Чомеъаи джумшудии Точикистон

Хуршеди Хикматулло

Дустони хамандешро набояд аз тахаввулот дар Точикистон изхори хайрат кард, зеро афкор ва пиндори мардуми мо дар 17 соли охир айни чизе шудааст, ки Михоил Галустян ва ТНТ дар сериали «Равшан и Джумшуд»-и «Наша Раша» намоиш медиханд. Банда онро чашми дидан надорам, аммо акнун ба хулосае мерасам, ки аз ин намоишнома низ набояд озурда гашт, чунки аз сухани хак чои гурез нест.

Маълум нест ё ошкор аст, ки чаро мо ба ин рузи сиёх гирифтор шудем. Аз мост, ки бар мост. Чаро хайрон мешавем ва аз чй эътироз мекунем? Ба куча бароед ва ба рахгузарон нигох кунед. Ба гайр аз Рустам ва Джумшудхои бешумору бехисоб дигар киро мебинед? Вазирону кабирону сафирони мо, харчанд тавки заррин ба гардан доранд, аз кадом Джумшуд каманд. Нишасту бархост ва лахчаи додситони куллро зехн монед. Магар як Джумшуди тамом айёр нест? Аслан дар хамаи сутух касеро мебинед, ки аз Джумшуд фарке дошта бошад? Пас чаро озурда мешавед?

Як джумшудсифате бо такон додани пуз ва заболесихои гурусначашмонаи кучагияш эътироз мекунад, ки расонахои хоричй кишвар, миллат ва марзу бумашро тавхин кардаанд. Инро Шабакаи Якум нишон медихад ва ба думолаш рекломи «Агроинвестбонк»-ро нашр мекунад, ки дар он чо Рустам мехохад ба дасти Джумшуд ба хонааш пул фиристад. Айни нусхабардорие аз Михоил Галустян. Хатто холи зери чашмашро купй кардаанд. Бозигарони точик худро медаронанд, то харакот ва башараи Галустянро такрор кунанд. Ин рекламаро ё касоне сохтаанд, ки аз камаклй ба маънии тамасхури Галустян сарфахм намераванд ва хатто аз он ифтихор мекунанд ва ё касони доное барои тахкир ва тавхини мардуми точик.

Магар тахкири дигарон кофй нест, ки Шабакаи Якуми тилвизюни Точикистон низ ин мардумро хадафи масхара карор медихад? 

Агар бовар намекунед, хамин шаб намоишхои Шабакаи Якумро тамошо кунед. Ин ролик гаштаю баргашта намоиш меёбад ва харчанд зохиран хадамоти «Агроинвестбонк»-ро таблиг мекунад, дар амал точиконро мутмаъин месозад, ки онхо дар хакикат як кабилаи джумшудиянд.

Дар хамин огахй баъдан ба забони джумшудй ин иборахои гализ саф мекашанд: «Икдоми пайвасти бепул», «Алокаи конфаронсй», «Махфият»…

Халки джумшудй ва забони джумшудй — зодахои афкор ва рафтори джумшудиянд. Ишора ба ин ки давр даври джумшудхои биёбонист. Апс хам аз онхо тозиёна хам ва майдон хам. Аммо то чанд, то кай ва то кучо?

3 Responses

  1. Sinonimi kalimahoi Ravschan va Jumshud in Rahmon va Mahmadand.

  2. Аз ин хам бадтар мешавад, як точик пешниход кардааст, ба Галустиян унвони Хачвнигори Шоистаи Точикистон дода шавад.

    Ин мардум ба садо-мазохизми миллй мубтало шудаанд. Дур нест, рузе ба Чингизхону Темур ё душманони дигари миллат низ унвонхои фахрй пешниход кунанд.

  3. Ёд дорам шаш сол пеш дар бозори Черкизи Маскав , чухудхо аробакашхоро Рахмончик иди сюда гуфта чег мезаданд. Хикмат сад дар сад хак аст. Вакте мо худамонро дар симои ин кахрамонхои телевизиони мебинем гунохи Галустян чи ?Хама чиз дар киёс хубтар айён мешавад. Боре хам фикр кунед точику рус т,очику олмони ,точику фаронсави , испани ,чинои .чопони ё хатто эрони чи фаркияте доранд. Аз оне ки як донишчуи рус харфзани мекунад лаззат мебари аз сухбати доктори илмхои филологии точик чизеро хам намефахми. Ё як варзишгари рус олмони фаронсави вакте интервю медихад як чахон тасавуроти нав мегири аз устоди донишгохи точик ба гайр чанд гапи фачу куч чизе намешунави . Дируз барномае буд ВРЕМЕННО ДОСТУПЕН бо Андрей Кончаловский . Вакте аз У суол карданд ки мардуми рус дар кадом карн карор доранд аз руи одобу диди шахрвандиву в г. Човоб дод. фикр мекунам дар асри 16 – Аврупо. Пас мо точикон дар асри 21 зиндаги карда дар кадоми карн карор дорем???????????
    Бехтар аст ки мо имруз ба РАВШАНИВУ ДЖАМШУДИИ худ икрор шуда , гоме ба пеш нихем . Кушиш кунем ба хондан донистан тавонистан.То миёни дигар миллатхо бо доноию тавонии худ обру пайдо кунем на ба коноиву нотавони. Чуноне ки афгонхо мегуянд ё БАД мегум?
    P .S. Ин образи телевизиони на танхо точикон , узбакону киргизхо озарихову арманихо ва бисёр миллатхое ки дар сатхи дигари инкишофи (эволюция) карор доранд, дар назар дорад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: