyoed fikr kunem Salafiho kavli peshvohoi mashhuri sunnati va aljamoatro rad mekunand vale charo kavli peshvoi manhaji asosii khudashon Ibn taimiyara kabul nadorand .Hofiz ibni Hajar ki nazdi chi salafijo va chi Hanafijo mashhurast koil jashni mavludast ammo inhoro namedonum,Hama dar bazdi inho myshrikan lekin khudshon nisbati khudoband makonu jism nisbat medihand muvahhid.

  12. ассалому алайкум бародарони исломи дар точикистон ба мисли ЭШОНИ НУРИДДИНЧОН КАРИБ КИ ОЛИМ НЕСТ ОНХО ХАММА АВЛОДАН ДАР АКИДАИ АХЛИ СУНАТН АКУН НАВ КИ ЭШОН ДАР БАЙНИ МАРДУМ ГАПОИ ХАКА МЕГА ШУМО ХАМА ДУШМАНИ ЭШОН ШУДЕ ПАЙГАМБАР МУХАММАД (С)ХАР КАСЕ ДАР ДАВРАИ ХУДУШ ПЕШВОЙШОНА ХАКОРАТ МЕКУНА ГУЁ КИ МАНА ХАКОРАТ КАРДАГИЯН ШУМО АЗ ХУДО ТАРСЕ ПАДАРИ ЭШОН БОБОИ ЭШОН ВАКТЕ КИ АМРИ МАЪРУФ МЕКАРДАНД ДАР ОН ВАКТ ОДАМИ МУСУЛМОНА БА ПИЛИМИЁТ МЕКУШТАНД ИМРУЗ ОМАДАЙ БЕЧОРАРА ШИЪАВЮ ДИГА ЧИЗ БАРОВАРДИЯН И САЛАФИ НЕ ВАХОБИЁ ШУМО КУЧО САЛАФИЕ ШУМО ВАХОБИЕ ШУМО ИГВОАНДОЗАНДА ДАР БАЙНИ МАРДУМЕ ШУМО МЕХОЕД КИ БОЗ ЧАНГА САР КУНЕ АЗ ХУДО ТАРСЕ ИГВО АНДОЗАНДАРА ДАР ИСЛОМ БОЯД ДОР КАШАНД ШУМО БО КАДОМ АКЛТОН МЕГЕ КИ ЭШОН ШИЪА ХАСТ ШИЪА ПАЙГАМБАРО ХУРМАТ НАМЕКУНАНД ЧОР ЁРИ УРО ЭШОН КАДОМ ВАКТ ХАКОРАТ КАРДАЙ ХАЙВОНО АГАР ЭШОН ШИЪА МЕБУД БАРОДАРИ ВАЙ ХИМАТЗОДА ДАР БОРАИ ШИЪАХО ХАМИН ХЕЛ КИТОБ МЕБАРВАРД ШУМО АВВАЛ ЯКЧОРО ХОНДА БАЪД ГАП ЗАНЕ ХАР СУХАНЕ КИ ШУМО ДАР БОРАИ ЭШОН ГУМОНИ БАД МЕБАРЕ ФАРДО РУЗИ КИЁМАТ ЧАВОБ МЕГЕ ВАХОБИЁ

  13. qewsyhgvj
    gfcjkh
    hbjmb

  14. Barodaroni Aziz!!! Hamu eshonu Nuriddina ika ta’rif karden….. Nakhod Iinkdar olimi buzur(ba guftai shumo) kunte guyad… Nazar kuned ba Hoji Mirzo chi shakhsiyati buzurg. Zaboni shevo, muloim va foram ki kasero ozor namedihad….Boqi XUDOi buzurg nigahbonaton bod…!!!

  15. Бародари азиз. Хохиш мекунам ин торнигорро ба чои бигу-магу ва бизан-бизани афроди ба хам зид табдил надихед.

    Агар Хочи Мирзоро хам ба кумитаи амният даъват мекарданд, мо хамин гуна аз он кас дифоъ мекардем. На ба хотири эшон ва маъвизагар будани онхо, балки ба хотири озодии баён.

    Солим бошед.

  16. САЛОМ БАРОДАРХО СУХАНХОИ БЕКОРАРО НИСБАТ БА ПЕШВОХОИ ДИН СУХАН НАКУНЕД ОНХО ДУСТХОИ ХУДОВАНД ХАСТАНД ИЛТИМОС АЗ ХУДОИ ХУД БИТАРСЕД!!!МАН ТАРАФДОРИ СУХАНХОИ БАРОДАРМОН РУСТАМ РОЗИ ХАСТАМ ХАЗОР РАХМАТ…ДАР ПАНОХИ ХУДО БОШЕД!!!

  17. САЛОМ БАРОДАРОНИ АЗИЗ БИЁЕД БА ФИКРХОИ ШАЙТОНИРО МОНЕМ ШУМО ЧИ ГУФТА ИСТОДАЕД
    БАРОДАРХО ОХИР ЭШОНИ НУРИДДИНЧОН ШИЪА НЕСТ АЗ ХУДОИ БУЗУРГ БИТАРСЕД ФАРДО РУЗИ КИЁМАТ ДАР НАЗДИ ALLOH TA’OLO ЧИ ЧАВОБ МЕДИХЕД ХУДОВАНД ХИДОЯТ КУНАД….
    МАН НОМАХОИ БАРОДАРМОН ШУКРУЛЛОХ ВА РАМАЗОНРО ХОНДА БИСЁР ХУШНУД ШУДАМ РАХМАТ БАР ПАДАРАТОН КИ ИН ХЕЛ ФАРЗАНДРО ТАРБИЯТ ДОДААСТ ВА БА ДИГАРОН ГУФТАНИ ОНРО ДОРАМ КИ БА ХАР ФИКРХОЕ КИ АЗ ИСЛОМ БЕРУН АСТ СУХАН НАКУНЕД…ХУДОВАНД МОРО БА РОХИ РОСТ ХИДОЯТ КУНАД ОМИН…АССАЛАМУ АЛАЙКУМ.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: