Асал дар гуш захр мешавад

Рустами Субхонй

Бархе аз хонандагони ин торнигор паёми навиштори гузаштаро гуё дарнаёфтаанд ва ё намхоханд, мазмуни асосии онро дарк ва кабул кунанд. Шояд барои он ки намунахои овардаи Бахмани Исфандиёрй баёнгари манзараи умумии кишвар нестанд.

Тамоми дахшати ходиса ин аст, ки кормандони телевизиони давлат, шоирону нависандагон, нашрияхо ё ба гунае ки Дориюш онхоро ном мебарад, харзаномахои мо хиёнати бузург ва нобахшидание ба мардум мекунанд. Онхо бо афсонахое, ки мебофанд, вокеъияти кишварро тахриф мекунанд ва бо дуругу газофу тахдид руху иродаи халки моро мешикананд, хираду инсофро аз байн мебаранд ва миллатро ба тудаи гуломони сархам табдил медиханд.

Дахшат ин аст, ки дар бадтарин вазъияти мардум онхо баландтарин таърифу тавсифи хукумат ва рахбари давлатро раво мебинанд ва хатто худи уро низ аз рох зада, ба як шахси бузургманиш ва гафлатзада мубаддал мекунанд, ки ин хам хиёнатест на танхо ба мардум, балки ба худи чаноби Э. Рахмон. Онхо ба гуши Рахмон шакару асал мерезанд, то хобаш бибарад ва дар фикри мардуми худ набошад.

Хафтаи кабл Рахмон ба Остона сафар кард ва дид, ки Казокистон дар 10 сол дар биёбони сухтаву холй шахри тиллой барафрошт. Дар 10 сол Назарбоев аз шахраки музофотии Акмола пойтахте сохт, ки дар худуди Шуравии собик назир надорад. Ахолии он аз 74 хазор ба 500 хазор нафар расид ва бузургтарину бехтарин бинохо сохта шуд. Бо дидани ин хама чаноби Рахмон оё ба андешае афтод, ки худи у дар 17 сол чй карда? Хуб аст, ки накбу роххо сохта мешаванд, вале баъд аз ифтитохи расмии онхо боз солхо зарур аст, ононро ба итмом расонд. Мехохад барои Рогун пул гирд оварад, аммо худо медонад, чй хохад шуд. Дуруст аст, ки Казокистон нафту гоз дорад, локин ба гайр аз сохтани пойтахти худ, Назарбоев солона то 150 миллион доллар танхо барои пешрафти мардуми худ, тарбия ва рушди неруи инсонии кишвараш сарф мекунад. Хатто Киргизистон бо ин хама бенавой солона барои рушди башарии хеш 41 миллион сарф мекунад. Точикистон — солона хамагй 340 хазор доллар!

Хуб, агар мо сармояе надорем, ки алхол иктисодиётамонро ба кор андозем ва пеш барем, бехтар нест, хамин гуна пули ёфтагиамонро ба рушди инсонй сарф кунем? Алалакал мухочирони худро касб ва забон ёд дихем, ки дар хорича на кори сиёх, балки кори хуб ва сердаромад дошта бошанд?

Агар хаминро хам намекунем, лоакал бигузорем, ки рухи мардуми мо зинда бимонад, гуломона нагардад, неку бадро дуруст бахо дихад ва ба рушде, ки шояд рузе насибаш гардад, омода бошад?

5 Responses

  1. Ин тудаи телвизиюншикхо ба чуз хамин дар гуши чанобашон дуругу газофро асаломез рехтан чи хунаре хам доранд. Бар замми ин Амир Эмомалй хон хеле таърифро дуст дорад ва бехтарин хобби у низ хамин аст.
    Гумон мекунед, ки Эмомалй дар Казокистон ба андешае рафт? Эх ин хобе беш нест. У мардуми гуруснаву мухочири худро дар Русиё дида ба хулосае наомад, чй чойи умедворй, ки у чунин бихиштеро дида ба андеша фуру равад. Баръакс у накшаи коху бустонсарои худро минбаъд чунин кашид, ки мисли Остона бошад. Бокй халки азизам то ду хафтсола ва пас аз он Рустами Эмомалй сари тахт нишастану рафтан мурдам гуфтан гирад. Худовандо моро аз ин бало нигох дор.

  2. Назарбоев ба иловаи пули газу нефт магзи мутафаккир дорад ва сиёсатмадори дурандеш аст. Нафту газро бархе аз кишвархои офрикои низ доранд…
    Магзи рахбарони моро ангор Заххок хурда. Ин давлат оянда надорад, чаро ки дар тамоми сохахо сиёсати кадри дуруст ба рох монда нашудааст. Ягон сохае нест, ки дуруст фаъолият дошта бошад. Як гурухак дар сари кудрат факат бо хурдану горат кардан машгул аст. Рушанфикраш агар чунин шеъри фачи бемаъни нависад, вой аз оммааш…

  3. бархе аз кормандони телевизион ба хабарнигороне ки вокеъиятро иникос мекунанд, мегуянд шумо чунин менависед ки мехохед Точикистонро чунин бубинед.Ба кавли бархе аз онхо руйпуш сохтани мушкилоти мардум ва тавачухи махсус ба барномахои фарханги ба кавле мусоидат ба баркарор сохтани холати заъфдидаи рухии мардум аст. як руз яке аз сокини дехаи Зиддии нохияи Варзоб ба ман гуфт ки як руз дар ТВТ дар боари дехаашон чунон барнмоае тахия ва пешкаш сохтаанд, ки у бовар накардааст ки у дар амон деха зиндаги мекнуад. Аз як тараф дехаеро ки зиндагии марудмаш хеле вокеъан хеле сангин аст ба дехаи орзухо табдил додан ин хунар аст. Фикр мекунам хабарнигорони мо дарк намекннад ки онхо ба хукумати маркази бо пинхон крадани мушкилоти дог хизмати хирсона мекунанд.

  4. бархе аз кормандони телевизион ба хабарнигороне ки вокеъиятро иникос мекунанд, мегуянд шумо чунин менависед ки мехохед Точикистонро чунин бубинед.Ба кавли бархе аз онхо руйпуш сохтани мушкилоти мардум ва тавачухи махсус ба барномахои фарханги ба кавле мусоидат ба баркарор сохтани холати заъфдидаи рухии мардум аст. як руз яке аз сокини дехаи Зиддии нохияи Варзоб ба ман гуфт ки як руз дар ТВТ дар боари дехаашон чунон барнмоае тахия ва пешкаш сохтаанд, ки у бовар накардааст ки у дар амон деха зиндаги мекнуад. Аз як тараф дехаеро ки зиндагии марудмаш хеле вокеъан хеле сангин аст ба дехаи орзухо табдил додан ин хунар аст. Фикр мекунам хабарнигорони мо дарк намекннад ки онхо ба хукумати маркази бо пинхон крадани мушкилоти дог хизмати хирсона мекунанд.

  5. хамин аст ки моро имруз берун аз ватан чун Чамшуту Рафшан мешиносанд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: