Маърака бар зидди радиои «Озодй»

Низомиддин Мусоев, аз шахри Душанбе

Ман аз шунавандагон ва мухлисони деринаи Радиои Озодй хастам ва гавгои машхаре, ки имруз дар расонахои мо зимни конфаронси хабарии Сайёфи Мизроб бапо шудааст, маро хеле асабонй мекунад. Ин ого то ин вакт дар ин радио кор кардаву нон хурдааст ва имруз ба дастархони он туф мекунад, зеро дар масъалаи маоши худ бо сардораш гапаш нагузаштааст.

Агар ин кадар ватандусту хукуматдуст мебуд, чаро ин кадар сол кор кард? Чаро аслан ба чунин расонаи ба гуфтаи худаш, мугриз ба кор омад ва 11 сол кор кард? Бо вучуди ин хамчун шунаванда ман ягон хабари чолиб ё барномаи хуб тахиякардаи ин шахсро дар ёд надорам. Пас рахмат ба сардоронаш, ки чунин касеро ба хайси хабарнигор ин кадар сол нигох доштаанд.

Боз аз он дар хайратам, ки прокурори Точикистон Бобочон Бобохонов ба химояти Мизроб садо баланд кард. Ман акнун фахмидам, ки прокурори мо то чй андоза тарафдори журналистон ва озодии баён будааст. Лекин то имруз ягон бор дар химоят аз ягон журналист ё корманди матбуот ин ого садо баланд накарда буд. Ба фикри ман, ин чо шояд гапхои дигаре хаст ва ого Мизроб бо дастури макомоти давлати Точикистон амал мекунад. Вагарна, хеч хабаре дар бораи корманди Радиои Озодй наметавонист, дар телевизиону радиои давлатй ин кадар пропаганда шавад, ки фикр кунед, ин хабари асосии кишвар аст.

Аслан, максади ман навиштани ин чизхо нест. Огои Мизроб бо ин кораш худро ба катори пасттарин пуштибонхо ва тамаллуккорони ин хукумати номардумй гузошт ва «заказ»-и онхоро ичро кард. Вагарна, хар руз садхо кас ба чое ба кор медароянд ва садхо кас аз кор мераванд ва хеч кас аз кор рафтани худро обуранги сиёсй намедихад то аз зери каноти як хучаин баромада ба зери каноти дигараш равад ва фоидаи бештаре ба даст орад. Ин чо ба фикри банда статуси Радиои Озодй накш дорад, ки ба чунин огоён чунин имкониятро медихад. Он як расонаи хоричист, ки барои мардуми Точикистон хабару гузоришхо медихад. Бо назардошти гузаштаи радио, ки махсули чанги сарди Амрико бо СССР буд, тухмат кардани он осон аст. Локин боз хам суол, ки чаро ин шахс ин кадар сол дар он чо кор кардаасту танхо акнун эътироз мекунад. Яъне агар гапаш рост аст, чаро виждонаш замоне бедор шуд, ки пули маошаш ба дилхохаш нашудааст?

Максади ман аз навиштан ин буда, ки бигуям, агар мушкил дар миёни ого Сайёф ва сардори уст, набояд Радиои Озодиро сиёх кард. Ман ин расонаро бисёр дуст медорам, ба хотири журналистони забардасти он Салими Аюбзод, Сочидаи Мирзо, Саидкосими Киёмпур, Мирзои Салимпур, Нурмухаммади Холзода, Холидаи Кодир, Рахматкарими Давлат, Абдукаюми Каюмзод ва дигарон хамеша онро гуш мекунам. Ба фикри ман, ин инсонхо ба воситаи Радиои Озодй ба ватани худ бисёр хизматхои чолиб кардаанду мекунанд ва инро садхо хазорон нафар медонанд. Барои мисол, хизмати онхо дар расидан ба сулху оштии миллии Точикистон бисёр арзанда аст. Ман харгиз фаромуш намекунам, ки онхо аз расидан ба сулх макола медоданд ва имзо шудани сулхро вакте мешунидам дар чашмонам ашк мерехт.

Як миёна ман аз шунидани радио дур мондам, зеро расонахои худи Точикистон бисёр фаъол шуданд, локин баъд аз чанд вакт дидам, ки онхо бисёр хабару матолибхои мухимро намедиханд ва аз расонахои давлатй дида кам фарк доранд, ва ман дубора ба Радиои Озодй пайвастам. Имруз хам ин расона бехтарин манбаъи хабарии ман мебошад.

Аз бозе ки хамин хукумат сари мансаб омадааст, мо точикон, одамоне шудем, ки нонро хурда ба дастахон туф мекунем. Бо Нурй сулх кардему ба худаш туф. Огои Мизроб фарзанди хамин хукумат аст ва гап дар сари он аст, ки бо тамоми пастхолатии худамон мо фикр мекунем, ки тамоми чахон дар фикри мост ва талош ба он мекунад, ки чй тавр зидди мо коре кунад. Дар амал Радиои Озодй некии Амрико барои мост ва агар онро баста партояд, худи Амрико ягон зараре намебинад, мо зарар мебинем, ки аз як манбаъи хабару ахбор махрум мешавем. Ва журналистони мо хам бекор мемонанд, зеро на хукумати Точикистон ва на прокурор Бобохонов ба хамаи онхо кор ёфта наметавонанд.

——————

Ба иттилоъи манобеъи мухталифи наздик ба давлат, ба огои Сайфиддин Мизробович Достиев (Сайёфи Мизроб – зодгоҳаш шаҳри Кулоб) дар ивази ин «корнома» курсии муъовини раиси тилвизюни «Сафина» ваъда шудааст.

Advertisements

4 Responses

  1. Хар чи ки дар бораи Сайё навиштаед, ба худо рост аст. Хар чо, ки у кадам гузораду манфиате бинад, саногуст, лек чун аз пул монд, дон, ки мурд. Уро мансаби давлати ваъда кардаанд, аз ин хотир бар дастархоне, ки 11 сари сол аз он нон хурд, туф кард бар он хама дову дастор. аммо гофил аз он, ки он туф бар руи худаш задааст…

  2. Ман фикр мекунам, Сайёф аз вазъи худ суистифода ва худашро хайф кард. Бешубха, журналисти хуб аст ва сабки хоси худашро дорад, беакл нест, аммо эхсосотист ва умдатан дар сари хашм тасмимгирй мекунад. Бовар дорам, ки ба зудй аз кардаи хеш пушаймон хохад шуд. Зеро мард аст, харчанд монанди хама каме номардй хам дорад.

    Мушкили у модй ва молй будааст ва хангоме ки хал нашуд, хост бо як тир ду нишон занад. Одатан чунин сайёдон ноком мемонанд, зеро мардум имруз онгуна ландахур нестанд, ки муро аз хамир чудо карда натавонанд.

    Вале агар ба дунболи ин амали у хамлае ба кулли журналистон сар шавад, номаш сиёх хохад гашт ва барои журналист аз сияхномй дида чазои бадтаре нест. Хамкасбон метавонанд ба у салом диханд, сари як миз бо вай таъом бихуранд, асархояшро таърифу тавсиф кунанд, аммо харгиз самимона эхтиромаш нахоханд кард.

    Онхо Сайёфи сарбаланд, саркаш ва гарданшахро мешинохтанд. Ху гирифтан бо Сайёфи нукар, сархам ва хидматгузор осон нахохад буд.

  3. Ajib shirkatdooni in tornoma khele khub Sayufro tasvir kardaand, guyo bo u solho dusti mekunand. Vokean amali u boisi nafrin ast. Agar u az hukuhoi shahrvandii khud himoyat mekard boisi dastgiri bud. ammo ba istefo va hadafhoi molii khud khususiyati siyosi bakhshidan nomardist. Magar vakte ki khudi u dar borai gustarishi bemorii sil dar Khatlon va nest shudani oilaho bo nomi «Vodii marg» guzorish kard, kase uro tahvin kard? kase guft ki mardum purra bo oilahoyashon nest meshavand kissahoi favti besobikai odamonro ejod kun? fikr mekunam na, on lahza u chun khabarnigori vokei dardi milatshro inikos kard. Ammo holo onhoe ki az dardi jomea mesuzandu meguyand onhoro BENOMUS, KHIYONATKOR va FURUKHTASHUDA elom kard, bigued ki oyo haikikatro guftan, khiyonat ba millatu Vatan ast?
    Durust zikt shudaast, ki havobalandi, khosi ust va fikr mekunam hamin khususiyat uro sharmanda kard. RFERL basta nameshavad, ammo kornamoiiyash dar edho memonad. Shoyad khudi Saef bo kadam guzoshtan ba kvartirahoyash ki yakchandtoyand va moshinashu sozmoni itiloootiash az RFERL ed kunad….

  4. Агар хакикати холро дар радиои «Озоди» фахмидани бошед, маколаи зеринро мутолиа намоед:

    http://www.charogiruz.ru/nomer/1999-03/1999-03.pdf

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: