Чаро додситони мо хашмгин аст?..

Манучехр аз Душанбе

Дар табиат хангоми пайдоиши тарс ё тахдид бархе аз хайвонот гуш ва думро метезонанд, мавкеи тахдидкунандаго мегиранд, инчуни овоз баланд мекунанд. Дар  забони хушки илмй ин харакатхо «бозтоби* худмухофизй» ном доранд. Ин хусусият аслан ба хайвоноти заъиф хос аст ва барангезандаи он ба чуз тарс чизи дигаре нест. Шумо шереро дидаед, ки аз дидани рубох ёлу дум баланд кунад? Ман не!

Нишасти хабарии додситони кулли Чумхури гурридани шереро мемонд аз дидани рубохе: Чаноби Бобохонов ба симои Додочон Атовулло мухри «террористи хабариро» зад ва  афзуд, ки ин инсон дар хоричи кишвар зиндагй карда обру ва эътибори миллати Точикро паст мезанад. «У як шахси беватан аст ва хеч гох дар Точикистон пешво буда наметавонад». Солисан, ин «волии конун» ба тахдид гузашт ва чаноби Аттовулоро бо кушодани парвандаи чинои нисбати у ва чавоб гуфтани у дар назди конун тарсонд. Хама айнан «бозтоби худмухофизиро» мемонад.

Аввали хафта чаноби Атовулло дар  хафтаномаи «Профиль» сухбате дошт ва ончо изхор дошт, ки дар Точикистон шахсоне хастанд, ки таёранд касри президентро ишгол кунанд. Боз чанд масъалахои хассоси руз, мисли фасод ва дузди дар Точикистон, фирефта шудани опозисиони Точик ва кашоки дар ин сухбат дарч ёфтанд. Чанде пеш чаноби Атовулло нишасти хабарие дошт ва ончо «Точикистонро дар дами чанги навбати» бахо дод ва хост, ки «чомеаи чахони назаре афканад ба ин кишвари, кашшок, бебахт ва пур аз фасод».

Зимнан ба хулосае меоем, ки хукумат ягон вакт монанди имруз заъифу нотавон набуд. Чамъи хукумат имруз шери пиреро мемонад, ки на танхо аз дидан, балки аз шунидани мингоси рубох аз тарс ёлу дум метезонанд, набошад эхтиёче набуд ба додани чунин нишастхои хабарии аблахона ва навиштани номаи коллективонаи мехнаткашон бар зидди чаноби Атовулло.

———————————————

Аз манобеъи дигар хабар мерасад, ки додситони кулли Точикистон дар бораи Атовулло бо кабехтарин каламот сухбат кардааст. Ин бори дигар нишон медихад, ки суханони чаноби Атовулло хашму газаби макомоти давлатро ба миён овардаанд. Агар хукумат кавист, суханони як “беватан” наметавонист, додситони “хизматнишондода”-и Точикистонро ин гуна ба хаячон оварад.Тахдиди дигари Бобохонов ба ташкилкунандагони тазохуроти Хоруг нишон медихад, ки андешахои ин торнамо дар бораи “рабуда шудан” ва шикаст хурдани ин тазохурот 100 дарсад дуруст будаанд.

2 Responses

  1. шифташро бузургтар кунед лутфан

  2. Nigared ba javobi Atovullo ba Dodsiton. Dariush posukhi uro dar tronomai khud joy doda ast.

    Samak

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: