Назму наво ва мазору макбараи Сангтуда

Бахмани Исфандиёрй, Душанбе

Навиштае дар бораи «чооболй» ба ман бисёр писанд омад, вале бояд ба он иловае кард, ки Чооболии Сангтуда шавад. Чанд хафтаи охир гуши хамаи мо махз аз калимаи «Сангтуда» кар шудааст. Телвизюн он тудаи сангро шояд 1 миллиард бор намоиш дод, ки ба як макбараи хубе монанд буд. Як корманди донотароши он «чомадон»-и аз моххои январу феврал сармозадашро ин кадар ба сангхо молид, ки гарм шуд ва афсонахое мехонд, ки кас аз точик буданаш пушаймон мегашт. Вай мазорхоро низ гашт ва тамоми талошаш ин буд, ки мо ба кудсияти Сангтуда бовар кунем. Маълум шуд, ки Сангтуда чои хамхобагии як макдунй ва як зани точик будааст, бинобар ин мукаддас аст ва подшохи мукаддаси мо барои сохтани ниругох чои мукаддасро интихоб кардааст. Факат хаминаш монд, ки Чонибеки Асрориён як бор хамон сангхоро ба хотири шоханшохи бузург мелесид, ба хамаи гуфтахояш бовар мекардем.

Ман хайронам, ки агар Сангтуда 75 дарсад моли рус бошад, оё ин кадар чои фахру ифтихор дорад, ки рузу шаб, соатхои дароз аз он таблиг сурат гирад? Як сарояндаи гафс бар матни шоираке бо номи Хайрандеш дар пояи пайкараи пучи Сангтуда ин кадар вохима карда хонд, ки худам бе ин хам гушна будам, нафас дар гулуям дармонд, кариб аз хавои нафаскашй хам махрум мегаштам.

Хамзамон дар нашрияи «Чумхурият» назме бо имзои Камол Насрулло нашр шуд, ки харчанд худашро шогирди Лоик меномад, буе аз устоди бузург набурдааст. Вай менависад, нури Иличй тамом шуд, акнун нури рахмонй мерасад, ки бе он хатто хамхобагй бо чонон номумкин аст. Мехохам, матни ин назмро ин чо биёварам то назари Шумо ва дустони дигарро бифахмам:

 Камол Насрулло
Бар замини Точикистон нури Рахмон мерасад

Ин сафои бахт, ин фирузии имони мост,
Чашни Вахдат, чашни нузхат,
                                                   чашни шаъну шони мост.

Чашни фарзандони курбонгашта дар рохи мурод,
Зинда монда дар шукухи мардуми олинажод.

Чашни он оби парешоне, ки бо хам ошност,
Чашни ин марзе, ки хоки назаргохи Худост.

Чашни рузу рузии мо, рузгори васли мост,
Чашни эхёи асолат, бозтоби асли мост.

Чашни файзи субхи сулху бозгашти офтоб,
Чашни фатхи хикмату ин чехрахои беникоб.

Чашни пирузии ному точу тахти точикон,
Чашни нурафшонии хуршеди бахти точикон.

Вахдат ин осоиши хар хонадони точик аст,
Рушании эзади дар чисму чони точик аст.

Аз Бадахшону Зарафшон, Сугду Хатлону Хисор,
Бораи нанги Ватан шуд шонаи мардони ор.

Аз дили таърих бо набзи бузургони диёр,
Мерасад, пайки саодат, шодбоши ифтихор.

Бар замини Точикистон нури Рахмон мерасад,
Дил ба армон, сар ба сомон, чон ба чонон мерасад.

«Чумхурият» панчшанбе, 26 июни соли 2008
78 (21 435)

Advertisements

6 Responses

  1. Бале, «фирузии имони мост» – магар имон дорем?
    «Чашни пирузии ному точу тахти точикон» – кадом ном, магар «Чамшуд». Кадом тахт? – магар тобут?…
    Шоирони дарбори доим буданд, агар номашон мемонд – он Манучехри буд… лекин чунон «баномус «шудаем, ки … хаминхо мемонанд…
    Чи шуд бо мардуми мо: Ризку рузи гуфта харомро дар назар дорем… Арак – хамин мондаст, ки пайгамбар ном монем… гирду атроф хама дуруг…
    Дуруг – рост шудааст… Конун мегуему хама гайри конуни аст… Шариат мегуему – хама гайри шаръи аст… Мусалмон мегуему – хама рафторамон гайри мусалмони аст… Марди мегуему – хама номарди аст…Баномуси мегуему – хама беномуси аст…Давлатдори мегуему – хама кор бар зиени давлат аст…

  2. барои хамин ба ин рузи сиех гирифторем…

  3. Хеч нафахмидам, ки бо ин навиштаатон чи гуфтан мехохед. Оне, ки аз «Сангтуда» дигарон аз мо дида манфиатдоранд, аён аст, чун маблаггузоранд. Ва мутмаинам, ки Шумо хам бе назардошти суде ба касе тангае намедихед. Хатто одамоне, ки ба гадо сахо карда, тини зардаке медиханд, гараз доранд; савоб гирифтан. Дигар, ки касе барои нафаре мадхия мегуяд, падидаи нав нест. Чунин нафарон буданду хастанду…. Агар мадхиясаро аз номи худ шарм надорад, чаро мо дар фикри у бошем? Ман аз навиштаи Шумо танхо як чиро дарёфтам. Беиродагиро. Ба Шумо суханхои як наттоки телевизион он кадар таъсир карда, ки … «Вай мазорхоро низ гашт ва тамоми талошаш ин буд, ки мо ба кудсияти Сангтуда бовар кунем…»
    Дар пайи он… «Маълум шуд, ки Сангтуда чои хамхобагии як макдунй ва як зани точик будааст, бинобар ин мукаддас аст ва подшохи мукаддаси мо барои сохтани ниругох чои мукаддасро интихоб кардааст».
    Магар Шумо ба ин афсона бовар доред? Хадаф аз навиштахоятон чун бархе (хушбахтона, чандаке)рузноманигорон манфур нишон додани симои зани точик асту бас? Дар мавриди гайримантики овардани ифодаи «мукаддас» худ андеша намоед, «миллатдуст».

  4. Kamol nasrullo khudush mekhonda bosha hami Andeshaya? Interesno, surkh shuda bosha?

  5. Камол Насрулло худуш мехонда боша хами Андешая? Интересно, сурх шуда боша а?

  6. Guzorishhoi yaktarafai televisioni shabakai avval ba hama malum ast. Ammo bo vujudi ba faoliyat shuru kardani neruho afzoishi kimati bark mardumro hushdor mekunad ki az in hama hangomaho u chandon manfiatdor nest. Dusti aziz shumo az in tarzi kori kormandoni TV naranjed, tahiyai chunin guzorishhoe ki dunyoro gairi vokei rangin nishon medihad, onhoro vazifahoi balandi davlati intizor ast. shumo boshad bo nazari intikodii khud dar kursii kuhna va dili gurusna zistan megired….

    Badan yak chiro mushohida karadm, ki agar kase nazari mukholif doshta boshad az jonibi guruhi lagandbardoron jinoyatpesha va yo gulu gumroh unvon meshavnd.
    khush boshed

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: